(Идомааш)
Ӯ барои истифодаи занҳояш як тайёраи махсуси дигар ҳам дорад. Аммо чаро махсус бо ҳамин тайёра сафар кард? Ин маънои онро дорад, ки Шайхи Тиллоӣ барои русдухтар шуда, аз худаш ҳам гузар мекунад…
-Тоҷикдухтар…,-ислоҳ намуд Саид.
-Бале, тоҷикдухтар. Ӯ марди ҷавон аст ва ба ин духтар сахт ошиқ шудааст. Агар коре карда, ӯро аз дасти Шайхи Тиллоӣ гирем…
-Яъне чӣ хел гирем?
-Осонакак, коре кунем, ки Салим дигар ӯро пайдо карда натавонад. Он гоҳ, ба ман бовар кун Шайхи Тиллоии ту дигар ҳама корро як сӯ мегузораду аз паи кофтукови ӯ мешавад. Ман феълу атвори авлоду қабилаи ӯро хуб медонам…
-Ҳоло онҳо дар Италия. Ин корро дар кишвари бегона карда намешавад. Ба Арабистон баргарданд, аз паи ҳамин кор мешавем…
-Ту ташвиш накаш. Ман худам аллакай ин масъаларо фикр карда мондаам…,-чашмакӣ зад Шайх Абдулло ва ҷуммаки қалёнро ба даҳон гирифта як қулти чуқур кашид….
…Як ҳафтае, ки Гулррафтор дар соҳили баҳр, дар кӯшки барҳавои Шайх Салим буд, гӯё барояш ҷаннате буд дар рӯи замин. Аз ин пеш ва аз ин баъд (аммо духтар ҳоло аз ин хабар надошт ва гумон мекард, ки зиндагӣ дар ин биҳишт беохир аст) ҳеҷ гоҳ худро чунин хушбахт ва розӣ аз зиндагӣ ҳис накарда буд. Ҳар рӯз онҳо ҳамроҳи шавҳараш дар баҳри обаш форам оббозӣ мекарданд, дар зери сояи дарахтон хӯрок мехӯрданд, аз тамошои манзараи атроф лаззат мебурданд. Ҳам Салим ва ҳам Гулрафтор худро дар муносибат бо ҳамдигар озод эҳсос менамуданд ва чӣ қадар, ки дилашон мехост, аз висоли якдигар комёб мешуданд. Чандин нафар хизматгорони зану мард дар атроф ба иҷрои ҳар як амру фармони бонуи худ тайёр буданд. Дар аввалҳо Гулрафтор, ки ба чунин муҳит одат накарда буд, аз фармон додан ба хизматгорон шарм мекард. Тарҷумони дар ҳама ҳолат ҳозиру нозири афғон ба ӯ кӯмак мерасонд ва оқибат худи духтар низ одат кард, ки ба онҳо супоришҳои майда чуйда диҳад. Боре ӯ зери либоси таг дар ҳавои кушоди соҳили баҳр дар курсии мулоим ғӯтида, як журнали англисиро варақ мезад ва аз манзараҳои шаҳре, ки дар он тасвир шуда буд, ба ҳайрат меафтод. Нафаҳмида монд, ки чӣ тавр Шайхи Тиллоӣ аз пасаш омада, ӯро ба оғӯш кашид ва чиро тамошо карда истодани ӯро дид.
-Неапол…, -гуфт Салим ва идома дод,-Мехоҳӣ ба он ҷо равем?
Духтар аз оҳанги гапи шавҳараш фаҳмид, ки ӯ чӣ мехоҳад. Афғони тарҷумон дар ин наздикиҳо набуд ва ҳақ ҳам надошт, ки дар пляжи атрофаш маҳками барои Гулрафтор ҷудо кардашуда бе даъват пайдо шавад.
-Наъам,-ҷавоб дод арӯси Шайх ва Салим телефонашро ба даст гирифт…
Онҳо боз ду рӯз Неаполро хуб тамошо карданд. Гулрафтор он манзараҳоеро, ки замоне дар китоби таърих ва ҷуғрофия дар мактаби миёна дида буд, дар рӯи ба рӯи худ дида, аз шодӣ ба ваҷд меомад. Гид(роҳбалад)-е ки Шайхи Тиллоӣ махсус барои завҷаи худ гирифта буд, забони тоҷикиро хуб медонист ва бо шеваи шимоли Тоҷикистон ҳарф мезад. Ин ҷавони тоҷик, ки дар кадом шаҳри Италия таҳсил мекардааст, тақрибан 23-25 сола буд ва бо шайх бо забони инглисӣ сухан мегуфт. Ӯро Шайх бо кадом роҳ ва ба чанд пул киро карда буд, Гулрафтор намедонист. Аммо баробари дидани ҷавон дар дили духтар меҳри аллакай қариб фаромӯшшудаи ёру диёр аз сари нав бедор шуд ва аз ӯ пурсид:
-Шумо кай аз Тоҷикистон омада будед?
-Ман ду сол боз ба Ватан нарафтаам ва ба омӯхтани забон ва таъриху фарҳанги Итолиё машғулам. Духтари зебо, ман ҳақ надорам ба саволҳо дар бораи худам ҷавоб диҳам ва аз Шумо дар бораи худатон савол кунам. Шарти мо бо шавҳаратон ҳамин аст. Ӯ ба ман пули зиёде барои хизмати дурӯзаам медиҳад ва намехоҳам, ки аз ин маблағи калон маҳрум гардам. Бинобар ин, ҳарчанд бароям аҷиб аст, ки як ҳамватани ман ва он ҳам духтар чӣ тавр ба ин ҷо афтодааст, аз шумо чизе намепурсам. Агар аз хизмати ин шайхи араб берун оям, шояд он гоҳ шуморо ҷустуҷӯ карда, аз таърихатон огоҳ шавам. Ҳоло бошад, фақат дар бораи вулқони Везувий ва бозорҳои Неапол аз ман пурсед…
Гулрафтор дид, ки аз ин ҷавон чизе фаҳмида намешавад, хоҳиш намуд, ки ба шайх гуфтаҳои ӯро расонад:
-Аз дидани манзараи шаҳр ва бозору мағозаҳои он хаста шудам. Биёед, ба соҳили худамон бармегардем ва ин ҷавонро ҷавоб диҳед. Ҳаққашро барзиёд диҳед, ки ӯ ҳамватани ман аст…
Шайх баъд аз шунидани ин ҳарфҳо ба забони англисӣ, ба ҷавон бо табассум нигоҳе карду ба намояндаи худ, ки дар паҳлӯяш ҳозир буд ва ба ҳамаи харидҳои Гулрафтору хизматҳоеро барои онҳо мекарданд пул медод, чизе гуфт. Намоянда бо ҳайрат як ба ҷавон ва як ба шайх нигоҳ карда, чизе гуфтанӣ шуд, вале нигоҳи омиронаи Салимро дида, дигар садое набаровард ва аз бағал як даста пулро бароварда, ба ӯ дароз кард. Ҷавон пулҳоро гирифта шумурд ва як қисми зиёди онро баргардонда, ба намоянда дароз кард. Аммо Шайхи Тиллоӣ амр кард, ки онро бозпас гирад ва бо инглисӣ чизе гуфт. Ҷавон ба Гулрафтор миннатдорона нигоҳе карду аз кисса як рамзи биринҷии вулқони Везувийро гирифта, ба духтар дарозкунон ба шайх нигариста чизе гуфт. Шайх бо аломати ризо сар ҷунбонд. Ҷавон ба Гулрафтор нигоҳ карда, бо забони модариаш гуфт:
-Дар дохили ин бозича рақами сухангӯяки ман ҳаст. Агар зарурат пеш ояд, занг занед…
Духтар фаҳмид, ки ҷавон барои он, ки шайх аз мазмуни гуфтугӯи онҳо пай набарад, калимаи «телефон»-ро бо сухангӯяк иваз намуд. Ӯ рамзро ба даст гирифта, барои он, ки ШайхСалимро хурсанд кунад, ба забони арабӣ гуфт:
-Шукран…
Шайх аз «забондонии» арӯсаш хурсанд шуда, мисли аврупоиҳо ӯро бӯсид ва онҳо бо ҷавон хайрухуш намуда, ба «Кадиллак» нишастанд. Намояндаи шайх ҳам норозиёна ба ҷавони тоҷик нигоҳе карду ба мошинаш нишаста аз паси Шайхи Тиллоӣ равон шуд…
…Тайёра нисфи нимҷазираи Арабро убур намуда, ба фурудгоҳи наздикии Дубай, Рос-ал Хайма нишаст. Мошини Шайхи Тиллоӣ, ки бо ҷондоронаш интизори тайёраи хӯҷаини худ дар майдони ҳавоӣ буд, баъд аз ба замин расидани чархҳои он ба ҳаракат даромада, ба он қисмати майдон, ки ҷои исти доимии тайёраи шахсӣ буд, равона шуд. Аз зинапоя аввал Шайх Салим ва аз паси ӯ чун соя тарҷимони афғон ва баъдан Гулрафтор фаромаданд. Шайх мудири корҳои худро бо ишора ба сӯи худ даъват намуда чизе гуфт ва баъд хам шуда ба гӯши тарҷимон ҳам чанд ҷумла радду бадал намуд. Вақте, ки ба дари мошин наздик шуданд, тарҷимон ба духтар гуфт:
-Ҷаноби Шайх чанд рӯз ба Аврупо аз паси корҳои ширкат мерафтаанд ва баъд аз як соат парвоз мекунанд. Аз бонуи азизи худ хоҳиш менамоянд, ки ин муддатро он кас дар бӯстонсарое, ки онҷо ақди никоҳашон баста шуда буд, гузаронанд. Хизматгорон дар ихтиёрашон аст ва барояшон ҳама чизро муҳайё мекунанд…
-Аз Шайх пурс, ки оё имконияти маро ҳамроҳ гирифтанро надоранд?
Шайхи Тиллоӣ баъд аз фаҳмидани мазмуни савол арӯси худро ба оғӯш гирифта меҳрубонона гуфт:
-Ман ба вохӯрии хизматӣ меравам ва он ҷо имкони туро ҳамроҳ гирифтан нест. Иншооллоҳ, баъд аз ҳафтае пас мегардам, он гоҳ боз аз дидори ҳамдигар сер мешавем…
Гулрафтор аз атрофиён истиҳола накарда (ҳарчанд дар ин кишвар расм буд, ки хизматгор ё зердастро одам наҳисобанд ва будану набуданаш барои хӯҷаинон муҳим нест) сарашро ба синаи Шайх гузошт ва ғайриихтиёр аз чашмаш ашк ҷорӣ шуд. Духтар гӯё медонист, ки ин охирин дидораш бо шавҳари қонунӣ ва шариатиаш аст ва шояд дигар бо ӯ танҳо дар охират аз як болин сар бардорад…
«Ҷип»-и шишаҳояш сиёҳкардашуда, ки дар нишастгоҳи қафояш Гулрафтор нишаста, аз паси он манзараи атрофро тамошо мекард, аз роҳи ҳамвору ду канораш пур аз дарахтони нахл ба пеш метохт. Ду нафар ҷондор (телохранитель), ки яке дар паҳлӯи ронанда ва дигаре дар нишастгоҳи қафо менишастанд, байни ҳамдигар бо забони арабӣ сӯҳбат доштанд. Онҳо мувофиқи супориши Шайх Салим бояд завҷаи ӯро то бӯстонсаро мерасонданд. Баъдан ҳимояи ҳамсари Шайхи Тиллоӣ бояд ба зиммаи посбонони бӯстонсаро мегузашт. Шайх барои саёҳат ба шаҳр ва соҳили баҳр низ барои Гулрафтор посбонони махсус ҷудо карда буд, аммо моҳияти ин эҳтиёткориҳоро Гулрафтор намефаҳмид. Айёми духтариаш ба куҷое, ки дилаш мехост, танҳо мерафт. Агар шабона ба кӯча баромаданӣ шавад, бибиаш доим таъкид мекард, ки додаракашро ҳамроҳ гирад. «Дар кӯча ҳар гуна масту аласт вохӯрданаш мумкин» мегуфт ӯ, ҳарчанд дар деҳаи онҳо мардони арақхӯр ангуштшумор буданд.
Баъд аз он, ки дар Душанбе авбошон дар боғ ба ӯ «ҳуҷум карданд» ва ин сабаби шиносоӣ бо Ҷамилаи худобехабар шуд, Гулрафтор аз ҳар марде, ки ба ӯ наздик мешуд, ҳарос дошт. Аммо дар ин кишваре, ки ҳама аз паи кори худ ҳастанд ва ӯ дар ҳалқаи посбонони шайх қарор дорад, аз чӣ хавотир шудан мумкин…Гулрафтор ғарқи андеша ба мошинҳои ялаққосӣ ва мардуме, ки дар бар бештар либоси сафеди дарози арабӣ ва дар сар рӯймоли тахтаи шоҳмотмонанду аз болои он ҳалқаеро гузошта равуо мекарданд, менигарист. Ҳар вақт, ки ӯ ба ҳамин чанбараки сари арабҳоро менигарист, дар дил хандааш меомад ва фикри кӯдаконае ба сараш мезад, ки агар ин ҳалқаро додаракаш бинад, хурсанд мешавад. Зеро бачаҳо онро чун чархи мошин ба воситаи симе пешандоз карда, аз ин бозӣ кайфият мебурданд. Ҳар писарбачае, ки соҳиби чунин ғилдирак бошад, дар байни бачаҳои деҳа бо фахр онро ба ҳар сӯ метозонд. «Агар худо насиб кунаду ба деҳа баргардам, 3-4 то аз ҳамин ғилдирак ба ӯ мебарам. Аммо ин кай насиб мегардад? Агар Салим аз Аврупо баргардад, ҳатман дар назди ӯ масъала хоҳам гузошт, ки маро ба ватанам барад ва мисли дигар домодҳо падару модарамро зиёрат кунад…» аз дил гузаронд духтар…
…Мошин кӯчаҳои пурмошину пуродамро убур намуда, акнун аз роҳи каммошин ва беодаме, ки ба сӯи бӯстонсарои авлодии Шайх Салим мебурд, ҳаракат мекард. Баногоҳ дар байни роҳ аз куҷое як «Мерседес»-и шишаҳояш сиёҳ пайдо шуда, якпаҳлӯ истод ва садди ҳаракати «ҷип» шуд. Роҳи танг имкон намедод, ки «ҷип» аз паҳлӯяш гузашта, роҳашро давом диҳад. Ронанда паиҳам сигнал медод, аммо «Мерседес» на ҳаракат мекарду на аз дохили он касе берун мешуд. Ҷондоре, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, дарро боз намуда, ба мошини шишасиёҳ наздик шуд. Баробари ба дари ронанда расидани он, аз дохил ду нафар, ки ниқоби сиёҳ доштанд, баромада ӯро ба замин хобонданд. Ҳампаҳлӯи Гулрафтор фурсати дарро боз намудан наёфт. Дар як лаҳза ӯ ва ронандаро ҳам бо кӯмаки ду нафари дигар, ки ҳамин тавр ниқобҳои сиёҳ ба рӯй кашида буданд, ба замин хобонданд ва ба дасташон завлона зада, кашон- кашон ба паси дарахтони канори роҳ бурданд. Дар ин муддат аллакай як нафари дигар дари қафоро аз тарафи Гулрафтор боз намуд ва бо зӯрӣ ӯро аз мошин берун кашида, ба назди «Мерседес» овард ва ба нишастгоҳи қафои он ҳаво доду худаш ба паҳлӯяш нишаст. Аз куҷое ронанда пайдо шуд ва ба зудӣ мошинро гирон карду интизори ду ҳамроҳи худ «Мерседес»-ро ба роҳ рост кард. Ду нафар ҳамроҳи онҳо низ аз паси дарахтон чолокона баромада, яке ба курсии пеш ва дигаре аз паҳлӯи дигари Гулрафтор нишастанд ва чархҳои мошин овози гӯшхароше бароварда босуръат ба пеш тохт…
…Нафаси Гулрафтор гирифт. Аз бадани ҳампаҳлӯҳояш бӯи дилбеҳузуркунандае ба машом мерасид. Мардони дар ду паҳлӯяш буда аз рӯи худ ниқобҳояшонро гирифтанд. Дар симои яке аз онҳо духтар Шукрӣ-ҳамон мардеро, ки онҳоро аз дасти Ҷамила гирифта буд, шинохт. Шукрӣ дандонҳои сап- сафеди худро аз паси лабҳои сиёҳаш намоиш дода, хандаи безебе кард ва ба забони шикастаи русӣ гуфт:
-Как невестка? Шайх понравился-да? Ох, теперь таких шайхов увидиш, что ещё больше понравятся…
Гулрафтор ҳайрон гоҳ ба Шукрӣ ва гоҳ ба ҳамроҳони ӯ нигариста, ҳанӯз сарфаҳм намерафт, ки ба сараш чӣ мусибате омадааст. Фақат андеша мекард, ки чаро ин нафарон ба одамони Шайх Салим ҳуҷум карданд, Магар онҳо аз ӯ наметарсанд? Чаро ронанда ва ду нафар посбони ӯро ба паси дарахтон бурда куштанд? Аммо намедонист, ки посбононро фақат дасту даҳонашонро баста партофта буданд. Агар каме ҳаракат кунанд, худашон ҳам онро кушода метавонистанд. Дар ин кишвар барои одамкушӣ ҷазои аз ҳама сахттарин- ҳукми қатлро бе ягон хел мавқуфгузорӣ, баъд аз ҳукми суд иҷро мекарданд. Одамдуздон фақат мехостанд, ки то як муддат онҳо аз ҳодисаи баамаломада хӯҷаини худро огоҳ карда натавонанд. Бинобар ин Шукрӣ телефонҳои онҳоро гирифта, мошинашонро низ корношоям карда буд…
Аз дохили мошин берунро дида намешуд. Ба болои ин, ду марде, ки аз ду паҳлуи духтар менишастанд, имкон намедоданд, ки ӯ сарашро ба ҳар тараф гардонад. Ба андешаи Гулрафтор онҳо қариб як соат роҳ паймуданд. Дар аввал роҳ ҳамвор ва мошин бе ягон мушкилӣ пеш мерафт. Баъдтар ӯ ҳис кард, ки аз роҳи калон ҷудо шуда, бо ким-кадом роҳи ноҳамвор пеш мераванд. Ин тарзи ҳаракат ҳам қариб як соат идома ёфт. Баъд якбора мошин сахт тормоз дод ва пешонии Гулрафтор рафта ба ақиби курсии пеш зад. Хост бо кафи даст пешонаашро молиш диҳад, аммо дасти болошудаи ӯро дар ҳаво якбора Шукрӣ дошта, Гулрафторро аз дари бози мошин ба берун партофт. Духтар аз ҳуш рафт. Пас аз ба худ омадан бо кафи даст атрофашро ламс намуда фаҳмид, ки дар зери пояш қуми биёбон аст. Гулрафтор базӯр миёни худро рост карда, аз ҷой хестанӣ шуд. Сарашро бардошта, дар паҳлӯяш як араби сип-сиёҳи харобро дид, ки почаҳои эзори сафедаш аз буҷулак хеле боло буд.
Араби хароб бо панҷаҳои қоқи худ аз китфи Гулрафтор дошта, ӯро ба наздикии чароғҳои фурӯзони мошин овард. Баробари дидани рӯи духтар нидои хушнудӣ аз ҳалқи ӯ берун рафт:
- Ан-нисо ҷамилун…
Ҳамроҳаш, ки дар қаду баст ба гӯянда монанд, вале дар синну сол аз ӯ ҷавонтар менамуд, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Баъд онҳо дар назди чароғи мошин бо Шукрӣ сари ким чӣ хеле баҳс карданд ва дар охир шояд ба як хулоса омаданд, ки араби хароб аз ҷайби чиркини куртаи дарозаш чанд коғази дастакардашударо бароварда, ба Шукрӣ дароз намуд. Шукрӣ пулҳоро гирифта чароғаки барқиашро ба дасти яке аз ҳамроҳонаш дод ва дар равшании он пулҳоро шумурду як қисмашро ба як ҳамроҳаш ва қисми дигарашро ба ҳамроҳи дигараш дод ва боқимондаашро ба кисса андохта, бо ишораи ба охир расидани кор дасташро боло бардошта «омин» гуфт. Сипас, ба Гулрафтор наздик шуда, боз мисли рӯзи аввал дасташро ба думбаи ӯ бурда бо лаҳҷаи хеле дағал гуфт:
-До свидания до ада, милашка. Ты будеш доволна, невеста шейха…
Ин дафъа духтар ҳатто мадоре надошт, ки ба рӯи ӯ мисли аввала торсакие занад. Гулрафтор фаҳмид, ки ин марди ҳабис ӯро бори дуюм фурӯхта истодааст. Вай мисли мурғи парканда маъюсона ба Шукри нигоҳе карду ду қатра ашки сӯзон аз чашмонаш ба рӯи реги биёбон чакид.
…Чархҳои мошин қуми биёбонро ба қафо партофта, босуръат ба тарафи шаҳре, ки чароғҳояш мисли ситораҳои дастносар аз дур чашмак мезаданд, равон шуд. Дар байни ин дашти беканори пур аз қуми сурх ба ҷуз як духтари болобаланди зебо ва ду араби харобу сиёҳ, ки ба мошини нимборкашу нимсабукрави «Тоёта» такя карда, саропои Гулрафторро ҳарисона аз назар мегузарониданд, дигар ҷонзоде набуд. Дар ин шаби пурситора гӯё парие дар ҳалқаи девҳо ё харгӯше дар рӯ ба рӯи мори афъӣ қарор дошт, аммо кӯшише барои муқобилият намекард. Ягона пушту паноҳаш Худо буд, вале гӯё дар ин лаҳзаҳо ӯ ҳам ин ҷисми латифу беҳимояро фаромӯш карда буд.
Аз самти муқобили шаҳр шамол хеста, қумро ба сару рӯи духтар, ки пироҳани нафисе дошт, задан гирифт. Ӯ сари зону шишта бо кафҳои дасташ рӯяшро пӯшонд. Беихтиёр нӯги панҷаи Гулрафтор ба занҷире, ки Салим ба ӯ дар вақти хайрухуш дода буд, расид. Худро ба даст гирифта, ноаён онро аз гарданаш берун овард ва ба каф гирифту пушти пояшро ноаён бардошта занҷираро ба даруни кафши нарми худ андохт. Он ҷо, дар дохили медалёни занҷира коғазчае, ки тоҷикбача дар Италия ба ӯ дода буд, мехобид...
…Арабҳо диданд, ки шамол сахт шуда истодааст, болопӯши мошини худро бардоштанд ва яке аз онҳо омада, аз китфи Гулрафтор гирифту ӯро ба назди «Тоёта» бурд. Онҳо байни ҳам дар бораи чизе хеле муноқиша карданд ва баъд яке ба кабинаи мошин даромаду дигараш аз китфи духтар гирифта, ӯро ба болои мошин бароварданӣ шуд. Дасти араб ба бадани Гулрафтор расидан замон, духтар ҳис кард, ки гӯё мори афъие ӯро мегазад ва бо кароҳат худро дур гирифтанӣ шуд. Араб бо хандаи ғашовари худ ӯро масхаракунон боз ҳам часпидан гирифт. Аз куҷое ба бадани Гулрафтор нерӯе пайдо шуду ӯ бо тамоми қувват бо пояш ба миёни ду рони мард зад ва ба тарафе, ки он ҷо чароғҳои шаҳри бузург менамуданд, гурехтанӣ шуд, аммо ҳамагӣ чанд қадам гузошта тавонисту халос. Арабе, ки дар кабина менишаст, ин ҳодисаро дида, аз паси ӯ давид ва бо чанд ҷаҳиш худро ба Гулрафтор, ки пойҳояш дар реги нарм меғӯтиданд, расида гирифт. Аз пои духтар дошта, ӯро аз пой афтонд. Ин вақт араби зарбахӯрда низ бо даст байни поҳояшро молиш дода истода, расида омад ва бо пой чанд зарбаи сахт ба бадани духтар зад. Чашмони Гулрафтор аз зӯрии дард сиёҳӣ заданд. Арабҳо бо забони худ ӯро ҳақорат медоданд. Гулрафтор, ки дигар умед ба халосӣ надошт, тан ба тақдири ҳақ дода, дигар ягон хел муқобилият нишон надод. Фақат аз дуриҳои дур садои ҷонхароши бибиашро мешунид, ки бо фиғон ба сӯяш дод мезад: «Нагуфта будам, ки эҳтиёт шав, духтарам. Ана дидӣ, чӣ рӯзҳое ба сарат омад…»
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)