Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми7)
09.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3798

(Идомааш)

…Ин лаҳза гӯшаи пардаи ҳарирро бардошта, аввал Салим ва баъд тарҷумонаш ба назди нимкат омаданд. Салим ба Гулрафтор наздик шуда, аз пешониаш бӯсид, ки аз ин бӯса ба бадани ӯ рашъа дамид. Эҳсос намуд, ки нисбати ин марди то дирӯз барояш тамоман бегона як меҳре дар дилаш соат ба соат бештар гардида истодааст. Ҳар чи ҳам набошад, ин мард аввалин касе буд, ки ӯро ҳамчун зан эҳтиром кард ва нисбати ӯ инсонвор муомила намуд. Гулрафтор ба суханони тарҷумон, ки аз забони Шайх гап мезад, гӯш дод:

-Ба гумонам, Шумо сахт хаста шудед. Ҳоло ба наздамон нафаре, ки ақди никоҳи моро мебандад, меояд. Баъд ҳамроҳ ба боғ рафта, андак сайр мекунем, шояд хастагиатон рафъ гардад.

Гулрафтор ба тарҷумон нигариста гуфт:

-Ман розӣ. Вале баъд аз никоҳ дар ватани ман арӯсу домод ба хонаи хоб медароянд, на ба боғ барои сайругашт мераванд…

Шайх пас аз шунидани ин гуфтаҳои Гулрафтор аз забони тарҷумон табассуме карду бори дигар аз рухсораи духтар бӯсид…

…Дар як лаҳза гурӯҳи занҳои лологӯй ва мардони мусиқанавоз атрофи нимкати Гулрафторро печонида гирифтанд. Салим бо як ҳаракати чолокона ба паҳлӯи Гулрафтор баромада нишаст. Баробари омадани як марди калонсоли либоси дарози сап-сафед дар бар ҳама хомӯш шуданд. Ин марди болобаланди нуронӣ тасбеҳи дарози худро ба як сӯ гузошта, аз бағал Қуръони Каримро баровард. Ӯ дурудароз хутбаи никоҳро хонд ва мардуми ҳалқазада даст ба фотеҳаи кӯтоҳ бардоштанд. Баъд муллои араб хам шуда аз Салим чизе пурсид. Дар навбати худ Шайхи Тиллоӣ ин саволро ба тарҷумоне, ки ҳамеша дар паҳлӯяш ҳозиру нозир буд дод. Тарҷумон ба Гулрафтор нигариста пурсид:

-Исми шарифи қиблагоҳатон чист?

Гулрафтор аввал ба мазмуни савол сарфаҳм нарафт. Аммо пас аз лаҳзае ба худ омада гуфт:

-Номи падарам Солеҳ, модарамро ҳам гӯям?

-Не, ташаккур,-хандид тарҷумон. Ин хандаи ӯ ба ҷониби духтар рашки яклаҳзаинаи Салимро овард, ки ӯ ба тарҷумон нигоҳи сахте кард.   Тарҷумон забонаш гирифта, базӯр бо арабӣ «номи падарашон Солеҳ будааст» гуфт. Ин рашк аз чашми Гулрафтор пинҳон намонд ва ӯ зери лаб табассуме кард…

Мулло номи тоҷикии Гулрафторро, ки маънояшро намефаҳмид, бо номи арабии падараш Солеҳ якҷо карда, аз Гулрафтор чизе пурсид. Духтар бо фаросат дарёфт, ки аз ӯ розигиашро барои ба никоҳи Салим даромадан мепурсанд. Бо даст ба тарҷумон ишора намуд, ки худро заҳмат надиҳад. Як муддат нафасашро дарун гирифт ва бо гӯшаи чашм ба авзои Шайхи Тиллоӣ нигоҳ кард. Шайх бо умед ба даҳони ӯ чашм дӯхта буд. Дар дил хандаи Гулрафтор омад. Аммо аз ин беш азоб додани Салимро ба худ эб надида бо забони арабӣ гуфт:

-Наъам… (бале!)

Садои чапакзании атрофиён оҳи сабуки кашидаи Шайх Салимро дар худ ғарқ кард…

Чун наздик омад, як мавҷи пурқувваттаре ба пешвозаш омад ва пои Гулрафторро то буҷулак тар кард. Аммо аз зери об ҳанӯз ҳам Салим наменамуд. Духтар сарашро ба ҳар тараф гардонда, аз байни мавҷҳо Шайхи худро мекофт, вале бенатиҷа. Мавҷҳои баҳр гоҳ болою гоҳ поён шуда, гӯё ба ҳоли духтари кӯҳистон, ки чӣ будани баҳри ҳақиқӣ ва мавҷи онро намефаҳмид, механдиданд. Ба назари Гулрафтор чунин намуд, ки аз байн чанд соат гузашт. «Ӯ куҷо шуд? Баҳр ба коми худ кашид? Оббозиро намедонист магар?» Дар як лаҳза дар майнаи духтар ҳазорон андеша чарх заданд. Боз лаҳзае дар ҷой истода, ба нимторикӣ гӯш дод, лек ба ҷуз овози мавҷзании баҳр дигар чизеро намешунид. Тоқаташ тоқ шуду аз ин сӯ ба он сӯ лаб- лаби баҳр ба давидан даромад. «Ӯро мавҷи баҳр ба коми худ кашид. Эҳ худованд, наход ту маро барои ҳамин чанд дақиқаи хушбахтӣ офарида будӣ? Канӣ он фариштае, ки маро як шабу як рӯз саодатмандтарин инсони рӯи олам карду боз ғайб зад? Ё ҳамаи ин як саробею хобе беш набуд?» Духтар бемадорона дар ҷояш нишаст. Дигар маҷоли ҳаракату пои равон надошт. Пироҳани ҳарираш аз чакраҳои мавҷи баҳр тар шуда, ба баданаш часпида буданд. Пайкари зебои ӯ, ки гӯё барои рашки дарахтони нахли соҳили Баҳри Сурх офарида шуда буданд, аз гиряи дарунӣ меларзид. Гулрафтор сарашро байни зонуҳояш гирифта, ҳиққосзанон мегирист. Мавҷи ашки ӯ он лаҳза аз амвоҷи баҳр кам набуд ва ғами ӯро ягон киштӣ, ки то имрӯз дар ин баҳр шино кардааст, бардошта наметавонист. Духтар мотам дошт. Мотами охирин дар умри кӯтоҳи худ. Баъд аз лаҳзае ҳиққоси гиряи Гулрафтор бозмонд. Китфонаш дигар намеларзиданд. Сарашро аз байни зонуҳояш боло карда, бо кафи даст ашкҳои худро хушк мекард. Ӯ тасмими ниҳоӣ гирифт ва азмаш қатъӣ буд. Бо як ҳаракати чобукона аз ҷояш хест. Бо дастонаш мӯйҳои парешонашро ба қафо партофту қоматашро рост кард. Дар ин лаҳзаҳо беҳтарин наққоши мониқалам ҳам он суратеро, ки духтари соҳили баҳр дошт, тасвир карда наметавонист. Дар равшании моҳ, дар соҳили баҳр, дар пасманзари дарахтони нахл ин олиҳаи зебоӣ ба худ қарор дод, ки охирин дақиқаҳои умри худро дар ҳамин ҷо гузаронад ва занҷираи умри худро дар ҳамин ҷо барканад. Бо ҳамин мақсад ба он сӯе, ки бори охир шайхи тиллоӣ қадам ниҳода ба об даромада буд, равон шуд. Об аввал то миёнаш расид ва зӯрии мавҷи баҳр гӯё ӯро ба оғӯши худ қабул карданӣ набошад, пайкари наҳифашро ба қафо мепартофт. Аммо духтар бо азми қатъӣ боз ба пеш, ба оғӯши марг худро партофтанӣ буд. Ин мубориза бо мавҷ чанд лаҳза идома ёфт. Аз куҷое дар паси ӯ пайкари дигаре пайдо шуда, ба духтар расид ва ӯро озод аз байни мавҷҳо боло карду ба сӯи соҳил баргашт. Як лаҳза Гулрафтор гумон кард, ки ӯ ба мақсадаш расиду ҳоло дар оғӯши фариштаи марг аст. Аммо «фариштаи марг» бадани гарм дошт ва бо ҳарорат рӯю мӯи ӯро мебӯсид. Чашмони худро кушода, ба рӯи нафаре, ки ӯро болои даст медошт, нигоҳ карду қариб аз ҳуш рафт: Пайкари ӯ рӯи дастони Шайхи Тиллоӣ қарор дошт.

Салим оҳиста ӯро болои реги нарми соҳил гузошт, вале духтар баргашта бо ҳарорат дастонашро ба гардани вай ҳалқа карда, ба сӯи худ кашид. Намехост, ки ганҷи ёфтаи ӯро на баҳр, на аҷал ва на каси дигар аз ӯ рабояд. Аз чашмони Гулрафтор ашк равон гашт. Шайх бо майли тамом аз ин ду сарчашма об менӯшид. Ӯ ба забони худ ким чиҳо гуфта ишора ба паси дарахти нахл мекард. Гулрафтор танҳо ҳамин қадар фаҳмид, ки Шайхи Тиллоӣ пинҳонӣ аз об баромада, дар паси дарахти нахл руст шуда будааст ва ҳамаи рафтори духтарро то он замоне, ки ӯ азми худкушӣ мекунад, аз камингоҳи худ назорат мекардааст.

-Илоҳӣ ин шӯхии духтаркушат аз сарат монад,-ин дуои духтар, ки ба забони модариаш садо дод, барои Шайх нофаҳмо буд ва ӯ бо аломати савол ба чеҳраи Гулрафтор назар кард. Духтар ба ҷои ҷавоб боз ҳам сахттар Салимро ба оғӯш кашида, реги нарми соҳили Баҳри Сурхро ба худ болин интихоб намуд. Дар ду рӯзи охир ин дуюмин кӯшиши худкушии Гулрафтор буд, ки ҳарду дафъа ҳам ба ҷои ба оғӯши марг афтидан ба оғӯши ҷавонмарди дилхоҳаш меафтид. Алҳол, Худованд ба ӯ меҳрубон буд…

…Субҳро Гулрафтору Шайх Салим дар соҳили баҳр пешвоз гирифтанд. Аҷаб сапедадаме доштааст ин сарзамин. Агар дар ватани Гулрафтор баъд аз дамидани субҳ, то офтоб аз паси кӯҳҳо баромадан хеле вақт гузарад, дар ин ҷо баъд аз чанд дақиқа хуршед аз паси оби баҳр, гӯё аз даруни об пас аз оббозӣ баланд мешуд. Гулрафтор худро аз оғӯши Салим оҳиста берун кашид, то ки ӯро бедор накунад. Баъд пироҳани нафиси худро аз бадан дур андохта, урён ба оби гарми баҳр даромад. Ин дафъа ӯ худро ғарқ карданӣ не, балки мисли офтоб аз навозиши мавҷҳои баҳр баҳра бурданӣ буд. Аз соҳил дур нашуда, хеле оббозӣ кард. Хост ба соҳил баргардад, аммо якбора аз пояш дар зери об чизе кашида, ба об афтонд. Хост аз ҷояш бархезад, вале чизе аз ду банди пояш дошта, хестан намемонд. Ба даҳонаш оби шӯри баҳр даромад…

«Наҳанг…» якбора ба хотираш ин ҳайвони баҳрӣ расид, ки аз китоби ҷуғрофия дар мактаби миёна хонда буд. Аз рӯи шунидаш ин моҳии калон одамро зинда ба зинда ба коми худ мекашид. Духтар ҷадал мекард, ки халос шавад, вале панҷаҳои гирое аз банди пояш ба боло ҳаракат мекарданд ва оқибат миёнашро ҳам печонида гирифтанд. Кӯшишҳои Гулрафтор барои халос шудан аз чанголи «наҳанг» натиҷа намедоданд. Ва ниҳоят… «наҳанг» ӯро озод бардошта, аз сатҳи об баланд карду… духтар худро дар оғӯши Шайхи Тиллоӣ дид. Салим кай бедор шуда ба баҳр даромадааст ва чи тавр ноаён омада, аз зери об ӯро ба банд даровардааст, ҳеҷ ақли духтар намерасид. Ӯ бо овози баланд қаҳ-қаҳ зада дубора худро ба об андохтанӣ шуд, аммо дигар аз чанголи «наҳанг» раҳо шуда наметавонист ва Шайх ӯро ба соҳил баровард. Онҳо ба курсии дарози зери дарахти нахл омаданд ва ҳамон замон аз куҷое хизматгори нимбараҳнае рӯи даст қаҳваи гарм дар наздашон ҳозир шуд. Салим ба Гулрафтор ишораи нӯшиданро кард ва худаш аввалин шуда, аз рӯи лаълии дар дасти хизматгор буда қаҳваи ҳанӯз ҳавраш ба ҳаво баромадаистодаро рӯи даст гирифт ва як ду қулт нӯшида, боз ба болои лаълӣ гузошт. Гулрафтор ҳам аз ӯ пайравӣ намуд. Қаҳваи гарми каме ширин ба бадани ӯ, ки пас аз оби баҳр хунукиро эҳсос менамуд, гӯё ҷони нав даровард. Гулрафтор дар ин лаҳзаҳо худро хушбахттарин инсони рӯи олам меҳисобид. «Барои хушбахтӣ он қадар чизи зиёде лозим набудааст…» - беихтиёр аз дил гузаронд ӯ ва сӯи Салим нигоҳ кард. Шайх аз нигоҳи духтар рамуз гирифта, ба хизматгор чизе гуфт ва лаълии дасти ӯро бо қаҳва якҷо гирифта болои курсӣ гузошт. Хизматгор чӣ тавре, ки ноаён пайдо шуда буд, ҳамин тавр ғайб зад. Пас аз лаҳзае дар назди онҳо боз ҳамон тарҷумони афғон пайдо шуд. «Бечора, аз афташ шаби дароз дар паси кадом дарахти соҳил нахобида баромадааст…»- аз дил гузаронд Гулрафтор. Аммо аз чеҳраи тарҷумон на хастагӣ ва на ягон аломати норозигиро пайдо кардан имкон надошт. Дар ин кишварҳо хизматгор дар вақти адои хизмат ҳаққи хастаю норозӣ шуданро надошт. Иҷрои вазифаи ба дӯшгирифта бо кадом роҳе набошад, муқаддас ҳисоб меёфт. Салим ба тарҷумон бо оҳанги нарм хеле чиз гуфт ва афғон онро тарҷума кард:

-Бонуи ман, шумо хеле хаста шудед. Ҳоло ба хона рафта субҳона мехӯрем ва ман аз паси корҳоям меравам. Тайёр шавед, бегоҳ бо тайёра ба Итолиё ба муддати як ҳафта сафар мекунем. Он ҷо ман ба мисли ҳамин бӯстонсаро маконе дорам. Сафари тӯёнаи худро он ҷо мегузаронем. Агар хоҳед, ба Суис, ба сайри он ҷо меравем…

Гулрафтор бодиққат гуфтаҳои тарҷумонро гӯш карду гуфт:

-Шайх ҳарчи гӯянд, фармонбардорам. Аммо ман шиноснома надорам ва наметавонам бо тайёра парвоз кунам…

Тарҷумон ин гуфтаҳои духтарро ба Шайх тарҷума кард ва Салим бо овози баланд қоҳ-қоҳзанон хандиду бо ашки равон ба тарҷумон чизе гуфт.

-Шиносномаи шумо ман ҳастам. Тайёраи ман дар ихтиёри шумост. Магар ҳанӯз нафаҳмидаед, ки ба чӣ касе ба шавҳар баромадаед?


Аз байни ин ҳама худпурсиҳо танҳо ба як саволаш ҷавоб пайдо кард: ӯ дигар духтар набуд…

 


Шайх дигар мунтазири тарҷума нашуда, аз китфи Гулрафтор нарм гирифту онҳо аз пайраҳаи гулпӯш ба сӯи бӯстонсаро роҳ пеш гирифтанд. Ҳарҷо ҳар ҷо аз паси дарахтон ва пинҳонгоҳҳои худ ҷондорони Шайхи Тиллоӣ ноаён тарки постгоҳҳои худ мекарданд…

…Гулрафтор дар курсии мулоими тайёраи хурди шахсии Шайхи Тиллоӣ нишаста, ба беруни тиреза менигарист. Тайёра хеле мулоим ва қариб, ки беовоз парвоз мекард. Аз паси тиреза (илюминатор) чунин менамуд, ки гӯё тайёраи онҳо аз болои ғарами пахтаи сап сафед ба пеш лағжида истода бошад. Ин тайёраи реактивӣ, ки барои сафарҳои кории Шайх мувофиқ карда шуда буд, ҳамагӣ 10-12 мусофир мебурд ва дар қисмати охири он мизи бо болопӯши сафед рӯйкашшуда ҷойгир буд. Дар пушти он, паси пардаи ҳамранги миз ҷои хоби бароҳат ҳам дошт. Ба мусофирони доимии тайёра- Шайх ва ҷондорону сармуҳосиби ӯ ҳамеша ду нафар пилот ва як духтараки резаандоми чашмкабуд хизмат мерасонданд. Духтарак, ки аллакай ду сол боз дар тайёраи шайх хизмат мекард, ҳайрон буд, ки чаро Шайх Салим ин дафъа бо худ як зани хеле зебоеро, ки на англисию на арабиро медонист ва як тарҷумонро ҳамроҳ гирифтааст. Зеро то ҳол вай ягон бор занҳои худро дар тайёрааш савор накарда буд ва инро фоли бад ҳисоб мекард. Дар кабина пилотҳо бехигӯшӣ гуфтанд, ки ин зани нави Шайхи Тиллоӣ аст.

«Аҷаб зебо…» бо рашки духтарона аз дил гузаронд стюардесса ва сарпӯши оби меваро кушода, бо як стакани ялаққосӣ болои мизчаи назди Гулрафтор гузошт. Гулрафтор бехабар аз андешаҳои хизматгордухтар, ғарқи андешаҳои худ буд. «Тақдирро бин, ки ман дар куҷою Ватан дар куҷо. Ана, шайх маро зани қонунии худ карда гирифт. Аммо магар ман қонуниям? На ном дораму на нишон, ҳатто шиноснома надорам. Шайх бо як оҳанги гӯшнавоз маро «Гуул» мегӯяд. Шояд надонад, ки маънои он чист. Ё тарҷумон фаҳмондаасту дониста ин тавр мегӯяд? Намедонам. Аммо Салим маро сахт дӯст медорад, ин аниқ. Ғайриихтиёрам дар дили ман ҳам ким чӣ хел як гармие нисбати ӯ ҳаст. Гӯё аз ин пеш ӯро дар хоб дидаам ва ё якумр дар паҳлӯям буду ман ӯро намедидам. Чаро имкон намедиҳад, ки ман аз тарҷумони афғон дар бораи ӯ пурсам? Шояд рашк мекунад? Охир ҳамеша дар паҳлӯяш ҳастам-ку… Ана ҳоло ҳам дар сари миз бо он мардаки каллакалон ким чиро ҳисоб мекунад. Ман аз зиқӣ кафам-мӣ? Боз эшон шавҳари ман будаанд…» Гулрафтор як қулт аз оби мева нӯшиду аз ҷояш хест ва аз байни курсиҳо дошта дошта, ба сари миз, ки он ҷо Салим бо сармуҳосибаш дар компютери дастӣ (ноутбук) ҳисобу китоб мекарданд, омад.

-Шумо чӣ хел шавҳар, ки зани бачиллаатонро партофта, бо дигарон сӯҳбат мекунед?–бо нози духтарона ба забони модариаш пурсид Гулрафтор. Аз овози ӯ тарҷумон, ки дар курсии қафо пинак мерафт, бедор шуда, аввал ба маънии гуфтаҳои духтар сарфаҳм нарафт. Шайх бошад бо аломати савол ба ӯ нигариста, интизори тарҷума буд. Тарҷумон бори дигар ба Гулрафтор бо ҳарос нигарист. Ваҷоҳати ӯ ва чеҳраи хоболудаш хандаи духтарро овард ва ӯ гуфт:

-Дар деҳаи мо домод арӯси худро дар рӯзҳои аввал зиқ шудан намемонад…

Шояд афғон калимаи «зиқ»-ро нафаҳмид, ки андаке таваққуф намуду баъд ба шайх чизе гуфт. Салим аз паси миз бархоста, аз дасти Гулрафтор гирифту бо овози мулоиму хушоҳанги худ овози «ъ»-ро аз бехи ҳалқаш талаффуз карда, чизе гуфт ва бо меҳрубонӣ аз рухсорааш бӯсид. Тарҷумон гуфт:

-Шайх мегӯянд, ки пас аз ним соат ба сарзамини Итолиё ва пас аз як соати дигар ба манзили зистамон мерасем, он гоҳ дигар арӯси худро ба қавли Шумо, бонуи меҳрубони ман «зиқ шудан» намемонанд. Ҳоло он кас супоришҳои худро ба чанд гӯшаи олам фиристода истодаанд ва минбаъд танҳо дар ихтиёри Шумо хоҳанд буд. Алҳол биёед ба курсии пеш равем ва ман ба бонуи худ дарси калимаҳои соддаи арабӣ диҳам,-афғони тарҷумон бо даст ба тарафи ҷои нишаст ишора намуд.

-Ҳоло ман ҳавсалаи дарсомӯзӣ надорам. Ғайр аз ин, ба Шайх гӯед, ки акнун он кас забони моро омӯзанд. Мо ҳазор сол омӯхтем, бас аст. Ҳамаи муллоҳои мо забони он касро медонанд. Агар ҷаноби шайх тоҷикиро ёд гиранд, аз ҳамаи ин муллоҳо босаводтар мешаванд,-табъи Гулрафтор хуш буд ва мехост ҳарчи бештар шӯхӣ кунад…

Тарҷумон бо тарсу ларз ин гуфтаҳоро тарҷума кард. Салим чунон бо овози баланд хандид, ки ҳатто пилот дари кабинаашро кушода, ба салон нигоҳ кард. Шайх хандон-хандон ба назди духтар омада, ба таври худ дузону зад ва дасташро ба каф гирифта бӯсид. Ӯ ашки аз хандаи зиёд берун омадаашро мисли кӯдакон бо паси дасти худ тоза кардаистода як ҷумлаи дароз гуфт.

-Ҳокими қалби мо ба ҷуз он, ки ҳусни олиҳаро доранд, боз донишу забони гӯёашон он касро ба Зебунисо аз Ҳинду Робиа аз Балх баробар мекунад, -тарҷума кард афғон ва аз худ илова намуд,-Ҳамшаҳр, эҳтиёт шавед, ин шайхҳо шӯхиро таҳаммул намекунанд…

-Шӯхии маро таҳаммул мекунад. Ҳад надорад, ки накунад,- ин ғайрати духтар ҳайрати тарҷумонро овард ва ӯ бори аввал ҷуръат карда, ба чеҳраи зебои ин тоҷикдухтар, ки худо медонад бо амри кадом тасодуфе бо ӯ дар тайёраи шахсии яке аз доротарин шахсони нимҷазираи Араб дар баландии 10 ҳазор метр парвоз мекард, дида дӯхт. Аммо аз тарси он, ки ин нигоҳи бодиққати ӯ аз назари шайхи зирак дур намемонад, зуд нигоҳашро гурезонд. Дар дил тарҷумон аз Гулрафтор сахт миннатдор буд, ки ба туфайли ӯ соҳиби кори сермузде гардид. Музде, ки як рӯзаи онро бечора Ғуломнабӣ дар як сол ҳам пайдо карда наметавонист…

…Парвози тайёра ба худ шакли амудӣ гирифт ва Гулрафтор ҳис кард, ки онҳо ба замин фаромаданианд. Ба курсии нарм бароҳат нишаст ва ҳамон замон духтараки хизматгори тайёра ба назди ӯ омада, бо эҳтиёт тасмаи курсиро ба миёни   ӯ гузаронд. Чархҳои тайёра ба фурӯдгоҳи нимҷазираи Ситсилия расиданд ва мурғи ялаққосии фӯлодин, ки дар паҳлӯяш нишонаи фирмаи нафткоркунии Шайх Салим ас-Соиб зада шуда буд, аз хатти парвоз бо суръат ба пеш тохт…

…Шайх Саид ва Шайх Абдулло дар паҳлӯи ҳавзи шиноварӣ, дар болои курсиҳои сабук, вале нарм нишаста, қалёни тоза мекашиданд. Абдулло, ки нисбат ба Саид дар қаду қомат   пурратар буд, вазни худро баҳузур ба пуштмонаки курсӣ дода, ба духтароне, ки дар дохили ҳавз нимбараҳна оббозӣ мекарданд, дида дӯхта буд ва дар як вақт ба гуфтаҳои ҳамсӯҳбаташ гӯш медод.

-Агар ширкати Шайх Салим ин сиёсати худро давом додан гирад, дигар ҳамаи ширкатҳои нафтхари Дания аз ману ту рӯй метобанд ва шояд соли оянда даромад боз ҳам камтар гардад. Бубин, барои кашида гирифтани он муштариёне, ки қаблан аз ширкатҳои худамон нефт мехариданд, ӯ ба директорҳои минтақавии дар Аврупо будаи худ чӣ супоришҳое додааст…

- Охир ту чӣ мехоҳӣ, ӯ аз ману ту ҷавонтар аст ва мехоҳад, ки дар пойга пешдаст бошад. Падараш ҳам то дами марг ҳамин тавр буд…,- найчаи қалёнро аз даҳон берун карда, ҷавоб дод Шайх Абдулло…

-Пас мо бояд ба ин рафтори ӯ тоқат карда шинем? Охир ду-се бор сарҷамъ шуда, масъалаи мувофиқа кардани нарху наворо бо ӯ дида баромадем. Розӣ мешаваду боз кори худашро мекунад...

-Ба андешаи ман, тавре бояд кард, ки ӯ як муддат аз сари кор дур шавад. Дар ин муддат мо ҳамаи шартномаҳоро барои як сол ё зиёдтар бо ширкатҳои аврупоӣ мебандем. Тавре кор кардан даркор, ки Салим дар ин муддат худаш ягон амалиёти директорҳои тиҷоратиашро зери назорат гирифта натавонад…

-Аммо ин роҳ кадом аст?

-Тӯйи охирини ӯро ба ёд ор. Дидӣ, ӯ чӣ хел мафтуни зани наваш гаштааст? Аз ин истифода бурдан даркор.

-Яъне, занашро бояд моил кард, ки як муддат дар оғӯши худ нигоҳ дорад?

-Не, ҳоло шайх дар Италия ҳамроҳи ӯст ва шояд як-ду ҳафта он ҷо монад. Аммо ин дер давом намекунад. Шайх Салим ҳатман ба кор бармегардад. Ман аз чашмони ӯ дарёфтам, ки ин афғондухтарро сахт дӯст медорад…

-Афғон не, тоҷик,-боз ӯро ислоҳ намуд Шайх Саид.

-Фарқ надорад. Бигзор яҳудӣ бошад. Аммо бояд коре кард, ки ин занро аз ӯ дур кунем ва ӯро дигар ёфта натавонад. Он гоҳ Шайхи Тиллоӣ ба муддати дароз корношоям мешавад.

-Гумон намекунам…

-Ман ба ту итминони комил медиҳам, ки ҳамин тавр мешавад. Хадамоти махсуси ширкати ман хабар дод, ки Салим ӯро ба тайёраи шахсиаш, ки ба он ҳатто наздиктарин одамонашро роҳ намедод, савор карда ба Италия бурдааст. Ӯ барои истифодаи занҳояш як тайёраи махсуси дигар ҳам дорад. Аммо чаро махсус бо ҳамин тайёра сафар кард? Ин маънои онро дорад, ки Шайхи Тиллоӣ барои русдухтар шуда, аз худаш ҳам гузар мекунад…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД