Sebiston new 2024 october
Ишқи духтари тоҷику бачаи ҷӯгӣ (қисми2)
2378

Аз ин кор моҳе гузашт. Ба хонаамон ҷӯгиҳо гоҳу ногоҳ меомаданд,. Вале аз Саноқул дигар дарак набуд.

   Ману апаам, ки ба вай ҳам ҳалқаҳо писанд омада буданд, гоҳ-гоҳ дар мавриди вай, ки ҳалқаҳоро муфтакак ба ман дод, байни худ шӯхӣ мекардем.Номаш дар забонам буду апаам ӯро ҳазломез  “язна”-ном карда буд.
  -Язна, дигар намеомада бошад, ки ин дафъа ягон чаллаашро  гирӣ,-мегуфт апааму   ҳарду завқ бурда механдидем.
   Ман боре ошиқ нашуда будаму аз он ки фикрам ба чашмони зебои Саноқул ҳамеша банд буд, андешаманд будам.”Мабодо ошиқ шуда бошам”-меандешидам худ ба худу гиребон гирифта “астағфуриллоҳ”-мегуфтам. Дар назарам дӯст доштану ошиқ шудан ба ҷӯгӣ даҳшат буд...
  Ҳамроҳи апаам дар ошхона нон мепӯхтему кӯдакон дар пӯшти хона бозӣ доштанд.
 -Очаҷон, ҷӯгиҳо омаданд,-давон ба ошхона омад, духтарчаи калонии апаам Сабринаи шашсола.
   Намедонам, чӣ қувва буд, ки маро давон аз ошхона берун кард.Гӯё ман медонистам, ки ин дафъа дар байни ҷӯгиҳо Саноқул аст.
  Саноқул ҳамроҳи як писари хурдсолтаре омада буд. Ӯ маро диду салом дода, табассум кард. Ба ӯ менигаристаму мисли девонаҳо механдидам.
 -Барои чӣ ин қадар дер омадӣ?-пурсидам беихтиёр.
Ҷавобе надод. Аммо дар чашмони зебояш шарорае барқ зад, ки онро нигоҳи чашмони ман дастгир кард.
 Ману апаам ороишоти нуқрагини Саноқулро ба даст гирифта медидему аз назокату зебоии онҳо лаззат мебурдем. Ҳар як ороишот бо нозукии махсус сохта шуда буд.
 -Инҳоро кӣ мезозад?-пурсид апаам аз вай.
 -Инҳоро худам сохтам. Падару бародарон ва хоҳарам ҳам месозанд. Ин кори мо меросист,-ҷавоб дод Саноқул.
   Он рӯз апаам барои худашу духтарчааш гӯшвор харид. Саноқул бошад ба ман ин дафъа ба неву нестонам нигоҳ накарда, дастмонаи зебое тӯҳфа кард...
   Симои Саноқул-чашмони зебову табассуми ба худаш зебанда аз лавҳи назарам дигар дақиқае дур намешуд.Шабу рӯз фикрам банди вай гашта, ёдаш диламро ба сӯзиш меовард. Аз пӯшти ӯ тамоми ҷӯгиҳоро дӯст медоштагӣ шудам. Вақте онҳо меомаданд, баҳри дилам худ ба худ кушода мешуду зуд рафтанашонро намехостам. Дигар тарзи либоспӯшӣ, ҳарф задан ва гирумонашон бароям дилнишин буд. Мехостам аз онҳо дар мавриди Саноқул чизе пурсам, вале барои ин ҳатто аз худ шарм медоштам.
 Ишқи ҷӯгиписар сарҳади дили маро убур карда, муқимии он ҷо гашта буд.Дигар олам бе рангинии хаёлҳои рангине, ки онҳоро симои Саноқул ҷило мебахшид, якранг менамуд.Хаёлию дамдӯзд гашта будаму ҳамеша нигаронии роҳаш будам. Аммо Саноқул намеомад.
  -Санавбар, рӯзе нест, ки номи ҳамон ҷугиписарро нагирӣ, мабодо ошиқаш нашуда бошӣ?-боре пурсид апаам.
Ба ҷои посух додан ба саволаш гириста фиристодаму давида ба хона даромадам.
Апаам “дарди бедавоям”-ро фаҳмида аз пӯштам ба хона даромада аввал хуб хандид. Сипас насиҳати зиёдеам хонд, ки ҳушамро ба сар гирам.
 -Худата девона накун. Агар дадаму бародаронам фаҳманд, маро боб мекунанд, ки нигоҳубинат карда натавонистам. Ошиқ шудан чӣ: боз ба кӣ?! Ба ҷӯгӣ!!!-ситеза кард ӯву аз хона баромада, дарро аз пасаш бошаст пӯшид.
  Фаҳмидам, ки дӯст доштани Саноқул ба апаам писанд наафтодааст. Аз авзояш маълум буд, ки бисёр хашмгин шудааст ва ҳеҷ гумон ҳам надоштааст, ки ман ошиқи ҷӯгиписар мешавам.
   Аз он ки сиррам ба апаам кушода шуд, баъд сахт афсӯс хӯрдам. Метарсидам, ки агар Саноқул боз биёяд, ӯро пеш мекунад, аммо...
Рӯзе дар лаби оби ҷӯйбори канораи роҳ берун аз ҳавлӣ нишаста, табақу коса мешӯстам.

(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)


  -Салом-шунидам овозерову як қад парида ба қафо нигаристам.
Чашмонам барқ заданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД