Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми5)
07.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3467

(Идомааш)

Ҷамила бо чашмони барқпош ба ин суханон гӯш дода, беихтиёр нозе кард, ки ба зани синну соли ӯ намезебид. Шукрӣ ба ӯ наздик шуда, ноаён ба думбааш даст расонд, ки аз ин «илтифот» занак ба ваҷд омада, беихтиёр худро ба ӯ наздиктар кард. Ҳамаи инро аз зери чашм Гулрафтор наззора мекарду бештар ба воҳима меафтид. Дер ҳам бошад, оҳиста- оҳиста ба ӯ аён мегардид, ки ба дасти чӣ касоне афтодааст.   Акнун чӣ мешавад? Дар ин мулки ғарибӣ чӣ гуна худро аз дасти онҳо халос кунад? Ғайриихтиёр як қадам ба пеш баромада, ба Ҷамила муроҷат намуд:

-Хола, моро ба аэропорт баред, ин кор ба ман маъқул нест…

-Кадом кор? Ҳоло ту ягон кор накардаӣ- ку?!

-Ана ин мардакро бинед, моро чӣ хел таҳқиқ мекунад…

-Охир ӯ хуҷаини шумост ва ба ин ҳақ дорад. Ту аввал ба кор сар кун, баъд мебинӣ, ки маъқул мешавад ё не…Дар бораи аэропорт бошад дигар андеша ҳам накун. Шиносномаҳоятон дар дасти хӯҷаин. Лозим шавад, ӯ шуморо худаш бурда гусел мекунад. Бе шиноснома ҳатто ба кӯча баромада наметавонед. Аввалин пулис дошта ба маҳбасхона мебарад…

-Ваҳ,чи рӯзе ба сарамон омад,-беихтиёр фарёд баровард Саида,-дугонаҳоям гуфта буданд-а, ки ин зан ким чӣ хел шубҳанок, лекин мани сода аҳамият надода, ба хайрхоҳию ба инсофаш бовар кардам. Ана ба чӣ рӯз расидам…

Духтарони дигар низ ба оҳу воҳ даромаданду Гулрафтор хомӯшона ба Ҷамила наздик шуда, ба рӯяш як торсакии обдор фаровард. Духтарон якбора ба сӯи Ҷамила ҳамла карданд. Арабҳо, ки интизори ин моҷаро набуданд, аввал чӣ кор карданашонро надониста монданд, вале баъд Аш-Шамур ва Шукрӣ ба духтарон часпида, Ҷамиларо аз чанголи онҳо халос карданӣ шуданд. Аммо ин ба онҳо даст намедод, зеро аллакай Ҷамилаи наҳифпайкар дар зери лагадҳои духтарони фиребхӯрда қарор дошт.

Аш-Шамур ба Шукрӣ дод зад:

-Тахлуҳу ҳа улои…(Гӯй онҳоро халос кунанд)

Шукрӣ ба тарафи дар рафта онро боз намуд ва бо садои баланд чизе гуфта фарёд кард.

Аз дар ду араби қавиҳайкал даромада, ба сари духтарон омаданд ва онҳоро   мисли бозича ба ҳар тарафи хона партофтанд. Духтарон монанди кабӯтароне, ки ба онҳо боз ҳамла кардааст, дар як гӯшаи хона тӯда шуданд. Ҷамила мисли гунҷишки парканда аз зери пои духтарон озод шуда, либосҳои худро ба тартиб даровард ва бо як ҳисси бадбинии беохир ба онҳо нигариста гуфт:

-Хуб кардам шумо лаънатиҳоро. Акнун аз дасти ин арабҳо то пир шуданатон азият мекашед. Сад кас дар як рӯз шуморо …Худозадаҳо…

Духтарон ба маънои суханони охирини «хайрхоҳашон» сарфаҳм рафтанд, аммо илоҷи раҳоӣ аз ин вартаро надоштанд.

-Шаддал ҳозиҳи банот ва ағлиқ бозал байти…(Ин духтаронро бандед ва дари утоқро маҳкам кунед),-ин садои омиронаи Аш-Шамур посбонони қавиҳайкалро ба ҳаракат водор намуд ва яке аз онҳо барои овардани банд берун рафт. Аш-Шамур бо ишораи даст Ҷамилаи паркандаро ба сӯи худ хонд ва аз кулвори чармине, ки дар даст дошт, ду даста доллар бароварда, ба ӯ дароз карду ҷониби Шукрӣ бо арабӣ чизе гуфт. Шукрӣ бо лафзи шикастаю ба зӯр фаҳмои русӣ ба Ҷамила гуфт:

-Это за всех девушек…(Ин барои ҳамаи духтарон)

Ҷамила бо як ҳарисӣ долларҳоро аз дасти шайх гирифта, онҳоро як аз назар гузаронду ба Шукрӣ гуфт:

-Этого мало. Он обещал намного больше…(Ин кам аст. Ӯ ваъдаи бештаре дода буд) Шукрӣ гуфтаҳои ӯро тарҷума кард. Аш-Шамур истеҳзоомез хандиду боз дасташро ба кулвор бурда, як дастаи дигар пул баровард ва онро ба Ҷамила дароз кардаистода ба Гулрафтор ишоракунон чизе гуфт. Шукрӣ гуфтаҳояшро тарҷума кард:

-Я могу их взять бесплатно. Но из за этой красавицы могу дат и больше…(Ман метавонам ҳамаи онҳоро бепул соҳиб шавам. Аммо барои ин зебосанам шуда зиёдтар медиҳам)

Ҷамила ин қабзаи пулро ҳам соҳиб шуда, ношумур ба кулвори худ андохт ва аз он ҷо як даста шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистонро бароварда, ба дасти шайх супурд…Ҳамаи инро духтарон мушоҳида мекарданд, вале аз дасташон коре намеомад. Аллакай араби посбон банд дар даст аз дар даромада, интизори фармони хӯҷаин буд…

Аш-Шамур бори дигар ба Гулрафтор наздик шуда, мӯйҳои қирвори ӯро ба даст гирифт ва ба Шукрӣ нигариста гуфт:

-Ҷамилун…ҷамилун. Ан-нисо ҷамилун…

Шукрӣ баъд аз чанд сухани дигари хӯҷаин рӯ ба духтарон оварда гуфт:

-Шейх не хочет вас связат. Ведите себя прилично. Завтра за вами придут…(Шайх намехоҳад, ки шуморо бандад. Худро нигоҳ доред. Пагоҳ барои шумо меоянд…)

Баъд аз ин, пеш-пеш Аш-Шамур, баъди ӯ Ҷамила, ки бо нигоҳи нафратовар ба духтарон менигарист ва дар охир Шукрӣ аз дар баромаданд. Шукрӣ боз ҳам даст ба думбаи Ҷамила бурд…

Посбонон баъд аз баромадани онҳо дарро пӯшида, дар ду курсии рӯ ба рӯ нишастанд. Аз дар ду зани араб дар болои лаълӣ хӯрок ва зарфҳои нӯшокидор даромада омаданд. Духтарон намедонистанд, ки баъзеи онҳо баъд аз чанд сол боз бо Ҷамила рӯ ба рӯ мешаванд. Вале ин дар ҷои дигар ва дар шароити дигар сурат хоҳад гирифт…

                                        Шумораи №48

Шайх Салим ас- Соиб ҳанӯз 26 сола бошад ҳам, дар байни қабилаи худ ва дар кишвар эътибори калон дорад. Ӯ ба он дороие, ки аз падараш мерос монда буд, дороӣ зам менамуд. Падараш, ки соҳиби ширкати нафткоркунии «Соиб ойл» буд, то дами марги худ кӯшиш намуд, ки ба писари ягонааш Салим маълумоти хуб диҳад. Аз ин рӯ дар ҳамаи сафарҳои хориҷии худ ӯро ҳамроҳ мегирифт. Хатмкардаи донишгоҳи Кембриҷ Салим ас-Соиб забони англисӣ ва фаронсавию испониро хуб медонист. Инчунин, бо роҳбарони бузургтарин ширкатҳои нафткоркунии урупоӣ тавассути падараш шиносоии хуб дошт. Хулоса, вақте ки шайх Замир-ас Соиб ин дунёро тарк намуд, молу амволи ӯ ба дасти писари қобилу соҳибмаълумот ва кордону коршиносаш Салим монд. Салимро барои он, ки аксари маблағҳои худро дар шакли тилло дар бонкҳо нигоҳ медошт, магнатҳои нафтӣ «Шайхи Тиллоӣ» мегуфтанд. Ин лақаб оҳиста- оҳиста ҳатто дар аксар мавридҳо ҷои номи аслии ӯро мегирифтагӣ шуд. Салим мувофиқи таъомули арабҳои доро аллакай ду зан дошт. Ӯ дар хонааш кам андар кам шуда, нисфи вақти худро дар сафарҳои корӣ мегузаронд. Зани аввалааш аз аҳли қабилаи соиб буд ва дар Ар-Риёз зиндагӣ мекард. Ин зан таълимоти маъмулии арабӣ гирифта буд ва барои Салим ҳамчун як ҷузъи риояи таъомули қабила қадр дошту халос. Зани дуюми Салим-Сюзан зодаи Шотландия буда, бо ӯ писари магнати араб дар вақти таҳсил дар Кембриҷ шинос шуда буд. Сюзан, ки чеҳраи сафед,   мӯи зардчаранг ва чашмони каб -кабуди осмонӣ дошт, аз илмомӯзӣ дида бештар ба намоиши тани зебои худ дар маҷаллаҳои мардона рағбати зиёд дошт, яъне мӯдпараст буд. Салим бо Сюзан танҳо ба хотири бурдани гарав байни ҳамсабақон хонадор шуд. Дороии зиёд ва хушомаду тӯҳфаҳои гаронқиммат охир кори худро карданд ва Сюзан ба издивоҷ бо ин ҷавони бои араб розигии худро дод ва ӯ бештари вақташро дар соҳили баҳр ё дар яхтае, ки онро ба ӯ Салим тӯҳфа намуда буд, мегузаронд. Бо шавҳараш танҳо вақте, ки ӯ ба Аврупо меомад, вомехӯрд. Барои Салим дар набудани ӯ Сюзан ба чӣ кор машғул буду бо киҳо вақт мегузаронд, фарқ надошт. Танҳо ҳар вақт, ки ӯ пул мепурсид, ба суратҳисобаш миқдори талабнамудаи ӯро мегузаронду бо ҳамин вазифаи шавҳарии худро иҷрошуда меҳисобид. Хулоса, то ин замон дили Салимро ягон нафар зан ба худ моил накарда буд ва чӣ будани ишқу муҳаббатро намедонист. Ӯ танҳо ҳаминро медонист, ки байни зану мард метавонад фақат муносибати ҷинсӣ ва қаробати чандлаҳзаина бошаду халос. Боқӣ ҳама афсона аст…

Тайёраи шахсии Салим дар фурудгоҳи Рос-ал Хайма-наздикии Дубай ба замин фаромад. Ӯ дар он ҷо кормандони шӯъбаи дар ин ҷо будаи ширкаташ интизор буданд. Роҳбари шӯъба ба зинапояи тайёра наздик шуда баъд аз салому паём арз кард:

- Барои шумо дар худи шаҳр департамент тайёр аст. Аввал ба он ҷо рафта бо ҳисоботи мо ошно мешавед ё рост ба соҳили баҳри Сурх-коттедҷи дӯстдоштаатон меравед?

-Кори ту бад нест ва бо ҳисобот баъдтар ҳам машғул шуданам мумкин. Ҳоло ман мехоҳам як тан аз ошноҳои падарамро дар Дубай зиёрат кунам. Баъдтар ба ин масъала бармегардем.

Ӯ дигар сухане нагуфта ба лимузини сиёҳ нишаст ва ёрдамчиаш, ки аз паси Салим аз тайёра фаромада буд, ба ронанда нишониро гуфту лимузин бесадо ба ҳаракат даромад. Кормандони шӯъба ҳам як - як ба мошинҳои худ нишаста аз фурӯдгоҳ берун шуданд…

…Шайх Талал, ки тақрибан 50-55 сола буд, бо падари Салим чандин сол боз ошногӣ ва равобити корӣ дошт. Худро шогирди Замир-ас Соиб меҳисобид. Зеро дар ҷавонӣ дар ширкати ӯ кор карда, аз ҳамон ҷо қисмати аввали дороияшро ба даст оварда буд. Баъд аз марги шайхи бузург ҳам рафтуоро бо писари ӯ қатъ намекард. Зеро шайх Замир васият карда буд, ки маслиҳати худро ба писари ӯ дареғ надорад. Ӯ дар ҳарами худ соҳиби чанд зан бошад ҳам, баъзан аз занҳои кӯчагию даъватӣ рӯй наметофт. Ба рафиқонаш мегуфт, ки чунин рафтор аввал ҷавонии ӯро ба ёдаш меорад ва баъдан зиндагиро рангоранг мекунад. Рӯзе, ки Салим ба назди ӯ омаданӣ буд, мехост «зиндагиро рангоранг» кунад ва бо ин мақсад, ба ёрдамчии худ фармуд, ки ба ҷойҳои муайян рафта, ду-сето «моли нав» биёрад.

-Беҳтараш аз туркҳо ва ё афғонҳо бошанд. Аврупоияш ба дилам задааст…,-таъкид намуд Талал.

…Шайх Талал писари устоди худро гарм дар оғӯш кашид ва ба қадаҳи ӯ бо дасти худаш қаҳваи сиёҳ рехт. Ин барои шайхҳои араб эҳтироми хоса ба шумор меравад. Дар утоқи зарҳалин, болои курсиҳои нарм сӯҳбати ду шайхи доро хеле тӯл кашид. Баъд аз нӯшидани чанд қадаҳ қаҳваи сиёҳ ва кашидани қалёни тоза (як навъ нашъае, ки аз тариқи офтобаи махсус ба воситаи рӯда кашида мешавад) шайхҳо ба рӯи ҳавлӣ баромаданд. Ҳамин вақт хизматгор дарвозаи бӯстонсаройро боз намуд ва аз он мерседеси сиёҳе ба рӯи ҳавлии калон дохил шуд. Аз курсии пеши он ёрдамчии Талал баромада, дари қафои онро боз намуд. Аз дохили мошин ду нафаре, ки зери чодари сиёҳ буданд, берун шуданд.

-Ман имрӯз барои писари устодам як базм ташкил карданӣ. Медонам, ки ту ба ҷинси зан он қадар таваҷҷӯҳ надорӣ. Аммо ба ман иҷозат медиҳӣ, ки имрӯз ба ту хизмат кунам,- гуфта ба ёрдамчиаш рӯ овард:

-Канӣ, чодарро аз чеҳраи онҳо бардор, бубинем чӣ моле овардӣ?…

Ёвар пардаи рӯи занеро, ки пештар аз мошин фаромада буд, бардошт. Дар рӯ ба рӯи онҳо як духтараки гандумгун, вале ситорагарме меистод, ки дар пешониаш қатраҳои арақ намудор буданд. Ин духтар Саида буд ва арақи рӯяш аз шарм ва ё гармии ҳаво буд, худаш ҳам намедонист. Салим як ба ин чеҳраи ҳайратзада нигаристу бепарвоёна интизор истод, ки рӯи духтари дуюмро боз кунанд. Ин лаҳза ёрдамчии шайх Талал парда аз рӯи пайкари саропо сиёҳпӯш боз намуд ва…ба тани шайх Салим гӯё ҳазорон ватт барқро якбора пайвастанд. Дар пешорӯи ду шайхи дорои араб духтаре меистод, ки аз гиря чашмонаш варамида буданд, аммо ин ба офтобе монанд буд, ки аз паси абри боронӣ як гӯшаи худро намуда истодааст. Салим ба ин чеҳраи ғамзада, вале ба назараш ниҳоят зебо чанд дақиқа мисли море, ки ӯро афсунгар бо наи худ бо баровардани пардаи аз ҳама болои савт афсун карда истода бошад, беҳаракат монд. Баъд каме ба худ омада, ба сӯи Талал нигоҳ кард. Шайх Талал аз он таъсире, ки ин «духтари кӯча» ба Салим расонд, қаноатманд шуда гуфт:

-Салим, гоҳ-гоҳ аз ин неъматҳои худодод ҳам истифода бурдан даркор, зиндагиро рангоранг мекунанд…

Аммо Салим, ки ҳанӯз ёрои сухан гуфтан надошт, нимғурма чизе гуфту монд.

-Ростӣ, ҳамин аврупоиҳояш ба дилам задааст. Барои ҳамин гуфтам, ки ин дафъа осиёӣ биёранд.

Ин вақт ёрдамчии Талал ба ӯ наздик шуда ба гӯшаш чизе гуфт. Талал «воҳ» гуфта бори дигар сар то пои духтаронро аз назар гузаронд.

-Инҳоро ду рӯз пеш аз Осиё овардаанд. Ҳанӯз ба боду ҳавои мо одат накардаанд ва ҳанӯз ҷойгаҳи арабро надидаанд,- ҳӣ-ҳӣ хандид шайх Талал.

-Турк ҳастанд?-пурсид аз ёрдамчӣ Салим, ки маҷоли гап задан пайдо карда буд.

-Не, мегӯянд, ки тоҷик…Ин як қавмест, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад. Бинед, чӣ қадар зебо мешудаанд…,-ба таври худ шарҳ доданӣ шуд ёрдамчӣ.

-Медонам…,-гуфт Салим, ки дар Кембриҷ маълумоти кофӣ гирифта буд.

Шайх Талал ба Салим пешниҳод намуд, ки яке аз ду нафарро интихоб кунад. Салим сар ба замин афканда бо нӯги ангуштон дастори худро тоб дода гуфт:

-Медонед, ки ман ба ин тоифа шавқ надорам. Ана нигоҳ кунед ба ин духтаре, ки зеби беҳтарин ҳарамҳо бояд бошад. Бо чунин ҳусну малоҳат ба танфурӯшӣ машғул аст…,-Салим ин суханонро ба забон овардаравон аз Гулрафтор чашм канда наметавонист ва ба гуфти худаш ҳам чандон боварӣ надошт,- Шояд ӯ ба пул сахт ниёз дошта бошад. Агар ба шавҳар мебаромад, бо ин симое, ки ӯ дорад, шавҳараш аз дар баромадан намемонд…

-Ҳарчӣ ҳам бошад, ман ӯро бо маблағи калон оварда ба ту пешниҳод карда истодаам. Рад накуну як шабро бо ӯ сипарӣ кун…

Шайх Салим дигар илоҷи рад намуданро наёфту ноилоҷ ба ёрдамчиаш,   ки интизори фармони ӯ буд, ба Гулрафтор ишора намуда супориш дод:

-Ӯро ба мошин шинонда ба бӯстонсарои соҳили баҳр бар. Хӯрок дода шикамашро сер кун…

Духтарон, ки аз гуфтугузори байни арабҳо чизе нафаҳмида буданд, баъд аз он, ки ёрдамчии Салим аз китфи Гулрафтор гирифта ба сӯи мошин бурданӣ шуд, донистанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Худро ба оғӯши ҳамдигар партофта, инони гиряро сар доданд. Онҳо намедонистанд, ки танҳо пас аз солҳо дар ватани худ бо ҳамдигар во хоҳанд хӯрд…

…Утоқе, ки дар он Гулрафторро ҷой доданд, бо шаҳомати худ саҳнаҳои филмҳои ҳиндиро мемонд. Мизу курсиҳои аз чӯби ким- кадом дарахти пурқиммат сохташуда, гулдонҳои калону хурди нақшин ва қандили бузурге, ки дар болои сар овезон буд, бо ҳазорон ранг ҷило медоданд. Дар байни ин утоқи калон рахти хоби бузурге монда буданд, ки атрофаш бо пардаи ҳарир пӯшида буд. Болиштҳои пур аз нақшу нигор ва кӯрпаи осмонранг манзараи хонаро боз ҳам пурҳашаматтар мегардонд. Дар паҳлӯи рахти хоб мизи пастаке бо ду курсии зарҳалин гузошта шуда буд. Болои миз дар кӯзаҳои шишагин чанд намуд оби мева ва ким чи хел нӯшокиҳои дигар буд. Гулрафтор бо чашмони аз гиря варамида ин шаҳоматро тамошо дошт, ки дари дутабақаи гулкориро боз намуда, хизматгорзани сиёҳҷурда, вале ситорагарм дар болои лаълӣ чанд хел хӯрокро оварда, болои миз гузошту ба забони арабӣ чизе гуфта аз дар баромад. Бӯйи лазизи хӯрок иштиҳоро бедор мекард, вале аз гулӯи Гулрафтор дар ин ду рӯзи охир чизе намегузашт. Вай пайваста дар андешаи тақдири шум буд, ки ӯро ба ин гӯшаи дунё овард. Духтарак ба тирезае, ки бо пардаҳои ҳарир ва махмал оро дода шуда буд, наздик омад. Аз паси шиша оби беканоре ба назараш расид. «Баҳр…» аз дил гузаронд Гулрухсор. Вай чолокона ду табақаи тирезаро боз намуд. Пардаро ба ҳаво бардошта, шамоли серуни бегоҳирӯзӣ аз самти баҳр ба рухсораю бадани духтар вазид. Дар ҳақиқат ин баҳр буд, баҳри Сурх. Ин бинои боҳашамат яке аз бӯстонсароҳои Шайх Салим буд. Шайх аксар вақт баъди сафарҳои аврупоиаш ба ин ҷо омада дам мегирифт ва нақшаҳои ояндаи кори худро мекашид. Дар лаҳзаҳои аз зани арабу аврупоияш хаста шудан низ, шайх ҳамин манзилро ихтиёр мекард ва тамоми телефонҳоро хомӯш карда, чанд рӯз ин ҷо ором мегирифт.

Ин бор низ баъд аз вохӯрӣ бо дӯсти падараш ҳамин нақшаро дар сар дошт, аммо Шайх Талал хоҳиш намуд, ки истироҳати худро ба таври дигар гузаронад ва бо ин мақсад барои ӯ бо маблағе, ки то ҳол ягон фоҳишаро бо он харидорӣ нанамуда буд, духтареро киро кард. Салим не гуфта натавонист, хоса вақте ки ҳусну ҷамоли он духтари турк ё афғонро бо чашми худ дид, ҳиссиёти аҷибе дар вуҷудаш туғён намуда, ин пешниҳодро қабул кард…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД