(Идомааш)
Ғӯлҳои биёбон ӯро кашон-кашон бурда, мисли халтаи пур бардошта ба болои мошин партофтанд ва бо навбат худро аз паи ӯ ба боло гирифтанд…
…Шиддати шамол боз ҳам сахттар мешуду мисли гурги гурусна дар сар то сари биёбон уллос мекашид. Пеши моҳи нимпурраро чангу ғубори биёбон, ки шамол аз замин хезонда буд, тира намуд…
Гулрафтор дар байни биёбон, дар оғӯши ду араби сиёҳу бӯгин бо хушиҳои зиндагии кӯтоҳаш падруд мегуфт. Мурғи бахт, ки Худованд дар симои Шайх Салим ба ӯ дода буд, аз бағалаш бебозгашт ба осмонҳо парида рафта буд. Пас аз ин зиндагӣ барояш гӯё вуҷуд надошт…
Субҳ аз як гӯшаи биёбон равшанӣ андохт. Ҳарчанд ҳавои ин макон ҳамеша гарм буд, аммо саҳаргоҳон як сардие ҳис карда мешуд, ки то баромадани офтоб идома меёфт. Ана баъд биёбон ба дӯзах мубаддал мегашт ва офтоб тамоми рӯз қуми сурхи биёбонро ба тобаи тафсон табдил медод. Ба ҷуз калтакалосҳо ва як навъ мори биёбонӣ, ки ба чунин гармиҳо мутобиқ гардида буданд, дигар ҷонзодеро то қариби бегоҳ пайдо кардан мумкин набуд. Хислати биёбони араб чунин аст. Ана баъд, вақти ғуруби офтоб шиддати гармӣ як андоза паст мегардид ва баъзе ҳайвоноте, ки ҳаёти шабона ба сар мебаранду рӯзи дароз дар зери сояи буттаҳои ягон -ягон аз зери қум намудор мехобиданд, хазида баромада барои худ ғизо меҷустанд. Чунин тарзи ҳаёт ба сокинони ин биёбон, ки асосан аз арабҳои бадавии Лубнон иборат буданд, низ хос буд. Ин қабилаҳои бодиянишин, ки қисми зиёдашон новобаста ба дигар шудани тарзи ҳаёти арабҳои дигар кишварҳо таи панҷоҳ соли охир ҳамон тарзи аҷдодии зиндагиашонро идома медоданд, нисбати дигар ҳамқавмони худ ҳам аз лиҳози фарҳангу маданият ва ҳам аз лиҳози сатҳи зиндагӣ дар дараҷаи паст қарор доштанд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз ҳисоби пашму гӯшти уштур ва як навъ бузи биёбонии ба гармӣ тоқатовар зиндагии худро пеш мебурданд. Арабҳои сокини Арабистони Саъудӣ ва Аморатҳои Араб ин мардумро қавми паст медонистанд ва онҳоро танҳо барои кори сиёҳ истифода мебурданд. Аслан қабилаҳои бадавии ин сарзамин, ки на сарҳади байни давлатҳо ва на ягон монеаи дигарро ҷиддӣ қабул намекарданд, ниёз ба кор дар шаҳрҳо ҳам надоштанд. Онҳо сар то сари нимҷазираи Арабро дар давоми сол аз паи дарёфти чарогоҳ барои чорвои худ тай мезаданд ва доим дар хайма мезистанд. Ягона тағйироте, ки дар зиндагии онҳо таи ним асри охир пайдо шуд, ин истифодаи автомашинаҳои саҳрогард дар зиндагиашон буд. Акнун ин қабилаҳо бору колои худро аз як манзил ба манзили дигар бо мошинҳои ҳарҷогард мебурданд. Танҳо дар вақти пур кардани мошинашон бо сӯзишворӣ ва хариди лавозимоти рӯзгор ва хӯрокворӣ ба шоҳроҳҳои калон мебаромаданд ва бо арабҳои бунӣ муошират мекарданд.
…Араби калонсол бо як хез аз болои мошин ба замини қум фаромаду бо як эҳсосоти аз олам розӣ дастонашро ба ду тараф калон кушода, хамёза кашид ва барои қазои ҳоҷат ба тарафи пеши мошин, ки шамоли шабона як қисми чархҳои онро аллакай зери қум карда буд, гузашт. Баъд куртаи дарози худро поён кардаистода, ба ҷои аввалааш баргашта бо садои ғиҷирросию нофорами худ аз замин истода, ба ҳамроҳаш, ки ҳанӯз дар болои мошин, паси палатка хобида буд, чизе гуфт. Аз дарун танҳо овози баланди ханда баромад ва баъд сари араби ҷавон намудор шуд, ки онро берун карда, ба ҳамроҳаш ҷавоб дод ва садои хандаи онҳо боз ҳам баландтар шуд. Маълум буд, ки онҳо аз шаби гузаронидаи худ хурсанд буданд…
Араби ҷавон ҳам гӯшаи болопӯшро баланд бардошта, худро ба поён гирифт ва аз дохили кабинаи мошин зарфи пластикии пуробро берун оварада, ба шустани дасту рӯяш сар кард. Чакраҳои об аз дасту рӯи ӯ шорида, ба болои қум мерехтанд ва ҳамон замон байни регрезаҳо нест мешуданд. Онҳо аз дохили мошин анвои хӯрока бароварада, ба болои як палос паҳн карданд ва байни ҳам бо вақти хуш ба сӯҳбат оғоз намуданд. Парвое надоштанд, ки бо он коре, ки имшаб карданд, нафареро ба марг маҳкум намуданд. Аз оҷизии як инсон истифода бурда, аъмоле ба анҷом расониданд, ки нисбати ягон наздику ақрабои худ ба гӯшаи гумонашон ҳам роҳ дода наметавонистанд. Орзӯҳои эҳёшудаи духтареро қурбони нафси худ намуданд. Гулеро, ки аз беобӣ дар биёбон қариб қурбон шуда буду бо расидани борони нарме бо номи Шайхи Тиллоӣ нав рамақи зиндагӣ пайдо намуда ба шукуфтан оғоз карда буд, боз лагадмол намуданд. Ин бор чунон поймолу ба хок яксонаш карданд, ки дигар на мехост, ки қомат баланд кунаду на маҷоле дошт, ки андеша намояд…
…Аз болои мошин шабаҳе бо азоб худро ба рӯи қум гирифт. Як тарафи домани пироҳанаш дарида буд. Мӯйҳои парешон ва симои оғуштаи ашку чанги биёбони ӯ чизеро ифода намекарданд. Абрувони ғафсу зебои камоншаклаш зери ин ғубор гӯё вуҷуд надоштанд. Пусти сафеду махмалинаш ба як пардаи хушкшудаи доираи кӯҳна монанд гашта буд. Қомати мавзунаш ба дарахти пири маҷнунбеде шабеҳ буд, ки рӯ ба хушкӣ овардааст. Дар маҷмӯъ, аз болои мошин ҷасаде, ки ҳаракат мекард, вале ҷон надошт, лағжида фаромад. Ин ҷасад Гулрафтор буд.
Ӯ ду-се қадам аз мошин дур шуда, аввал бо дастонаш рӯяшро дошта каме нишаст. Сипас, аз замин қуми сурхи биёбонро гирифта ба ҳарду бари рӯяш молидан гирифт. Касе, ки аз дур ӯро назорат мекард, гумон мекард, ки аз ҷӯй об гирифта дасту рӯй мешӯяд. Тақдири талх имрӯз ӯро аз оби равони деҳааш ба ҳамин биёбон оварда буд ва духтар ҳам аз ягона неъмати ин биёбони лаънатӣ истифода бурда, худро аз тамоми ифлосиҳое, ки дар ҷисми худ дошт, тоза карданӣ мешуд. Аммо ҳайҳот, ин ифлосиҳоро бо чунин роҳ наметавон дур намуд. Ин гул дигар дар байни биёбон хазон шуда буд ва ягон борони нарму фораме қудрати ӯро сабзондан надошт. Аммо Гулрафтор қумро ба рӯю дастонаш мемолиду мемолид…
…Арабҳо кунҷковона ба ҳаракатҳои духтар менигаристанд ва ду се бор бо лафзи худ ӯро ба сари дастурхонашон даъват намуданд. Аммо ӯ чизеро намешунид ва гӯё дар ин макон танҳо худашу миллиардҳо сангрезаи хурд, ки реги биёбонаш ном мебаранд, вуҷуд дошту халос. Аз молиш додан бо ин рег рӯй ва банди дастони духтар суп-сурх шуданд. Аммо ӯ ҳамоно мемолид…
…Арабҳо тановули худро ба охир расониданд ва колои худро болои мошин партофта, Гулрафторро низ ба он ҷо даъват карданд. Аммо ӯ ҳанӯз амали бенатиҷаи худро идома дода, «рӯй мешуст». Араби ҷавон ба тарафи калонсолтараш бо аломати «девона шудааст» дасташро ба сараш бурда гуфт:
-Ҷунун..,-ва аз китфи духтар гирифта ӯро ба назди «Тоёта» овард ва ба болои мошин ишора намуд. Гулрафтор як ба атроф нигоҳ карда аз ҳар сӯ биёбони беканорро диду муқобилияте накарда ба болои мошин баромад. Ӯ ин лаҳза роботеро мемонд, ки ҳар чи фармоянд, бефикрона иҷро мекунад. Дар майнааш ягон андеша ё фикри солиме набуд…
… «Тоёта» базӯр чархҳои худро аз зери реге, ки шамоли шабона дар атрофаш ҷамъ намуда буд, раҳонида, рӯ ба сӯи биёбон ба ҳаракат даромад…
…Шайх Салим баробари ба фурӯдгоҳ фаромадани тайёрааш телефонӣ фармуд, ки намояндагони ширкаташ дар офис ҷамъ оянд. Лондон Шайхро бо ҳавои туманолуд ва намнок пешвоз гирифт. Ӯ аз дохили лимузин ба кӯчаҳои серодами ин шаҳри бузург назар дӯхта, ғарқи андешаҳои худ буд. «Агар корҳоямро дар Аврупо зуд ба сомон расонам, баробари баргаштан Гулрафторро ҳамроҳ гирифта, аввал ба назди модарам-ба ватани аслиам Арабистони Саудӣ меравам. Ба модар зани нави худро шинос мекунам. Ана баъд ба воситаи сафоратхонаҳо барои сафар ба кишвари занам, ки номи аҷибе дорад, тайёрӣ хоҳам дид. Ку бубинам, кишваре, ки чунин духтарро ба воя расонидааст, чӣ гуна аст. Мегӯянд, ки кӯҳҳои баланд дорад ва мардумаш ҳам мусулмони суннимазҳаб ҳастанд. Аммо барои ман фарқ надорад. Танҳо мехоҳам, ки муҳити бузургшудаи арӯсамро, ки то кунун иффати духтарии худро нигоҳ дошта тавонистааст, бубинам ва бо риояи тамоми расму русум падару модари ӯро ба хешигарӣ қабул кунам. Он гоҳ дар бораи фарзанд ва меросбари авлодон фикр кардан мумкин»-меандешид Шайх Салими аз гардишҳои номардонаи тақдиру макру ҷабри рақибонаш бехабар.
Шайх Салим аз ҳарду завҷаи худ фарзанд надошт. Ба модар ва дӯстонаш мегуфт, ки барои ин ҳанӯз барвақт аст. Аммо дар дил орзӯ дошт, ки меросбари авлодони гузаштаи ӯ аз зани дӯстдоштааш бошад. Вай то дидораш бо Гулрафтор, бо чунин зан вонахӯрда буд ва хонадоршавӣ бо ду арӯси аввалааш ҳам риояи як навъ қоидаи маъмули байни арабҳо буд, на аз рӯи дӯстдорию муҳаббат. Аммо баъд аз он, ки дар давоми ҳамагӣ ду рӯз бо ин духтар оиладор шуд, дар дилаш ҳазорон орзуҳои нуҳуфтааш бедор шуданд. Акнун бисёр мехост, ки аз ин занаш соҳиби фарзанд шавад ва ӯро меросбари авлоди худ эълон кунад. Меросе, ки шояд аз буҷаи баъзе давлатҳо ҳам бештар бошад…
Риштаи андешаҳои ширини Шайх Салимро садои занги телефонаш бурид. Ба рақам нигоҳ карду лоқайдона онро ба гӯш бурд. Байни чанд сония авзои ӯ комилан дигар шуд. Касе, ки чанд дақиқа пештар ӯро дида буд, ҳоло агар ба симои Шайх Салим менигарист, бешубҳа ӯро намешинохт. То ҳамин андоза ваҷоҳати ӯ тағйир ёфта буд.
-Исто…,-Шайх овози худро нашинохт. Ӯ телефонро аз гӯш нагирифта, ба забони англисӣ бошиддат такрор кард:
-Исто гуфтам…
Ронанда, ки танҳо бори дуюм овози ӯро шунида буд, суръатро суст карда, ба шайх нигарист.
-Ба қафо, ба фурӯдгоҳ баргард…
Ронанда илоҷе карда, аз байни анбӯҳи мошинҳо ба худ роҳ ёфта, ба самте, ки дар он ҷо яке аз фурудгоҳҳои байналмилалии пойтахти Бритониё воқеъ гардида буд, роҳ пеш гирифт. Шайх Салим бо телефон ба намояндагии ширкати худ занг зада, танҳо ҳамин қадар гуфт:
-Роберт, дар ин ҷо худат мустақилона аз паи кор шав. Ба ман бадбахтие рӯй додааст, бояд тезтар ба Арабистон баргардам.
Баъд бо тайёраи худ тамос гирифт ва супориш дод, ки онро барои парвоз омода намоянд. Хизмати бехатарии фурӯдгоҳ барои он, ки лётчикҳо хаста шуда буданд, иҷозати парвоз надод. Он гоҳ шайх тамоми ғазаб, асабоният ва ҳисси ноилоҷию ноумедиашро якҷоя карда, телефонро ба даҳонаш наздик оварду бо забони англисӣ дод зад:
-Онҳоро бо лётчикҳои дигар иваз кунед. Наход ҳаминро ҳам ба шумо ман фаҳмонам, сэр…
Шайхи Тиллоӣ мунтазири ҷавоб нашуда, телефонро хомӯш кард ва мисли чӯҷаи мурғе, ки дар зери жола мондааст, худро дар як кунҷи нишастгоҳ ҷой кард. Андӯҳи ӯро андоза набуд: хабари дуздида шудани занаш Гулрафторро ба ӯ расонида буданд…
… «Тоёта» аз байни теппаҳои регӣ ба ҳар тараф калавида - калавида ба пеш метохт. Дар ин биёбон аз роҳ ному нишон ҳам набуд ва буда ҳам наметавонист. Зеро дар муддати як шабонарӯз зери таъсири тӯфонҳои регӣ теппаҳо чанд маротиба шакли худро дигар мекарданд ва агар роҳе ҳам бошад, зери реги биёбон мемонд. Арабҳо роҳро то манзили худ чӣ гуна пайдо мекарданд, танҳо ба худашон маълум буд. Дар давоми ҳазорсолаҳо ин мардуми кӯчӣ дар ин кор малака пайдо карда буданд ва ҳатто дар шабҳои регборон ҳам метавонистанд то бошишгоҳи худ роҳро пайдо кунанд. Ин буд, ки арабҳо бе ягон ташвиш байни ҳам сӯҳбаткунон аз байни ин регзори нопайдоканор мошини худро пеш меронданд. Гармии ҳаво соат ба соат зиёд мешуд. Аммо ҷисми нотавон ва хушкидаи Гулрафтор, ки дар болои мошин баробари ба ҳар тараф лангар хӯрданаш аз як кунҷи он ба кунҷи дигар мепарид, чизеро ҳис намекард. Ҳатто майнааш ҳам гӯё аз дарки ҳодисаҳо монда буд ва дар сар чӣ андеша дошт, худаш ҳам намедонист. Барои ӯ акнун фарқ надошт, ки зинда аст ё мурда. Аммо ҳаёт ин моли инсон нест ва соҳиби он то он вақте, ки мехоҳад ин додаи худро дар бадани ӯ нигоҳ медорад. Инсон бошад, ғайриихтиёри худ барои озор надидани ин ҷони нодаркор кӯшиш мекунад. Ин буд, ки духтар ҳар вақт, ки ягон ҷои баданаш бо расидани зарбе аз афтударафти болои мошин ба дард меомад, он ҷоро молиш медод. Ин ягона эҳсосоте буд, ки каму беш дар ӯ дида мешуд. Арабҳо парвои ҳолати равонию ҷисмонии ғуломдухтари харидаашонро надоштанд. Ин бори аввал набуд, ки ин ҳарду ба шаҳрҳои калон мерафтанд ва аз он ҷо чунин гумроҳону бахтбаргаштагонро бо нархи арзон харида, ба мағзи биёбон мебурданд ва ба қабилаҳои дигар бо нархи гарон мефурӯхтанд. Ба қавле тиҷораташон ҳамин моли зинда буд. Аммо онҳо барои он, ки молашон бозоргир шавад, пеш аз ба савдо баровардан каму беш ба он обу ранг медоданд. Ин буд, ки онҳо бо маслиҳат дар доманаи як теппаи регӣ мошинро боздоштанд ва ба Гулрафтор ишора намуданд, ки ба замин фарояд. Духтар базӯр пои худро аз паҳлутахтаи мошин боло гирифта, ба замин фаромад. Араби ҷавон дандонҳои сафеди худро гиз карда, ба ҳамроҳаш бо ханда чизе гуфт ва аз синаҳои бо вуҷуди ин қадар азоб ҳанӯз духтаронаи ғуломаш дошта, хост бозгашта ӯро ба болои мошин барорад.
Шайх Салим баробари ба фурӯдгоҳ наздик шудани тайёра ба намояндаи худ занг зада супориш дод, ки мошинро ба фурӯдгоҳ фиристад ва дар зудтарин фурсат оид ба чи тавр рабуда шудани завҷаи вай маълумот пайдо кунад. Баъд ба сардори пулиси минтақа занг зад ва хоҳиш намуд, ки дар ҷустуҷӯи Гулрафтор ба ӯ кӯмак расонад. Сардори пулис аз шайхе, ки дар байни арабҳои чанд кишвар обрӯю эътибор дошт, барои рух додани чунин ҳодисаи нохуш узр пеш оварда, дар бораи занаш маълумоти иловагӣ хост. Бори аввал Шайхи Тиллоӣ дарк намуд, ки дар бораи зани худ қариб, ки ҳеҷ чизро намедонад. Танҳо ҳаминро медонад, ки ӯ тоҷикдухтар буда, фирефтаи ким- кадом одамфурӯш шуда, ба Дубай омадааст ва баъдан ғуломфурӯшони маҳаллӣ ӯро ба Шайхи Тиллоӣ пешниҳод намудаанд. Ба сардори пулис чӣ гуфтанашро надониста ҳамин қадар гуфт, ки ёрдамчии ӯ аксашро ба онҳо пешниҳод хоҳад кард…
…Чархҳои тайёра ба фурӯдгоҳ расидан замон шайх аз ҷояш хест. Ба монеъ шудани хизматгори дохили тайёрааш нигоҳ накарда, ба сӯи баромадгоҳ рафтанӣ шуд, аммо ба ёдаш расид, ки тайёра мошин нест ва то ором нагирад, дари он боз намешавад. Бозпас ба курсии наздиктарин нишаст ва ғайриихтиёр аз қалби худ оҳ кашид. Духтараки хизматрасони тайёра ба ваҷоҳати хӯҷаини худ нигоҳ карда, як пиёла қаҳваи гарм дар даст аз ӯ дуртар истод. Медонист, ки нӯшокии дӯстдоштатарини хӯҷаин қаҳва аст. Шайхи Тиллоӣ бо гӯшаи чашм ба ӯ нигариста бо аломати рад даст афшонд ва интизори ҳарчи зудтар қарор гирифтани тайёра шуд. Дилаш тангӣ мекард. Мехост бошитоб ба шаҳр рафта худаш Гулрафторро пайдо кунад ва дигар то охирин лаҳзаи ҳаёт аз худ дур накунад. Худро мазаммат мекард, ки чаро ӯро бо худ ба Аврупо набурд. Лекин кори шудагӣ шуд, акнун ӯро пайдо кардан лозим. Кӣ ҷуръат карда ба ин кор даст зада бошад? Охир ӯ ба таври расмӣ ин духтаракро ба занӣ гирифта буд ва ҳама инро медонистанд. Аз афташ ягон нафар аз душманони сершумораш, ки барои соҳиб шудан ба майдони тиҷорати ӯ кӯшиш мекарданд, ба ин амал даст зада. Ӯ ҳатман онҳоро хоҳад ёфт ва нисбаташон чунон коре мекунад, ки ба ҳафт пушташон басанда аст…
Шайх ҳамин тавр хаёлолуд аз зинапояи тайёра фаромада ба нишастгоҳи қафои мошин нишаст ва ба ронандаю ҷондоронаш амр кард:
-Ба офиси Шайх Талал…
…Шайх Талал аллакай аз он чи ки ба сари писари дӯсташ омада буд огоҳӣ дошт ва ӯро дар офиси худ-дар маркази Дубай интизор буд. Баробари аз дар даромадани Шайхи Тилоӣ Талал аз ҷои худ бархоста ба ӯ наздик шуд ва мувофиқи таомули арабҳо ӯро ба оғӯш кашид. Аммо Шайхи Тиллоӣ танҳо аз рӯи назокат рафиқи падарашро ба канор кашиду зуд ба сари мақсад омад:
-Ба гумони шумо ин кори кист?
-Ман маслиҳат намедиҳам, ки ту домони ин корро дароз кунӣ. Хайр як духтареро, ки бо ӯ ҳамагӣ чанд рӯз ҳамхоба будӣ, дуздидаанд. Мехоҳӣ боз ҳамон хелашро пайдо кунам?
-Бо шунидани ин суханон чеҳраи Салим даргирифт ва беихтиёр аз ҷояш хест. Аз ваҷоҳати Шайхи Тиллоӣ Шайх Талал тарсид. Ҳеҷ гумон надошт, ки гуфтаҳои ӯ ба ин ҷавон ин гуна таъсир мекунад.
-Шумо чӣ гуфта истодаед? Ӯ зани шариатии ман аст ва касе ҳақ надорад, ки завҷаи маро ба занони кӯчагӣ муқоиса кунад…
Талал аз ҷой хеста аз китфи Салим гирифта ба ҷояш шинонду гуфт:
-Бубахш, агар аз ман гуноҳе гузашта бошад, боз ҳам бубахш. Ман танҳо хостам, ки туро аз балоҳои ноаён эҳтиёт кунам. Зеро аз рӯи маълумотҳое, ки хадамоти махсуси ман дастрас кардааст, касоне, ки зани туро дуздидаанд, ашхоси касбӣ буданд. Ин гуна шахсонро бошад, танҳо онҳое киро мекунанд, ки қудрат ва пул доранд…
-Худатон медонед, ки ман ҳам ҳардуи ин чизро дорам ва мехоҳам зани худро пайдо кунам. Агар хоҳед, ба ман кӯмак расонед ва агар хоҳишатон набошад, ҳеҷ гап нест, худам ҳам метавонам дар ин шаҳр ҳамаро чаппаю роста карда Гулрафторро пайдо кунам…Танҳо мехостам бо шумо, ки дӯсти наздики падарам будед, маслиҳат кунаму андак дарди дил кушоям. Зеро дигар нафаре нест, ки дар ин дунё ба ӯ бовар кунам…
Шайх Талал бо шунидани ин суханони ҷавон дубора аз ҷояш бархоста ба назди ӯ омад ва дасташро гирифта гуфт:
-Бале, ман дӯсти наздиктарин ва шогирди падари ту будам. Бинобар ин, дарди ту, Салим дарди ман ҳам ҳаст. Касе набошад, барои ин густохаиш на танҳо дар назди авлоди Ас-Соиб, балки дар назди хурду бузурги Ат-Талал ҳам ҷавоб хоҳад гуфт. Аммо бо мулоҳиза бояд кор кард…
Баъд онҳо ба хулосае омаданд, ки барои ёфтани Гулрафтор пулис коре карда наметавонад, зеро дар бораи арӯси Шайхи Тиллоӣ ягон хел маълумоти муфассал нест.
-Ба гумонам, дар ёфтани онҳое, ки арӯсатро дуздидаанд танҳо хадамоти махсуси ширкатҳоямон метавонанд коре кунанд. Биё ба онҳо супориш медиҳем, аз паи кор шаванд ва то пагоҳ ҳамаи маълумотҳоро ба даст оранд.
Шайх Салим ба ин гуфтаҳои Талал розӣ шуд ва бо даъвати онҳо сардорони хадамоти бехатарии ду ширкати бузурги нафтрасон «Соиб Ойл» ва «Талал Ойл», ки аллакай дар паси дар ҳозир буданд, ба утоқи корӣ дохил шуданд…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)