Sebiston new 2024 october
Духтари ришдор
1687

 

Ҳарнаам Каур то синни 11-солагӣ мисли дигар духтарбачаҳо парвои одаму оламро надошт, вале баъдан гирифтори бемории поликистози тухмдонҳо гашту ҳаёташ кулан тағйир ёфт. Дар пӯсти рӯй ва қафаси синаи духтарак мӯйи ғафс баромад. Ҳамсолонаш ба ҳоли Ҳарнаам хандида, ӯро «духтари ришдор» мегӯянд. Ҷони бечора аз таҳқирҳо ба лабаш расидааст. Бояд гуфт, ки бемории мазкур сатҳи ҳормонҳои мардонаро зиёд намуда, боиси сермӯйӣ мегардад, вале инро ба одамон фаҳмондан душвор аст. Ҳар қадаре бритонидухтар кӯшиши аз ин мӯйҳо халос шуданро менамуд, суде набуд. Дар 16-солагиаш Ҳарнаам бо равияи сикхизм шинос шуда, онро қабул кард ва минбаъд барои тарошидани ришаш кӯшиш накард, зеро мувофиқи қоидаҳои ин дин тарошидани тамоми намуди мӯйи бадан манъ аст. Ба ақидаи мутахассиси эндокринолог Рина Девидсон, сабаби пайдоиши ин беморӣ дар зиёд истеъмол кардани қандинаву дигар шириниҳо аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД