Formula september
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми13)
14.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3399

(Идомааш)
-Подожди сестрёнка, ещё на твоем свадбе потанцуем…(Тоқат кун, хоҳаракам, ҳоло дар тӯи ту хоҳем рақсид…)

Гулрафтор беихтиёр ҷавоб дод:

-Моя свадьба уже прошла…

Акнун навбат ба давре расида буд, ки дар он беҳтарин уштурҳо барои мукофоти калонтарини ин пойга-Гулрафтор бояд қувва меозмуданд…

  Сарони қабилаҳоро бо ҳар қулти гирифтаашон аз дуди  қалён соат ба соат кайфияташон болотар мешуд. Вақте, ки аз баландгӯяк даври охирин ва асосии пойгаи уштуронро эълон карданд, ҳамагӣ аз ҷои худ бархоста хизматгорон ва уштурони худро ба наздашон даъват намуданд. Онҳо мехостанд, ки беҳтарин шутури худро ба ин давр дохил кунанд. Барои арабҳои бодиянишин як уштури нағз баъзан ҳатто нархи чанд мошинро дошт ва ғалаба дар пойга ифтихори хосса ҳисоб мешуд.  Бинобар ин, сарони қабилаҳо ин лаҳзаҳо дар ҳаяҷон буданд, ҳар кадоме аз онҳо супориши охиринро дода, бо виқор ба ҷои худ бармегашт. Аш Шаҳиқ низ фармуд, ки уштури аз ҳама даванд ва пуртоқаташ Аз-Зарбро, ки шӯҳраташ дар биёбон паҳн шуда буд,  ба пойга дохил кунанд. Бодиянишинон ба уштурҳои худ, ки махсус барои пойга парвариш карда мешуданд, номҳои хос мегузоштанд. Аз-Зарб - шутури 6 солаи Аш-Шаҳиқ  номи худро ба шарофати лагадҳои сахташ гирифта буд. Боре дар айёми хурд буданаш ин уштур як уштурбонро зада пояшро шикаста буд ва аз ҳамон вақт чунин лақабро гирифт. Қариб як моҳи охир Аз-Зарбро чанд нафар машқ медоданд ва  бо хӯроки махсус парвариш мекарданд. Вақте, ки уштурбони Аш-Шаҳиқ ин уштурро аз болои мошини болопӯшидаи калон кашида ба замин фаровард, ғиреви сардорони қабилаҳои дигар баланд шуд. Онҳо гумон доштанд, ки сардори қабилаи Ассағр дар ин пойга ягон уштури оддиро мебарорад ва бо ҳамин роҳ  мукофоти беҳтарини худро  дар тӯи писараш ба ягон қабилаи дигар медиҳад. Аммо Аш-Шаҳиқ ин корро накард ва бо пеш андохтани уштури беҳтарини худ умеди онҳоро барбод дод. Маълум буд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ намехоҳад Гулрафторро аз даст диҳад. Арабҳои қабилаҳои дигар намедонистанд, ки Аш-Шаҳиқ аз рӯзи аввали харидани ин ғуломдухтар ба вай ошиқ шуда буд ва мехост ӯро дар паҳлуи худ нигоҳ дорад. Ҳарчанд, оқибати ин пойга аллакай маълум шуда буд, аммо Аш-Шаҳиқ сардовари маъракаро ба наздаш даъват намуда, чизе гуфт. Сардовар баландгӯякро ба даҳонаш наздик карду эълон намуд:

-Ҷаноби Аш-Шаҳиқ ба ҳамаи иштирокчиёни пойга эълон менамоянд, ки нафарони ҷойҳои дуюму сеюмро гирифта низ соҳиби мошин ва барқзои панҷкиловата мешаванд.

Бо шунидани ин эълон иштирокчиёни пойга  андак ором шуданд ва уштурҳои худро дар як қатор саф бастанд. Сардори қабилаи дигар Абу Шамс, ки дар шутурпарварию шутурдӯстӣ аз Аш-Шаҳиқ кам намеомад, ба ҳампаҳлӯҳои худ нигариста гуфт:

-Аз-Зарби Шаҳиқ дигар мисли пештара давида наметавонад. Уштури ман- Хираҷ дар ин пойга ғолиб меояд ва ман ҳатман соҳиби канизаки зебои ӯ мегардам…

-Беҳуда лоф мезанӣ,-ба ӯ ҷавоб гардонд Соир аз қавми зарир,-Дар ин солҳои наздик ба Аз-Зарб ягон уштур баробар омада наметавонад. Ҳарчанд ту ин уштурро ба панҷоҳ ҳазор риёл харида бошӣ ҳам, аммо ин хаёлат хом аст…

Абу Шамс, ки марди зудранҷ ва бадқаҳр буд, ба сари зонуяш дудаста зада гуфт:

-Агар ҳамин канизакро уштури ман ба даст наорад, онро дар ҳузури ҳамаи шумо мепарронам…

Вақте, ки ӯ ин суханонро ба забон меовард,аллакай қатори уштурон паҳлӯи ҳам саф баста, интизори ишораи довар буданд…

…Дар болои мошини паҳлӯи меҳмонони олиқадр, қатори дигар мукофотҳои пойга, мукофоти аз ҳама қимматнок-Гулрафтори бо ҳукми золимонаи  тақдир аз диёру мардуми худ дурафтода ва имрӯз ба як ғуломи оддӣ табдилёфта  менишаст ва ба ҳамаи ин ҳаёҳу бетарафона менигарист. Парво надошт, ки кадом уштури араб ғолиб меояду ӯ насиби кадоме аз ин ғӯлҳои биёбонӣ мегардад. Албина бошад, аллакай соҳиби худро ёфта аз ин хурсанд буд. Аммо Гулрафтор тасмим гирифта буд, ки бо фарорасии  фурсати муносиб худро  мекушад ва аз азоби минбаъда халос мешавад. Ҳарчанд гуноҳ будани худкуширо медонист, андеша мекард, ки шояд барои ин гуноҳ дар он дунё азоби аз ин сабуктаре бошад. Вақте, ки бори аввал маро ба қасри Шайх Салим оварданд, агар каме пештар аз омадани ӯ аз тирезаи баланди қасраш худро ба зер меандохтам, шояд аз ҳамаи ин азобҳо раҳо мешудам ва ҳоло мисли кабки қафас интизорӣ намекашидам, ки кай маро барои он, ки парканда шудаам, ба деги шӯрбо меандозанд. Он вақт Салимро дида наметавонистам ва лаззати зиндагии ширинро як лаҳза начашида аз дунё  мерафтам, -меандешид Гулрафтор.- «Ҳарчи ҳам набошад, ман мисли парвонае, ки умри кӯтоҳ, вале зебое дорад, аз ин дунё баҳраманд шудам. Чӣ будани лаззати ишқ ва зиндагиро фаҳмидам. Акнун чизе шавад, шудан гирад…»

Бо ин андешаҳо худро тасаллӣ дода, лоқайдона ба гурӯҳи уштуроне, ки чанги биёбонро ба осмон бардошта медавиданд, назар андохт. «Ҳоло соҳиби яке аз ин уштурон соҳиби ман мешавад ва зиндагиам мисли зиндагии Албина дар байни ин мардум давом меёбад. Чӣ? Зиндагӣ? Не, чунин ҳаёт ба ман лозим нест. Ҳатман худро мекушам. Ана, дар атроф чӣ қадар одамони яроқнок бисёранд. Ногаҳон камони якеашро мегираму худро мекушам»…

…Ин дам садои доду ғиреви мардуми тамошобин ба фалак дакка зад. Аз байни гурӯҳи уштурон ду уштур ҷудо шуда, аз ҳама пештар медавиданд. Инҳо Аз-Зарби Шаҳиқ ва уштури Абу Шамс буданд, ки аз дигарон ҷудо шуда, баробар ба марра наздик мешуданд. Уштурронҳо, ки рӯсариашон аз мавҷи ҳавои давидан мисли кабӯтарон ҳини парвоз пар - пар мезад, зери обу арақ монда, зарба паи зарба ба бадани уштур мезаданд.  Қарибии расидан ба марра, чӣ хеле, ки Соир аз қавми зарир пешгӯӣ карда буд, Аз-Зарб ҳарифи худро ба қафо гузошт. Абу Шамс, ки рост истода мусобиқаро тамошо мекард, аз дидани ин ҳолат бемадорона ба курсичаи пастак нишаста монд…

Баробари ба марра расидани Аз-Зарб соҳиби он Аш-Шаҳиқ аз чои нишастаи худ поён омада, бадани кафколуди уштурро бо даст навозиш кард ва мувофиқи таомули пойга ба ҷои уштурон, ки баробари ба замин нишастани он аз болои кӯҳон поён шуда буд, ба байни кӯҳони уштури худ нишаст ва «чихт» гӯён ҷонварро хезонда ба тарафи мошине, ки аз он мукофотҳоро медоданд, равон шуд. Ҳанӯз нисфи масофаро тай накарда садои як навбат тир паррондани автомат ӯро нигоҳ дошт.  Абу Шамс дар даст автомати Калашников, ки аз милаш дуд мебаромад, дар болои сари уштури аллакай чондодаи худ меистод. Ӯ ба ваъдааш вафо кард ва дар ҳузури ҳама уштури мағлубшудаашро парронд…

«Боз як душмани дигар зиёд шуд» - аз дил гузаронд Аш-Шаҳиқ ва ба мошини мукофот наздик шуда, озод Гулрафторро аз болои он гирифта дар байни кӯҳони уштураш ҷой дод. Аз бадани Аш-Шаҳиқ бӯи қалён ва боз ким чиҳое дам мезад, ки ғаши Гулрафторро овард ва ӯ ғайриихтиёр ба болои либосҳои сафеди сардори қабила қай кард. Аш-Шахиқ, ки интизори ин набуд, бо зарба ва кароҳат  духтарро аз болои уштур ба замин ҳаво дод. Ҳамаи онҳое, ки ин ҳодисаро аз наздик мушоҳида мекарданд, беихтиёр бо овози баланд хандиданд.   Аммо ба ваҷоҳати гирифтаи пешвои қабила нигариста, зуд дамашонро ба дарун гирифтанд. Ин вақт аз куҷое Забарҷад пайдо шуду аз китфи Гулрафтор дошта ӯро ба канор бурд. Пас аз лаҳзае Гулрафтор боз дар ҳамон хайма дар паҳлӯи Албина менишаст.

-Ман гуфта будам ку, Худо ёри мост. Ҳоло боз дар тӯи ту рақс мекунем,-шодона гуфт Албина.

Гулрафтор, ки ҳанӯз дилаш беҳузур мешуд, боз бо ҳамон оҳани пештара посух дод:

-Тӯи ман кайҳо гузашт, ту дер кардӣ... Аз худат гила кун…

Ӯ дигар маҷоли гапзанӣ надошт, худро ба як гӯшаи хайма, ба паҳлӯи бузғолаҳо гирифта кулӯла шуд. Гулрафтор ҳанӯз намедонист, ки аз Шайхи Тиллоӣ ҳомила шудааст…    

…Тӯйи   писари Аш-Шаҳиқ хотима ёфт.

Рӯзи дигар дар бошишгоҳи қабилаи Ассағр ба ҷуз хаймаҳои аҳли ин қабила дигар хаймае намонда буд. Онҳое, ки чанд рӯз пеш ба умеди тӯй ва дидани пойгаи уштурон аз қисматҳои гуногуни биёбони Араб ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, ба мошинҳои ҳарҷогард ва уштурони худ савор шуда, ба бошишгоҳҳои худ баргаштанд. Дар атрофи бошишгоҳ пас аз рафтани онҳо ба ҷуз боқимондаи партовҳо аз зарфҳои пластикӣ, халтаҳои холишудаи селофанӣ ва резинаҳои азкорбаромадаи мошинҳо боз лошаи ду уштур- яке уштури Аш-Шамс, ки дар мусобиқа бо уштури Аш-Шаҳиқ мағлуб шуда буд ва дигаре уштурбачаи навтаваллудшудае,  ки баробари таваллуд зери пои уштурони маст монда ҷон дода буд, мехобиданд.

Аш-Шаҳиқ, ки пас аз тӯй сахт монда шуда буд, ин пагоҳӣ то баланд шудани офтоб хобид ва касе ҷуръат накард, ки ӯро барои адои намози бомдод бедор кунад. Пас аз серӣ хобидан ӯ аз хаймаи худ берун баромада, атрофи бошишгоҳро аз назар гузарониду ёрдамчиашро ба наздаш даъват намуд. Вай ба  паси мизи пастаке, ки дар як гӯшаи хаймаи боҳашамат гузошта шуда буд, гузашта нишасту риши сип-сиёҳи худро бо дасташ қабза намуда, бо оҳанги раднопазир гуфт:

-Ту бояд ҳозира худаш мардумро ҷамъ карда, атрофи бошишгоҳро аз ин лошаҳо тоза кунӣ. Магар барои ҳамин ҳам супориши махсус додан  шарт аст?! Ман гумон карда будам, ки бе гуфти ман ҳам аллакай ҳама чиз ҷо ба ҷо ва атроф тозаю озода шудагист. Аммо шумо-танбалҳои хӯрда хобрав ба ҷуз қалёнкашию бачабозӣ дигар корро намедонед…

-Худатон гуфта будед, ки пас аз тӯй аз ин ҷо кӯч мебандем. Барои ҳамин мо ба ягон кор даст назадем…

-Не, ҳоло боз як-ду рӯзи дигар дар ин ҷо меистем. Бигзор онҳое, ки ба тӯй омада буданд, дуртар раванд. Баъд якбора ба минтақаи Ал-Қанон меравем…

-Охир дар атроф барои уштуру бузҳо ягон хӯрокворӣ намонд. Пас аз омадани қабилаҳои дигар буттаҳои каму беши дар ин ҷо бударо низ чорвои онҳо хӯрд. Мардум мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар аз ин макон раванд,-эътироз карданӣ шуд ёрдамчӣ,- уштурони мода аз гуруснагӣ бача партофта истодаанд…

-Як-ду рӯз ҳеҷ гап нест. Аз болои мошинҳои калон ба онҳо хӯроки иловагӣ диҳед,- гуфт Аш-Шаҳиқ ва ба қаҳр омада ба сари ёрдамчиаш дод зад,-магар бори аввал аст, ки ин корро мекунӣ?! Касе, ки ба ин амри ман розӣ набошад, бигзор молу чорвояшро гирифта аз қабила ҷудо шавад,чор тарафаш қибла…

Ёрдамчӣ дид, ки бо сардор дигар гап фаҳмонда намешавад, «хуб» гуфта аз хайма берун шуд. Ӯ медонист, ки ягон нафар аз аҳли ин қабила муқобили гуфтаҳои сардор амал намекунад. Зеро дар биёбон аз қабила ҷудо зиндагӣ кардан баробари бо марг рӯ ба рӯ шудан аст. Бинобар ин сӯи хаймаҳои мардум равон шуд, то ки амри сардорро ба онҳо расонад. Аммо ҳанӯз аз хайма чанд қадам дур нашуда, аз пас садои Аш-Шаҳиқро шунид, ки мегуфт:

-Забарҷадро пайдо карда ба назди ман фиристон…

«Аз афташ, сардор аз мукофоти дирӯза баҳра бурданӣ» аз дил гузаронд ёрдамчӣ ва ба сӯи хаймаи Забарҷад равон шуд…

…Шаби дароз Гулрафтор дар болои пӯстаки пӯсти уштур ғелида баромад ва чанд бор ба берун баромада қай кард. Албина ба ғазаб омада, борҳо ӯро барои ин кораш мазаммат кард ва гунаҳгори хоби бероҳати худ донист. Гулрафтор дар ҷавоб ба ӯ чизе нагуфта кӯшиши хобидан кард, вале то саҳар миҷа назада баромад.

Қарибиҳои саҳар хобаш бурда мондааст. Вақте, ки бедор шуд, Албинаро сари дастурхони маъмулиашон машғули тановул дид.

-Хӯш, «мукофоти олӣ», чаро шаби дароз на худат хобидию на маро хобидан мондӣ? Дирӯз кадом чизи нофорамеро хӯрдию шаби дароз уртос зада баромадӣ. Ё шояд сардор пинҳонӣ аз ман туро зиёфат карду зиёфаташ нафорид?-ришханд намуд Албина.

Гулрафтор, ки рангаш кандаю бемадор буд ба ин гуфтаҳои ҳамроҳаш таваҷҷӯҳе накард ва барои дастшӯӣ ба берун баромад. Албина баъд аз хӯрдани як пора нон бо шири уштур ба қавли худаш «ғамро дур карда» бо бузғолаи дар даромадгоҳ хобида «сӯҳбат» оғоз кард:

-Эҳ ту нодонак, ҳоло ба ҷуз пистони модар дигар чизеро намедонӣ. Намедонӣ, ки дар ватани ман пистони модабуз аз пистони говҳои ин ҷо бузургтар аст. Намедонӣ, ки дар он ҷо ту барин бузғолачаҳо дар даруни алаф гум шуда мераванд ва танҳо аз рӯи маъосашон модаронашон онҳоро аз байни анбӯҳи алафи дароз пайдо мекунанд. Эҳ, ту чиро медонӣ…Фақат биёбони хушк ва сусмори каҷпоро мебинию бо ҳамин умрат хазон мешавад. Мисли ман, ки дар оғӯши ин сиёҳмардон умри ҷавонии худро хазон карда, дур аз ёру диёр барои як пора нони хушку шири уштур тани худро мефурӯшам. Худоё, аҳволи маро аз ин бузғолача беҳтар кун. Ё Дева Мария мададгори ин бахтбаргашта шав…

…Домони андешаҳои ғамолуди Албинаро аз дар даромадани Забарҷад барканд. Ӯ ба ҷои хоби Гулрафтор нигариста пурсид:

-Боз ин хонуми дилрабо куҷо шуд? Ва маънидорона ба Албина нигариста афзуд: -Ба фикрам рӯзҳои хуши ту тамом шуданд. Ин духтар ҷои туро дар қалби Аш-Шаҳиқ гирифтааст ва ӯ мехоҳад, ки имшаб Гулрафторро ба хаймааш даъват карда, қасоси қай кардани ӯро ба либосаш ситонад…

Ин вақт аз дари хайма Гулрафтор даромад. Ба ранги кандаю аҳволи парешони ӯ нигоҳ карда, Забарҷад пурсид:

-Чаро мисли уштури моҳҳо рӯи обро надида ошуфтаӣ? Ягон касал пасал нашуда бошӣ? Аш-Шаҳиқ пӯсти маро меканад. Вай мехоҳад, ки туро ба хаймааш барад…

Албина, ки пас аз шунидани суханони Забарҷад дар мавриди аз ӯ дил кандани Аш-Шаҳик авзоаш парешон шуда буд, бо дили нохоҳам гуфтаҳои  Забарҷадро ба Гулрафтор тарҷума кард. Ҳарчанд худи духтар ҳам  каму беш арабиро мефаҳмидагӣ шуда буд ва як қисми гуфтаҳои Забарҷадро бе Албина ҳам фаҳмид, аммо баъд аз шунидани он, ки Шаҳиқ мехоҳад бо ӯ ҳамхоба шавад, дубора дилаш беҳузур шуд ва давида аз хайма берун баромад.

-Ба ин чӣ шудааст?-пурсид Забарҷад аз Албина ва интизори ҷавоби ӯ нашуда, аз паси Гулрафтор ба берун баромад. Пас аз лаҳзае, ӯ аз дасти Гулрафтор гирифта, ба хайма даровард ва маҷбур кард, ки ба рӯи ҷойгаҳ дароз кашад. Баъд мисли духтурҳо аз сар то пои ӯро муоина намудан гирифт. Пас аз муона сари дузону нишасту ба Албина нигариста чизе гуфт, ки ӯ як қад парида аз ҷояш хест ва дубора такрор кардани гуфтаашро хоҳиш намуд.

-Ӯ дуҷон аст,-такрор намуд Забарҷад ва дигар чизе нагуфта аз дар берун шуд…

-Эй, хаппаки зери деворравак,-ба Гулрафтори аз бемадорӣ ҳанӯз дар рӯи ҷойгаҳбуда нигариста овоз баровард Албина,-Азоби як худат кам набуд, ки боз як ҷони дигарро дар азоб монданӣ ҳастӣ?

-Нафаҳмидам…

-Мегӯям, ки чаро ҳомила шудӣ? Ин тифли шикамат аз куҷост?

Барои дарки ҳодиса ба Гулрафтор чанд лаҳза андеша намудан лозим омад. Аммо вақте, ки аз асли воқеа хабардор шуд, нобоварона болои шикамашро палмосида дид ва гӯё Албина медониста бошад, ғайриихтиёр аз ӯ пурсид?

-Ин аз куҷо?

-Аз куҷо мешуд, аз пушти кадом мард- дия. Аз бузу уштур не ку…

Инро худи Гулрафтор ҳам мефаҳмид, ки тифл дар батни зан аз мард пайдо мешавад, аммо ақлаш то ҳол қабул карда наметавонист, ки маҳз бо ӯ  ва маҳз дар чунин ҳолат ин ҳодиса рӯй медиҳад. Ӯ парешонхотирона дар рӯи ҷойгаҳ нишаста, чӣ гуфтану чӣ карданашро намедонист.

-Ба фикри худат, ин нишона аз кадом мард аст?

-Ман ба ҷуз бо шавҳари худам то ҳол бо ягон марди дигар ҳамхоба нашудаам. Як бор онҳое, ки маро харида ба ин ҷо оварда фурӯхта буданд, кӯшиши ҳамхобагӣ карданд. Аммо дар вақти афту дарафт дар болои мошин кадом зарфе, ки ким чи хел моеъ дошт, ба болои онҳо чаппа шуд ва ҳардуяшон ҳам аз сӯзиши бадан ба берун баромаданд. Ман бошам, бӯи бади онро якшабу як рӯз аз баданам равонда натавонистам…

-Шояд ягон кислота ё ранге бошад, ки онҳо ҳамроҳи худ доштаанд…Наход то ҳол ба ҷуз шайхат касе туро ба оғӯш нагирифта бошад?

-Ба ҳарчи мехоҳӣ қасам мехӯрам, ки бо ман ягон марди дигар сару кори маҳрамона надошт…

-Эҳ, набошад ту ҳоло маззаи зиндагиро начашида будаӣ. Агар дурӯғ нагӯӣ, пас он чизе, ки ҳоло туро  бемор кардаасту ин қадар рӯдаҳоятро чапаю роста мекунад, нишонае аз Шайхи Тиллоист…

…Гулрафтор бо шунидани чунин хулосаи Албина намедонист, ки чӣ кор кунад ва чӣ гӯяд. Аз як тараф, бо худ ҳамроҳ доштани нишоне аз шахси дӯстдошта гуворост. Аз тарафи дигар, дар ин ғуломӣ магар тифл барои ӯ бори зиёдатӣ нест? Ҳанӯз маълум нест, ки соҳиби Гулрафтор-Аш-Шаҳиқ бо ӯ чӣ кор карданист ва ин хабарро чӣ гуна қабул мекунад. Агар ӯ бо зӯрӣ Гулрафторро ба ҷойгаҳи худ кашад, ҳатман худро хоҳад кушт. Барои ин аз ҳоло тайёр шудан лозим.

Гулрафтор дигар ба фалсафаҳои Албина гӯш надода, худро ба гӯшаи хайма гирифт ва дар андешаи он шуд, ки чӣ тавр худро аз дасти Аш-Шаҳиқ халос кунад. «То ин дам ҳалол омадам, худро ҳаром кардан намемонам. Бигзор ҳамин тифли берӯзӣ ҳам ҳамроҳам мурад». Ӯ бо ҳамин хаёлот сари худро ба болои зону хам карда ғарқи андеша шуд…

Забарҷад бо чеҳраи гирифта аз дар даромаду ба Гулрафтор нигоҳ карда гуфт:

-Пеш даро, туро Аш-Шаҳиқ ба хаймааш даъват мекунад…

-Ҳанӯз шаб нашудааст-ку,-ба ҷои Гулрафтор садои ноумедонаи Албина баланд шуд.

-Ман намедонам, фармуд, ки  ӯро ба наздаш барам…

Гулрафтор бо дили нохоҳам пеш- пеши Забарҷад ба роҳ даромад. Сари роҳ ӯ мушоҳида намуд, ки мардони қабила барои кӯч бастан тайёрӣ мебинанд. Онҳо каму кости мошинҳои ҳарҷогарди худро буд мекарданду аз бочкаҳо ба онҳо сӯзишворӣ мерехтанд. Сардори қабила тасмими худро дар бораи боз ду рӯзи дигар ин ҷо мондан якбора дигар карда, гуфтааст, ки пагоҳ аз ин макон мераванд…

… Гулрафтор зиракона аз назди хаймаҳо гузаштаистода, ба яроқу аслиҳаи соҳибонашон дар ҳар куҷо монда диққат медод. Чашмаш ба як автомати Калашников афтод, ки ба сутуни даромадгоҳи  хаймае такя дода монда буданд. Вакте, ки ба он  хайма баробар шуданд , якбора вуҷуди духтар гӯё алав гирифт. Ӯ, ки дар мактаби миёна каму беш истифода аз ин силоҳро дар дарси ҳарбӣ омӯхта буд, мисли паланги ба ҳуҷум гузашта худро ба дари хайма расонду автомати вазнинро ба даст гирифт. Бо азобе  тирандози онро ба қафо кашида, ба милаш тир ҷой кард. Акнун аз рӯи нақшаи кашидааш мебоист мили онро ба тарафи худ гардонда куррокашро пахш мекард. Аммо ин кор ба зудӣ бо автомати вазнин даст намедод. Қундоқи автоматро ба рӯи рег монду синаашро ба мили он дошта, дасташро ба курок бурд. Ҳамин вақт ба садои баланди Забарҷад аз дохили хайма араби ҳузарбе баромада, ба сӯи  Гулрафтор давид ва ӯро ба як тараф тела доданӣ шуд. Аммо духтар яроқро сахт ба худ ҷафс карда буд  ва араб наметавонист ӯро ба замин афтонад. Садои баланди тир бузҳои дар наздики хаймабударо хӯсонда, сар то сари биёбон паҳн шуд…

…Забарҷад   баробари баланд шудани садои тир аввал бо ду даст гӯшашро сахт дошт ва баъд каме ба худ омада, ба сӯи онҳое, ки дар болои рег мехобиданд, давид. Аввал Гулрафторро, ки дар рӯи замин парӯ мехобид, базӯр парӯ гардонд. Чашмони духтар пӯшида буданд, қафаси синааш зуд-зуд болою поин мешуд. Аммо дар ягон ҷои баданаш изи захм ё хун ба назар намерасид. Пас аз лаҳзае чашмони Гулрафтор боз шуданд. Забарҷад автомати дар паҳлӯи ӯ дар рӯи замин хобидаро бардошта дурдтар партофт ва бо пояш ду лагад ба биқини духтар заду бо лафзи арабӣ «Ҳабис….» гӯён як ҷумлаи дарозе гуфт, ки аз он Гулрафтор чизе намефаҳмид. Баъд ӯ ба сари  араби дар рӯи рег хобида давид ва ӯро низ паҳлӯ гардонд.
(Идомааш фардо сорати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД