Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон ҳамарӯза чандин иншооти нави муҳими замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки далели ободонӣ ва гулгулшукуфоӣ мебошад.
Имрӯз, 21-уми август Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифаро ба истифода доданд.