Бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд.
Дар бозии аввал, ки дар шаҳри Бохтар байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд гузашт, вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум бозингари дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Санҷар Рисқибоев кушод. Пас аз 3 дақиқа Аҳтам Ҳамроқулов аз дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар голи ҷавобӣ зад ва ҳамин натиҷа то охир нигоҳ дошта шуд. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 4 бар 3 ғолиб омаданд.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «Талко-арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Шерзод Муҳаммадиев аз дастаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 53 ва Шериддин Бобоев аз дастаи «Равшан» дар дақиқаи 63 аз пеналтӣ гол заданд ва вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб ба поён расид. Дар дақиқаи 106-уми вақти иловагӣ Самандар Қодиров голи дуюми дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.
Ҳамин тариқ, дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки моҳи сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ғолиби феълии Ҷоми миллӣ - дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.