Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми15)
16.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3078

(Идомааш)

-Ин тарафи масъала ба дӯши ман аст ва то замоне, ки ман зиндаам, ба онҳо касе кӯмак намекунад,-қатъӣ гуфт Шайх Салим.

Баъд Шайхи Тиллоӣ ба ҷузъиёти кори ширкат дар Аврупо машғул шуд.Ин вақт аз офиси марказии Дубай ба воситаи селектор муовини Шайхи Тиллоӣ ба алоқа баромада гуфт:

-Ҷаноби Шайх, дар ин ҷо   хадамоти бехатарӣ бо ҳамкории пулиси маҳаллӣ изи завҷаи гумшудаи шуморо пайдо кардаанд…

-Чӣ тавр?

-Ман ҳанӯз тафсилоташро намедонам, аммо гуфтанд, ки дар ин бора дар наздиктарин фурсат ҳисоботро пешниҳод менамоянд…

Шайх дигар дар фикри он набуд, ки ӯро зердастони зиёдаш гӯш карда истодаанд ва бо садои лабрези эҳсосот гуфт:

-Ҳар чи зудтар ҳисоботи онҳоро дастрас намоед! Ман худи ҳамин рӯз расида меравам,-баъд ба нишастагон рӯй овард,-Давоми ҷаласаро мсе Шарон мебарад,-Салим аз паси мизи калони худ хест…

Кормандони роҳбарикунандаи ширкат, ки аз моҷарои зани хӯчаини худ огоҳ буданд, ба ҳамдигар нигариста монданд. Онҳо нағз медонистанд, ки чаро Шайхи Тиллоӣ мехоҳад ду ширкати ҳамтои худро ба муфлисшавӣ расонад. Бори аввал буд, ки шайхҳои нафтфурӯши араб байни хамдигар чунин рақобати носолимро раво медиданд. Кормандони шайх Салим хуб медонистанд, хӯҷаини онҳо аз дигарон дида дар фаҳмиши иқтисодӣ як сару гардан болост ва ӯ метавонад рақибонашро шикаст диҳад, аммо эҳсос мекарданд, ки ин қасосгирии Шайхи Тиллоӣ ба ширкат зарари зиёд меорад…

…Шайх Салим супориш дод, ки тайёраашро барои парвоз ба самти Дубай омода созанд ва худ ғарқи андеша ба лимузини сиёҳ нишаста, сӯи фурӯдгоҳи ба номи Шарл де Гол роҳ пеш гирифт…

…Тафси офтоби биёбон торафт бештар мешуд. Акнун духтарон бо азобе пояшонро кашола мекарданд. Ташнагӣ онҳоро сахт азоб медод. Дар даҳони Гулрафтор гӯё лахчае гузошта бошанд, забонаш ба комаш часпида буд. Чашмони кабуди Албина ҷилои худро гум карда, ба чашмони гурбачае монанд шуда буданд, ки нав таваллуд шудааст.

Ба умеди расидан ба роҳи калон духтарон тамоми қувваашонро ҷамъуда, қадам мезаданду қадам мезаданд…Ба назарашон чандин километр роҳро тай намуда буданд, аммо дар асл ҳамагӣ як-якуним километр роҳ рафта буданду халос. Пойҳояшон ба лаънатии қуми сурх меғутиду онро базӯр кашида қадами дигар мегузоштанд. Ҳар як қадаммонӣ қувваи бе ин ҳам ками духтаронро боз ҳам камтар мекард.

-Чаро шабона нагаштем, он вақт салқинтар буд- ку?

Ин саволи Албина ба худаш буд ё Гулрафтор, барои худи ӯ ҳам маълум набуд. Гулрафтор ҷавоб нагуфт, ҳавсалии гапзанӣ надошт...

Онҳо теппаи региеро, ки хеле бузург буд, бо азоб зери по гузошта, ба тори он баромаданд ва ба атроф нигоҳ карданд.

-Ба назарам, мо дина шаб аз ҳамин ҷо гузашта будем…

-Намедонам…

-Ана бин, дар зер изи чархҳои мошин мондааст…

Дар ҳақиқат ду изи мошин дар поёни теппа ба назар мерасид, ки қаҷу килеб ба самте, ки духтарон аз он ҷо омада буданд, рафта буд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҳамаи кӯшишҳояшон бенатиҷа будааст ва худро ба болои рег андохтанд…

…Аввал як шамолаки гарме вазид ва ба назар гӯё форам ҳам буд. Баъд суръати он зиёд шудан гирифт. Пас аз чанд дақиқа аллакай суръати шамол ба андозае буд, ки реги биёбонро ба ҳаво мебардошт. Духтарон хостанд ба по хезанд, аммо шамоли сахт онҳоро боз ба замин меафтонд. Қум ба чашму гӯшашон медаромад. Садои бадҳайбати тӯфони биёбон ҳама ҷоро пахш карда буд. Албина боз ҳам кӯшиши ба по рост шуданро кард, аммо шамол ӯро тела дода, ба паси теппа ғелон кард. Духтар то поёни баландии регӣ ғелида фаромад ва пироҳани сиёҳаш рӯяшро пӯшонд. Гулафтор, ки аҳволи дугонаашро аз паси пардаи регборон медид, кӯшиши ба кӯмаки ӯ шитофтанро кард, амо ӯро ҳам шамоли сахт ба замин ғелонда рост ба паҳлӯи Албина овард ва духтарон ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд…

..Тӯфон боз ҳам   шиддат гирифт ва акнун осмону замин як шуда буд. Чанги биёбон пеши офтобро пурра гирифта, рӯзи равшанро ба шаби тор мубаддал кард. Духтарон ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифта буданд ва кӯрпаи регӣ оҳиста оҳиста болои онҳоро мепӯшид…

Аз зери садои ин тӯфон Гулрафтор фақат ҳамин суханони Албинаро шунид:

-Хайр, дидор дар қиёмат…

   Ғурриши тӯфон ба оҳистагӣ хомӯш шуд. Дигар боди тунд қуми биёбонро ба ҳаво намебардошт. Мӯйсафед баъд аз он, ки ба ин боварӣ ҳосил намуд, аз дари хаймааш берун шуда, ба занаш амр кард:

-Омина, ба марди шабона овардаи ман хӯрок деҳу эхтиёт шав, ки ба ҳеҷ куҷо наравад. Мошинаш сӯзишворӣ надорад, ба ҳар ҳол ман калиди мошинашро гирифтам… Бинам канӣ, мурдаи он ду нафари шабона гурехтаро аз куҷо меёбам… Нодонҳо, гумон мекунанд, ки аз ин ҷо гурехта халос шудан мумкин аст…

Омина, зани тақрибан 40-45 сола ба гапи шавҳараш бодиққат гӯш карду пас барои гирон кардани дизел, ки дар вақти туфони регӣ хомӯш карда буд, равон шуд.

Ибни Шамс бо овози баланд «Мокон!» гӯён садо баровард ва аз паси теппаи регӣ саги бузургҷуссае давида наздаш омаду ба думликконӣ сар кард.

-Ҳоло ҳардуямон ҳамроҳи Шамар як атрофро чарх зада мебароем. Агар гурезагони шабонаро дарёбем, хуб, вагарна ба арвоҳашон як фотеҳа мехонему бо ҳамин қарзи худро дар назди Худованд адо мекунем…

…Шамар-уштури миёнсол дар тавораи худ кафша карда мехобид. Як тарафаш қариб то кӯҳон зери қум монда буд, аммо ин «киштии биёбон» парвое надошт. Зеро мисли худи соҳибаш дар байни ин регистон таваллуд шуда буду умед дошт, ки агар накушандаш дар ҳамин биёбон бо зиндагӣ падруд гӯяд. Ибни Шамс нияти куштани шутури калони худро надошт. Ин шутур солҳо ба ӯ хизмат карда, ибни Шамс чандин бачаҳои Шамарро ба бозор бурда фурӯхтааст. Раҳматии падараш мегуфт, ки шаҷараи авлодони гузаштаи ин шутур рафта ба шутурҳои Абумуталиб-бобои пайғамбар мерасанд. Шояд падараш воҳима мекард. Аммо вай дар умри 70 солаи худ, ки ҳанӯз модаркалони ин уштурро медонист, аз он ба ҷуз нафъ дигар чизе надидааст…

…Ибни Шамс бо занаш аз қабила ҷудо мезист. Ҳарчанд бо аҳли қабилаи худ-Бани Ушро аз як манзил ба манзили дигар кӯч мебаст, аммо ҳамеша хаймаашро аз хаймаҳои аҳли қабила дуртар мезад. Зеро марди хеле камгап ва худопараст буд. Ба ҷуз он, ки молу уштурҳои худро бонӣ мекард, боз агар дар як макон як -ду моҳ меистоданд, бачаҳои хурдсоли қабиларо ҷамъ карда, аз Қуръону Ҳадис дарс медод. Ҳарчанд, ки аҳли қабилаи Бани Ушро он қадар намозхони комил ва пайрави сахти мазҳаб набуданд, аммо аз Ибни Шамс метарсиданд ва эҳтиромаш мекарданд. Зеро дар ҷавонӣ ӯ яке аз он нафароне буд, ки барои ҳимояи қабилаи Бани Ушро хизматҳо кардааст ва ҳамеша дар пойгаи уштурон ғолиб меомадааст. Омина зани дуюми Ибни Шамс буд. Зани аввалаи ӯ баъд аз таваллуди ду писар вафот карда буд. Ҳарду писарро ана ҳамин Омина ба воя расонд ва баъд онҳоро падарашон ба шаҳр бурда, дар мактаб хононд. Яке аз онҳо муҳандиси барқ аст ва аз арабҳои шаҳрӣ оиладор шуда, дар он он ҷо кору зиндагӣ мекард. Дигараш ҳанӯз мехонад. Писаронро дар як сол як-ду бор мебинаду халос. Ҳарчанд онҳо падари кӯчиашонро ба шаҳр бурданӣ шаванд ҳам, ӯ розӣ намешавад. Ба гуфти Ибни Шамс дар шаҳр мардум аз худою пайғамбар дур шудаанд ва фисқу фуҷур бепоён аст. Зиндагии сахти биёбон ӯро чунон ба худ гирифтор карда буд, ки ба ҷуз ҳамин зиндагӣ дигар тарзи ҳаётро қабул надошт. Боре, вақте ки писари калониаш ӯро ба шаҳр бурд, то саҳар дар манзили барҳавои ӯ нахобида, қадам зада баромад ва субҳ чашми рӯз накафида ба бошишгоҳи худ баргашт.

…Шамар вазнин аз ҷои худ соҳибаш дар пушт боло шуд ва ба самте, ки шабона духтарон дар торикӣ ғайб зада буданд, равона гашт. Мокон аз дунболи ӯ думашро ликконда- ликконда ба роҳ даромад. Сумҳои калон-калони уштур дар рӯи қуме, ки тӯфон ҳазору як ғел гардонда буд, изи чуқур гузошта гирдо- гирди теппаҳоро чархзанон пеш мерафт. Мокай гоҳ пешу гоҳ қафо бехи буттаҳои ягон- ягон аз зери қуми сурх намоёнро бӯида мерафт. Баъди ба охир расидани тӯфони регӣ зиёда аз ду соат гузашта бошад ҳам, ҳанӯз рӯи осмон тира буд ва ин то андозае пеши гармиро мегирифт. Маълум буд, ки баъд аз ду-се соати дигар ин макон ба дузах табдил меёбад. Ибни Шамс аз қароргоҳи худ аллакай ду-се километр дур шуда буд, аммо дар атроф нишонаи ягон ҷонзоде наменамуд. «Шояд онҳо хеле дур рафта бошанд…»,- ба худ андешид араби пир, аммо ҳанӯз ба қафо баргаштанӣ набуд. «Агар рафту дар ин биёбон ҳалок шаванд, гуноҳаш ба гардани ман хоҳад буд. Худо маро намебахшад…»- гӯён азм кард, ки боз як ду теппаи дигарро убур мекунад, агар нишоне пайдо накунад, ба қафо бармегардад. Аммо пас аз гузаштани чор панҷ теппа ҳам нишоне аз гурезаҳои шабона наёфт. Ӯ, ки бо сагу уштури худ мисли одамон сӯҳбат мекард, гуфт:

-Бас, Шамар, ба қафо бармегардем. Тақдирашон ҳамин будааст…

Ӯ хост лаҷоми уштурро ба тарафи муқобил баргардонад, аммо ҳамин вақт Мокон аккосзанон ба поёни теппа давида рафт. Саг аз зарби сахт давидан як бор ба паҳлӯ ҳам чаппа шуда, чанд ғел зад. «Пир шудаӣ, Мокон…»- аз дил гузаронд мӯйсафед, вале ин дам саг дубора хеста дар қум ғӯтида- ғӯтида ба доманаи теппаи регӣ расид ва бо ду пои пешаш заминро кофтан гирифт. Аз зери рег аввал сиёҳии пироҳан намудор шуд ва аз дур бошад ҳам, чашмони тези Ибни Шамс онро диданд. Ӯ уштурро бо пойҳояш ба ҳаракат дароварда ба ҳамон самт равона кард. Баробари ба саг наздик шудани Шамар, мӯйсафед тоқати ба замин нишастани онро накарда, аз болои уштур худро ба поин афканд ва бо пои зарбдидааш лангон-лангон ба он ҷое, ки Мокон заминро мекофт, расида омад. Сагро ба як сӯ тела дода, аввал пайкари Гулрафторро аз зери қум кашида баровард. «Аз афташ мурда барин» аз дил гузаронд ӯ ва бо дастони ларзонаш регу қуми даҳону биннии духтарро тоза кардан гирифт. Ин вақт саг рӯи ҷасади дуюмро ҳам боз намуду вай ба нолиш даромад. «Инаш зинда…» хурсанд шуд Ибни Шамс ва аз паҳлӯяш обдонро бароварда, зуд даҳони онро боз намуду ба даҳони Албина об рехт. Духтар ҳарисона бо дастони худ онро гирифтанӣ шуд, аммо мӯйсафед баъд аз як ду қулт об нӯшидани ӯ, ки якҷо бо қуми сурхи биёбон ба ҳалқаш рафт, обдонро гирифт:

-Ҳоло каме ба худ биё, баъд обат медиҳам…

Пайкари беҷони Гулрафтор нишоне аз зиндагӣ намедод. Албина, ки баъд аз нӯшидани каме об ҳуш ба сараш омада буд, аз ҷои худ ба сӯи дугонааш даст дароз карда гуфт:

-Ӯ нафас мекашид, илтиҷо мекунам, ба рӯяш об рез…

Мӯйсафед талаффузи шикастаи Албинаро базӯр фаҳмида, даҳони обдонро боз карду ба рӯи Гулрафтор чанд чакра чаконд. Ибни Шамс шоҳиди он гардид, ки чӣ тавр аввал парраҳои биннии духтар ба ҳаракат даромаданд ва баъд мижгонҳои дарозаш ҷунбиданд. «Магар ман мисли Хизр ҷон ато мекардагӣ шудаам?…» -бо тамасхур нисбат ба худ аз дил гузаронд мӯйсафед ва зуд ба лабони парсинбастаи духтар обдони худро наздик овард. Аммо лабони ӯ боз намешуданд. «Худоё маро бубахш…»-гӯён ӯ бо дастонаш як тарафи даҳони Гулрафторро боз намуда, аз қумқума ба он об рехт. Духтар пас аз сонияе оби ба гулӯяш рафтаро бо сулфаи сахт берун кард ва баъд дубора сардии обдонро ҳис карду дудаста ба он часпид. Ин дафъа Ибни Шамс монеъ нашуд…

-Агар ним соати дигар дер мемондам ва агар Мокон намешуд, ҷон ба ҷонофарин супориданатон аниқ буд,- баъд аз каме ба ҳол омадани духтарон гуфт мӯйсафед ва уштурашро фармони ба замин хобидан дод…

Барои он, ки духтарони беҳолу бемадор аз болои уштур наафтанд, Ибни Шамс бо ресмони пашми уштурин ҳардуяшонро бо ҳам дар байни кӯҳони уштур баст ва фармони хестанро дод.

Акнун аз байни теппаҳои регии қисмати ҷанубии Арабистон як уштур, як саг, як мӯйсафед, ки аз лаҷоми уштур медошт ва ду духтаре, ки дар болои он ресмонпеч буданд, ҳаракат мекарданд. Пас аз соате ин корвони хурд ба назди хаймаҳои Ибни Шамс, ки тақрибан як километр дуртар аз хаймаҳои қабилаи Бани Ушро зада шуда буданд, расид. Корвонро зани Шамс-Омина ва ронандаи ҳайратзади мошини «Тоёта» пешвоз гирифтанд. Аммо ронанда баробари дидани саги соҳибхона худро ба даруни хайма зад. Воҳимаи Мокон барои ӯ аз ҳама чиз бадтар буд…

 


 Агар хоҳед, шумоёнро то Дубай бурда мемонаму ба касе гап намезанам, вагарна ман дар ин ҷою шумо дар роҳ ҳалок мешавед…


Шайх Салим интизори ба офиси дар Дубай будааш омадани сардори хадамоти бехатарии ширкат нашуда, худаш ба идораи он, ки дар як канори шаҳр, сари роҳи калони Рос-ал Хайма ҷойгир шуда буд, рафт. Кормандони хадамоти бехатарӣ баробари дидани хӯчаини худ дар назди дарвоза ба сардор хабар доданд ва ӯ дар даромадгоҳи идорааш Салимро пешвоз гирифта ба кабинети кориаш бурд. Шайхи тиллоӣ мунтазири ахбороти дарози сардори хадамот нашуда бесаброна пурсид:

-Ёфтед?

-Қариб. Ҳамаи маълумотҳо ба он далолат мекунанд, ки зани дуздидашуда…

-Кадом зани дуздидашуда? Фаромӯш накунед, ки ӯ ҳамсари қонунии ман аст, на ягон зани кӯчагӣ,- шиддат кард Салим.

-Узр мехоҳам, ҷаноби Шайх. Аз рӯи маълумоте, ки мо ба даст овардем, ӯро ба қабилаи «Ассағр»….бурдаанд ва айни замон дар ҳамон ҷост…

-Ҷои зисти ин қабила дар куҷост, муайян кардед?

-Тавре, ки худатон медонед, ин қабилаҳо як рӯз дар як гӯшаи биёбону рӯзи дигар дар гӯшаи дагари он ҳастанд. Барои ҳамин пайдо кардани ҷои исти қабилаҳои кӯчӣ бисёр душвор аст. Аммо…

-Аммо чӣ?

-Аммо ман дирӯз супориш додам, ки бо чархболи кирояе тамоми он маҳаллеро, ки тақрибан ҳоло ин қабила бояд дар он ҷо бошад, аз ҳаво мушоҳида кунанд. Мувофиқи маълумоти пилотҳо дар ин минтақа се бошишгоҳ ҳаст, ки аз ҳамдигар тақрибан 30-50 километрӣ дурӣ доранд. Кадоме аз онҳо бошишгоҳи «Ассағр» мебошад, маълум нест…

-Чӣ, магар чархболҳои худамон нест, ки шумо чархбол киро кардед ва чаро онҳо дар он бошишгоҳҳо ба замин фаромада, кию чӣ буданашонро нафаҳмидаанд?

-Худатон медонед, ки ҳамаи ин қабилаҳои саҳрогард яроқноканд ва агар бе иҷозат ба маҳалли зисти онҳо равӣ, ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ана баъд, онҳоро сар то сари биёбон кобӣ ҳам нишоне нахоҳӣ ёфт. Барои ҳамин лётчикҳо аз ба замин фаромадан худдорӣ кардаанд…

-Тарсончакҳо,- ғурунгос зад Шайхи Тиллоӣ ва ба сардор муроҷиат карда гуфт:

-Ду чархболи мувофиқро барои сафар ба ин минтақа тайёр кунед ва иҷозати парвозро аз ҳукуматдорон гиред. Дар чархболи дуюм бояд одамони яроқноки шумо бошанд. Шояд бегоҳ ба он минтақа парвоз кунем…

Сардори хадамоти бехатарии ширкат аз рафторҳои баъзан беандеша ва нотарсонаи хӯҷаини худ хабар дошт, вале ҳеҷ гумон намекард, ки Шайх Салим барои ёфтани ҳамсараш, ки араб набудааст ва ба ӯ ҳамагӣ чанд рӯз оиладорӣ кардааст, ба чунин иқдом даст мезанад.

-Ҷаноби Шайх… Албатта, ман ҳаққи ба шумо роҳнишондеҳ буданро надорам, аммо як чизро бояд ба шумо ёдрас кунам, ки маро ҳанӯз раҳматии падаратон дар вақти хеле ҷавон буданам ҳамчун ходими оддии ин сохтор ба кор қабул карда буданд. Ман ҳар чӣ шудам, аз нону намаки он кас ва шумо шудам. Бинобар ин вазифаи худро медонам, ки шуморо аз хатари сафар ба ин минтақа огоҳ намоям. Мардуми он ҷое, ки шумо сафар мекунед, на ба ягон қонун итоат мекунанду на аз ягон ҳукумат метарсанд. Онҳо худашон барои худ ҳукумат ҳастанд ва ҳазорсолаҳо ба ин тарз зиндагӣ карда омадаанд. Барои чӣ дидаю дониста ҷони худро ба хатар меандозед? Шумо ягона меросхӯри хонаводаи худ аз ҷинси мард мебошед. Агар авлодонатон аз ин чиз огоҳӣ ёбанд, маро сарзаниш мекунанд ва ҳатто шояд дигар нахоҳанд, ки дар паҳлӯи шумо бошам. Хоҳиш мекунам, аз ин сафар даст кашед. Ҳар кореро, ки карданӣ бошед, ман ба ҷои шумо иҷро мекунам…

-Ҳмм, ман якумр шуморо ҳамчун шахси далеру нотарс ва беҳтарин донандаи касби худ меҳисобидам. Аммо ҳоло шумо боварии маро зери шубҳа гузошта истодаед. Магар ин ҳамон нафарест, ки дар Баҳрайн ба хотири саломат мондани қиблагоҳи ман худро зери тири террорист гузошта буд? Магар ин ҳамон шахсест, ки дар вақти садамаи нақлиётӣ дар Ландан бо вуҷуди сахт захмӣ буданаш ду нафар кормандони воломақоми ширкатро то бемористон бурда расонида, баъд беҳуш шуда буд? Ё ман хато мекунаму шахси дар рӯ ба рӯи ман истода ибни Розӣ нест?…

-Бале, ман ҳамон ибни Розӣ ҳастам, аммо он вақт ман ҳаёти худро зери хатар мегузоштам. Ҳоло бошад, ҳаёти шумо дар зери хатар мешавад…

-Агар ба он, ки сафари мо бо хубӣ меанҷомад ва ба ҳадафи худ мерасем, бовар надошта бошӣ, пас биё бо ман ҳамроҳ шав…

-Бе ин ҳам ман бе худам шуморо ҳеҷ гоҳ ба он ҷо намефиристам, агар аз кор озод кунед ҳам. Зеро ба ғайр аз он душманони ноаёни биёбонӣ ҳоло, баъд аз тасмиматон дар бораи шикаст додани ширкатҳои Шайх Абдулло ва Шайх Саид, шумораи бадхоҳонатон дучанд шудааст. Минбаъд ман барои посбонии шумо қувваҳои иловагӣ медиҳам.

-Ин кори ту. Аммо ҳоло супориш деҳ, ки чархболҳоро тайёр кунанд…

-Чун гапи маро нагирифтед, як хоҳишамро иҷро кунед.

-Кадом хоҳиш?

-Сафарро ба пагоҳ мавқуф мегузорем. Зеро имрӯз, аз рӯи гуфти ҳавошиносон дар он минтақа тӯфони регӣ дар назар аст ва ин ҳам барои парвоз ва ҳам барои ҷустуҷӯ ба мо халал мерасонад…

-Ин дафъа ман бо ту розӣ шуда метавонам.Бигзор ҳамин тавр шавад. Пагоҳ соати 8-и субҳ бояд чархболҳо ва одамонат дар майдони ҳавоӣ тайёр бошанд…

Салим дигар чизе илова накарда, ба тарафи баромадгоҳ, ки дар он ҷо аллакай ҷондорҳои ӯ интизораш буданд, равон шуд. Ибни Розӣ ба болои муҳофизони аввала боз ду нафари дигарро барои муҳофизати хӯҷаин илова намуда буд…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД