Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми14)
15.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3705

(Идомааш)

Ронанда дид, ки духтар дар ин набард аз ӯ зӯрӣ мекунад, бо шаст ба тарафи Гулрафтор давида, бо пояш ба миёни вай зарба зад. Ҳарчанд ин зарба он қадар сахт набошад ҳам, Гулрафтор беихтиёр бидонро аз даст раҳо намуд ва «ӯҳ!» гӯён сари зону ба замин нишаст. Ронанда пеш аз он, ки бидон чаппа шуда, аз даҳонаш оби боқимонда резад, онро дошта гирифт ва тоб дода даҳонашро маҳкам карду гуфт:

-Акнун обро хоб мебинед. Ба ивази ягон дороиятон об наменӯшед…

Араб бехабар аз он буд, ки аз қафо Албина дар даст шохаи шикастаи саксаул, ки ғафсиаш баробари банди дасти одам буд, ба ӯ наздик шуда истодааст…Ин лаҳза бо мӯйҳои парешону чеҳраи арақолуд Албина ба аҷузае монанд шуда буд, ки дар филмҳои пурдаҳшат намоиш медиҳанд.

Гулрафтор бо дидани ин манзара дар ҷои худ шах шуда монд ва чун харгӯши дар назди мори афъӣ афсуншуда бо чашмони калон- калони худ ба Албина менигарист. Ронанда аз нигоҳи духтар, ки ба паси ӯ равона гардида буд, чизеро пай бурда, хост ба қафо нигоҳ кунад. Аммо ин лаҳза чӯби дар дасти Албина буда ба фарқи сари ӯ бархӯрд ва пеш аз он, ки араб ба болои рег парӯ афтад, хуни лоларанг ба пешониаш шорид…

-Ту чӣ кор кардӣ, мо акнун дар ин биёбон чӣ кор мекунем?-гиряолуд садо баровард Гулрафтор. Аммо Албина гӯё чизе нашуда бошад, хам шуда аз зери дастони беҷони ронанда бидонро гирифту даҳонашро боз намуда, ҳарисона ба нӯшидани об сар кард…

Духтарон паҳлӯи ҳам дар рӯи реги сурх нишаста, сарҳои худро байни даст гирифта буданд. Шикамҳояшон пур аз об шуда буд, вале ташнагиашон нашикаст. Онҳо намедонистанд, ки дар биёбони тафсон обро танҳо барои комилан хушк нашудани ҳалқу ком менӯшанд. Зеро чӣ қадар об нанӯшӣ, ҳамон лаҳза он аз бадан хориҷ мешавад ва ташнагиро намешиканад. Духтарҳо бо ним бидон об ва як мошини беронанда намедонистанд, ки дар байни ин биёбони бесару нӯг чӣ кор кунанд. Дар рӯ ба рӯяшон ронандаи мошин ба хун оғӯшта мехобид. Аллакай дар атрофи ҷисми ӯ аз куҷое пашшаҳои калон пайдо шуда, ба рӯи хуни шахшудамонда шинухез доштанд.

Онҳо чӣ қадар дар ҳамин ҳолат нишастанд, намедонистанд. Ҳамин вақт ҷасад ба ҷунбиш даромаду нолаи ҳазине кашид. Аз ин ҷондарории мурда Албина якбора ба ҳарос афтода, калтаки аз чӯби сахти саксаулашро бардошта хост боз ба даст гирад. Аммо Гулрафтор онро аз дасти ӯ гирифта ба як тараф партофт ва бо овози ҳазин, вале қатъӣ гуфт:

-Бас, одамкушӣ кори ту нест. Биё ба даҳони ӯ об резем, шояд ба худ ояд…

-Ҳа, ба худ ояду қабри ману туро канад, ҳамин хел не?

-Не, ба худ ояд, дасту пояшро мебандему баъд…баъд…

-Баъд чӣ?

-Баъд ба ягон фикр меоем. Одамкушӣ гуноҳи сахт аст…

Албина дудила бидони обро ба назди ҷасади нимҷони ронанда бурд ва эҳтиёткорона даҳони онро боз намуда, аз он ба даҳони араб об рехт. Баробари расидани об ба лабонаш ӯ ҷонҳавл хост дудаста онро ба сӯи худ кашад . Аммо Албина, ки интизори ин ҳаракат набуд, худро якбора ба қафо кашид…

Албина зарфи обро ба як тараф партофта, дубора сӯи калтак давиданӣ буд, вале ин бор ҳам Гулрафтор садди роҳи ӯ шуд.

-Ана бин, нагуфтам, ки ҷон дарорад, қабрамонро меканад…Ҳоло ҳам дер нашудааст, мон ман ӯро ба пеши бобою бобокалонҳояш равон кунам…

Ҳанӯз Гулрафтор ба Албина ҷавоб надода, араб бо овози ҳазин чизе гуфт, ки аз он духтар танҳо калимаи «об»- ро фаҳмид. Албина барои он, ки Гулрафтор ҳам фаҳмад, ба забони русӣ ҷавоб дод:

-Ҳа, акнун об мегӯӣ. Чанд лаҳза пеш обро ба ивази чӣ ба ман доданӣ будӣ? Акнун биё, агар қудрати гирифтани он чизеро, ки ман ба ту медиҳам дошта бошӣ. Худозада! Дар байни биёбон аз зани гушнаю гурусна талаб мекунаде…

Вай ба забони арабӣ ба ронанда чанд сухан гуфт ва ӯ бо аломати ризо сар ҷунбонд.

-Бигзор гуфтаи ту шавад, дасту пояшро мебандему ӯро ба болои мошинаш мепартоем. Агар Худо раҳмашро хӯрад, ягон кас халосаш мекунад. Агар не, мурдаашро зоғон мехӯранд,- Албина ин суханонро ба Гулрафторе, ки дар паҳлӯи онҳо рост меистод, гуфт ва аз болои мошин ресмонеро гирифта, гӯё ки тамоми умр ин корро мекарда бошад, ба бастани дасту пои араб сар кард.

Гулрафтор ҳайрон буд, ки чаро ронанда муқобилият намекунад. Вай намедонист, ки Албина ба араб шарт гузоштааст, ки агар бе муноқиша имкони бастани дасту пояшро диҳад, ба гулӯи ӯ об мерезад, агар боз муқобилият кунад, ба сараш калтаки дигаре мехӯраду ин оламро бе ёсин тарк мекунад. Арабро ҷуз розӣ шудан чорае намонда буд, бинобар ин, ҳатто ба ин ё он паҳлу гашта, ба бастани дасту пояш ба Албина кӯмак мерасонд…

Духтарон пас аз бастани ронанда ӯро дукаса кашола карда ба сояи мошин оварда хобонданд. Араб баъд аз нӯшидани чанд ҷуръа об аз дасти Албина каме ба худ омад ва илтиҷо намуд, ки дасту пояшро кушоянд. Ваъда мекард, ки дигар онҳоро азоб намедиҳад ва обро ҳам бо ҳам мебинанду онҳоро то ҷои таъиншуда бе ягон шикасту рехт бурда мерасонад, аммо ин суханони ӯ ба Албина таъсире надоштанд.

-Шаб наздик шуда истодааст, дар ин биёбон пиёда ба куҷо меравед? Шағолони биёбон пӯсту гӯштатонро ҷудо мекунанд. Биёед, касам ба Худо, ки дигар ягон кори бад намекунам,-зорӣ менамуд араб.

-Амали бадро ту аллакай кардӣ. Магар ман аз шағолу аз ту метарсам? Милтиқу мошини ту барои чӣ даркор? Ё гумон мекунӣ, ки мо дар ин ҷо бе ту мемурем? Хестӣ, ки хобат! Канӣ Гулрафтор, бидони обро бардошта ба мошин шин, рафтем….

Ронанда аз ин азми қатъии духтарон сахт тарсида гуфт:

-Илтиҷо мекунам, маро дар ин ҷо партофта наравед. Ин ҷо аз роҳ хеле дур аст ва худо медонад, ки дар як сол ягон мошин ё уштуракӣ мегузарад ё не. Беҳтараш маро дар ҳамин ҷо кушед. Намехоҳам, ки аз ташнагию гушнагӣ мурам ё хӯроки калтакалосу морон шавам…

Албина ба Гулрухсор мазмуни гуфтаҳои ронандаро тарҷима кард.

-Инро бине, мисли гурбачаи беоча мулоим шуда монд. Дигар орзӯи он чизро намекунад. Хайр, биё шаб шуда истодааст. Ман сари рул мешинаму ту дар паҳлуям.

-Ба куҷо меравем?

-Ҳм, ба куҷо мешуд, ба шаҳр- дия, ба Дубай…

-Дубай дар кадом тараф?

Албина як ба атроф, ки танҳо аз биёбони беканор   иборат буд, нигоҳ карду гуфт:

-Худо медонад, ки дар кадом тараф аст…Эй занакдӯст,-ба ронандаи даступобаста муроҷиат намуд вай,- Дубай дар кадом тараф аст?

-Аввал дасту поямро кушо, баъд мегӯям…

-Хобатро ба об гӯй! Ба тарафи офтобшинам рафтан мегирем, Дубай дар ҳамон ҷост…

Духтарон ба кабинаи Тоёта нишастанд ва баробари баланд шудани садои мотор фиғони ронанда ба фалак печид:

-Агар хоҳед, шумоёнро то Дубай бурда мемонаму ба касе гап намезанам, вагарна ман дар ин ҷою шумо дар роҳ ҳалок мешавед… Ба Худо қасам, ки дурӯғ намегӯям. Зомини марги ману худатон нашавед! Биёбон хонаи очаатон не…

Гулрафтор, ки каму беш мазмуни суханони арабро фаҳмида буд, як ба Албина нигоҳ карду дасташро дароз карда, калидро баръакс тоб дод ва моторро хомӯш намуд:

-Ӯ рост мегӯяд, биё ба болои мошин савораш мекунему роҳро аз ӯ пурсида- пурсида то манзил мерасем. Агар роҳро надониста равон шавем, худо медонад, ки ба куҷо меравем.

-Ту аз куҷо медонӣ, ки ӯ рост мегӯяд ё дурӯғ. Ба умеди ин ҳабаш шуда бори дигар ба чоҳ наафтем…

-Намедонам, аммо бе ӯ рафта ҳам намешавад.

Духтарон маслиҳат карда аз мошин фаромаданд ва ронандаро аз зери кашу пойҳояш бардошта ба болои мошини канораҳояш пастак бор карданӣ шуданд.

-Ӯҳ, лаънатие, хароб бошад ҳам, вазнин будааст,-ғурунгид Албина.

Бори аввал ин кор ба онҳо даст надод ва ронандаро боз болои рег гузоштанд. Аммо баъд як илоҷ карда аввал сару қисмати болоии баданаш ва баъд аз миён поинашро ба болои мошин гирифтанд.

-Дар байни пояш ҳеҷ чиз надораду боз даъво мекунад…

Ин суханони писхандомези Албина ба гӯши Гулрафтор нафорид ва баргашта гуфт:

-Мушро ғами ҷонканию гурбаро бозӣ. Биё мон, ҳамин шӯхиҳоятро. Беҳтараш аз вай пурс, ки ба кадом тараф рафтан даркор.

Албина аз араб иҷрои ваъдаашро талаб намуд. Ронанда аввал каме ғулдур-ғулдур карду баъд бо сар самти даркориро нишон дод.

Албина мошинро гирон карду ба ҳамон сӯй тоб дод. Онҳо намедонистанд, ки ронанда фиреб карда, тарафи тамоман муқобилро нишон дод…

…Мошин қариб як соат аз байни теппаҳои регӣ мисли уштури пурбор ба ҳар тараф лангар хурда равон буд. Офтоб дар паси уфуқ ранги сурх гирифта, ғуруб менамуд, вале ҳанӯз на аз роҳи калон ва на аз манзили одамӣ дараке набуд.

-Ба фикрам, ин лаънатӣ моро фиреб кард. Ҳозир очаи зорашро нишон медиҳам…,-Албина мошинро боз дошту ба ақрабакҳои маълумотдиҳии мошин нигариста суханашро давом дод:-Бо ин суръат ҳамагӣ ба ним соати дигар сӯзишворӣ мерасаду халос…

Вай автоматеро, ки   дар пахлӯи ҷои нишасти ронанда буд, ба даст гирифта аз мошин фаромад ва тири онро ба тирдон ҷой кард. Албина автоматро сӯйи араб рост карда, қотеъона гуфт:

-Калимаатро гардон, худозада! Моро фиреб кардӣ, ҷои маргат ҳамин ҷост…

Рангу рӯи араби сиёҳҷурда дар нимторикии бегоҳӣ ба ранги сурхи биёбон монанд шуда буд… Ӯ саросема бо забони гирифта чизеро шарҳ додан мехост, вале садои тири Албина дар байни талҳои регӣ ба вай имкони гап задан надод… Як ваҷаб аз бадани ронанда дуртар тири Калашников борти мошинро сурох карда гузашт. Акнун арабро дигар маҷоли ҳарферо ба забон овардан намонда буд. Байни ду пояш, эзори сафед ранги худро оҳиста-оҳиста дигар мекард. Ин ҳолатро дида Гулрафтор рӯяшро ба дигар тарф гардонд…

Албина бо овози баланд қоҳ-қоҳ зада хандид. Ин хандаи духтар ва садои тири андак пештар баромада аз афташ пеш аз вақт шағолҳои биёбониро бедор карданд, ки овози нӯлакашиашон ба гӯш расид. Биёбон бо фарорасии шаб боз ҳам воҳиманоктар мешуду дар дили меҳмонони нохонда воҳимаро бештару бештар чой мекард…

…Пас аз фурсате, араб, ки андак ба худ омада буд, баъд аз нӯшондани чанд қулт об ба гап даромад. Дар вақти гапзанӣ вай кӯшиш мекард, ки пойҳояшро бо ҳам ҷафс карда, осори тарсу ҳаросашро, ки дар эзораш боқӣ монда буд, пинҳон кунад. Духтаронро ин кори у танҳо механдонду халос. То кадом андоза мард будани ӯ барояшон аён шуда буд.

Баъди чанд ҷумла гуфтани араб Албина суханони ӯро ба Гулрафтор тарҷима кард:

-Мегӯяд, ки аз ин ҷо 8-10 километр онсутар чоҳи об ҳаст ва дар ҳамон ҷо шабро рӯз кардан мумкин. Шабона сафарро давом додан хатарнок аст. Ту барин ронандаи бетаҷриба мошинро ба осонӣ чаппа карданаш мумкин, мегӯяд. Гапаш ҳак барин. Биё ба ҳамон ҷо меравем ва шабро рӯз мекунем. Бо ин сӯзишворие, ки дорем, дур рафта наметавонем.

Гулрафтор ба ин пешниҳоди ҳамроҳаш чизе гуфта натавонист ва дубора ба ҷои худ нишаст. Онҳо чароғҳои мошинро фурӯзон карда, ба самте, ки араб нишон дода буд, равон шуданд…

…Баъди ду теппаи региро убур намудан аз дур нури чароғе ба чашм расид.

-Шояд ягон мошин бошад?-тахмин кард Гулрафтор

-Ба мошин монанд не, аз ҷояш намеҷунбад…

Илоҷи дигар набуд. Онҳо харакати худро ба ҳамон самт давом додан гирифтанд. Аз чашмони духтарон оташаки хавотирӣ меборид. Ҳануз то манбаи рушноӣ тақрибан дусад-сесад метр монда буд, ки баногоҳ аз куҷое дар рӯ ба рӯи мошини онҳо, дар   равшании чароғҳои пурқуввати Тоёта суроби шахсе пайдо шуд, ки дар даст яроқ дошт ва силоҳро ба тарафи мошин рост карда буд. Албина беихтиёр тормозро пахш карда, даст ба сӯи автомате, ки дар пахлӯяш буд, дароз кард. Аммо садои омиронаи «Аз ҷоят наҷумбида, дастатро бардошта аз мошин фаро!» маҷбураш намуд, ки аз ин иқдоми худ даст кашад. Онҳо бо дастҳои боло яке аз як пахлӯю дигаре аз пахлӯи дигари мошин ба замин фаромаданд. Шахси яроқнок баъд аз он, ки ба беярок фаромадани мошинсаворон боварӣ ҳосил кард, ба онҳо наздик шуд. Духтарон намедонистанд, ки ин вохӯрии шабона тақдири минбаъдаи онҳоро ҳал хоҳад кард…

                                                 ***

…Шайх Салим котибаи кабудчашмашро, ки дигар дар назди ӯ ронҳои фарбеҳашро намоиш намедод ва либосҳои нисбатан хоксорона ба бар намуда буд, бо пахш намудани тугмачаи зери мизаш ба кабинет даъват кард:

-Соати 10 роҳбарони шӯъбаҳоро ба утоқи корӣ даъват намоед. Селекторро барои гузаронидани ҷаласа ва алоқа бо Лондон, Мадрид, Копенгаген ва Дубай тайёр кунанд. Ба шӯъбаи техникӣ гӯед, ки баъд аз як соат ман интизори алоқа ва оғози ҷаласа мебошам…

-Мсе, дар Дубай ҳоло нисфи шаб аст,- хотиррасон карданӣ шуд котиба.

-Ман худам медонам, ки дар Дубай кадом вақт аст. Шумо супоришро иҷро кунед,-бо оҳанги хушк гапи ӯро гардонд Шайхи Тиллоӣ ва рӯяшро ба дигар тараф гардонда, бо ҳамин ишора ба он намуд, ки сӯҳбат ба охир расидааст…

Шайх аз замоне, ки Гулрафтор нопадид гардида буд, хеле худро гиронда, чашмони як андоза фурӯрафтааш нишони андӯҳ ва ноумедиро доштанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ кӯшиш мекард, ки ғалаёни эҳсосоти худро ба дигарон нишон надиҳад. Таи се моҳе, ки Шайхи Тиллоӣ аз Гулрафтор ҷудо буд, фақат як бор барои дидорбинии ду хоҳараш, ки дар Ар-Риёз зиндагӣ мекарданд, рафта буду халос. Дар ин муддат ӯ танҳо дар андешаи қасос аз Шайх Абдулло ва Шайх Саид буд ва ба тамоми идораҳои фирмаи худ дар ҳар гӯшаи олам супориш дода буд, ки барои муфлис кардани ширкатҳои ин шайхҳое, ки ба кишварҳои Аврупо нафт мерасонданд, кӯшиш кунанд. Ҳоло мехост дар ин ҷаласа натиҷаи фаъолияти онҳоро бубинад. Салим бо кӯмаки ҷосусони хусусӣ кӯшиши пайдо намудани Гулрафторро аз сар дур накарда буд. Охирин иттилооте, ки ӯ гирифт, ин буд, ки зани ӯро ба қабилаҳои биёбонгард, дар наздикии Дубай фурӯхтаанд.

-Ҳоло ту дар куҷоӣ? Туро ба чӣ ҳол расонданд? Наход худованд ҳамин қадар бераҳм бошад, ки ягона мояи хушбахтии маро дар паноҳи худ нигоҳ надорад? Чанд сол гузарад ҳам, ман туро пайдо хоҳам кард! Гарчанде туро ифлосу бадном карда бошанд ҳам, ба хотири он хушбахтии кӯтоҳи худ туро аз чанголи онҳо раҳо хоҳам кард…Раҳо хоҳам кард…

Шайхи Тиллоӣ ҷумлаи охиринро худ нафаҳмида бо овози баланд гуфт ва хизматгори паси дар садои ӯро шунида, дорро боз карда пурсид:

-Чизе мефармоед, мсе?

-Зудтар онҳоеро, ки ман ба ҷаласа даъват намуда будам, ба   ин ҷо даъват кун. Бин, ки компютари ман ба шабакаи селекторӣ пайванд шудааст ё не,-фармуд Салим дар хиҷолат афтода.

Пас аз чанд дақиқа ҳамаи онҳое, ки офиси дар Париж будаи шайхро сарварӣ мекарданд, дар кабинети калони Шайхи Тиллоӣ ҷамъ шуданд. Шайх Салим бе муқаддима ба забони фаронсавӣ пурсид:

-Хӯш, ҳолати иқтисодии ширкатҳое, ки ман ба шумо фармуда будам, чӣ хел аст?

Директори маркази таҳлилии ширкат боодобона аз ҷояш хеста гуфт:

-Ҷаноби шайх. Алҳол даромади ширкатҳои рақиби мо аз 46 то 51 фоиз кам шудааст… Аммо худамон ҳам аз ин кор зарари иқтисодӣ дида истодаем.

-Ман аз шумо, мсе Шарон зарари худамонро напурсида истодаам. Мепурсам, ки барои комилан хароб кардани ширкатҳои Шайх Абдулло ва Шайх Саид боз чӣ қадар вақт лозим?

Мсе Шарон аз оҳанги гапзании Шайи Тиллоӣ андаке ранҷида бошад ҳам, изҳор нанамуда ба суханаш давом дод:

-Ҷаноби Салим, ман ҳар чи ҳаст, ҳамонро мегӯям. Барои он, ки ин ширкатҳо муфлисшавии худро ба гардан гиранд, агар ба онҳо ягон ширкати пуриқтидор кӯмак нарасонад, боз ду-се моҳи дигар лозим асту халос…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД