arzon replenishment
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми17)
18.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3166

(Идомааш)
Аммо ба гӯши Албина баъд аз шунидани ҳодисаи сангсор шудани як ҳамкасбаш дар ин қабила дигар гап намедаромад...

Бегоҳӣ ҳаво андак салқинтар шуд ва духтарон аз хаймаи худ баромада ба болои теппаи регие, ки аҳён-аҳён дар доманаҳои он буттаҳои нимхушке мерӯиданд, баромаданд ва аз он ҷо ба атроф назар андохтанд. Азбаски ин регтеппа аз теппаҳои дигар баландтар буд, манзараҳои атроф то дуродур ба назар мерасид. Тақрибан 500-600 метр дуртар аз ҷои нишасти онҳо гурӯҳи хаймаҳое ба назар менамуд, ки дар атрофи он одамон ва уштуру бузҳои зиёде гаштугузор мекарданд.

-Ана, аҳли ин қабила дар куҷо зиндагӣ мекардаанд…Мӯйсафеди мо шояд аз ҳад одамгурез аст, ки тахтаю тираки худро аз онҳо дуртар партофтааст…, -Албина ин суханонро гуфтаистода, бо дасташ қуми нармро ба каф гирифта боз ба замин мерехт. Маълум буд, ки ӯро на манзили аҳли қабила, балки сокинони ҷавони он ба худ гирифтор кардааст.

-Дида истодаӣ- ку, мӯйсафеду занаш аз аҳли тақво ҳастанд, бештар танҳоиро дӯст медоранд…

-Чунин ҳаётро ба ман Худо нишон надиҳад. Аз зиқӣ кафида мемурам…Зиндагӣ байни одамон хуш аст. Зиндагӣ бо мардон хуш аст. Зиндагӣ дар айшу ишрат хуш аст. Ин чӣ будааст, ки ман як бор ба дунё ояму боз дар ким - кадом гӯшае мисли тортанак пӯсида равам…

Дар ҷавоби ин суханони Албина Гулрафтор чизе нагуфта ба доманаи теппа менигарист. Аз он ҷо ду бузғола аз як бутта ба буттаи дигаре чарида сарболо меомаданд. Вақте, ки наздиктар омаданд, Гулрафтор ба онҳо бодиққат нигариста бо бузҳои ватани худ муқоиса кард. Ҳарду аз як ҷинс буданд, аммо ин бузҳои биёбонӣ қариб, ки пашм надошгтанд. «Шояд сабабаш гармии ҳаво бошад» ба худ хулоса намуд ӯ ва ин замон чашмаш ба арабе афтод, ки аз дунболи бузғолаҳо ба болои теппа мебаромад. Вай бо даст ба сӯи араб ишора намуда гуфт:

-Бин, Албина, кадом мухлисат аллакай аз пайдо шудани ту дар ин маҳал огоҳ шуда, чун Маҷнун ба ҷустуҷӯи Лайлӣ баромадааст…

-Канӣ, наздиктар биёяд, бинем, ки ӯ чӣ касест…

Пас аз лаҳзае дар назди онҳо як араббачаи тақрибан 20-22 сола меистод, ки аз баромадан ба кӯтал нафасаш андаке гирифта нафскашиаш тез шуда буд.

-Эҳа, ин ҷо ҷаннат будааст- ку… Беҳуда бузҳои ман ба ман роҳ нишон надодаанд… Шумо кистед? - ҷавонро баробари дидани ду олиҳаи ҳусн дар ин баландӣ забонаш андак лакнат пайдо карда буд. Ҳарчанд баъзан дар лаҳҷаи гуфтугӯии қабилаҳои араби бодиянишин фарқи калон дида шавад ҳам, аммо Албина мазмуни гуфтаҳои ӯро фаҳмид.

-Чӣ ту ҷаннатро дида будӣ?-суол кард ӯ масхараомез.

-Надидааму аммо ибни Шамс мегӯяд, ки дар он ҷо ҳуррони биҳиштӣ бисёранд…

-Ана дидӣ, вай дурӯғ намегӯяд, мо дар хонаи ана ҳамон ибни Шамс зиндагӣ мекунем. Аз куҷо омаданамонро ба ту намегӯем, зеро ҷое, ки мо аз он ҷо омадем, на ту шунидаию на падару бобоят ва на ягон нафар аз аҳли қабилаи «Бани Ушро»…

-Чашмонат мегӯянд, ки ту аз қабилаи инглисҳо ҳасти, аммо дугонаат…

-Биё баҳсро мону биниатро пок кун ва зуд бузғолаҳоятро гирифта аз ин ҷо рав, боз модарат ҷанг накунад…

Ҷавон дид, ки ин духтари чашмкабуд ӯро масхара карда истодааст, андак асабӣ шуд, вале худро ором нигоҳ дошта истода гуфт:

-Бани Ушро ту баринҳоро бори аввал надидааст. Аллакай яктоашро занҳо зери қуми биёбон карданд…

Ин пичинги ҷавон ба хотири Албина боз ҳам суханони дар мавриди зани сангсоршуда гуфтаи Оминаро расонданд. Аммо ҳанӯз фурсати ба ҷавон ҷавоб гуфтан наёфта, Гулрафтор ба поён ишора намуд, ки он ҷо ибни Шамс савори уштури худ аз ҷониби хаймаҳои қабила ба сӯи хаймаи худ меомад. Уштури сурхи ӯро духтар нағз дар хотир дошт.

-Биё зудтар баргардем, ки боз мӯйсафед ба сарамон ягон балои дигар наорад,- ин суханонро Гулрафтор роҳравон гуфт ва Албина низ ба чашмони ҳайратзадаи араббача дигар нигоҳ накарда, аз паси ӯ ба поёни теппа равон шуд. Вай дар дили худ аҳд кард, ки агар боз ин ҷо дар байни ин қабила муддате бимонад, аввал ана ҳамин бачаро ба дом меафтонад. «Ҳоло мебинем, ки чи тавр ту бузҳоятро фурӯхта пулашро ба ман меорӣ…Он вақт модарат туро сангсор мекунад…»

Духтарон пеш аз расидани ибни Шамс ба хаймаи худ расиданд. Мокон, ки аз соҳибаш пештар омада буд, аввал хост аз рӯи одат ба сӯи онҳо давида аккос занад, аммо зуд духтарҳоро шинохту ба думликконӣ сар кард. Гулрафтор, ки аз хурдӣ сагу гурбаро дӯст медошт, бо чанд пора нон ва як тағорача шири буз аллакай дили Моконро ҳам ба даст оварда буд…

Пас аз лаҳзае Омина ва шавҳараш ибни Шамс ба хайма даромаданд. Риши тор-тори сафеди пирамард бо чеҳраи сиёҳҷурдаи ӯ дар тазод буда, ба хотири Гулрафтор филмҳои ҳиндиро оварданд, ки аксаран дар он чунин мӯйсафедон нақши хизматгорро бозӣ мекарданд. Чеҳраи ибни Шамс андаке гирифта, вале ҷиддӣ буд:

-Гап ҳамин, минбаъд ҳам чӣ тавре, ки ман гуфтам, ҳамон тавр мешавад: ё баромада меравед ва ё аз рӯи қонунҳои мо зиндагӣ мекунед. Агар хоҳед, ба Омина дар пухутупаз ва ё ҷӯшидану поидани чорво ёрдам мекунед. Агар нахоҳед, рӯзи дароз намоз хонед ҳам майлаш. Лекин ба аҳли қабилаи мо наздик намешавед. Бо ҳамин шартҳо то омадани писаронам аз шаҳр барои зиндагии шумоён дар ин ҷо иҷозат гирифтам. Рахти хоб ва ҷои хобатонро Омина муайян кардагист. Хайр, истодан гиред, канӣ аз Худои Карим чӣ меояд. Ду чизро ба шумо таъкид мекунам, яке он, ки баъд аз кафидани чашми рӯз ман хоби шумоёнро набинам, дигар ин, ки бе ман ба уштурам наздик нашавед, ки пора-пора мекунад. Боқӣ Худо ёратон!

Баъд аз ин суханон ибни Шамс аз дари хайма баромада аз паси корҳои худ рафт. Албина ин суханони ӯро ба Гулрафтор тарҷума карда дар охир гуфт:

-Вот даёт старик. Как будто я его дочь. Посмотрим кто кого…(Гӯё ман духтараш бошам. Хайр мебинем, кӣ киро…)

-Чӣ гуфтӣ духтарам?-бо меҳрубонии хос пурсид Омина.

-Мегӯям, ки ин марди ҳақиқиро дар вақташ аз куҷо ёфта гирифтед. Агар шавҳари ман ҳам ҳамин хел бошад…

Гулрафтор зери лаб табассум кард. Аммо Омина бо ҷиддият гуфт:

-Мо инҳоро не, инҳо моро меёбанд. Дар вақташ ӯ беҳтарин уштуррони ин биёбон буд ва падарам маро бо розигии худам ба ӯ дод. Ҳоло ба ту ҳам як ҷавони ҳаминхела ёфта медиҳам…

-Ташвиш накашед, аз Урал то Баҳри Миёназамин ҳамааш аз они худам…

Гулрафтор, ки ин мубоҳисаи онҳоро каму беш мефаҳмид, танҳо зери лаб табассум кард. Оминаи бечора Уралу Баҳри Миёназаминро аз куҷо медонад…

Ҳамин вақт шиками ӯ ба ҷунбиш даромад ва рангаш канд. Омина ин ҳолати   Гулрафторро зуд ҳис намуда, ба зери биқини ӯ як кӯрпаро кашид ва ишора намуд, ки якпаҳлӯ хоб равад.

-Ту ба куҷо рафта будӣ? Охир дуҷон буданатро медонистӣ, чаро кори вазнин кардӣ?

-Ӯ ягон кори вазнин накардааст. Ҳамроҳи ман ба як баландича баромаду фаромад…

-Агар ту ҳам дуҷон бошӣ, он баландича бароят кӯҳ мешавад.

-Вакте, ки ман ҳомила будам, то чормоҳагиаш хизмати чанд мардро мекардаму боз ташнаи кор будам..

-Чӣ кор?

-Ҳмм, чӣ кор мешуд, «майнаашонро мешустаму киссаашонро холӣ мекардам». Ана чӣ кор…

-Албатта ин ягон кори сабук будааст- дия…

-Барои ман сабук, аммо барои онҳо он қадар не…

Ҳарчанд дарди шикам Гулрафторро андак безобита карда бошад ҳам, аммо ӯ аз ин «муколамаи ду кар», ки ҳамдигарро гӯё мефаҳмиданду аммо дар асл Омина чизеро намефаҳмид, дар дил хеле завқ бурд ва бо овози хаста гуфт:

-Ну, ты даёшь Албина…Не надо издеваться над старухой.

-Ана дидӣ, духтарак ҳазён гуфта истодааст. Зуд хезу ҷойгаҳи ӯро парто ва агар ягон ҳодиса шавад, ба ман хабар деҳ…

-Албатта, хайр шаби хуш. Ман худам ӯро нигоҳубин мекунам, Ту зуд рафта ба бағали мӯйсафедат даро, мабодо каси дигар соҳиб нашавад…

Шаби биёбон фаро расида буд ва тифли панҷмоҳа низ гӯё инро ҳис карда бошад, ба оҳистагӣ дар батни модараш ором мешуд. Дарди шиками Гулрафтор ҳам сокит мегардид. «Барака ёб, акнун хоб кун»-дар дил илтиҷо мекард духтари дурафтодаи кӯҳистон ба пораи якҷояи қалби худ ва он касе, ки сабабгори пайдоиши он шуда буд. Аз дур садои шағолон шунида мешуд, ки ба он гоҳ-гоҳ Мокон беҳавсала ҷавоб медоду боз якпаҳлӯ меафтид.


Салим барои хатои ҳамонвақтааш худро сарзаниш мекард, ҳарчанд хуб медонист, обе, ки аз ҷӯйбор ҷорӣ шуд, дигар пас намегардад. Акнун бояд аз паси ислоҳи хатои гузашта шуд…

 


Моҳи мунир як гӯшаи биёбонро равшан карда буд. Ҳарчанд моҳи октябр бошад ҳам, дар ин биёбон кадом фасли сол буданашро аниқ кардан душвор буд. Гоҳ-гоҳ як борони гарм меборид, вале он ҳам ба зудӣ мемонд.

Аллакай чор моҳ боз Гулрафтор ва Албина дар хаймаи ибни Шамс зиндагӣ мекарданд. Албина дар ин муддат пинҳонӣ чанд нафар ҷавони қабилаи банни Ушроро «аз роҳ бароварда» буд. Тарси сангсор шудан ҳам садди роҳи ин духтари «ташнаи ишқ» шуда натавонист. «Ман ба ин мамлакат пулкоркунӣ омадам, на ин ки бузчаронӣ» мегуфт ӯ ба эроди Гулрафтор.

Албина шабона пинҳонӣ аз Омина ва ибни Шамс ба наздикии қароргоҳи қабила, ба ҷои ваъдагӣ меомад ва бо ҷавонон ишрат менамуд. Ӯ нархномаи худро дошт ва ҳарчанд ҷавонони безани қабила он қадар доро набошанд ҳам, дар муддати чор моҳ қариб ду ҳазор доллар «кор карда буд».

Гулрафтори ҳомила бошад, рӯзона каму беш ба корҳои Омина ёрӣ мерасонду шабона вақте, ки Албина «ба шикор» мебаромад, ба осмони пурситораи мулки бегона нигариста, ватанашро ёд мекарду тақдири ояндаи тифлашро андеша менамуд ва ҳар шаб Шайх Салимро хоб медид, ки дар паси сафедорзори паси хонаи дар деҳабудаашон бо ӯ рустшаваконбозӣ мекард. Омина намегузошт, ки ӯ ба кори сангине даст занад. «Ту ба ҷои ин корҳо ба хайма дарою Қуръон хон» мегуфт ӯ. «Қуръон хондани зани ҳомиладор ба тифли ӯ таъсир мекунад ва тифл солиму боақл хоҳад шуд». Вай доим Албинаро ҷанг мекард, ки Қуръон намехонаду ба бузҳо ҳам дуруст нигоҳ намекунад. «Ту бояд ин корҳоро ёд гирӣ, Худо медонад писарони ман кай аз шаҳр меоянд. Мумкин ягон ҷавони қабила ба ту хостгор шавад. Ман туро ба шавҳар медиҳам, шояд дигар ёди шаҳр накунӣ…» Ҳарчанд Гулрафтор, ки дар ин муддат забони арабиро андак омӯхта буд ва озодона гуфтугузор карда метавонист, ба Омина мефаҳмонд, ки Албина аз дини дигар аст ва онҳо Қуръон намехонанд, кампир ба гапи худ истодагарӣ мекард. Ӯ намефаҳмид, ки ба ғайр аз дини ӯ боз дар рӯи дунё динҳои дигар ва бединҳо ҳам ҳастанд. Албина гоҳ -гоҳ барои он, ки Омина нафаҳмад, ба забони русӣ гузашта ӯро масхара мекард. «Эх, милая старушка, ты откуда знаешь? Уже половина ваших мужиков моя…» (Эҳ, кампирҷон, ту аз куҷо медонӣ? Аллакай нисфи мардони қабила аз они ман) мегуфт.

-Духтарам, дугонаат чӣ мегӯяд?- мепурсид кампир

Гулрафтор аввал бо забони русӣ Албинаро коҳиш мекарду баъд мегуфт:

-Ӯ ватанашро ёд кардааст, барои ҳамин кам - кам ғами дилашро бо забони худ мегӯяд…

-Хайр, зиқ нашавад. Дар ин ҷо ба шавҳар набарояд ҳам майлаш. Писаронам, ки омаданд, зуд бо онҳо ӯро ба шаҳр мефиристам…

Аммо дар ин чор моҳ ҳанӯз аз писарони ӯ ягон нафараш ҳам боре ба бошишгоҳи қабила наомада буданд. Дар ин муддат аҳли қабила аллакай ду бор макони худро дигар карданд, вале манзараи ин биёбон дар ҳама ҷо яксон ва дилгиркунанда буд. Ҳарчанд Албинаю Гулрафтор аз кишварҳои табиатан зебо ба ин ҷо афтода бошанд ҳам, то андозае ба табиат ва урфу одати арабҳои кӯчманчӣ одат карданд. Табиати инсону ҳайвон ҳамин тавр аст, ба ҳама чиз одат мекунад. Саги ибни Шамс-Мокон, ки дар аввал онҳоро қариб пора карда буд, ҳоло дӯсти наздики Албина шуда, дар «сафарҳои шабона» ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ҳарчанд ин сафарҳои хатарноки ӯро пайваста Гулрафтор маҳкум мекард ва аз дугонааш хоҳиш менамуд, ки паи дарёфти маблағ ҷони худро ба хатар наандозад, аммо вай гӯш намекард.

-Коре мекунӣ, ки ягон рӯз ҳардуямонро сангсор мекунанд…,- бо андӯҳ мегуфт Гулрафтор.

-Агар ту тарафи маро гирӣ, ман ҳеҷ гоҳ ба даст намеафтам. Охир агар як сум ним сум пайдо кунам, барои ҳардуямон- ку? Мабодо ба шаҳр афтем, ин маблағ даркор мешавад…

Гоҳ- гоҳ агар шабона Омина ба хабаргирии онҳо омада Албинаро намеёфт, Гулрафтор бо ҳар баҳона сабаби асосии набудани дугонаашро пинҳон мекард. Боре қариб асрори Албина кушода шуда буд.

-Дар хаймаи шумо аз куҷо бӯи атр пайдо шуд? Охир дар ин макон аз атр нишонае ҳам нест, шумоён онро аз куҷо гирифтед?...

Забони Гулрафтор гиреҳ баст, вале Албина бепарвоёна ҷавоб дод:

-Либосҳои ҳамроҳ овардагиамро тагурӯ кардем, аз куҷое як шишача атр пайдо шуду онро истифода бурдем…

-Ҳа фаҳмидам, мани пир бошам, ҳайрон шудам.

Ба гӯшаи хаёли Омина ҳам наомад, ки онҳоро вақте, ки шавҳараш аз зери қум бароварда овард, ҳамроҳи худ ягон хел либоси зиёдатӣ надоштанд…

-Духтар, ягон рӯз сарамонро ба бод медиҳӣ…,- баъд аз рафтани Омина гуфт Гулрафтор ба дугонаи айшпарасташ…

Ҳанӯз Албина фурсати ҷавоб додани эроди Гулрафторро накарда буд, ки вай шикамашро дошта, ба замин якпаҳлӯ зад. Рангу рӯяш парида буд.

Гулрафтор оҳиста нолиш карда бо ду даст шиками калонашро молидан гирифт

-Ҳа, ба ту чӣ шуд?

-Аз афташ вақташ расид…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
маводҳои монанд
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...(қисми2)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми4)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми3)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми5)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми6)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми7)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми8)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми10)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми11)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми8)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми13)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми14)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми15)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми16)