arzon replenishment
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
13.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3232


(Идомааш)
Намедонам аз Ҳиндустон ё Бангладеш буд. Баъд ӯро ба кадом як қабилаи дигар фурӯхтанд ё ба чизе иваз намуданд…Бечораро ҳар шаб азоб медоданд…

-Албина, бигӯ, ки инҳо чаро мардуми дигарро ба ғуломӣ гирифтор мекунанд? Магар дар ин ҷо милиса ё суду ҳукумат нест?

-Ту аҷаб содда будаӣ. Ҳамааш ҳаст. Аммо дар ин ҷо не, дар шаҳрҳои калон. Ин қабилаҳо ба ҷуз ба сардори худ дигар ба касе итоат намекунанд. Ҳатто шаҳрванди кадом давлат буданашонро худашон ҳам намедонанд. Мисли лӯлиҳои мо. Фақат ҳамин, ки худро пайрави дини ислом мегӯянд. Ҳарчанд ман дар як соли дар байни онҳо буданам ба ғайр аз ду се нафар дигар касеро надидаам, ки намоз хонда бошад. Дар шумо панҷ вақт намоз мехонанд ку… Дидӣ ку, арабҳои ҳақиқӣ аз инҳо дурӣ меҷӯянд. Аҷаб зиндагии сагона… Аз афташ дар тӯли асрҳо ба ин одат кардаанд. Инҳо, ки яроқ доранд, ҳатто ҳукумат ҳам ба онҳо сар ба сар шудан намехоҳад. Гоҳ- гоҳ ягон намояндагони ҳукумат бошишгоҳҳои ин қабилаҳоро дар ин биёбони беканор пайдо карда, онҳоро ба зиндагии доимӣ дар як ҷои муайян даъват мекунанд ва боз ду-се нафар духтур омада саломатиашонро месанҷанду бо ҳамин тамом. Агар дар қабила мо барин ғулому канизҳо бошанд, онҳоро ҳамчун коргарони кироя мегӯянд ва ҳад дорӣ, ки забон кушоӣ, ҷо ба ҷо мепарронанд. Ба фикрам, агар фаҳманд ҳам, ҳамон намояндаҳои ҳукумат аз инҳо ришва мегиранду гӯё чизеро надида бошанд, бозпас мераванд. Барои ҳамин каллачаи зебои худро бо ин андешаҳо пур накуну хоб рав. Худат ҳамаашро оҳиста-оҳиста мефаҳмӣ…

-Ман дар ин ҷо дер истоданӣ нестам. Мегурезам…

-Ҳа-ҳа-ҳа… Ба куҷо? Ин ҷо хонаи бобоят нест, инро Саҳрои Араб мегӯянд. Аз як гӯшааш то гӯшаи дигараш ҳазорон километр. Ғайр аз ин, ин ғулҳои биёбонӣ изи калтакалосро пайдо мекунанду изи туро не? Дар як лаҳза дарёб мекунанду ана баъд онаи зоратро нишон медиҳанд. Эҳ худо нишон надиҳаде…

Аз ин суханони Албина дили духтар сахт ба фишор омад. Магар ӯ ба дӯзах афтид? Барои кадом гуноҳаш? Наход роҳи халосӣ набошаду якумр дар байни ин мардуми саҳроӣ умри худро дар хорию зиллат ва таҳқири ҳаррӯза гузаронад? Худовандо, чаро халқам кардию ба ин биёбон афкандӣ? Акнун роҳи халосиро ба ман нишон деҳ…

…Аммо аз берун фақат садои «фур-фур» бинниафшонии уштурон, аксаю сулфаи посбони хайма ва садои истгоҳи барқии дизелӣ, ки ба чанд хайма барқ медод, шунида мешуду халос…

                                                  ***

…Шайх Салим баробари ба фурӯдгоҳи байналмиллалии ба номи Шарл де Гол фаромадани тайёра, ба офиси дар Париж будаи худ занг зада, аз масъули корҳои худ пурсид, ки ҳисоботи пурраи корҳояшро тайёр кунад ва дар бораи ширкатҳои нафтфурӯшии Шайх Абдулло ва Шайх Саид маълумот ба даст орад, ки бо кадом ширкатҳои нафтхару нафткоркунии Фаронса шартнома доранд. Баъд аз фориғ шудан аз додани супоришҳо ӯ аз бари дар дохили лимузинаш буда як шиша гирифта, аз он ба қадаҳ рехту ба ронанда ба забони фаронсавӣ фармон дод:

-Ба офиси марказӣ…

Ин лаҳза Шайх Салим ба он ҷавонмарде, ки чанд рӯз пеш дар соҳили Баҳри Сурх бо арӯси худ сайр мекарду ба гӯши ӯ афсонаи муҳаббат мехонд, тамоман монад набуд. Ҳоло ӯ шереро мемонд, ки ба оҳистагӣ, вале пайваста сайди худро думболгирӣ мекунад. Дар чашмони ӯ оташаке барқ мезад, ки пинҳон карданаш душвор буд. Шайхи Тиллоӣ дар вақти парвоз ба хулосае омад, ки барои ба қалби ӯ корд заданашон аз ин ду шайхи беномус-Абдулло ва Саид қасос гирад. Чунон қасос гирад, ки то охирин рӯзи умрашон аз ёдашон набарояд. Дар ҷаҳони тиҷорати нафт ин ҳарду шахсиятҳои барҷаста набошанд ҳам, намоён буданд. Аммо сармояи ҳарду якҷоя чанд миллион доллар бошад ҳам, ба сармояи ширкати Салим баробар шуда наметавонист. «Агар нисфи дороиям равад ҳам, ман онҳоро муфлис мекунам, зеро шайхҳо қонуни нонавиштаро зери по намуда, ба номуси ман дастдарозӣ карданд. Онҳо рӯҳи маро аз ҷисмам ҷудо карданд. Онҳо Гулрафтори маро, ки Худованд бароям ато карда буд, аз ман рабуданд. Барои ин корашон дар ин дунё аввал дар назди инсонҳо баъд дар назди Худо ҷавоб хоҳанд дод…»

Салим, ки дар ҷаҳони тиҷорати нафт вазни хоси худро дошт ва аз устодони пуртаҷрибаи ин соҳа таълим гирифта буд, медонист, ки Абдулло ва Саидро чӣ гуна ба зону шинонад. Ӯ медонист, ки дар байни тоҷирони нафт гапаш мегузарад. Медонист, ки Шайх Талал низ ба ӯ кӯмак мерасонад. Вакте, ки лимузин аз наздикии манораи Эйфел мегузашт, гӯё ин манора гунаҳгори рабуда шудани Гулрафтор бошад, сар боло карда ба тори он нигоҳ карда бо овози нимшунаво гуфт:

-Ҳоло ист, чунон кунамат, ки бо ду зону ба наздам хазида оӣ…

Ронандаи фаронсавӣ, ки арабиро намедонист, аз ғурунгоси хӯҷаини худ чизе нафаҳмида пурсид:

-Меғсӣ, ҷаноб чизе гуфтанд?

-Не, ҳамту…Зудтар ба офис расон…

Аз паси лимузин мошине, ки дар он ҷондорони шайх менишастанд, заррае ҳам дур нашуда меомад. Шайхи Тиллоӣ муҳофизони сарсупурдаю таълимдидае дошт, ки ифтихори ҳар сарвари давлат буда метавонист. Аммо ин шайхи қудратманд ҳоло ҳамчун кӯдаке, ки аз дасташ бозичаи дӯстдоштаашро гирифтаанд, сахт ба ғазаб омада буд ва акнун медонист, ки ин ғазаби худро ба сари ки равона кунад.

…Гулрафтор ва Албина давоми як ҳафта дар хайма бо бузғолаҳо якҷоя зистанд. Дар ин муддат ба онҳо хӯроки нисбатан беҳтар медоданд, то ки ба қавли Забарҷад «ба чашми харидорон маъқул шаванд». «Харидорон» гуфта, ӯ онҳоеро дар назар дошт, ки дар пойгаи уштурон ширкат меварзиданд ва бояд медонистанд, ки барои кадом мукофот уштурҳои худро зери обу арақ мемононанд. Албинае, ки ба қавли худаш то ин вақт дар муддати як сол хӯроки хубро танҳо дар мавриди ба сардори қабила маъқул шудан тановул мекард, андак «хун давонда буд». Аммо Гулрафтор баръакс, баъд аз зиндагии хуб ва тановули хӯрокҳои беҳтарин он қути лоямуте, ки дар ин ҷо медоданд, ба назараш мисли юндии ҳайвон менамуд ва хеле кам истеъмол мекард.

-Эй духтар, ту чаро ин қадар кам мехурӣ? Гумон мекунӣ, ки ин камхӯрӣ ягон чизро тағйир медиҳад ва раҳми аҳли қабилаи Ассағрро меораду онҳо туро бо ду дасти адаб ба очаҷонат бурда месупоранд ва ё шайхро ба ин ҷо даъват карда арӯсашро ботантана ба оғӯши ӯ мепартоянд? Хестӣ, ки хобат…Ин қабилаи нимваҳшӣ ба ҳамқавмони худ раҳм намекунанду ба ману ту тараҳҳум менамоянд? Ана ҳамин Забарҷад ҳам араб аст, аммо ӯро аз қабилаи дигар ба ивази қарз гирифтаанд. Мегӯяд, ки бародаронаш аз аҳли ин қабила қарздор шуда, ӯро ба сардор тӯҳфа кардаанд. Хезу кам-кам хӯрок хӯр. Агар ҳоло шайхи ту туро дар ин аҳвол бинад, аз ҳафт маҳаллаат безор мешавад…

Албина баъд аз гуфтани ин суханон аз китфи лоғаршудаи Гулрафтор гирифта ӯро ба дастурхон наздиктар кашид. Худи Гулрафтор ҳам медонист, ки аз ин гуруснанишинӣ ягон ҳосиле нест. Аммо дилаш чизе накашад, ӯ чӣ кор кунад?

Аз дари хайма «номашро гиру гӯшашро каш» гуфтагӣ барин Забарҷад сар халонда гуфт:

-Тез дастурхонатонро ғун карда тайёр шавед, ҷаноби сардор меояд. Ӯ мехоҳад, ки   пеш аз пойгаҳи пагоҳина мукофотҳои беҳтаринеро, ки ба тӯи писараш тайёр кардааст, аз назар гузаронад.

Чашмони Албина милтирос заданд ва биқини Гулрафторро пучида ба забони русӣ гуфт:

-Боз коре карда кӯшиши ба сардор маъқул шуданро накун, ки имшаб ман мехоҳам серӣ хӯрок хурам. Ғайр аз ин, чанд вақт боз оғӯши мардро надидаам,-қиқиррос зада хандид ӯ,-Договорились да, сестрёнка?

Гулрафтор, ки аз ин гуфтаҳои Албина чизе нафаҳмида буд, беихтиёр бо аломати тасдиқ сар ҷумбонд.

Пас аз соате сардори қабилаи Ассағр Аш-Шаҳиқ аз дари хайма дохил шуд ва аввал бузғолаҳои паси дарро бо нӯги асочаи дар даст доштааш дӯстдорӣ карду баъд ба духтарони дар рӯ ба рӯяш истода нигоҳ андохт. Албина қасдан пешобағали дамидаашро ба намоиш гузошта, бо чашмони осмонранги худ беибо ба ӯ нигоҳ мекард. Гулрафтор сарашро ба замин хам карда худро дар зери нигоҳи озмоишкоронаи Аш-Шаҳиқ ноҳинҷор ҳис менамуд ва гӯё ҷой мекофт, ки мисли тортанаки аз шуъои офтоб гурезон пайкарашро пинҳон кунад. Аммо ин ба ӯ муяссар намешуд. Аш-Шаҳиқ пас аз муоинаи духтарон ба Забарҷад нигоҳ карда пурсид:

-Чаро инаш мисли чӯби саксаул қоқ шудааст? Ё хӯроки ӯро худат хӯрдию ба ӯ чизе надодӣ? Рӯзи хариданам анча дилкашу тоза буд, ҳоло бин чӣ аҳвол дорад? Гӯё дар ин як ҳафта луқмае ба даҳон набурдааст…

Забарҷад дасту по хӯрда нимғурма гуфт:                                                            

-Ҳама чиз медодам. Худаш чизе намехурад. Ана бинед, инаш анча фарбеҳ шудааст ку…,-ба Албина ишора кард Забарҷад.

Аз фурсат истифода бурда Албина, ки забони онҳоро хуб медонист, пасу пеши худро ба сардор намоиш додан гирифт. Ин бозии ӯ ба Аш-Шаҳиқ маъқул шуду бо табассум рухсораи Албинаро оҳиста пучида гирифт ва ба Забарҷад гуфт:

-Имшаб ин кабудчашмакро ба посбонони ман деҳ, ки ба хаймаам баранд. Пагоҳ агар ӯро дар пойгаҳ кадом нафаре аз қабилаҳои дигар соҳиб шавад, дигар ба оғӯш гирифта наметавонам. Биё, боз як бори дигар аз ин дарёи кабуд об нӯшам…

-Маро ба каси дигар надиҳед, бузургвори ман. Мехоҳам якумр ҳамроҳатон бошам. Ман ҳамеша ба хизмататон тайёр…, -бо як меҳрубонии сохта ба забон овард Албина.

-Туро ман нағз мешиносам. Дар байни мардуми мо гашта аз онҳо тамаллуқи сохтакорона ва муҳаббати бемуҳаббатро нағз омӯхтаӣ. Ҳалолат бод. Ба ҳар ҳол сохта бошад ҳам, ба ман муҳаббат дорӣ. Майлаш, имшаб ҳам ҳамроҳи ман бош, пагоҳ дар пойга касе, ки туро соҳиб шавад…Аммо,-боз ба Забарҷад нигарист сардор,-Ана ин афғондухтарро то пагоҳ ба шакли одам дароред, ки дар назди қабилаҳои дигар бо ин мукофотамон шарманда нашавем…

-Ӯ афғон не, тоҷик, -сардорро ислоҳ карданӣ шуд Албина

-Чӣ фарқ дорад, форс дия…

Сардор дигар суханро бо онҳо ғоз надода, аз дари хайма берун шуд ва ба атроф нигарист. Дар ду рӯзи охир сафи хаймаҳои бошишгоҳи онҳо хеле афзуда буд. Қабилаҳои дуру наздик барои дидани тӯи писари сардори қабила ва ширкат намудан дар пойгаи уштурони бидав дар атрофи бошишгоҳ гирд омада, хайма зада буданд. Сафи ин хаймаҳо соат ба соат меафзуд ва мошинҳо зиёди ҳарҷогард низ атрофи бошишгоҳро ҳалқавор печонда гирифта буданд. Сардор аз тамошои ин манзара лаззат бурда, худ ба худ изҳори қаноатмандӣ намуд:

-Пагоҳ пойгаи хубе мешавад. Агар тӯфони биёбонӣ нашавад, уштурҳои ман ҳамаро ба қафо мегузоранд. Овозаи тӯи ман ба ҳафт иқлим паҳн мешавад…

…Субҳи дигар садҳо уштури бо ҳазор ранг орододашуда дар майдони ҳамвори регӣ паҳлӯи ҳам қатор истода интизори оғози пойга буданд. Дар баландие чанд мошини боркаши паҳлӯяшон кушода, ки дар болояшон мукофотҳои соҳиби тӯй   барои ғолибон бор карда шуда буданд, меистоданд. Дар байни ин мошинҳо боз як мошини дигаре ҳам меистод, ки махсус оро дода шуда буд. Дар болои он бузургони қабилаҳои даъватшуда дар болои курсиҳои пастаки маъмулӣ нишаста, бо ҳам сӯҳбат доштанд. Бачаи тахминан 14-15 солае офтобаи қалёндорро бо навбат ба назди онҳо мебурд ва эшон бо такаббури махсус аз он дуд мегирифтанд ва ба сӯҳбати худ идома медоданд. Одатан дар чунин маъракаҳо қабилаҳои кӯчӣ байни ҳам бисёр масъалаҳоро ҳаллу фасл менамуданд. Аз ҷумла, масъалаи чарогоҳ барои чорво, самти ҳаракати онҳо барои дарёфти чарогоҳи хуб, муносибат бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҳамин гуна ҷамъомадҳои ғайрирасмии сардорони қабилаҳо   дида баромада мешуд, то ки байнашон муноқишае ба амал наояд. Мувофиқи анъанаи ҳазорсола сарони дигар қабилаҳо дар як ҷо ҷамъ шуда, омадани соҳиби тӯйро   интизор мешуданд. Инак, садои паррон- паррони автоматҳо ба ҳаво аз омадани сардори қабилаи Ассағр Аш-Шаҳиқ хабар дод ва ӯ савори лимузине, ки ба он чархҳои махсуси баланди биёбонгард шинонда шуда буд, ба ҷои мусобиқа ҳозир шуд. Мувофиқи таомул ӯ аз мошин поин фаромада, ба воситаи зинапоя ба назди меҳмонон баромад ва ҳар кадомеро ба оғӯш кашида хайра мақдам гуфт. Баъд ба курсии барои ӯ тайёркардашуда нишасту даст ба дуо бардошт. Аҷибаш ин, ки сабабгори ҳақиқии тӯй-писари сардори қабила ҳаққи ширкат дар ин нишастро надошт ва бояд дар қатори мардуми оддӣ мусобиқаро тамошо мекард. Баъд аз ба охир расидани пойга ӯро барои никоҳ кардан ба хаймаи арӯс мебурданд ва домод шаби аввалро бояд дар он ҷо мегузаронд.

Дар ин гуна ҷашнҳо ва тӯю сур байни мардуми кӯчӣ уштурон савдо мешуданд ва онро як навъ бозори онҳо низ гуфтан мумкин буд. Аммо ба чӣ арзидани соҳиби тӯйро мукофотҳое, ки ӯ барои ғолибон омода менамуд, муайян мекард. Агар соҳибтӯй чандин телевизори ранга ва уштурбачаро барои мукофот пешкаш кунаду як канизро не, ин тӯйро тӯй ҳисоб намекарданд. Чунин тӯй танҳо хоси мардуми на он қадар доро буд. Аммо сардори қабилаи ассағр худро чунин намеҳисобид ва ҳоло ду канизи зеборухе, ки ӯ барои мукофот ба соҳибони уштурони ғолиб муайян намуда буд, дар болои яке аз ин мошинҳо, ки дар паҳлӯи мошини меҳмонони олиқадр қарор дошт, интизори соҳибони худ буданд. Албина, ки имшабро бо сардори қабила якҷо гузаронида буд, ба чеҳраи баъд аз орою торои Забарҷад, ки изи хастагию ғами Гулрафторро устокорона пинҳон карда буд нигариста гуфт:

-Ҳоло мебинем, ки кадомамон насиби кӣ мешавем. Ман худо мегӯям, ки ягон уштури сардор ғолиб ояду боз дар ҳамин қабила монам…,-маълум буд, ки ӯ аз шаби гузаронидааш бо Аш-Шаҳиқ розист,-Ҳарчи ҳам набошад ӯ марди ҳақиқист…

Аммо ба дили Гулрафтор ин суханон намеғунҷиданд ва ӯ ба тақдири минбаъдаи худ бетараф буд. Худро дар байни амвоҷи баҳри нопайдоканор ғарқшуда меҳисобид ва барояш фарқ надошт, ки дар кадом гӯшаи ин баҳр ғарқ мешавад. Ӯ лоқайдона ба ҳаёҳӯи атроф менигаристу ҳайрон буд, ки ин мусобиқа то андозае ба маъракаи бузкашии ватани ӯ монанд аст. Аммо дар он ҷо аспҳо ширкат мекунанду ин ҷо уштурон.

Роҳбари мусобиқа бо баландгӯяк оғози даври аввали пойгаро эълон намуд ва гурӯҳи уштурони ҷавон, ки дар ин давр ширкат мекарданд аз масофаи хеле дур чангро ба ҳаво хезонда ба сӯи марра давиданд. Пас аз дақиқае уштури ғолиб муайян гардида, соҳиби он як телевизори калонҳаҷм мукофот гирифт. Баъд ҳамин тавр, чанд давр паси сар шуд ва соҳибони уштурҳои ғолиб аз телевизору барқзои дизелӣ сар карда, то соҳиби мошини сабукрав шуданд. Ниҳоят барандаи мусобиқа эълон кард, ки дар ин давр канизаки аврупоинажоди чашмкабуд ба мукофот гузошта мешавад. Сарони қабилаҳо ба ҷунбиш даромаданд ва хизматгорони худро даъват намуда супориш медоданд, ки уштурҳои беҳтаринро ба пойга бароранд. Онҳо ҳақ доштанд, ки рафта рӯи мукофотро боз намоянд ва ба чигунагии он баҳо диҳанд. Агар лозим донанд, уштури давандтарини худро ба майдон мебароранд, агар не ягон уштури қаториро. Сарони қабилаҳо бо навбат ба мошини паҳлӯяшон гузашта чодарро аз сари Албина ва Гулрафтор бардошта онҳоро тамошо мекарданд. Аксари онҳо вақте, ки ҳусни нотакрори духтари кӯҳистонро медиданд, беихтиёр «воҳ» гуфта, аз баҳри Албина мегузаштанд ва ба мусобиқа барои гирифтани ӯ уштурони миёнақуввати худро гузоштанд. Ин буд, ки даври мусобиқа барои дарёфти Албина на он қадар   пуршиддат гузашт ва як уштури оддии сардори қабилаи Ассағр бе мушкилӣ соҳиби он шуд. Албина аз хурсандӣ Гулрафторро ба оғӯш кашид ва вақте, ки аз болои мошин поин мефароварданд, ба гӯши ӯ гуфт:

-Подожди сестрёнка, ещё на твоем свадбе потанцуем…(Тоқат кун, хоҳаракам, ҳоло дар тӯи ту хоҳем рақсид…)

Гулрафтор беихтиёр ҷавоб дод:

-Моя свадьба уже прошла…

Акнун навбат ба давре расида буд, ки дар он беҳтарин уштурҳо барои мукофоти калонтарини ин пойга-Гулрафтор бояд қувва меозмуданд…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД