Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми16)
17.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3382


(Идомааш)
…Субҳи дигар Салим бо рӯҳи нисбатан болидатаре аз хоб бедор шуд. Хоб дида буд, ки падараш як даста нонро гоҳ ба ӯ дароз мекунаду гоҳ пас мекашад. Айни авҷи ин хоббинӣ буд, ки соати телефони дастиаш ӯро бедор карду нафаҳмид, ки падар нонро ба ӯ дод ё не…

…Дар майдони ҳавоӣ ду чархболи хурд интизори Шайхи Тиллоӣ буданд ва ибни Розӣ ба кормандони худ дастур медод. Пас аз чанд дақиқа ин чархболҳо аз майдон боло шуда, ба самте, ки онро дар харита сардори хадамоти бехатарӣ нишон дода буд, ба парвоз даромаданд.

Биёбон пас аз тӯфони шабонаи регӣ як андоза назаррабо менамуд. Офтобе, ки аз паси уфуқ аллакай як қади найза боло шуда буд, аз баландии тақрибан ҳазор метр ҳар як буттаи ин биёбонро равшан менамуд ва азбаски чархбол ба муқобили самти ҳаракати он парвоз мекард, як андоза он ба нозирони ҳавоӣ халал ҳам мерасонд. Аммо Шайх Салим фурсати ба ин чизҳо аҳамият доданро надошт ва дар курсии мулоим нишаста, ба уфуқи биёбон менигаристу андеша мекард: «Аҳволи ту дар ин биёбон чӣ шуд? Эҳ, кабӯтараки лонагумкардаи ман. Чаро ҳамон вақт ман худро аз ту дур гирифтам? Чаро туро дар паҳлӯям гирифта нагаштам? Шарм аз он кардам, ки дигарон маро барои ин ишқи кӯдаконаам айб мекунанд? Бигзор айб кунанд буд. Ҳоло ягонтои он айбҷӯйҳо магар ба дарди ман даво шуда метавонанд?» Шояд ин бори ҳазорум буд, ки Салим барои хатои ҳамонвақтааш худро сарзаниш мекард, ҳарчанд хуб медонист, обе, ки аз ҷӯйбор ҷорӣ шуд, дигар пас намегардад. Акнун бояд аз паси ислоҳи хатои гузашта шуд…

…Пас аз 15-20 дақиқаи парвоз ибни Розӣ аз кабинаи пилот баромада ба Шайхи Тиллоӣ гуфт:

-Ҳоло дар зери пои мо як бошишгоҳ намудор аст. Аммо дақиқан маълум нест, ки ин бошишгоҳи қабилаи «Ассағр»…бошад. Чӣ кор кунем?

-Дар наздикии ин бошишгоҳ ба замин шинед. Чархболи дуюмро гӯед, ки нанишаста дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад.

-Ман аллакай ин супоришро додам. Аз Шумо як хоҳиш, вақте, ки чархбол ба замин менишинад, аз он то замоне, ки ман даъват накунам, берун наоед. Дар ин ҷо акнун ман фармон медиҳам, -бо қатъият изҳор намуд ибни Розӣ…

-Ман итоат мекунам,- ноилоҷ розӣ шуд Салим. Ӯ мефаҳмид, ки ибни Розӣ вазифаи ба ӯ супоридашударо иҷро мекунад ва аз ин чиз хафа шудан лозим нест…

…Чархбол чангу реги биёбонро ба ҳаво бардошта, дар як канори бошишгоҳ ба замин нишаст. Як муддат пеши тирезаи онро торикӣ фаро гирифт ва баъд аз чанд лаҳза пардаи чангу хок бардошта шуду суроби одамони яроқнок, ки яроқи худро дар ҳолати омодабош қарор дода буданд, намудор шуд. Ибни Розӣ дари чархболро боз намуда, мунтазири зинапоя нашуда худро ба боли реги мулоим партофт…

Дар атрофи ибни Розӣ зуд чанд нафар аз яроқдорони қабилаи «Ассағр» хозир шуда, ӯро ҳалқавор печонида гирифтанд. Дар паси онҳо сардори қабила Аш-Шаҳиқ интизори он буд, ки ин меҳмонони нохонда чӣ мехоҳанд.

-Ба ман сардор даркор…

-Ту худат кистӣ ва чаро чархболатонро дар ин ҷо фуруд овардед?-пурсид дар навбати худ як тан аз аҳли қабила

-Ман намояндаи Шайх Салим. Ҳамон Шайхи Тиллоӣ. Нафареро меҷӯем, ба мо гуфтанд, ки ӯ дар байни шумост…

Бо шунидани номи Шайхи Тиллоӣ   вуҷуди Аш-Шаҳиқ ноаён ларзид, вале худро нигоҳ дошта пештар омад:

-Ман сардори қабила. Дар байни мо каси бегона нест. Одами шумо зан аст ё мард?

-Зан, гӯё ӯро ба шумоён ҳамчун каниз фурӯхтаанд…

Шаҳиқ андак таваққуф карду баъд гуфт:

-Мо чанд каниз доштем, аммо онҳоро дар тӯи писарам, дар пойгаи уштурон мукофот мондем. Касоне, ки ғолиб омаданд, онҳоро гирифта бурданд.

-Чӣ ном доштанд канизони шумо?

-Ман аз куҷо медонам? Харидему мукофот мондем. Ба ҷаноби шайх расонед, ки дар байни қабилаи мо алҳол ягон каниз ва ё шахси бегона нест…

Ибни Розӣ муддате ба Шаҳиқ ва одамони яроқнокаш синчакорона нигоҳ кард ва сипас гуфт:

-Шумо ин гапро худатон ба ӯ мерасонед…

-Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Зуд аз ин ҷо равед, ки мо ҳаққи оташ кушоданро дорем,- иддао кард Шаҳиқ.

Баробари шунидани ин суханони сардори қабила аз дохили чархбол чор нафар мардони ҳузарб берун баромаданд, ки сар то по мусаллаҳ буданд.

-Рафтани шумо шарт нест. Худи Шайх дар ҳамин ҷо. Ба дохили чархбол дароед…

Бо шунидани ин ҳарфҳо пойҳои Аш-Шаҳиқ ба ларза даромаданд, аммо худро ба даст гирифта бо овози ларзон ба зердастонаш фармон дод:

-Яроқҳоятонро поин кунеду маро интизор шавед. Ман писари Шайхи Бузургро зиёрат кунам…

Ӯ бо кӯмаки нафарони ибни Розӣ худро ба дохили чархбол гирифт ва то ҷое, ки муҳити танг имкон медод, таъзимкунон ба нишастгоҳи Шайхи Тиллоӣ наздик шуд. Аммо ибни Розӣ ӯро дар масофаи муайян нигоҳ дошт. Аш-Шаҳиқ дузону нишаста садо баровард:

-Салом ба шумо, ҷаноби шайх…Ман сардори аҳли «Ассағр» ҳастам. Чӣ хизмате бароятон кунам?

Шайх Салим ба чеҳраи аз бодҳои биёбону офтоби сӯзон суфташудаю симои саҳроии ӯ як нигоҳ карду гуфт:

-Маълум, ки маро мешиносӣ ва аз қудратам хабардор ҳастӣ. Биё, росташро гӯй, ки он занро чӣ кор кардию ҳоло дар куҷост?

-Ҷаноби Шайх. Се моҳ пеш ду нафар одамфурӯшон аз Дубай як духтари афғон ё ирониро ба назди мо оварда фурӯхтанд. Ман ӯро ҳамроҳи як канизи дигари аврупоиям барои мукофоти пойгаи уштурон, ки ба муносибати тӯи писарам баргузор менамудам, нигоҳ медоштам. Баъд онҳоро уштурронҳои қабилаҳои дигар дар пойга бурд карданд ва ҳамроҳи худ гирифта бурданд. Ҳоло намедонам дар куҷост…

-Он афғондухтар чӣ ном дошт?

-Намедонам, аммо хеле зебо буд…

Пас аз шунидани ин суханон дили Салим якбора раг зад…

-Ӯро чанд бор бо худ ҳамхоба кардӣ?

Ба бадани Аш-Шаҳиқ рашъа дамид, аммо ҳамаи иродаашро якҷо карда гуфт:

-Ягон бор. Вай духтари ғаюр ва ҳатто бо зӯрӣ ба ӯ даст ёфтан мушкил буд. Ғайр аз ин, ман фурсати ин корҳоро надоштаму машғули тайёрӣ ба тӯй будам. Канизаки аврупоие доштам, ки барои чунин корҳо истифода мебурдам…

-Дурӯғ нагӯй

-Ба Қуръон қасам. Бовар накунед, аз хизматгоронам дар танҳоӣ пурсед…

-Ту чаро аз он ҳарос дорӣ, ки ман туро барои ҳамхоба шудан бо як каниз ғазаб мекунам? Чӣ, аз ягон ҷо ягон гап фаҳмидӣ?..

Аш-Шаҳиқ фаҳмид, ки худаш бо ҳаяҷони аз ҳад зиёдаш асрорашро фош намуд ва дигар ҷои инкор намондааст. Зери лаб ғурунгос зад:

-Бале, ҷаноби Шайх. Фаҳмидам, ки он зан аз ҳарами Шумо будааст. Аммо хоҳед, ба ҳамаи муқаддасот қасам мехурам, ки дар қабилаи мо на ман ва на каси дигаре ба ӯ дастдарозӣ накардааст… Ӯ ҳатто қариб чанд нафари моро кушта буд. Як нафарро захмӣ ҳам кард, ки ҳоло дар бистар асту сиҳат нашудааст.

-Ту гуфтӣ, ки ӯро дар пойга мукофот додӣ, боз ин тавр мегӯӣ…Кадомаш рост?

-Росташро гӯям, қабилаи моро ором мегузоред?

-Агар росташро гӯӣ…

- Баъд аз тӯй хостам, ки ӯро барои худ монам. Аммо дар лаҳзаи охирин аз забони канизам ва худи ӯ фаҳмидам, ки ин зан аз ҳарами шумост…

-Аз ҳарам не, зани шариатии ман аст,- сухани ӯро бурид Шайх Салим.

-Ҳа, худи ӯ ҳам ҳамин тавр гуфт. Вақте, ки инро фаҳмидам, аз ғазаби Шумо тарсида, ӯро ҳамроҳи ҳамон канизи аврупоӣ ба мошине савор карда гуфтам, ки ба шаҳр баранд. Аммо як ҳафта мешавад, ки на аз мошин ва на аз онҳо дараке нест…

Инҷо Аш-Шаҳиқ дурӯғ мегуфт. Ӯ Гулрафтору Албинаро ба шаҳр не, барои аз худ дур кардан ба самти дигар ва ба қабилаи дигар равона карда буд.

Салим баъд аз иқрори Аш-Шаҳиқ андаке андеша карда ба ибни Розӣ супориш дод:

-Ба кадом тараф рафтани мошинро аз ӯ дақиқ пурсида, нишонаҳои мошин ва нишонаҳои ронандаи онро гир. Инро   ҷавоб деҳ, агар як суханаш дурӯғ барояд ва ё фаҳмам, ки нисбати ҳамсари ман муносибати дағалонаю ваҳшиёна кардааст, аҳли қабилаашро нобуд кун…

-Ташаккур, ҷаноби Шайх. Бовар дорам, ки канизатонро меёбед. Аз ман нисбати ӯ ҳеҷ зулме сар назадааст…,- ин лаҳзаҳо Аш-Шаҳиқ рӯбоҳеро мемонд, ки назди Шоҳи Ҳайвонот-Шер ҳисобот медиҳад…

-Забонатро ғунда газад, каниз не, ӯ зани ман аст! Зудтар аз пешам дафъ шав, ки боз аз раъям нагардам…

…Чархбол боз аз замин боло шуда, ба чархболи дигаре, ки дар ҳаво чарх мезад, ҳамроҳ шуд ва онҳо ба самте, ки Аш-Шаҳиқ нишон дода буд, парвоз карданд. Дар замин сардори қабилаи «Ассағр» ҳамроҳи муҳофизони худ оҳи сабук кашиданд…

…Парвоз қариб як соат боз идома дошт, аммо на бошишгоҳи дигаре ва на ягон нишонае аз мақсад ба назар намерасид. Тафси биёбон баландтар шуда, парвози чархболҳоро душвор мегардонд ва лётчикҳо ҳар замон аз ин ба ибни Розӣ хабар мерасонданд. Ӯ ҷуръат карда ба Шайхи Тиллоӣ, ки сахт ба андеша рафта буд, оҳиста гуфт:

-Ҷаноби Шайх, лётчикҳо аз мушкилоти парвоз ва ба охир расидани сӯзишворӣ хабар расонда истодаанд…

-Майлаш, гӯй ба қафо баргарданд. Кофтуковро вақти дигар идома медиҳем…

Ҳанӯз фурсати чунин супоришро ба лётчикҳо расондан нашуда, пилоти чархбол бо ҳаяҷон фарёд кард:

-Дар замин мошинеро мебинам, лекин ҳаракат намекунад. Ба он ҷо фароям?

Ҳама ба шишаҳои паҳлӯии чархбол часпиданд ва ибни Розӣ супориш дод, ки дар назди мошин ба замин шинанд…

…Манзарае, ки онҳо диданд, даҳшатовар буд. Мошини Тоётаи боркаш, ки бо чархҳои биёбонгард муҷаҳҳаз буд, қариб, ки то нисф зери қуми биёбон монда буд. Дар назди кабинаи мошин ронанда дароз мехобид ва вақте, ки сарнишинони чархбол ба он наздик шуданд, аз назди ӯ шағоли саҳроии лошахӯре лабу даҳонашро лесида - лесида бо дили нохоҳам дур шуд. Аз бӯи ғализи атроф ба ҷасади ронанда имкони наздик шудан набуд. Аммо бо амри ибни Розӣ зердастони ӯ даҳони худро бо матоъҳо баста, мошинро кофтанд. Аз он ба ҷуз чанд канистраи холӣ ва либосҳои кӯҳна дигар чизе пайдо накарданд.

-Бечора, аз ташнагӣ мурдааст…

-То обаш тамом шудан аввал сӯзишвории мошинаш ба охир расидааст…

-Аз маргаш чор панҷ рӯз гузаштагӣ барин,-чунин буд хулосаи онҳое, ки манзараи марг дар биёбонро аз наздик мушоҳида мекарданд. Аз рӯи ҳамаи нишонаҳо ин ҳамон мошин ва ҳамон ронандае буд, ки Гулрафтор ва Албинаро бояд ба қабилаи дигар бурда мефурӯхт. Ҳарчанд атрофро кофтанд, дигар нишонаи касею чизеро пайдо карда натавонистанд.

-Дар вақти ба фалокат дучор шудани ронанда бо ӯ каси дигаре набуд,-хулоса кард ибни Розӣ.

Шайх Салим баъд аз дидани ин манзара сахт музтар шуд ва ҳарчанд суханони охирини ибни Розӣ дар дили ӯ шӯълаи умедро бедор карда бошад ҳам, аммо бо як оҳанги ҳузномез гуфт:

-Ин ришта ҳам дар ҳамин ҷо канда шуд. Нӯги дигари он дар куҷост?...

Дар ҷавоб ибни Розии ҳамадон ҳам хомӯш монд, вале туфанги як зердасти худро гирифта, ба сӯи шағоли мурдахӯр, ки дар болои теппаи регӣ нишаста оромона рафтани одамонро интизор буд ва мехост базми худро идома диҳад, тир кушод. Шағол як аз ҷои худ ба боло париду баъд аз болои теппа сарозер ғелида ба доманаи он расид ва дигар наҷунбид… Имшаб худи ӯ сабаби базми ҷамшедии дигарон хоҳад шуд…

...Се рӯз боз Гулрафтор ва Албина дар қароргоҳи қабила қарор доштанд. Барои онҳо мӯйсафед хаймаеро дар паҳлӯи хаймаи бузурги худ сохта дод. Дар дохили он барояшон шароити оддии зиндагии арабҳои бидавиро муҳайё сохту гуфт:

-Ман намедонам, ки шуморо Худо барои чӣ ба ин ҷо оварду ба дасти ман супурд. Алҳол дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан гиред. Агар хоҳед, ба корҳои кампири ман кӯмак расонед, агар ба ягон ҷо рафтанӣ бошед, чор тарафатон қибла. Аммо дидед, ки дар ин биёбон касеро, ки ҳиллаю найранги онро намедонад, чи интизор аст. Ман гумон намекунам, ки ронандае, ки шуморо ба ин ҷо овард, сиҳату саломат рафта расида бошад. Зеро сӯзишвориаш кам буд. Ман ба ӯ кӯмак расонда натавонистам. Агар мурда бошад, ҷояш ҷаннат шавад. Агар зинда расад ҳам аз мурда бадтар аст...

...Гулрафтору Албина баъд аз он, ки маҳшари биёбон қариб ҷонашонро гирифта буд, дар давоми ин се рӯз кам - кам ба худ омаданд. Зани араб- Омина дар ин муддат онҳоро танҳо бо шири буз табобат мекард. Вакте ки бори аввал ӯ ва шавҳараш онҳоро аз болои уштури ба замин нишаста базӯр фароварда ба хайма кашола карда дароварданд, Омина пиёлаи ширро ба назди Албина гузоштаистода гуфт:

-Ман намедонам ту забони моро мефаҳмӣ ё не, вале дар гӯшат нигоҳ дор, ки шири буз беҳтарин даво аст. Мурдаро зинда мекунад. Ман бо ин шир ду писарамро парвардам, ки ҳоло дар шаҳрҳои калонанд. Мегӯянд, ки дар он ҷо мисли шумо духтарони аз дигар қабилаҳо омада бисёранд...

Омина, ки дар умри худ ба ҷуз уштуру буз ва аз як манзил ба манзили дигар кӯч бастан дигар чизеро надида буд, гумон мекард, ки миллату давлатҳо ин қабилаҳоянд.

-Дар қабилаи ту ҳама ҳамин тавр чашмони осмонранг доранд? Дугонаат хеле зебо будааст. Дар умрам касеро бо чунин абрую бо чунин лабу рухсор надидаам. Агар писари ман ҳамин хел зан мегирифт, соҳиби чи хел набераҳои зебо мешудам! Э, ҳа ту забони моро ку намедонӣ, мани пир чи гуфта истодаам...

Албина баъд аз он, ки аз шири фораму гуворои навҷӯш ду-се қулт гирифт, бо ҳамон чашмони осмониранг ба Омина нигариста гуфт:

-Дар қабилаи мо аксари мардум ҳамин хел чашм доранд. Ман забони шуморо мефаҳмам. Дугонаам ҳарчанд чашму абруи зебо дошта бошад ҳам, забони шуморо кам-кам мефаҳмад. Набераҳои зеборо ман ҳам зоида дода метавонам. Акнун, иҷозат диҳед, ки мо пас аз "экскурсияи уштуракӣ" бо шавҳари шумо, камтар истироҳат кунем, вагарна бо шири буз ё бе он ин дунёро тарк мекунему гуру кафани мурдаамон ба сари шумою шавҳаратон боз як бори зиёдатӣ мешавад...

Омина як қисми ин суханони Албинаро фаҳмида бошад ҳам, оҳанги гиллаю истеҳзои онро дарк кард ва "хайр дам гиретон" гуфта аз дари хайма берун шуд. Аз паси ӯ боз овози Албина баланд шуд:

-Ба мӯйсафедатон расонед, ки ронандаи моро ба наздамон роҳ надиҳад, вагарна гулӯяшро медарронем...

...Аз ин ҳодиса се рӯз гузашт ва акнун духтарон дар хаймаи "шахсиашон" паи ба сомон овардани зиндагии нобасомони худ буданду Албина ғут-ғут мекард:

-Худо бадтарин махлуқони худро дар ин дузах ҷой медиҳад. Инро бин, на ба ҷое рафта мешаваду на тани гармеро оғӯш гирифта. Боз моро ба маконе овард, ки дар он ғайр аз як мӯйсафеди тароша ва кампири бадафти ӯ дигар касе нест. Дар ин дӯзахи зиндаҳо ҳамин тавр мурда меравему касе хабардор намешавад...

-Беҳуда нолиш накун, ин мӯйсафеду кампираш моро аз марги яқин наҷот доданд. Боз бароямон сарпаноҳ доданд. Ду дақиқа пештар шири бузро ҳай -ҳай гуфта нӯшидӣ. Чаро ношукрӣ мекунӣ?

-Ба чияш шукр кунам?! Ман ба ин кишвари лаънатӣ барои пул кор кардан омада будам, на барои биёбон ба биёбон гашта таърифи ҳусни туро аз арабҳо шунидан...

Маълум буд, ки суханони Омина дар рӯзи аввали ба ин ҷо омаданашон дар мавриди ҷамоли Гулрафтор ҳанӯз дар хотири Албина будааст. Гулрафтор дугонаи аз ишқварзӣ хастанашавандаашро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Чашму қоши ман, ки ба мисли онҳо сиёҳ аст, гумон мекунанд, ки аз ту зеботарам. Дар асл, ту аз ман сад бор хушрӯйтар ҳастӣ. Аммо дар ин биёбон ҳусни ману ту ба кӣ даркор?

-Ба кӣ даркор? Ман меёбам, ба кӣ даркор буданашро. Хаймаҳои мӯйсафед аз қабилааш дуртар бошанд ҳам, ба он ҷо рафтан мумкин- ку? Он ҷо албатта ҷавонмардони дар орзуи бағали зани бегона буда кам набудагистанд. Магар ман як сол дар ин ҷо омадани писарони мӯйсафедро интизор шуда мешинам, ки кай маро ба шаҳр мебаранд? Не, хестаст, ки хобаш...

-Намебинӣ, ки мӯйсафеду занаш одамони тақводоранд. Онҳо ин корро таҳаммул карда наметавонанд. Биё мон, бе бало шинем. Ягон зан ҳоло аз набудани мард намурдааст...

Ин суханонро гуфтаистода, худи Гулрафтор беихтиёр ишқи аввалину охиринашро ба ёд оварду дилаш фишурда шуда рафт. Ҳоло Салим дар паи чи кор бошад? Аллакай ӯро фаромӯш карду зани дигареро болои он ду зани аввалааш гирифт? Қасам мехӯрд, ки ту ҳам ишқи аввалину охирини манӣ. Мегуфт, ки зандорӣ дигар асту ошиқӣ дигар. Ё шояд ӯ ҳам мисли мардони дигар ишқро мисли нос танҳо дар даҳонаш нигоҳ медораду пас аз лаҳзае онро туф карда то хумори дигараш ба ёд намеорад? Яъне, ишқи киссагӣ, ҳар вақт лозим шуд, як каш аз он ба зери забон мепартоию кайф мекунӣ, аммо медонӣ, ки онро туф кардан лозим... Не, Салими ӯ ба чунин мардон монанд нест. Ӯ танҳо як бор ошиқ шудаасту аммо ҳам худашу ҳам маъшуқаашро ноком кардааст. Худованд дигар онҳоро бо ҳам меорад ё не, ба ҷуз худаш каси дигаре намедонад. Аммо ҳоло дар зери синаи ӯ порае аз Салим боқӣ мондааст ва он рӯз то рӯз аз худ бештар хабар медиҳад. Чи кор кунад? Ягона нишонаи ишқашро бо худ нигоҳ дораду ба ӯ олами рӯшан ато кунад? Кадом олами рӯшан? Пурсанд, ки ин тифл аз куҷост, чи ҷавоб медиҳад? Магар касе бовар мекунад, ки чунин як шайхи машҳур бо як духтари саҳроии аз хориҷ омада ҳамхоба шуда аз худ нишона гузоштааст? Эҳ, Худованди қодиру пок, ман заррае аз гуфтаҳои ту берун нашудаам ва ин тифл аз шавҳаре, ки худат ба ман расонида будӣ, пайдо шуд. Маро шармандаи ин дунёю гунаҳгори охират накун...

-Чи, ин қадар ба худ гирифтор шудӣ. Гуфти ту дуруст, ношукрӣ кардан даркор нест. Шукр, ки алҳол зинда мондем. Он тарафаш маълум хоҳад шуд. Биё, кампири Омина омада истодааст, камтар ӯро аз мӯйсафедаш пурсон шавем. Аз афташ ӯ ҳамин қоқи тарошаро дӯст медорад...

Омина беовоз аз дари хайма даромада, амонат болои як баста палаткае, ки дар вақти тӯфони регӣ, онро болои бузғолаҳои навзод барои зери рег намонданашон мепӯшониданд, нишаст.

-Мӯйсафеди ман ба назди сардори қабила рафт. Мегӯяд, ки барои зистани шумо дар ин ҷо то аз шаҳр омадани ягон писаронамон иҷозат пурсад. Дар мо то иҷозати сардор набошад, каси бегонаро роҳ намедиҳанд. Чанд сол пеш як духтари кӯчагиро кадом ҷавони қабила оварда буд. Ин духтар мардҳоро аз роҳ баровард. Ана баъд занҳои қабила маслиҳат карда ӯро сангсор карданд. Аз ҳамон вақт ин тараф ба хуни дигарон зомин нашавем гуфта, сардор иҷозати зистани занҳои бегонаро намедиҳад, лекин ӯ дар назди сардор ва аҳли қабила обрӯ дорад. Суханашро рад намекунанду ба шумо иҷозати зист дар байни моро медиҳанд...

Пас аз шунидани калимаи "сангсор" ранги Албина дигар шуд ва ба забони русӣ гуфт:

-Вот это да... Неужели я найду свою могилу среди этих песков?

-Чи гуфтӣ, духтарам?

-Гуфтам, ки мо духтарони боиффат ҳастем ва ғазаби худою занҳои шуморо намеорем...

-Бале духтарҷон, фарзанди мусулмон бояд ҳамин тавр бошад. Агар хоҳед, бароятон аз байни ҷавонони қабила шавҳар ҳам ёфта медиҳам...

-Ташаккур, Омина. (Этого ещё не хватало!) Алҳол нияти шавҳарро надорем. Дугонаам дуҷон аст...

-Аааа, бача аз куҷост?

Гулрафтор сарашро хам карду Албина ба ҷои ӯ ҷавоб дод:

-Шавҳари ӯ дар садама ҳалок гардид. Раҳматӣ бачаи хубе буд...

-Аз даҳонат шамол барад..., - хафа шуд Гулрафтор, ки маънои ин суханонро фаҳмида буд.

-Худо раҳматаш кунад. Дар намози пешин барояш дуо мекунам... Акнун хезед, ҳамин замон мӯйсафеди ман омада мемонад, бузғолаҳоро ба модаронашон макондан лозим. Баъд ширашонро меҷӯшем. Агар шири буз намешуд, шумоён ба ин зудӣ сиҳат намешудетон...
(Идомаашоро фардо соати 21 00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД