Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро дар хориҷа фурӯхтанд (қисми 22)
23.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3236

(Идомааш)
-Ташаккур, шайхи мӯҳтарам. Ҳанӯз шавҳарам қобилияти моро хӯронданро дорад. Мошин вайрон шуду мо дар роҳ мондем. Агар онро дуруст кунад, аз пасамон расида меояд,-гуфт Гулрафтор.

Аммо аллакай дер шуда буд ва араб чеҳраи Албинаро дида, дар паси либоси маъмулӣ ва саҳроии занҳои араб, чӣ касе пинҳон буданашро бо фаросати худ дарёфта буду лаҳҷаи Албина ин тахмини ӯро тақвият мебахшид…

                                           ***  

Дубай. Шаҳри тазодҳо. Шаҳре, ки дар он ҷо метавон аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон одамонро дучор омад. Шаҳре, ки дар он ҷо намояндагони ҳамаи динҳои дунё ва ҳазорон бединҳоро дидан мумкин аст. Шаҳре, ки   масҷид, калисо, бутхона ва синагога метавонанд паҳлӯи ҳам дар як кӯча вуҷуд дашта бошанд ва муллою раввин бо ҳам бо ишораи сар салом диҳанд. Шаҳре, ки метавон дар як соат миллионер шуд ва ё дар як лаҳза дар казино аз тамоми дороии худ маҳрум гардид. Шаҳре, ки дар он ҷо бузургтарин ва порсотарин шайхҳо ва фосиқтарин мардум зиндагӣ мекунанд. Аммо касеро ба касе коре нест. Шаҳре, ки дар тарабхонаҳои он аз рӯи русуми чинӣ мору ҳашаротҳоро бо нархи гӯшношунид фармоиш дода мехӯранду дар тарабхонаи дигар барои ҳалол куштани гӯсфанд аз Макка қассоби касбиеро, ки ба ҳоҷиён қурбонӣ мекушад, меоранд. Дубай шаҳри тазодҳост. Дубай шаҳрбозори ҷаҳонист. Дубай маркази некию бадӣ…Ва ҳамаи ин дар кишваре, ки низомаш исломӣ аст, дар Аморати Муттаҳидаи Араб арзи вуҷуд намудааст…

Албина ва Гулрафтор баъд аз се соати сафар ба қисмати арабнишини Дубай омадА расиданд. Аллакай атрофро торикӣ фаро гирифта буд. Аммо шаҳр мисли рӯз равшан буд ва тамоми кӯчаҳояш нурборон ба назар мерасиданд. Бар замми нурпошии чароғҳо ҳазорон манбаъҳои равшанӣ аз тахтаҳои эълону рекламаҳо ба атроф партавафшонӣ мекарданд. Агар зиёд гардидани шумораи пулисҳо дар назди тарабхонаҳоро ба назар нагирем, шабу рӯз дар ин ҷо як хел ба назар мерасид. Ин хислати шаҳри мазкурро Албина кайҳо боз медонист. Зеро ӯ дар Дубай се сол зиндагӣ карда буд ва табиати ин шаҳру сокинони онро хуб медонист. Медонист, ки аз пулис дуртар будан беҳтар асту ба ошхона наздиктар. Вай табиати меҳмонони Дубайро ҳам хуб медонист ва аксар вакт, замоне, ки дар шаҳр буд, онҳоро маҳз дар назди ҳамин тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо интизор мешуду ба доми худ меафтонд. Ин то даме идома дошт, ки дугонаи наздиктаринаш ба ӯ хиёнат кард ва бо роҳи фиреб пули ӯро соҳиб шуда, худашро овораи биёбон намуд. Албина саргузашти худро борҳо ба Гулрафтор нақл карда буд. Ҳоло бошад, аз ҳама бештар мехост, ки чашмаш ба чашми ҳамон дугонаи хиёнаткораш афтаду аз ӯ қасдашро гирад. Бо ҳамин мақсад ба меҳмонхонаи «Рашен Ҳотел» наздиктар омада аз мошин фаромаданӣ шуд, вале арабе, ки дар дохили мусофирбар ин ду нафарро таги чашм карда буд, хиратар шуда, ҳар замон аз Албина мепурсид:

-Ай хонуми фарангии ман, мо ба манзили шумо наздик шудем?

-Аввал ин, ки ман фарангӣ (аврупоӣ) нестам! Ҳамин замон шавҳарам аз қафои мо мошинро дуруст карда меояд. Он гоҳ мефаҳмӣ, ки мо аз ҷумлаи кадом фарангиён будаем. Барои ҳамин, ҷаноби мӯхтарам ба умеди ману дугонаам нашуда, таноби роҳатонро пеш гиред…

-Ай фарангидухтари зебо. Ман ҳанӯз вақте, ки шумоён ба мусофирбар савор шудед, аз куҷо омада истоданатонро фаҳмида будам. Шумоён аз дасти қабилаҳои кӯчманчии биёбон фирор намудед. Ин аз рафтору кирдор ва либосатон маълум аст. Сар то сари биёбони арабро кофта бароед ҳам, чунин чашмони ҷаззоби каб-кабудро ёфта наметавонед. Барои ҳамин, хонуми мӯхтарам, биёед ба як маслиҳат меоему…

-Майлаш, биёед ба гуфти шумо, ба як қарор меоем. Аммо нархи мо ниҳоят баланд аст ва шумо аз ӯҳдаи иҷрои пардохти он намебароед…

Албина дид, ки ин араб бисёр шилқин аст, ноилоҷ барои аз ӯ халос шудан роҳи муросоро пеш гирифт. Онҳо маслиҳат карданд, ки дар наздикии «Рашен Ҳотел» аз мусофирбар мефароянд. Гулрафтор, ки ин гуфтугузори бо овози паст хеле вақт идома ёфтаистодаи онҳоро мешунид, аз чунин қарордоди дугонааш ба ҳайрат афтода, бо забони русӣ пурсид:

-Ту чӣ кор карда истодаӣ? Мо ба куҷо меравем?

-Ту тоқат карда исто, баъд мегӯям! Аз ин шилқин халос шудан лозим…

Вақте, ки мошин аз меҳмонхона тақрибан 200-300 метр гузашт, дар хамкӯчаи нисбатан торик Албина аз ронанда хохиш намуд, ки мошинро боз дорад. Ронанда мусофиркашро ба як гӯшаи роҳ бароварда, боздошт. Араб бо хурсандӣ аз киссаи куртаи сафеди дарозаш чанд риёлро бароварда ба сӯи ронанда дароз кард ва ба бақияааш ҳам нигоҳ накарда аз мошин фаромад. Духтарҳо низ бо даҳонбанди худ як қисмати рӯяшонро пӯшонида, ба канори роҳ фаромаданд. Баъд аз рафтани мошин Гулрафтор ба қаду басти ҳамроҳи навашон дида дӯхт. Ин як араби кӯтоҳқади чашмкалоне буд, ки сафедии ду бари чашмаш дар равшании чароғҳои канори роҳ бо сиёҳии рухсораҳояш дар тазод буд .

Албина ба араб наздик шуда гуфт:

-Ман гуфтам - ку, нархи мо бисёр баланд аст. Мехоҳӣ, ки бо дугонаам ҳамхоба шавӣ? Биё, як соаташ 500 риёл…

-Эҳе, ин нархи шоҳзодаҳо ку…

-Магар ин аз шоҳзода кам аст?- Албина бо як ҳаракати чолокона рӯйпӯши Гулрафторро аз рӯяш дур кард ва араб, ки барои дурусттар дидани рӯи духтар ба ӯ хеле наздик омада буд, баробари дидани чеҳраи ба таври гӯшношунид зебои Гулрафтор даҳонаш воз монд. Албина низ ба ҳамин умед баста буд ва баробари он, ки араб ба духтар боз ҳам наздиктар омада, ба рӯи ӯ зеҳн монданӣ шуд, бо тамоми қувват ба байни пои ӯ зарбае зад, ки ҳатто зонуи худаш дард кард. Араб танҳо бо овози паст «оҳ» гуфта тавонисту халос. Вай бо ду даст байни пойҳояшро маҳкам дошта, бе овоз ба девор такя намуд ва оҳиста ба замин нишаст. Маълум буд, ки нафасаш дарун задаст. Дар ин миён, Албина дасти Гулрафтори ҳайратзадаро чолокона дошта, бо зарб ба тарафи худ кашид ва ба сӯи кӯчаи нимторик давид. Бо вуҷуди он, ки куртаи дарози арабӣ ба давидан халал мерасонд, онҳо дар чанд дақиқа ин кӯчаро убур намуда, ба кӯчаи дигар гузаштанд. Албина ҳашшосзанон мегуфт:

-Агар сиҳату саломат то хонаи ибни Язид расем, бахудо, ки як саддоллариро худоӣ мекунам…

-Ибни Язидаш кӣ? Боз ягон шаҳватдӯсти дигар?

-Ҳо-ҳо- ҳой. Агар ту ӯро бинӣ, дар бораи ҳисси шаҳват доштани худат ҳам фаромӯш мекунӣ…Қариб расидем,вале рақами хонааш чанд буд?

Албина давидаравон ба рақами ҳавлиҳо, ки ҳам бо англисӣ ва ҳам бо арабӣ навишта шуда буданд, диқат медод. Ниҳоят дар назди яке аз чунин ҳавлиҳо истоду бо дудилагӣ занги онро пахш кард.

Аммо аз дарун садое шунида намешуд. Дили духтаронро сагон тала мекарданд. Ҳар лаҳза пулис пайдо шуданаш мумкин буд. Ҳар як дакика баробари сол менамуд. Ҳамин вақт аввал садои пой шунида шуд ва баъд як табақаи дарвоза кушода шуду саги бузурге худро ба тарафи Албина, ки пеш аз Гулрафтор меистод, андохт…

Албина баробари дидани саг камтар қафотар рафту бо овозе, ки дар он қатъият ҳис карда мешуд, садо дод:

-Шик, ту маро нашинохтӣ? Канӣ, ба қафо гард…

Саг бо шунидани овози шинос дар ҷояш истода дум ликонд. Дар паси ҷонвар зане, ки дар сар чодар дошт ва танҳо ду чашмаш аз паси он милтирос мезад, истода, зиракона ба омадагон менигарист.

-Шумоён кистед? Кӣ даркор?

-Магар саг нагуфт, ки мо кистем? Дар ин хона се соли умри ман гузаштааст. Канӣ ибни Язид?

-Ҳа, кӣ будани шумо акнун фаҳмо шуд. Духтарони шабрави ибни Язид? Магар ҳамаатонро ҳамроҳи соҳибатон ҳабс накарда буданд?  

-Духтарони шабравем ва ё каси дигар кори ту набошад. Беҳтараш гӯй, ки чаро моро ҳабс мекунанд? Духтарони дигар канӣ?

Зан ба ин саволҳои пай дар паи Албина ҷавобе нагуфта дарвозаро пӯшид ва онҳоро ба зери   пешайвон даъват карда, дар сари мизи пастакаке шинонда пурсид:

-Чой ё қаҳва?

-Беҳтараш қаҳва, чанд вақт аст, ки нанӯшидаам.

Зан ба сӯи ошхона рафтаистода роҳравон аз кисаи куртаи дарозаш телефони дастиро гирифта ба куҷое занг зад, ки ин аз назари Гулрафтор пинҳон намонд…

-Бале духтарҷон,- ба атроф нигоҳи озмоишкорона намуда, ба сухан оғоз кард Албина,- Қариб се соли умри ман дар паси ана ҳамин деворҳо гузаштааст. Бегоҳиҳо ба қавли хӯҷаинамон ибни Язид аз ҳамин ҷо «ба шикор» мебаромадему саҳаргоҳон бармегаштем. Агар «кори иловагӣ» барои ягон меҳмони хосса пайдо нашавад, то шаби оянда дам мегирифтем. Албатта, дар «рӯзҳои санитарӣ» ҳам, ки аз он ягон зан халосӣ надорад, бештари умрамон дар паси ҳамин деворҳо мегузашт. Аз корам шикоят надоштам. «Зарплатаам» ҳам ба додани музди ибни Язид ва ҳам ба пулиспулию духтурпулӣ мерасид ва ҳам хеле маблағ ҷамъ карда будам. Аммо, чи хеле, ки борҳо ба ту нақл кардам, бо хиёнати дугонаам Тамара ҳам аз пулам мондаму ҳам ба биёбон бадарға шудам. Акнун, ки халос шудем, аввал Тамараро ёфта, пулҳоямро мегираму ана баъд ба «кори» ҳақиқӣ сар мекунам. Зиқ нашав, Гулрафторҷон дар як сол он қадар пул кор мекунӣ, ки ба ҳафт солат мерасад. Муҳимаш аз биёбон халос шудем. Писаратро бошад, ҳамчун як хоби даҳшаток фаромӯш кун...

Баробари шунидани калимаи «писарат» дили Гулрафтор ҷиғғи карда рафт, аммо сир бой надод. Ин вақт арабзан, ки акнун чодари худро аз сар гирифта буд, ду финҷон қаҳва дар даст ба назди онҳо омада сари миз нишаст. Намуди зоҳирии ӯ далолат аз он мекард, ки синнаш аз сӣ гузаштааст. Ҳаракату рафтораш шаҳодат аз он медодад, ки ӯ сокини муқимии ин ҳавлӣ нест.

-Хӯш, гап зан, ту духтари нав ҳастӣ? Дигарон канӣ? Наход ягон нафар дар «рӯзи санитарӣ» нанишаста бошад?

-Ман намедонам, ки ту киро дар назар дорӣ. Аммо ҳамин қадарашро ба ту мегӯям, ки соҳиби ин хонаро чор моҳ пеш бо айби нигоҳ доштани фоҳишахона ба ҳабс гирифтанд.

-Ибни Язидро? Хобатро ба об гӯй, вай дар боло чунон ёру ошноҳои зиёд дорад, касе пишакашро пишт гуфта наметавонад…

-Ин бор «пишт» гуфтанд ва ҳоло ҳамроҳи «духтаронаш», ки аксарияташон мисли ту хориҷӣ ҳастанд, дар маҳбас нишастааст…

-Пас, худи ту кистӣ?-аз чизе хавотир шуда пурсид Албина

-Кӣ будани маро баъд аз чанд дақиқа мефаҳмӣ…

Албина, ки ин тавр ранг гирифтани корро интизор набуд, як лаҳза ҳайрон монд ва танҳо ҳамин қадар пурсида тавонист:

-Бигӯ, ки Тома, яъне Тамараро ҳам ҳабс карданд?

-Тамарааш кӣ, ман намедонам, аммо медонам, ки шонздаҳ нафарро гирифтанд. Дар байнашон ҳар хел одамҳо буданд, мисли ту чашмкабудҳо, мисли ҳамроҳат чашмсиёҳҳо ва ҳатто ду ҳабаш ҳам буданд…

- Зара ва Шила, аз Судон,- ба ёд овард Албина…

Ин вақт Гулрафтор, ки ба сӯҳбати ин ду нафар ҳамроҳ нашуда, танҳо гӯш мекард, ба ёд овард, ки вақти ба ошхона рафтан ин зан ба куҷое занг зада буд. Вай оҳиста ба тарафи Албина хам шуда бо забони русӣ гуфт:

-Рафтем аз ин ҷо. Ин зан ба сарамон боз ягон балое наорад…

-Бало аллакай омадагӣ барин. Ба ҳар ҳол, қаҳваатро нӯш мехезем…

Арабзан, ки бо гӯшаи лаб табассум карда истода ба ин гуфтугӯи онҳо гӯш медод, бо лафзи шикастаи русӣ гуфт:

-Вы, голубки уже попалис,- баъд бо арабӣ идома дод,- Ман корманди пулиси ахлоқии Аморати Дубай Шамсия бинти Ҳалб, шумо ва шумобаринҳоро дар ин ҳавлӣ чор моҳ боз интизорам. Аллакай то шумо се нафарро дастгир кардам. Ҳоло, ки фурсат ҳаст, қаҳваатонро нӯшида истед ва аз озодӣ нафас кашед. Худо медонад, боз кай чунин кор ба шумоён муяссар мешавад…

Духтарон моту мабҳут чӣ кор кардану чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Ин вақт дар паси дарвоза садои тормози мошин шунида шуд ва ду нафар пулис калтакчаҳои пластикӣ дар даст вориди ҳавлӣ шуданд. Онҳо баробари даромадан ба сӯи Албинаю Гулрафтор рафта, аз камарбанди худ завлона гирифтанду ба дастони онҳо заданд. Шик-саги соҳибхона, ки Албинаро ҳамчун одами худӣ мешинохт, аз ин рафтори пулисе, ки ба дасти Албина завлона мезад, ба ғазаб омада, ба ӯ ҳуҷум кард. Пулиси дуюм, ки аллакай дастони Гулрафторро занҷирбанд карда буд, бо калтакчаи худ ба тахтапушти саг зарба зад. Шик иринҷосзанон ба як тараф рафт, аммо аз он, ки Албинаро ҳимоя карда наметавонад, боз ҳам бештар ба ғазаб омада, бо даҳон калтакчаи ба сараш болонамудаи пулиси дуюмро сахт газида, кашида гирифтанӣ мешуд. Пулиси дигар дид, ки саг ҳеҷ ором гирифтанӣ нест, таппончаашро аз миён гирифта ба ӯ рост кард. Аммо дар як лаҳза Албина худро байни он пулис ва саг гирифту дод зад:

-Саг чӣ гуноҳ дорад? Ӯ ҳам ба таври худ чӣ тавре, ки шумо шоҳ ё амиратонро ҳимоя мекунед, мехоҳад одами ба ӯ маъқулро ҳимоя кунад. Агар ту мардӣ, аввал маро паррон, баъд ба ҳайвони безабон даст бардор…

Ин лаҳзаҳо ӯ ба Жанна де- Арке, ки Парижро аз душманон ҳимоя мекунад, монанд шуда буд ва пулиси ҷавон, ки ин мусаввараро дар куҷое дида буд, табассум карда, яроқашро ба ғилоф андохту гуфт:

-Агар нахоҳӣ, ки ӯ қурбон шавад, фармон деҳ, ки аз мо даст кашад…

-Шик, рафта ба ҷоят хоб кун, инҳо одамони худӣ…

Саг бо дили нохоҳам калтакчаи пулисро раҳо карда, ба гӯшаи дигари ҳавлӣ рафту дар ҷои хоби ҳамешагиаш ҳалқа зад…

Арабзани пулис ҳайрон буд, ки дар чор моҳе, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекард, ин саг ягон супориши ӯро иҷро накарда буд. Инро бин, ки бо як ишораи ин аҷнабидухтари чашмкабуд, ки аз сустии мардон истифода бурда, пул кор мекунад, тайёр аст ҳама корро кунад. Ӯ намефаҳмид, ки саг ҳайвонест, ки дили инсон ва хислати ӯро аз ҳама пеш дарк мекунад. Албина бошад, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ ӯро ба сад кӯи номуродӣ афканда буд, дили бузурге дошт, ки онро борҳо Гулрафтор санҷидааст. Бо чунин андешаҳо Гулрафтор аз паси дугонааш бо дастони баста аз дарвоза берун шуд ва вориди мошини дараш бози пулис гардид. Ин лаҳза манаҳбанди ӯ лағжида аз рӯяш фаромада буд ва рӯи зебояш мисли офтобе, ки аз паси абр берун мешавад, ба дили пулиси ҷавон гармӣ андохт. Ӯ ба ҳамроҳаш нигариста гуфт:

-Бин, чӣ қадар зебо. Наход ҳаминхелаҳо ҳам фоҳиша шаванд?

Ҳамроҳаш китф дарҳам кашида, дасти Гулрафторро боз намуд ва ишора кард, ки рӯяшро то чашмонаш бо манаҳбанд пинҳон кунад. Гулрафтор ин хоҳиши пулисро иҷро кардаистода, боз дастонашро барои завлона задан ба пеш дароз кард. Маълум, буд, ки ӯ ба ин гардиши тақдираш ҳам аллакай тан додааст…  

   Дар боздоштгоҳи занона тақрибан 10-12 нафар ҷавондухтарон дар як утоқи танг нигоҳ дошта мешуданд. Дар назди дари дармадгоҳи камераи нигоҳдорӣ як миз ва дар паси он арабзани қавиҳайкале нишаста, боздоштшудгонро рӯихат мекард.

-Канӣ, гап зан, аз кадом кишвар омадӣ ва чанд вақт шуд, ки дар Дубай ба танфурӯшӣ машғулӣ?- ба забони арабӣ пурсид ӯ аз Албина, ки акнун навбати ба утоқ даромадани ӯ расида буд.

-Аз сайёраи Миррих. Номам Фан-Фан Тюлпан. Аз замони ҳазрати Одам -бо зарда гуфт Албина.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
маводҳои монанд
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми10)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми11)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми13)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми14)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми15)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми16)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми17)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми18)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми19)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми20)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми21)