Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми20)
21.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3189

(Идомааш)
-Пас чаро пеши роҳи Албинаро нагирифтӣ, ки имрӯз занҳои мо аз рафтори ӯ хабардор шудаанд ва ҳоло барои сангсор кардани шумо меоянд?

-Ман ба ин кор ҳақ надоштам. Борҳо гуфтам, аммо ӯ гӯш накард…

-Ана оқибаташ. Акнун аз сад ҷон як ҷонатон ҳам халос намешавад. Чӣ кор кунем, а…,-Омина ин саволро бештар ба худаш медод…

Дар айни авҷи ин моҷаро Албина аз хоб бедор шуду ба русӣ гуфт:

-Почему шума много а драке нет? (Чаро мағал бисёру занозанӣ нест?)

-Сейчас и драка, даже убийство будет. (Ҳозир занозанӣ ва ҳатто куштор мешавад) ,-бо зарда ҷавоб дод Гулрафтор

Ин суханон Албинаро якбора ҳушёр карданду ӯ аз ҷояш парида хест:

-Чӣ гап шудааст?

-Занҳои қабила рафторҳои шабонаи туро бо шавҳаронашон фаҳмидаанд, ҳоло ба ин ҷо меоянд, ки моро сангсор кунанд…

Ранги Албина сап-сафед канд. Ӯро борҳо аз оқибати ин сабукфикриаш огоҳ карда буданд ва медонист, ки рӯзе ба сараш чунин тақдир меояд. Аммо «то омадани табар кунда меосояд» гуфта, аз касабаи худ даст кашиданӣ набуд. Ҳоло бошад, худро гум карда буд ва намедонист чӣ гӯяд.

-Чӣ кор кунем? Шамс дар ин ҷо нест. Агар бошад ҳам, аввал худаш шуморо сангсор мекунад… Чӣ бояд кард?

Ин саволро аллакай Омина садҳо бор дар як лаҳза доду ҷавобе нагирифт.

-Барои чӣ моро? Танҳо маро. Охир гунаҳгор танҳо ман ку?-Албина гиряолуд пурсид аз Омина.

-Чӣ ту гумон мекунӣ, ки онҳо аввал шуморо муҳокима мекунанд, ки кӣ гунаҳгору кӣ не? Хобатро ба об гӯй. Расидан замон мебинанд, ки дар ин ҷо ду зани ҷавони зебо ҳастанд ва ин занҳо шавҳарону бачаҳои онҳоро гумроҳ кардаанд. Барои онҳо дигар чизе лозим нест. Санги биёбон фаровон аст ва то дар зери он гӯр шудан ин сангҳо ба сари шумо фурӯ мерезанд…Агар инсоф кунанд, мани пирро зинда мемонанд, вагарна маро ҳам барои шуморо ҷой доданам сангсор мекунанд…

-Замир чӣ мешавад?-бо таҳлука пурсид Гулрафтор

-Инашро ба ҷуз Худованд каси дигар намедонад…

-Наход ягон роҳи халосӣ набошад?-ашк Гулрафторро гулӯгир карда буд.

Албина манзараи сангсори худашу дугонааш ва тифли хурдсолу кампири бегуноҳро тасаввур карда истода, маҷоли суханронӣ надошт. Ҳазорон бор аз карда пушаймон буд, ки на танҳо худаш, боз се ҷони бегуноҳро низ зери хатар қарор дода буд.

Баногоҳ Омина фарёди шодиёна баровард:

-Роҳи халосиро ёфтам. Фақат шумоён аз гапи ман набароед ва ҳар чи мегӯям қабул кунед…

Омина ба духтарҳо наздик шуда гуфт:

-Худи ҳозир ман ба шумо хӯрду хӯрок ва об мегирам. Тайёр шавед, мегурезед. Вагарна на шумо ва на ман зинда нахоҳем монд…

-Замир чӣ мешавад, Замир…?-мисли мурғи посӯхта Гулрафтор дар атрофи Омина парвонавор чарх мезад…

-Ту чӣ, девона шудӣ? Ҳоло ғами худатро хӯр, ки пас аз як соат ин ҷо ба арасот табдил меёбаду мурдаатро шағолони биёбон мехуранд. Замир дар ҳамин ҷо мемонад. Ғами вайро ман мехурам. Зуд бош, ки бо фаро расидани торикӣ қотилони шумо ин ҷо пайдо мешаванд…

-Ман бе Замири худ ба ҳеҷ куҷо намеравам. Бигзор маро дар ҳамин ҷо кушанд, вале фарзандамро ба касе намедиҳам. Мурем ҳам як ҷо мемурем…,-нола кард Гулрафтор.

Омина, ки интизори чунин ранг гирифтани корро надошт, аз китфи Гулрафтор гирифта, ӯро ба замин шинонд ва бо як оҳанги модарона гуфт:

-Духтарҷон, ҳеҷ кас туро аз Замират ҷудо карданӣ нест. Агар ҳоло шумо аз ин ҷо нагурезед, он ваҳшиҳо ҳамаамонро, аз ҷумла Замирро ҳам зери сангборон мегиранд. Аз сад ҷони худату писарат як ҷонатон ҳам халос намешавад. Мани пирсол дар байни ҳамин қабила ба воя расидаам ва ба чӣ қодир будани занҳои ин қабиларо медонам. Мардон бошанд, барои халосии шумоён дасташонро болои даст намегузоранд. Расми инҳо ҳамин хел. Агар мард ё занеро бо хиёнат дастгир кунанд, тақдири ӯро ба занҳо месупоранд. Занони инҳо бошанд, дар бераҳмӣ ҳамто надоранд...

-Охир ман ягон гуноҳе на дар назди зан ва на дар назди мардони қабилаи шумо надорам…

-Ман инро нағз медонам, духтарҷон. Аммо рафтори дугонаат онҳоро сахт ба ғазаб овардааст. Баъзе аз мардони қабила рӯирост иқрор шудаанд, ки бо Албина ҳамхобагӣ доштаанд. Магар баъд аз ин, ҷони шумо дар амон мемонад? Ту ҳоло бо Замир ба куҷо меравӣ? Ба биёбони бе обу бе дарахту ободӣ? Пас аз як рӯзи сафар на дар синаат шир мемонаду на дар даҳонат нам. Онгоҳ чӣ кор мекунӣ? Тани беҷони ӯро ба хоки биёбон месупорӣ? Дар назди худованд чӣ ҷавоб медиҳӣ? Магар ин рафторатро, ки дидаю дониста тифли бегуноҳро ба марги яқин тела медиҳӣ, Худо мебахшад? Ҳаргиз. Алҳол Замирро бо ман гузор. Вақте, ки ин балоҳо паси сар шуд, бармегардию ӯро сиҳату саломат аз дасти ман мегирӣ. Ҳоло ибни Шамс нест ва ӯ барои дидани галаи уштурони худ рафтааст. Шояд пагоҳ баргардад. Ман бо ӯ маслиҳат карда туро ба назди сардори қабила мефиристам. Шояд бегуноҳ будани туро дар назди ин қабила исбот карда тавонад. Он гоҳ бемалол омада бачаатро мегирӣ. Ту медонӣ, ки ман Замирро аз худат дида зиёдтар дӯст медораму ба ӯ нигоҳубин карда метавонам. Аллакай ӯ ба шири буз одат кардааст ва бо ҳамин шир ӯро тарбия мекунам. Агар аҷал амон диҳаду аз дасти ин занҳои ваҳшӣ халос шавам, ӯро чун гавҳараки чашм эҳтиёт хоҳам кард …Ҳоло, ки дер нашудааст, зуд аз ҷоят хезу ба сафар тайёр шав…

Албина, ки ҳамаи ин гуфтугозорро бо сари хам гӯш карда меистод, хам шуда Гулрафторро ба оғӯш гирифта аз ҷояш хезонд ва бо чашмони ашкбор гуфт:

-Ҳамаи ин балоҳо аз барои ман ба сари тую бачаат омад, азизакам. Ин гуноҳи ман буд, ки туро гӯш накардам ва тақдири талхамонро боз талхтар кардам. Агар тавонӣ, маро бубахш. Агар набахшӣ ҳам норозӣ нестам. Зеро ба ин ҳақ дорӣ. Ҳоло, ки ҳаёти ҳамаамон дар зери хатар аст, биё ба гуфтаҳои ин зан гӯш деҳ ва ҳарчи мегӯяд, иҷро кун.Илоҷи дигар надорем. Биё сари пурғурбатамонро ба сӯи биёбон барем. Ё бахт ба рӯямон механдаду аз ин варта наҷот меёбем. Ё дар он ҷо хӯроки лошахӯрон мешавем. Барои ман аз ин ҷо монда зери санги занҳои қабила шудан, дар биёбон аз ташнагию гуруснагӣ мурдан беҳтар аст…

Гулрафтор, ки дар миёни обу оташ монда буд, чӣ гуфтанашро намедонист. Дар ин байн Омина аллакай ду борхалтаи мувофиқро, ки шавҳараш барои сафар ба мағзи биёбон доимо ҳамроҳ мегирифт, пайдо карда, ба дохили он нони тобагии арабӣ ва ду зарфи обдорро гузошт.

-Обу нонро зиёдтар ҳам гирифтан мумкин, аммо тарс аз он дорам, ки бо бори вазнин агар ин занҳо аз паи шумо шаванд, дастгир карданашон мумкин. Худованд кариму раҳим аст ва ҳеҷ бандаро ноумед намегардонад. Таваккалатонро ба Худо карда рафтан гиред, ба ягон манзили обод мерасед…

Гулрафтор тифли хобидаи худро аз хайма ба берун бароварда, намедонист бо ӯ чӣ кор кунад. Гоҳ ӯро сахт ба оғӯш гирифта аз рӯйҳояш мебусиду гоҳ кӯшиш мекард, ки ба даҳони бачаи хобида пистонашро гузошта ба ӯ шир диҳад. Аз ин рафтори модар Замир бедор шуда ба гиря сар кард.

-Бачаро азоб надеҳ, ҳамин бача бачаи туст ва онро касе аз ту гирифтанӣ нест. Худо амон диҳад, ба наздикӣ боз ӯро ба оғӯш мегирӣ…

Баъд аз ин Омина аз дасти Гулрафтор боэҳтиёт Замирро гирифт.

…Аммо аз ин се нафарон касе намедонист, ки ин вохӯрӣ баъд аз солҳои тӯлонӣ дар ҷои дигар ва шароити дигар ба вуқӯъ хоҳад пайваст…

…Омина Гулрафтору Албинаро саросема мекард.

-Шояд баъд аз соате онҳо ба ин ҷо расанд. Интизори торик шудани ҳавоянд. Зуд бошед, ки ҳарчи зудтар аз ин макон дур шавед. Аз рӯи гуфти ибни Шамс аз ин ҷо то роҳи калон якшабонарӯзӣ роҳ аст. Агар шабона роҳ гардед, шояд рӯзи дигар ба он ҷо расед. Обу нонатон то он ҷо ба фикрам, мерасад…

…Аввал Албина ва баъди он Гулрафтор борхалтаҳои худро аз замин бардоштанд. Аммо Гулрафтор дубора борхалтаашро ба замин гузошта гуфт:

-Ман намеравам. Кушанд ҳам дар ҳамин ҷо ҳамроҳи бачаам кушанд…

Омина, дубора бачаро ба дасти Гулрафтор дода гуфт:

-Маҳ гир, ана бачаат. Нигоҳ карда шин, ҳозир омада аввал дар пеши назарат Замирро ва баъд худатро зери сангборон мегиранд. Ба хуни ҳамин кӯдак   ту зомин мешавӣ…

Албина ҳам борхалтаи худро ба замин гузошта ба назди Гулрафтор омад ва сари ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Агар раҳми худатро нахурӣ, раҳми ҳамин кӯдакро хур. Намон, ки ӯ ҳанӯз нашукуфта хазон шавад. Ман аз мурдан наметарсам ва ҳамроҳи ту ин ҷо он тақдиреро, ки насиб кардааст интизор мешавам. Аммо дар он дунё ба Шайхат чӣ мегӯӣ? Мегӯӣ, ки бачаатро худат бо дасти худат ба коми аҷал тела додӣ?

Гулрафтор бо ашки шашқатор Замирро дубора ба дасти Омина дод ва аз гарданаш занҷиреро, ки Шайх Салим ба ӯ тӯҳфа карда буду онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард, бароварда ба гардани Замир андохт.

-Омина, ту дар ин муддате, ки моро паноҳ додӣ бо мо ҳамчун модар рафтор намудӣ. Акнун умедворам, ки бачаи маро ҳам то омадани ман ҳамин тавр эҳтиёт мекунӣ. Ин занҷир охирин нишона аз падари ӯст. Эҳтиёт шав, ки гум нашавад. Боқӣ Замирро ба ту ва туро ба Худованд месупорам…

…Духтарон ин дафъа бо қатъият борхалтаҳои худро ба киф гирифта ба самте, ки Омина нишон дода буд, равон шуданд. Мокон, ки то ин дам дар атрофи онҳо дум ликконда мегашт, аз паси онҳо равон шуд. Ҳарчанд Омина ӯро даъвати баргаштан мекард, гӯш намедод. Духтарон ҳам ӯро сиёсат карданд, аммо маълум буд, ки нияти баргаштан надорад. Ду зан ва як саг ба самте, ки дар он ҷо афтоб ғуруб мекард, равона буданд ва пас аз чанде Омина ба ҷуз се нуқтаи сиёҳ дар биёбон дигар чизеро намедид. Замир бедор шуда, бо даҳон пистони модар мекофт. Омина ба зудӣ шишачаи пластикиеро, ки дар даҳонаш чочак дошту пур аз шири навдӯшидаи буз буд, ба даҳони тифл расонд. Замир бо ҳаловат шалаппосзанон ба макидани он сар кард. Аз дур садои ғавғою мағали занҳои зиёде, ки ба тарафи хаймаҳои ибни Шамс меомаданд, торафт баландтар мешуд. Мокон набуд, ки ба пешвози онҳо барояд…

Садои пурвоҳимаи занҳо ва ғулғулаи онҳо торафт наздиктар мешуд. Омина дар назди духтарҳо худро нотарс гирифта буд, вале баъд аз рафтани онҳо мисли мурғи парканда чӣ кор карданашро намедонист. Гоҳ ба дохили хайма медаромаду гоҳ зуд мебаромад ва бо наздик шудани тӯдаи занҳои пурмағал инону ихтиёри худро аз даст додан мегирифт. Ниҳоят ба хулосае омад, ки ин тӯдаи ваҳшигаштаро бе он, ки ба онҳо ягон зарра тарсу ҳароси худро нишон диҳад, пешвоз мегирад. Бори дигар ба хайма даромада, Замирро ба оғӯш гирифт ва дар интизори тақдири худ ба дари хайма рост шуд…

   Дар байни арабҳои саҳроӣ бисёрзанагӣ он қадар маъмӯл набуд. Зеро тарзи зиндагии саҳроӣ аксари онҳоро маҷбур мекард, ки бо як зан иктифо кунанд. Занҳои қабилаи «Бани Ушро» баъд аз он, ки дар бораи ҳамхобагии як зани аҷнабӣ бо мардони қабилаи онҳо овоза паҳн шуд, қиём намуда, хостанд он аҷнабиро ба ҷазои аъмолаш расонанд. Занони қабила бар зидди он ду зане, ки худо медонад аз куҷое пайдо шуда, мардони онҳоро беҳудагард карда буданд, киём намуданд ва пеши роҳи онҳоро на мардҳояшон ва на каси дигар гирифта наметавонист. Мардон аз тарси он, ки ба тарафдории фоҳишаҳо айбдор нашаванд, хомӯширо ихтиёр карда буданд. Занҳо бошанд, аз фурсат истифода бурда, дар назди шавҳарони худ собит намудан мехостанд, ки соҳибони ҳақиқии шавҳаронашон мебошанд. Дар ин кор онҳо аллакай таҷрибаи кофӣ доштанд. Чанд сол пеш як нафар аз ҳамқабилаҳои онҳо аз шаҳр чунин як занро оварда буд, вале баъди он, ки асрор фош гардид, занон дар як шаб ӯро ба саҳро кашида, аз рӯи русуми қадимаи худ сангсор   намуданд. Субҳи дигар ҷои сангсоршудаи он бадбахтро ҳатто худи ҷазододагон пайдо карда натавонистанд. Аз рӯи адолат мебуд, агар он мардеро ҳам, ки ин зани бахтбаргаштаро аз шаҳр ба ин ҷо, ба хотири маишати худ ва ҳамтабақонаш оварда буд, сангсор мекарданд. Аммо дар ин биёбон қонунҳои худӣ амал мекарданд ва кадом ҷазо одилона асту кадомаш золимона худи сокинонаш муайян менамуданд.

Вақте, ки тӯдаи бағазабомадаи занҳои қабила ба хаймаҳои ибни Шамс расиданд, торикӣ ба пуррагӣ фарогири биёбон шуда буд. Дар дасти баъзе аз занҳо фонусҳои барқӣ ва дар дасти қисмати дигарашон машъалҳои нафтӣ буд. Зани аз ҳама пеш- пеш омадаистода -умми Форуқ, ки «пешво»-и дигарон буд, баробари ба масофаи овозрас расидан фарёд кард:

-Канӣ, Омина, «меҳмонони» намакзадаи худро ин ҷо барор! Вақту соаташ расид. Наход ту, ки мӯи худро дар байни мо сафед кардаӣ, иҷозат додӣ, ки ин ҳаромон мардони моро бероҳа кунанд?

Омина бо як салобати ба худ хос, ки дар ин лаҳзаҳо Худованд ба ӯ ато карда буд, Замир дар бағал пеш баромаду оромона гуфт:

-Умми Форуқ, ту як умр маро мешиносӣ, авлоду асҳоби марою шавҳари маро медонӣ. Ҳаргиз ягон нафаре аз мо ба чунин бешарафӣ роҳ надода буд. Он ду нафареро, ки ту мегӯӣ 8-10 моҳ пеш як шаб Худо ба ин ҷо расонд ва дар ин муддате, ки бо мо буданд, аз онҳо ягон ҳаракати беҷоеро мушоҳида накардаем…

-Дар назди Худо дурӯғ нагӯй Омина! Шояд ту намедонӣ, аммо ман даҳҳо   нафарро шоҳид меорам, ки онҳо бо мардони мо бар ивази пайса ҳамхоба мешудаанд… Худи онҳоро ин ҷо барор, зуд иқрор мешаванд…

-Онҳо дар ин ҷо нестанд.

-Куҷо шуданд?

-Овозаи омадани шумоёнро фаҳмида фирор карданд…

-Чӣ? Ту он фоҳишаҳоро гурезондӣ? Бисёр намехостам, ки туро бар ивази гуноҳҳои дигарон сангсор кунанд. Аммо чӣ илоҷ, ки тақдират ҳамин будааст …

Ӯ хам шуда аз замин санги миёнавазнеро бардошта ба тарафи Омина андохтанӣ буд, ки садои баланди шиллики автомати Калашников дасти ӯро дар ҳамин ҳолат боздошт.

-Канӣ, аз ин ҷо зуд дафъ шавед, модасагҳои беорият. Ба сари кӣ даст бардоштанӣ шудед, фарзандони шағолҳои биёбон?! Ба сари зани ҳалолу покизаи ман, ки аз авлодони бузургони араб аст?! Ба пӯсти шумою шавҳарони худозадаатон коҳ ҷой мекунам. Агар шумо зан бошед, ҳеҷ гоҳ шавҳаронатон орзӯи ҷойгаҳи зани дигарро намекунанд…

…Умми Форуқ бо шунидаи садои тир ва овози ибни Шамс дарк кард, ки ин дафъа ба муроди худ намерасад, бинобар ин бо як ҳаракати тез ва хоси занҳои кӯчманчӣ аз дасти зани дар паҳлӯяш буда машъали нафтиро кашида гирифту мисли камонандозҳо вазни худро як ба қафо партофта, баъд бо тамоми қувва он машъалро ба сӯи хаймае, ки қариб як сол дар он Гулрафтору Албина зиндагӣ карданду чанд моҳ пеш дар он Замир ба дунё омад, андохт. Машъал дар ҳаво чанд тоб хӯрда ба дохили хайма афтид ва дар як фурсати кӯтоҳ хаймаро оташ фаро гирифт. Ибни Шамс дид, ки дигар ин хаймаро аз коми оташ раҳо карда наметавонад, боз аз болои сари занҳо ба ҳаво тир холӣ кард ва ин бор гурӯҳи башӯромадаи занҳо ба қафо баргаштанду ӯ аз болои уштур ба поин фаромада, ба назди Омина омад. Ибни Шамс бори аввал пас аз солҳои тӯлонӣ занашро ба оғӯши пиронаи худ гирифт. Ҳис кард, ки Оминаи як замонҳо басо дилкаши ӯро низ аждаҳои вақт ба коми худ кашидаасту ҳоло ба ҷуз устухонҳои дар зери бори гарони зиндагии тоқатфарсои биёбон сахтшуда аз ӯ чизе боқӣ намондааст. Аммо ибни Шамс эҳсос намуд, ки ҳоло дар рӯи дунё барои ӯ аз ин устухонҳои хароб дида, чизи азизтаре нест. Аз байни ин ду тӯдаи устухон садои гиряи Замир баланд шунида мешуд. Аз моҷарои имшаба кӯдак ҳушёр шуда буд ва пайваста гиря мекард. Ибни Шамс баччаро аз оғӯши Омина гирифта, дар равшании сӯхтори хайма ба чеҳрааш хуб зеҳн монду гуфт:

-Худованд туро барои коре нигоҳ дошт, агар чанд дақиқаи дигар дер мемондам, на тую на Оминаро дигар зинда намеёфтам…

Чанд чақрим дуртар аз ин макон, дар баландии регие Гулрафтору Албина нишаста аз халтаи худ зарфи обро бароварда ташнагиашонро мешикастанд ва ҳар замон ба он самте, ки аз он ҷо ба роҳ баромада буданд, менигаристанд.

-Ба фикрам, занҳои «Бани Ушро» аз тарси ибни Шамс ба манзили ӯ ҳуҷум намекунанд …

-Ту шунида будӣ, ки барои чунин кор аллакай онҳо як занро сангсор карда буданд, барои ҳамин, умедвор нашав, онҳо кори худро мекунанд…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...(қисми2)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми3)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми4)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми5)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми6)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми7)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми8)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми10)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми11)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми13)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми14)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми15)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми16)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми17)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми18)