Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми19)
20.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3234

(Идомааш)
Баъд аз дарки ин нукта, ки фарзанди ӯ номи падари шавҳарашро хоҳад дошт, чанд лаҳза Гулрафтор ба худ омада натавонист. Ҳеҷ гумон надошт, ки хатти тақдир ӯро дар ин биёбони нопайдоканор боз бо шавҳараш дар чунин ҳолат мепайвандад, магар амри Худо аст, ки ҳар сари қадам бо гузаштаи худ ё ба қавли Албина «биҳишти аздастрафта» бархурда, онро ба ёд меорад? Шояд ин як аломате аз ҷониби Парвардигор аст, ки аз ояндаи хуш ва ё баръакс, ояндаи сиёҳи Гулрафтору фарзандаш дарак медиҳад. Инро ба ҷуз худи Худованд дигар касе намедонад…

…Омина тифли аз шири модар сершударо ба даст гирифтанӣ шуда, ба сари болини Гулрафтор омаду гуфт:

-Ту хеле хаста шудаӣ, камтар дам гир, ман бачаатро ба ҷойгаҳаш мехобонам.

Гулрафтор оҳиста кӯдакро аз банди синааш ҷудо намуду ба тарафи Омина дароз кард. Ин дам як гӯшаи парпечи тифл кушода шуд ва чашми модар ба рони урёни фарзандаш афтода, боз ҳам ба ҳолати нимбеҳушӣ афтод: дар рони чапи писарак холи калонеро дид, ки айнан дар бадани Шайх Салим дида буд. Ин дуюмин аломати ин тифли навзод буд, ки Гулрафторро ба ҳайрат мегузошт. Ӯ медонист, ки фарзандон ба падарони худ монанд мешаванд, вале то ин андоза аз рӯи чанд аломат ба падари худ монанд шудани як писарро бори аввал медид. Вай ҳанӯз намедонист, ки ин нишонаҳои падар дар оянда ба ӯ ва фарзандаш чӣ хизмате хоҳанд кард…

Ҳавои Лондон ба Шайх Салим маъқул нест ва ҳар вақте ба ин шаҳр ояд, кӯшиш мекунад, ки ҳарчи зудтар корҳояшро буд кунаду равад. Ҳарчанд ҳисоботи корманди фирмааш дар ин шаҳр оид ба он, ки фирмаи Шайх Абдулло ба касодӣ наздик шудааст, ҳолати рӯҳии ӯро андаке беҳтар карда бошад ҳам, аммо боз ҳам хобаш бероҳат буд. Тақрибан соатҳои сеи шаб нав ғанабаш бурда буд, ки ба хобаш Гулрафтор даромад. Ӯ бо либосҳои арӯсие, ки дар рӯзи аввали тӯяшон ба бар намуда буд, дар соҳили баҳри кабуд меистод ва шамоли аз ҷониби баҳр вазидаистода домани пироҳани ҳарирашро мисли байрақ алвонҷ медод. Симои аз андоза берун зебои ӯ дар шафати оби кабуди баҳр мисли олиҳае метофт, ки нав аз осмони ҳафтум ба замин фуруд омадааст ва инак мехоҳад зиндагии заминиро ихтиёр кунад. Табассуми духтар чунон зебандаю дилнишин буд, ки Шайх ҳатто дар хобаш қариб аз ҳуш рафта буд. Гулрафтор бо як хиромидани аҷиб, ки ин тарзи роҳгардиро танҳо занҳои Париж барои худ раво медиданд, дар лабон табассуми ҷонрабо ба Салим наздик шуд. Дар дасташ як дона гули сафед дошт, ки аз он гӯё ба ҳар тараф шарораҳо мепариданд. Вай ба Шайх наздик шуда, тақрибан ду метр дуртар аз ӯ истод ва гули сафедро ба ӯ дароз карда истода бо забони софи арабӣ гуфт:

-Ин гул тӯҳфаи ман ба ту, аз боғи худатон…

Шайх Салим дигар на маҷоли ҷунбидан дошту на маҷоли даст дароз кардан. Дасту пои ӯро гӯё дар ин соҳили баҳри кабуд ба замин мехкӯб карда буданд. Ҳарчанд ҳаракат мекард, ки ба сӯи занаш қадам бардорад, аммо ин муяссараш намегардид. Ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Ниҳоят базӯр овоз бароварда гуфт:

-Наздиктар биё, ту дар куҷоӣ? Ин гулро ба кадом муносибат ба ман медиҳӣ?

Аммо Гулрафтор дигар садое намебаровард ва танҳо сарашро ба як тараф хам карда, бо ҳамон табассуми ҷаззобаш ишора мекард, ки гулро аз дасти ӯ гирад. Салим бошад, ҳарчанд зӯр мезад, пойҳояшро аз банди ноаён раҳо карда наметавонист. Ин ҳолат чанд лаҳза идома ёфт, на духтар дигар пеш меомаду на Салим ба ӯ наздик шуда гулро гирифта метавонист. Пас аз лаҳзае шабаҳи Гулрафтор аз замин канда шуда, баланд шудан гирифт ва дар як вақт ба тарафи баҳр парвоз мекард. Ҳарчанд Шайхи Тиллоӣ зӯр зада овоз бароварданӣ мешуд ва мехост илтиҷо кунад, ки Гулрафтор наравад, аммо садое бароварда наметавонист, Гулрафтор гули сафед дар даст оҳиста- оҳиста нопадид мегардид…

Шайх Салим зери обу арақ монда аз хоб бедор шуд. Бо сачоқи нафис сару гардани арақолудашро пок карда истода, аз болои ҷойгаҳи нарми худ фаромад ва ба сӯи балкон рафта, дари дуқабатаи онро боз намуд. «Ин хоб чӣ маънӣ дошта бошад? Ҳоло Гулрафтор дар куҷост? Чаро ӯ қариб ҳар шаб ба хоби ман медарояд?» Ин саволҳое буданд, ки Салим ҳар рӯз ба худ чанд бор медоду на худаш ва на каси дигаре ба он ҷавоб гуфта наметавонист. Аммо ӯ ҳамеша ба он ҷавоб меҷуст.

Шайх ба манзараи шабонгоҳи ин шаҳри бузург нигариста ғарқи андеша шуд. Садои якмароми борони паси шиша ҳам ҷавоби ин саволи ӯро дода наметавонист. «Аҷиб, дар ватани ман дар як сол як ду бор боронро мебинанду халос, аммо дар ин шаҳр қариб ҳар рӯз борон меборад. Чаро Худованд неъматҳои худро ба ҳама ҷо як хел тақсим накардааст? Чаро ин мардум маҷбуранд, ки нефти зери замини моро харанду аммо Худо аз ҳазор як ҳиссаи борони инҳоро ба мо надодааст? Чаро ман миллионҳо доллар дораму ин лаҳза худро нодортарин одами дунё ҳис мекунам ва чаро ана он ҷавон, ки шояд ҳоло дар киссааш як фунт ҳам надошта бошад, бо он духтараки почадароз ин лаҳза худро хушбахттарин инсонҳо ҳис мекунанд?» Шайх аз байни пардаи борон ба шабаҳи ду ҷавон, ки дар равшании чароғи симчӯб бо ҳамдигар бӯсобӯсӣ мекарданд, дурудароз нигоҳ карда монд. Шайхи Тиллоӣ намедонист, ки имшаб худованд ба ӯ дар як гӯшаи биёбони ватани аҷдодиаш писаре дод, ки дар оянда боиси чандин хушнудию ғами ӯ хоҳад гашт.

Шайх Салим аз зани аврупоияш ягон фарзанд надошт, аммо аз завҷаи арабаш як духтар бо номи Фотима дошт, ки ҳанӯз шашсола буд ва ӯро низ падараш дер-дер медид. Хоби дидаи Шайх Салим, ки дар он Гулрафтори гумшудааш ба ӯ гули садбарги сафед медод, дар соате ба вуқуъ пайваст, ки занаш дар хаймаи ғарибонаи ибни Шамс ва Омина писари ӯро таваллуд мекард...

Салим пас аз чанд лаҳзаи назорат ба ишқварзии он ду ҷавони бритониёӣ ба хонаи хоби худ баргашт ва дурудароз ба симои Гулрафтор, ки дар болои кати хобаш бо супориши ӯ рассом аз рӯи сурати дар вақти тӯй гирифтааш кашида буд, нигоҳ карда монд. Чунин сурат дар ҳар як хонаи хоби ӯ ҳам дар Париж, ҳам дар Копенгаген ва ҳам дар Дубай овезон буд. Шайх дар давоми қариб як соле, ки Гулрафторро медонист, ҳамеша мисли насрониёне, ки пеш аз хоб ҳоҷ мекашанд, дар назди сурати зебои завҷааш истода, сукут мекард ва пас аз он ба ҷойгаҳи хоб медаромад. Дар давоми ин як сол боре ҳам на ба зани аврупоияш ва на ба зани арабаш наздик нашуда буд. Ва ҳатто вақте, ки дар бораи ишқварзиҳои Сюзан ба ӯ ходимони амниятиаш гузориш доданд, бепарвоёна даст афшонда гуфт:

-Бигзор чӣ хеле, ки дилаш мехоҳад, ҳамон хел гардад, ман ба ӯ кордор нестам…

Салим ҳоло низ андаке дар рӯ ба рӯи акси Гулрафтор таваққуф карду баъд якбора чизе ба ёдаш расид, ки телефонро аз болои миз гирифта рақамҳоро чид:

-Салом, узр, ки дар ин бевақтӣ ташвиш додам. Пагоҳ ба одамони худат дар ҳамаи сафорату намояндагиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия супориш деҳ, ки агар мабодо ба онҳо ягон шаҳрванди ба шахсияти ҷустуҷӯнамудаистодаи мо монанд, муроҷиат кунад, моро огоҳ намоянд. Мукофоти калон ваъда деҳ.

Шайх Салим чанд лаҳза ба ҷавоби мусоҳиби худ гӯш карду баъд гуфт:

-Ман фаромӯш кардаам, ки дар Дубай ҳоло рӯз аст. Набошад ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расон… Албатта, бо ин роҳ ёфтани гумшуда дар гумон аст, аммо мо бояд аз ҳама имкониятҳо истифода барем. Онҳое, ки дар биёбон кор мебаранд, фаъолият доранд?- шояд баъд аз шунидани ҷавоби тасдиқ илова намуд,- Бале, ҳамин тавр идома додан гиранд…

Шайхи Тиллоӣ баъд аз анҷоми гуфтугузораш бо сардори бахши амниятӣ як андоза худро сабук ҳис кард. Аммо дарк намуд, ки то субҳ дигар ӯро хоб нахоҳад бурд. Бинобар ин, сачоқро грифту ба тарафи ҳаммом раҳсипор шуд…

 

                                               ***

…Гулрафтор дар беруни хайма, дар сояи чатри калоне, ки он ҷо насб карда буданд, писарчаи шашмоҳааш Замирро алла мегуфт. Бале, аллакай аз модар шудани ӯ шаш моҳ сипарӣ шуда буд. Аҷиб, ки тифли хурдсол дар ин гармиҳо худро аз модараш дида беҳтар ҳис мекард. Шояд ба ӯ ирсияти авлодиаш, ки аз падар ба ӯ гузашта буд, кӯмак мерасонд. Ҳарчи ҳам набошад, вақте, ки модар зери обу арақ мемонд, Замир гӯё дар даруни ҳавзи оббозӣ бошад, қиқирросзанон дасту по мезад. Маълум буд, ки ин боду ҳавои тафсон заррае ба ӯ таъсир надорад. Охир ӯ мисли модари мусофираш дар байни кӯҳҳои осмонбӯси ҳамеша қуллаашон барфпӯш таваллуд наёфтааст, ки аз гармӣ нафастанг шавад. Гузаштагони ӯ, падару бобоҳояш ҳазорон сол боз дар ин сарзамин бузург шудаанду зистаанд ва дар вақту соаташ онро тарк карда, ҷисмашон ба мағзи қуми ҳамин биёбон рафтааст. Аммо модари ӯ, ки гуле аз гулистони дигар аст, бо амри Худо ба ин мулк афтод ва бори аввал дар умраш ишқи ҳақиқиро эҳсос кард. Ана акнун маҳсули ҳамин ишқ дар болои даст ба уфуқи биёбон назар меандозаду аз гузаштаи худу ояндаи тифлаш андеша мекунад. Чунин андешаҳои мағшуш бори аввал нест, ки ӯро баъд аз таваллуди Замир азоб диҳанд. Ҳар боре, ки писарашро барои сина додан ба даст мегирифт, ҳамаи ғамҳои кӯҳнаю наваш бо ҳам омада, азияташ медоданд. Ана, ҳоло ҳам Албина ба қавли худаш баъд аз «рейди шабона» дар даруни хайма ғарқи хоб аст. Ӯро аллакай аз нисф зиёди ҷавонмардони қабила мешиносанд ва шабу нимшаб пинҳонӣ аз ибни Шамсу Омина «асир» гирифта мебаранд. Субҳ пеш аз бедор шудани Шамсу занаш ӯ ба хайма бармегардад ва оҳиста ба ҷойгоҳи худ медарояд. Ҳамроҳи доимии ӯ дар ин «рейдҳои шабона» саги ибни Шамс-Мокон буд, ки дар ин муддат аз соҳибаш дида бештар ба Албина меҳр пайдо карда буд. Ба қавли худаш, Албина қариб 3 ҳазор доллар «кор кардааст».

-Эҳ, агар ба ин биёбон намеафтодаму дар шаҳр мебудам, медонӣ чӣ қадар пул меёфтам?-ба ҷавоби Гулрафтор интизор нашуда худаш посух мегуфт,-Қариб сад ҳазор…Хайр, насибаамон ҳамин будааст. Ягон рӯз аз ин дӯзах халос мешудагистем…

-Ё як умр дар ҳамин ҷо пӯсида мерафтагистем…,-бо ҳамон оҳанг сухани ӯро идома медод Гулрафтор.

-Не, ман ба ин чиз муросо карда наметавонам. Ҳамин, ки ягон писари Оминаю Шамс аз шаҳр омаданд, ҳамон замон бо онҳо ҳамроҳ шуда меравам. Туро ҳам дар ин ҷо бо ин бачаат намемонам. Рост бурда ба сафорататон месупорам. Бигзор бачаи нимарабатро ҳукумати ҷоноҷонат тарбия кунад. Чаро дар вақташ туро ҳимоя карда натавонист?

-Айби ҳукуматам чӣ? Ман аз нодонии худам ба ин ҷо афтодам….

Гулрафтор ин суханонро мегуфту дар дил бошад аз ба ин диёр афтоданаш пушаймон набуд. Ҳарчанд дар тӯли умри қариб дусолаи биёбонии худ азобҳои зиёдеро аз сар гузаронида бошад ҳам, аммо чанд рӯзе буданд, ки ӯро хушбахттарин духтари дунё намуданд. Дар забон набошад ҳам, дар дилаш инро иқрор мекард. Ана ҳозир ҳам, вақте, ки Албина мисли тифлони аз дунё розӣ дар хоби маст буду Омина аз паи бузҳояш рафта буд, ин андешаҳо ӯро машғул медоштанд. Дар муддати ин шаш моҳ, ба Замири ӯ асосан Омина нигоҳубин мекард. Мегуфт, ки гӯё шири Гулрафтор ба бачааш намерасад ва ҳар замон ба ӯ шири буз медод. Аммо ин як баҳонае буд барои дар бағалаш дурудароз нигоҳ доштани Замир. Омина, ки табиатан бачаро дӯст медошту фарзандону наберагонаш аз ӯ дур афтода буданд, баъд аз таваллуди Замир ҳатто камтар хушчақчақу фарбеҳтар   шуда буд. Мегуфт, ки фарзанди ин духтари аз дуриҳои дур омада ба ӯ ҳоло аз бачаҳои худаш ҳам азизтар шудааст. Агар бо сабабе овози гиряи Замирро шунавад, то ӯро ором накунад, ба ягон кори дигар даст намезад. Ҳамаи ин меҳрубониҳои ӯро нисбат ба писараш Гулрафтор медиду нисбати ин пиразани араб дар дилаш як меҳр пайдо шуда буд. Ӯ баъзан ғайриихтиёр Оминаро ба модаркалони раҳматиаш муқоиса мекард ва чанд хислати ба ҳам монанди онҳоро пайдо менамуд. Гулрафтор ғарқи ин андешаҳо дида ба рухсори Замир дӯхт. Тифл, ки баъд аз серӣ макидани сина хобаш бурда буд, дар хоб худ ба худ табассум мекард. Гулрафтор ба табассуми беолоиши ӯ нигоҳ карда, аз дил гузаронд: «Бачаҷонаки зебояки ман. Чаро ин қадар ба падарат монандӣ? Магар аз ман дилмондаӣ, ки худо туро аз ман нусхабардорӣ накард? Майлаш, ба мардон чеҳраи зебо не, симои баҳодурона лозим…» Аммо ӯ ҳеҷ иқрор кардан намехост, ки абрувони пайвастаю лабони нозуки Шайх Замир аз модараш аст ва инро ҳам Албина ва ҳам Омина борҳо гуфтаанд. «Хайр, ба ҳар кӣ монанд бошӣ бошу сиҳати саломат бош…» андеша кард Гулрафтор ва хост тифли хобидаро ба даруни хайма дароварда хобонад. Офтоб ғуруб мекард ва пас аз соате биёбонро торикӣ фаро мегирад. Ӯ намедонист, ки ин охирин   бор аст, ки бачаи худро барои дар болинчак хобондан мебарад…

…Рангу рӯи Омина сап сафед канда буд. Аз ваҷоҳаташ танҳо таҳлукаро хондан мумкин буд. Аз зери мӯйҳои сафедаш донаҳои арақ мешорид. Ӯро дида дар бадани Гулрафтор ҳам рашъа давиду пурсид?

-Чӣ шуд? Ба ибни Шамс ягон фалокат рӯй дод?

-Акнун фалокат рӯй медиҳад. Хезон он дугонаи худозадаатро. Пас аз соате ба ин ҷо тамоми занҳои қабила ҳуҷум меоранду тую вайро ва агар инсоф накунанд маро ҳам пора пора мекунанд…


…Албина, ки бо ин қадар шаттоҳӣ ҳоло мисли як мусичаи парканда ба ҳар ҳарфи Омина гӯш мекард, аз худи ӯ пештар аз дари хайма берун шуд…

 


-Охир мо чӣ кор кардаем?-бо овози ларзон пурсид Гулрафтор.

-Боз мепурсӣ, ки мо чӣ кор кардаем? Магар аз рафтори дугонаат хабар надоштӣ? Инро ба ман хоҳарзодаам гуфт. Мани пиру кару кӯр, ку инро намедидам, аммо магар ту намедонистӣ? Ё худат ҳам бо ӯ ҳамроҳ будӣ?

Акнун Гулрафтор фаҳмид, ки Омина чиро дар назар дорад ва бо ғазаб гуфт:

-Ту маро бо кӣ баробар кардӣ, Омина? Магар то ҳол маро нашинохтаӣ?

-Пас чаро пеши роҳи Албинаро нагирифтӣ, ки имрӯз занҳои мо аз рафтори ӯ хабардор шудаанд ва ҳоло барои сангсор кардани шумо меоянд?

-Ман ба ин кор ҳақ надоштам. Борҳо гуфтам, аммо ӯ гӯш накард…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Боим 2019-12-20, 22:05
Ин гулрафтор падару модар надорад ки инро намекобан
Посух
Er1K 2019-12-21, 05:59
Кино каден даааа Афсус афсонаай е ай солой асри сангшапакай бисери нашрияхотона хондагиюм чанд сол пеш бо да сайт мепартоен мавзуъхои пешинара Ихелам даркор нест Одамора тупой гумон накнен
Посух
эрик 2019-12-21, 06:01
Неее
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Боим 2019-12-20, 22:05
Ин гулрафтор падару модар надорад ки инро намекобан
Посух
Er1K 2019-12-21, 05:59
Кино каден даааа Афсус афсонаай е ай солой асри сангшапакай бисери нашрияхотона хондагиюм чанд сол пеш бо да сайт мепартоен мавзуъхои пешинара Ихелам даркор нест Одамора тупой гумон накнен
Посух
эрик 2019-12-21, 06:01
Неее
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД