Arzon march 2024
Фараҳманд пулҳоямро хӯрду арӯси дигар ёфт
2685

 

Фараҳманд ном ҷавонро дӯст медоштам, вале ошиқи ман Фараҳманди сароянда не, як Фараҳманди қишлоқии маккори фиребгар аст.

Худашро Маҷнун нишон дода, вай муддати се сол пулҳои маро хӯрда мегашт. Ба хотири ишқам мани сода тамоми тилловорию зару зеварамро фурӯхта, пулашро ба Фараҳманд додам, чунки он номард мудом худашро бечора гирифта, аз камбағалию бепулӣ менолид. Ягон мулоқоте набуд, ки бе шикоят ва оҳу нола гузарад. Фараҳманд мудом “дар хонаамон на орд дорему на равған, маҷбурам, ки ба Русия равам” гуфта, раҳми маро меовард. Азбаски ӯро аз ҷонам ҳам бештар дӯст медоштам, бо ҳар баҳона аз падару модарам пул гирифта, ба дасташ медодам, то ки Фараҳманд ба Русия наравад. Ҳамин тавр, ошиқи хираи ман чунон ба пули муфт одат кард, ки “ҷӯраҳоям телефонҳои зӯр доранд, сарамро бо ин телефони шалақам дар назди онҳо бардошта наметавонам” ва “ягон либоси дуруст надорам, як умр бомж барин гаштан ба дилам задааст” гӯён, аз ман пули калон мепурсидагӣ шуд. Дилаш наранҷад гуфта, ҳама зару зеварамро фурӯхта додам. Фараҳманд аз ҳисоби ман соҳиби телефони қиматбаҳо ва чанд ҷуфт сару либоси олиҷаноб гашт ва акнун мисли бойбачаҳо каттагӣ карда мегашт. Чанд бор пурсидам, ки кай ба хонаамон хостгор мефиристад. Дар ҷавоб мегуфт, ки барои тӯй кардан пули калон даркор аст. Медонистам, ки бародарам барои мошин харидан пул ҷамъ кардааст. Ба хотири бахт даст ба дуздӣ зада, пулҳои бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин кор кардаи бародарамро аз сандуқ дуздида, ба Фараҳманд додам, то ки модарашро ба хонаамон хостгорӣ фиристаду риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста, то охири умр хушбахтона зиндагӣ кунем, вале он аблаҳ пулро гирифта гум шуд. Баъди чанд вақт фаҳмидам, ки Фараҳманди номард бо духтари дигар фотиҳа шудааст. Пулдуздиямро фаҳмида, волидонам маро мурданивор заданд ва ҳабси хонагӣ карданд. Дар ин миён Фараҳманд бо пулҳои аз ман гирифтааш тӯйи осмонкаф ороста, зан гирифт. Арӯсаш Адиба ном доштааст.

Аз минбари “Оила” ба Фараҳманди алфонс гуфтаниям:

-Ба хубӣ тамоми пулҳоямро баргадон, вагарна рафта туро дар назди арӯсат шарманда мекунам ва аз болоят ба милиса аризаи шикоятӣ менависам. Моҳи асалро дар пушти панҷара гузарондан нахоҳӣ, як тин намонда, тамоми пулу моли гирифтаатро баргардон, номард!

Нафиса, аз шаҳри Хуҷанд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
ОХОТНИК 2019-08-11, 16:31
Духтари бе акл буди де
Посух
Бону 2019-08-16, 22:53
Беодоб духтар буди падарат хастми туя?Як макола гушатба гушвора куну мон:-Содара дидию ....... уболаш дар гарданаи😂😂😂😉😂😂
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
ОХОТНИК 2019-08-11, 16:31
Духтари бе акл буди де
Посух
Бону 2019-08-16, 22:53
Беодоб духтар буди падарат хастми туя?Як макола гушатба гушвора куну мон:-Содара дидию ....... уболаш дар гарданаи😂😂😂😉😂😂
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД