Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми21)
22.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3110

Гӯё ба тасдиқи гуфтаҳои Гулрафтор аз ҳамон қисмати уфуқ шарораи оташ баланд шуд ва ӯ давида аз ҷояш хест:

-Оҳ, Замири ман чӣ шуд?- Гулрафтор зарфи обро ба як сӯй ҳаво дода, ба тарафе, ки аз он ҷо алангаи оташ ба ҳаво мехест, давид. Аз паси вай Мокон ҳам ба ҳамон сӯ чорхез зад. Албина, ки пойҳои дароз дошт, бо чанд хез худро ба Гулрафтор расонд ва аз банди пояш дошта ӯро ба замин афтонд.  

-Дигар орзӯи он маконро накун. Роҳи мо танҳо ба пеш аст. Агар писарат зинда бошад, ягон рӯз дида ба дидор мерасад, вагарна, то рӯзи қиёмат тоқат кун…

Гулрафтор сари зону нишаста, рӯ ба он оташи дур зор- зор мегирист. Чунон мегирист, ки дили Албинаи аз оташи сад гӯлах дар амонмонда ҳам ба риққат омаду ҳамроҳи ӯ ба гиря даромад. Мокони аз ин рафтори духтарон ҳайронмонда гоҳ ба сӯи хаймаҳо рафтанӣ мешуду гоҳ дар назди занҳо мондан мехост. Ниҳоят пас аз дудилагиҳои зиёд саг рӯ ба хаймаҳо оварда, бо суръат ба ҳамон сӯ давида рафт…

Духтарон пас аз хеле холӣ кардани дилҳояшон бори сабукшудаи худро ба дӯш бардошта ба он самте, ки аз оғоз онро пайгирӣ мекарданд, равон шуданд. Аз дуриҳои дур занҷираи чароғакҳои зиёде ба назар мерасид, ки мисли шаддаи марҷон аз як гӯшаи биёбон сар шуда, дар гӯшаи дигараш ғоиб мешуд. Ин шоҳроҳи Дубай-Абу Даби буд, ки   аз ҷои истодаи духтарон тақрибан даҳ километр дурӣ дошт…

   Шаби биёбон аҷаб хислате дорад. Гумон мекунӣ, ки дар равшании ситораҳои осмон ҳама ҷоро мебинӣ, вале дар асл даҳ қадам аз худ дурро дида наметавонӣ. Ҳама якранг аст, фақат ҳаҷм ва дурии теппаҳои регӣ аз ҳамдигар як манзараро аз манзараи дигари чанд дақиқа пеш дидаатон фарқ мекунонаду халос.

Шабе, ки Гулрафтору Албина барои халосии ҷони худ сар ба биёбон ниҳоданд, дар осмон моҳ набуд. Танҳо ситораҳои дуру наздик аз як гӯша то гӯшаи дигар осмони беканорро пур карда буданд. Баногоҳ ба хотири Гулрафтор чистон дар бораи осмон ва ситораҳо, ки замоне аз модаркалонаш дар чунин як шаби пурситора, дар зери осмони софи деҳаашон шунида буд, омад:

-Як қуттича, пур аз мехча…чист?- ҳишшосзанон пурсид ӯ аз Албина

-Чиии-иӣ?-нафаҳмид Албина, ки пояшро аз даруни қуми нарм ба зӯр кашида мебаровард.

-Мегӯям, ту бибӣ доштӣ?

-Ой, девона, чиҳо мегӯӣ?! Ақаллан падарам дар хотирам несту бибиро аз куҷо медонам? Ҳоло, ки ҷонамон дар кадуча ҷо аст, бибиро чӣ кор мекунӣ?

-Бибии ман мегуфт, ки як қуттича пур аз мехча…,- боз ҳамон чистонро ба ёд овард Гулрафтор ва мазмунашро ба русӣ тарҷума кард.

-Оҳ ин бибии ту…Зудтар қадам бардор, ки то рӯз ба он занҷири ҳаракаткунанда расида гирем. Он роҳи калон ва занҷира қатори мошинҳост. Агар саломат ба он ҷо расем, ягонтааш то шаҳр мебарад. Аммо худо накарда ба дасти бибичаҳои қабилаи «Бани Ушро» афтем, ана бо ҳамон мехчаҳои бибиат тани моро садборӣ ба замин мекӯбанд! Мокони ҳамроҳамон ҳам ба мо бевафогӣ карду гум шуд. Ду соат мешавад, ки аз мо қафо монд. Шояд баргашта ба назди Омина рафта бошад.

-Намедонам, шояд рафта бошад. Бибиам мехчаҳо гуфта ситораҳои осмонро мегуфт…Ана бин, ранги мехчаҳои заррин…

Албина ҳам дар ҷояш истода чанд дақиқа ба асои аз чӯби саксаул тайёркардааш такя карда ба осмон нигоҳ карду хаёломез гуфт:

-Аз афташ, бибии ту он қадар ҳам кампири беақл набудааст. Нигоҳ кун, гӯё ҳазорон мехи тиллоиро ба осмон кӯфта монда бошанд…

Духтарон ғайриихтиёр тани хасташудаи худро ба болои реги биёбон партофта, ба тамошои осмони пурситора пардохтанд…

   Шағоли гурусна аз дур бӯи хӯрокро ҳис карда, ба паси теппаи регие, ки бӯй аз он ҷо меомад, гузашт. Чашмони тезбини ӯ ду танеро диданд, ки дар рӯи замин рӯ ба осмон хобида буданд. Агар ҳоло ӯ ба онҳо наздик шуда, ҳуҷум карданӣ ва ё хӯрокашонро дуздиданӣ шавад, зада- зада пеш мекунанд ва эхтимол яроқнок ҳам бошанд. Беҳтараш ҳамроҳонашро ба ёрӣ даъват мекунад ва якҷоя амал хоҳанд кард…

Шағоли пири ботаҷриба паси теппа гузашта бо як навҳаи махсус «у-уу-у» гӯён овоз баровард. Ин кори шағол маънои даъват ба шикори дастаҷамъиро дошт. Пас аз чанд дақиқа дар атрофаш 8-10 шағоли хурду калон ҷамъ шуданд. Агар ин тӯдаи гурусна ба якборагӣ ҳатто ба ду –се нафар ҳам ҳуҷум кунад, имкони ғолиб омаданро доранд. Ин биёбон ҳодисаҳоеро ҳам дар ёд дорад, ки тӯдаи   шағолони гурусна ба одамони яроқнок дарафтода, онҳоро тӯъмаи худ кардаанд…

 

                                                         хххххх

Чашмони Гулрафтор худ аз худ пӯшида шудан гирифтанд. Хастагии дасту пой ва хастагии маънавие, ки ӯро баъд аз ҷудо шудан аз Замир фаро гирифта буд, кори худро кард ва пилки чашмонаш вазнину пӯшида шуданд. Албина, ки аз рӯи одат бузургтарин фоҷиаро низ чандон ба дил наздик намегирифт, кайҳо хобаш бурда буд.

Гулрафтор хоб дид, ки боз дар канори ҷӯйбори паси ҳавлиашон нишастаасту бо дасти холӣ аз он моҳӣ медорад. Моҳиҳои калон-калонро чолокона ба сатили паҳлӯяш меандохт. Бибиаш, ки дар сар қарси сафед дошт, дар болои сараш рост истода, ҳар замон таъкид мекард: «Моҳӣ ҷонвари ҳалолтарини рӯи замин аст, зеро ҳамеша дар даруни об мегардад». Акнун моҳии навбатиро ба сатил андохтанӣ буд, ки якбора аз куҷое марди олусе, ки бори аввал дар Дубай, дар майдони ҳавоӣ ӯро масхара карда буд, бо башараи хунукаш пайдо шуда, сатилро аз дасти ӯ зада гирифтанӣ шуд. Ҳамин вақт аз куҷое Салим пайдо шуду онҳо ба ҳамдигар дарафтоданд...

… Гулрафтор аз сӯзиши сахти банди пояш бедор шуд ва дар болои сараш каллаи калони ҷонвари сагмонандеро дида, бо овози баланд фарёд кашид. Аммо нафасаш бо дидани манзараи боз ҳам даҳшатноктаре дар гулӯяш дармонд. Албина, ки бо пайкари пурра ва қади дарозаш аз бисёр занҳо бартарӣ дошт, бо як ҷонвари аз саг хурдтар кашмакаш дошт ва он ҷонвар кӯшиш мекард, ки бо дандонҳояш ба гулӯи ӯ часпад. Ҳарчанд банди пои Гулрафтор сахт дард мекард, аммо дар нимторикӣ эҳсос менамуд, ки қувваи дугонааш торафт камтар шуда истодааст ва агар ҳоло илоҷе карда ба ӯ ёрӣ насонад, пас аз лаҳзае дер мешавад. Вай дасташро дароз намуда асои саксаулии Албинаро гирифту нимхез шуда ба тахтапушти шағол фаровард. Зарбааш он қадар пурқувват набуд. Хост боз қулоч кашида зарбаи дигаре занад, вале ин вақт аз қафо якбора ду шағол ба ӯ дарафтоданд ва пайкарашро ба рӯи рег чаппа карданд. «Акнун корам тамом шуд…» ин охирин фикре буд, ки ба сари Гулрафтор омад…

-Ҳой паҳлавони сари деги ош, хез, ки аз тамошо дер мондӣ…

Баъд аз ба гулӯяш расидани сардии об Гулрафтор ба худ омада чашмашро кушод ва дар болои сари худ Албинаро дид, ки бо рӯи харошидаю хуншор аз қумқума ба даҳони ӯ об мерехт.

-Агар Мокон намешуд, ҳоло дар оғӯши бибиҷонакат дар он дунё афсонаи ситораҳоро мешунидӣ…

-Худаш чӣ гап…? Бо мо чӣ шуд?

-Чӣ мешуд, галаи шағолон барои моро тӯъмаи худ кардан аз пасамон афтода будаанд. Ана ин Моконе, ки маро борҳо аз дасти араббачаҳои сатанг, аммо бепул халос кардааст, ин дафъа аз ҳамлаи шағолон наҷотамон дод. Агар ин саги вафодор намешуд, ҳоло як гӯши зебоят бо гӯшвораш дар шиками як шағол буду биничаи майдаҳакат якҷоя бо гӯши дигарат дар шиками шағоли дигар… Мокон, ки одати шағолони галашикорро аз бачагӣ медонад, худро аз мо дур гирифта, аз пасамон меомадааст. Баробари фаро расидани лаҳзаи ҳалкунанда ба кӯмакамон расид ва ин дафъа низ Худованд ба ҷони беосоиши мо амон дод. То кай, танҳо худаш медонад…

…Дуртар аз онҳо Мокон бо лабу даҳони хунолуд аз рафтори худ розӣ, дар сари мурдаи шағоли пир нишаста зуд- зуд ҳала мезад. Маълум буд, ки ин ғалаба ба саг ба осонӣ даст надодааст…

Акнун чашми рӯз кафида буд. Духтарон баъд аз камтар об нӯшидану тановул кардани нони додаи Омина боз ба ҳамон самте, ки дар он ҷо роҳи калон воқеъ гардида буд, равон шуданд. Захмҳои пои рости Гулрафтор, ки аз зарби дандонҳои шағол пайдо шуда буданд, дард мекард ва лангида роҳ мегашт. Аммо ба ин нигоҳ накарда кӯшиш менамуд, ки аз Албинаю Мокон қафо намонад.

-Агар паи панҷаи шағоли лаънатӣ дар рӯям изи якумра намонад, гуфтан мумкин, ки аз ин набард ҳам ғолиб берун омадем. Агар из монад, аниқ, ки нисфи нархи ман ҳам намемонад…

-Ту аввал андешаи зинда монданро кун, баъд мебинем, ки нисфи нархат мондааст ва ё ҳамааш…

-Дигар зинда мондан ё намондан барои ману ту мушкилот нест, то роҳи калон баъд аз як-ду соат мерасем. Агар ба ягон мошин савор шавем, ишооллоҳ то бегоҳ ба шаҳр расидан мумкин. Дар шаҳр бошад, ман худро чун моҳӣ дар об ҳис мекунам…

     Пас аз соате онҳо дар канори роҳи калоне меистоданд, ки бо симхори думетра аз ду паҳлӯяш маҳкам карда шуда буд ва аз ин роҳ ба ду самт мошинҳо бо суръати гӯшношунид ҳаракат мекарданд. Онҳо бо маслиҳат аз зери симхор ба канори роҳ баромаданд. Мокон бошад, дар паси симхор истода ҳеҷ ба ин тараф гузаштан намехост.

-Бигзор ҳамон ҷо истодан гирад. Мо ӯро ба куҷо мебарем?

Ба ин гуфтаи Гулрафтор Албина дар дил розӣ буд, аммо намехост, ки ба осонӣ аз Мокон ҷудо шавад. Охир Мокон таи як соли охир ӯро аз чандин балоҳо халос карда буд. Духтар аз паси симхор гардани Моконро ба оғӯш гирифта мегирист. Аз таҳти дил мегирист Албина, маълум набуд, ки аз ҳаёти нобасомони худ мегиряд, аз мусофирати тӯлкашида дар ин биёбон ва ё ба ёди духтару модараш, ки ҳазорон километр дуранд.

Ашки чашмони ин духтари дар назари аввал қавирӯҳ, вале дар асл як насли ниёз ба муҳофизат доштаи одамӣ гардани ҳайвони безабонро тар кард. Гулрафтор хост ӯро тасаллӣ дода, аз ҷой хезонад, аммо ҳамин лаҳза мошини «Фолсваген»-и калоне бо азобе суръати баланди худро суст намуда, дуртар аз духтарон истод. Садои тормозҳои «Фолсваген» Моконро як қад парронд. Аз навозишҳои Албина роҳат карда, ҳамзамон саг бо ҳарос ба сӯи сабукрави дар канори роҳ истода менигарист. Аз дохили мошин як араби қаддароз, ки сар то по сафедпӯш буду танҳо дар сараш рӯймоли шоҳмотии арабӣ ва қасқон (як навъ ҳалқае, ки арабҳо аз болои сарандози худ гузошта, бо ҳамин онро дар сар маҳкам мекарданд) дошт, фаромада, ба тарафи духтарҳо омад. Ӯ сар то пои духтаронро, ки либоси урфии занҳои араби кӯчманчиро доштанд, аз назар гузаронду пурсид:

-Шумо ин ҷо чӣ кор мекунед? Мошинатон канӣ?

-Мошинамон дар байни регзор вайрон шуд, мо ба шаҳр рафтанӣ…

-Канӣ, ин ҷо ягон мошин наменамояд ку? Ё шумо аз аҳли қабилаҳои инҷо ҳастед?

-Гуфтам- ку, мошинамон дар паси ҳо ана он теппа ба роҳи калон нарасида вайрон шуд. Ба шаҳр меравем…,-ҳарчанд ин гапро Албина ба суханаш оҳанги боварибахш дода мегуфт, аммо араб аз лаҳҷаи ӯ пай бурд, ки зан ҳаммилаташ нест. Ҳамин лаҳза дари дигари мошинро кушода арабзане баромад ва аз паси мард истода камтар ба суханони Албина гӯш доду ба мард нигариста гуфт:

-Ан-нисо хабисун…(Ин занҳо ҳароманд…)

Аз дасти араби қаддароз гирифта, зан ӯро ба сӯи мошин кашола кард. Ҳарду байни ҳам хеле баҳсу талош карданд ва аз афташ арабзан шавҳарашро ба рафтан розӣ намуд, ки ӯ ба қафо-ба занҳои дар канори роҳ истода ва саги онҳо бо дили кашол нигоҳ кардаистода, ба сари чамбараки мошини худ нишаст. «Фолсваген» гӯё бо дили нохоҳам ба роҳ даромад…

-Қанчиқ, ман шавҳари туро дар роҳ мехӯрдам-мӣ? То шаҳр мебурдӣ, намемурдӣ…Сучка…- бо кароҳат ва ҳисси нафрати бепоён аз роҳгузарони ба қавлаш «бешавқат» ёд кард Албина.

Мошинҳо бо суръати баланд аз назди духтарон тирвор гузашта мерафтанд, аммо ягонтои онҳо нияти истоданро дар ин шоҳроҳ надоштанд. Тақрибан баъд аз ҳар 20 километр дар ин роҳ истгоҳҳо сохта шуда буданд, ки дар он ҷо масҷиди сарироҳӣ, нуқтаи сӯзишворӣ ва ошхонаҳои хурд бунёд гардида, ба роҳгузарон хизмат мерасонданд. Дар байн дигар ягон хел сохтмон ва ё истгоҳ набуд ва роҳ аз ду канор бо девори баланди симхорин иҳота гардида, мисли кафи даст ҳамвор буд. Шоҳроҳи Дубай- Ар-Риёз шоҳроҳе буд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудиро бо ҳам мепайваст. Ҳамаи инро Албина тақрибан медонист, вале вай намедонист, ки ҳоло онҳо аз кадом тарафи роҳ истодаанд, аз каноре, ки ба тарафи Дубай мебарад ва ё аз тарафе, ки ба самти Ар-Риёз меравад. Барои инро муайян кардан аз ягон кас пурсидан лозим буд. Ягона мошине, ки боздошт, бо айби як «худозада» (Албина арабзанро дар назар дошт) ба зудӣ аз назди онҳо рафт.

-Биё, камтар хӯроку об хӯрему бақувваттар шавем. Агар ин мошинҳо боз ҳам наистанд, чархашонро сӯрох мекунам,- Албина пас аз ба забон овардани ин суханон ҷавоби Гулрафторро интизор нашуда дар назди симхор, дар рӯ ба рӯи Мокон нишасту борхалтаашро боз намуд ва аз дохили он чанд дона қурути аз шири буз тайёрнамудаи Оминаро бароварда яктоашро шикаста нисфашро ба Мокон дароз карду нисфи дигарашро ба даҳон андохта гуфт:

-Эй духтар, биё камтар хӯр. Худо медонад, ки боз чанд соати дигар дар ин роҳ интизор меистем. Беҳтараш шикамро сер мекунему аз як канораш рафтан мегирем, то вақте, ки ба ягон истгоҳ нарасем…

Гулрафтор бо дили нохоҳам дар паҳлӯи ӯ нишаст. Дилаш чизе намекашид. Аллакай рӯзи дуюм аст, ки ӯ аз Замираш ҷудо аст ва намедонад, ки ба сараш чӣ омад. Охирин чизе, ки ӯ дид, ин алангаи сӯхторе буд, ки аз ҷониби хаймаҳои ибни Шамс ба назар расид. Фақат Худо медонад, ки занҳои ваҳшии ин қабила ба сари фарзанди ӯ ва Оминаи пир чӣ оварданд. Ё баргашта ба назди онҳо равад? Бигзор ӯро сангсор кунанд, аммо ба Замир кордор нашаванд.

-Чӣ ба хаёл рафтӣ, гиру қурути биби Оминаатро хӯр. Набошад ҳаққи туро ҳам ба Мокон медиҳам…

Гулрафтор як дона қурутро гирифта ба даҳонаш партофту аз дил гузаронд: «Омина бисёр зани меҳрубон, боз доно ҳам ҳаст. Ана, қурутҳояш ҳам намак надоранд. Медонад, ки барои ташна намондан қурути бенамак хӯрдан лозим…Ӯ ҳеҷ гоҳ Замирро хор шудан намемонад. Ҳамин, ки фурсат пайдо шуд, зуд ӯро ёфта писарамро аз дасташ мегирам…» Ин як навъ худтасаллодиҳии кӯдаконае беш набуд…

Ҳамин вақт дар паси онҳо мошине омада истод ва аз дохили он марди шикамғафсе, ки дар чашм айнаки сиёҳ ва дар бар либоси расмии погондор дошт, берун шуд.

-Ба Шумо кӣ иҷозат дод, ки дар ин ҷо пикник ташкил кунед?

-Пикники чӣ, мошинамон ҳо дар паси он теппа вайрон шуд. Интизори ягон савобҷӯ ҳастем, ки моро то шаҳр расонад…

-Ҳа, ана гап дар куҷо. Ман нозири роҳи ин минтақа. Ба куҷо равонаед?

-Ба Дубай…

-Ба Дубай бошад, аз он тарафи роҳ гузаред…Беҳтараш, биёед шумоёнро то истгоҳи наздиктарин бурда монам, вагарна ин ҷо зери чархи ягон мошин мемонеду гуноҳатон ба гардани ман…

Нозир дигар чизе нагуфта дари қафои мошинашро боз кард ва духтаронро ба он даъват намуд. Албина гардани Моконро аз ин тарафи симхор истода, ҳанӯз сар доданӣ набуд, вале нозир, ки аз афташ зуд- зуд ба чунин ҳодисаҳо дар ин биёбон дучор меомад, бо оҳанги сард гуфт:

-Сагро ба ҳоли худаш мон. Мошинатонро то бозгашт посбонӣ мекунад…

- Ты откуда знаеш, что я последный раз вижу эту собаку…

-Чӣ, шумоён англис мӣ?- забони ношиносро шунида суол кард нозир.

-Не, мо арманӣ,- бо зарда ҷавоб дод Албина ва худро ба нишастгоҳи қафои мошини нозир партофту бо нӯги ангуштон ноаён ашки чашмонашро тоза кард…

   Пас аз 10-15 дақиқа нозири шоҳроҳ духтаронро ба истгоҳи наздиктарин оварда монду худаш аз паи кораш рафт. Чанд лаҳза пас микроавтобусе, ки ба самти Дубай ҳаракат мекард, онҳоро савор кард. Албина аз киссаи дохилиаш як панҷоҳдоллариро бароварда ба ронанда дароз кард.

-Барои ҳадуятон? Ин кам, то Дубай ҳоло 300 километр роҳ ҳаст…Шумо мардуми кучӣ гумон мекунед, ки мошин ҳамин хел роҳ мегардад…

-Дар биёбон риёлу доллар кошта намондаанд,- бо зарда гуфт Албина, вале ба кофтукови киссааш сар кард. Ин лаҳза гӯшаи рӯймолаш, ки рӯяшро то чашмонаш пинҳон мекарданд, кушода шуд ва чашми марди арабе, ки дар қатори паси Албина менишаст, ба рухсораи зебои ӯ афтид. Мард ба ронанда муроҷиат карда гуфт:

-Роҳкирои инҳоро то шаҳр ман медиҳам, пули ин занро баргардон!

-Ташаккур, шайхи мӯҳтарам. Ҳанӯз шавҳарам қобилияти моро хӯронданро дорад. Мошин вайрон шуду мо дар роҳ мондем. Агар онро дуруст кунад, аз пасамон расида меояд,-гуфт Гулрафтор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД