Ҳар як духтар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ орзуи арӯс шудан ва ба бар намудани пероҳани барф барин сафеду пурҷилои арӯсиро дорад. Ҳарчанд зоҳиран куртаҳои арӯсӣ ба ҳамдигар монанд бошанд ҳам, нарх ва сифаташон гуногун аст. Мо 10 пероҳани арӯсиеро пешкаши шумо месозем, ки то имрӯз қиматтарин либоси арӯсӣ дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Куртаи арӯсӣ аз бриллиант
Қиматтарин куртаи арӯсӣ дар ҷаҳон бо бриллианти холис оро дода шуда, $12 миллион доллар арзиш дорад. Ин пероҳани сафеди арӯсӣ намунаи беҳтарини ҳамкории тарроҳ бо заргар мебошад. Пероҳани мазкурро тарроҳи машҳур Рене Штраусс омода карда, заргар Мартин Катс онро бо брилиантҳои 150 карата ороиш додааст. Табиист, ки чунин куртаи қиматбаҳоро танҳо духтар ва занҳои миллиардерон ба бар карда метавонанд.
Куртаи арӯсӣ аз тиллои сафед
Соли 2013 тарроҳи шинохтаи ҷопонӣ Юми Катсуро куртаи арӯсие дӯхт, ки дуюмин пероҳани қиматбаҳотарини арӯсӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин либоси зебо $8,5 миллион доллар арзиш дорад. Сабаби қимат будани ин куртаи арӯсӣ дар зардӯзиаш мебошад. Пероҳани мазкур бо 1000 марворид, 502 бриллианти сабз, ки вазни умумиаш 8,8 мебошад ва 5 карат тиллои сафед оро дода шудааст.
Куртаи арӯсӣ аз пари товус
Ин пероҳан бешаку шубҳа зеботарин куртаи арӯсӣ дар саросари дунёст. Онро соли 2009 тарроҳ Вера Вонг ба маърази тамошо гузошт. Ин либоси афсонавии арӯсӣ $1,5 миллион доллар арзиш дошта, барои дӯхтанаш ду моҳ вақт сарф шудааст. Тарроҳони нозуктабъ барои назарфиреб шудани ин пероҳани садранги арӯсӣ 2009 пари товус ва 60 нефритро истифода бурда, онро бо тиллои холис зебу зиннат додаанд.
Куртаи арӯсӣ аз устухони фил
Пероҳани арӯсии герсогинияи Кембриҷ 400 ҳазор доллар арзиш дошта, тарроҳон дар омода кардани он аз устухони фил ва гулҳои аплекатсионӣ истифода бурдаанд. Шлефти ин либоси аҷиби арӯсӣ беш аз 3 метр дарозӣ дошта, ба назар чунин мерасид, ки арӯс фаришта аст ва ҳозиракак аз осмон ба замин фуруд омадааст. Тарроҳ Сара Бертон пероҳани мазкурро шабеҳи либосҳои шоҳонаи давраи ҳокимияти Викторансҳо омода намуда, ба он тарҳи пероҳани базмӣ-балнийро додааст. Табиист, ки чунин пероҳан ҳатто пас аз сад сол аз мӯд намеравад.
Куртаи арӯсӣ барои ашрофзода
Ашрофзодаи амрикоӣ Ким Кардашян ба хулосае омад, ки пероҳани арӯсии ӯ набояд аз лиҳози арзиш ва зебоӣ аз пероҳани арӯсии Кейт Миддлтон ягон камбудӣ дошта бошад. Дар маросими арӯсии Ким бо сароянда Кенни Уэстом арӯс пероҳани зебоеро ба бар намуд, ки 400 ҳазор доллар арзиш дошт. Ин куртаро тарроҳи машҳур Рикардо Тиши дӯхтааст. Қисмати тахтапушти пероҳан чуқур бурида шуда, зебогии тани арӯсро нишон медиҳад. Дарозии домони курта 3 метр буда, мисли куртаи Кейт Миддлтон зебову афсонавист.
Пероҳани арӯсӣ аз платино
Шоҳкории тарроҳи итолиёвӣ Мауро Адами 375 ҳазор доллар арзиш дорад. Барои дӯхтани ин курта ин тарроҳи номдор 40 метр матои абрешимиро, ки тор-тор бо тиллои сафед оро дода шудааст, истифода бурдааст. Ин ба пероҳан ҷилои металлӣ бахшида, онро ба назар бисёр зебо, ҷолиб ва қиматбаҳо ҷилва медиҳад.
Куртаи арӯсӣ аз сангҳои қиматбаҳо
Соли 2007 тарроҳи машҳур Юми Катсу куртаи арӯсиеро ба маърази тамошо гузошт, ки аз тиллои сафед тайёр шуда, номи Катсуро вирди забони бонувони сарватманд гардонд. Ин курта бо номи рамзии «9999» машҳур буда, бо 10 000 карат сангҳои қиматбаҳо оро дода шудааст. Ҷилои гуногуни сангҳо чашми бинандагонро рабуда, ба ин либоси аҷиби арӯсӣ шукуҳи шоҳона мебахшад. Ин куртаи пурҷилои арӯсӣ 160 ҳазор доллар арзиш дорад.
Куртаи арӯсӣ барои ситора
Ситораи Голливуд Кэтрин Зета-Ҷонс дар базми никоҳаш бо Майк Дуглос пероҳани зебоеро ба бар карда буд, ки 140 ҳазор доллар арзиш дошт. Ин куртаи арӯсӣ ранги устухони филмро дошта, аз чити тоза омода шуда буд. Тарроҳон пероҳанро бо гарди ситораҳо оро додаанд, аз ҳамин сабаб ба назар бисёр аҷиб, афсонавӣ ва дилфиреб менамояд. Шлефти дарози турии зебо ба куртаи ситора шукуҳи хоса бахшидааст.
Куртаи арӯсии зани президент
Ҳамсари президенти кунунии ИМА Доналд Трамп-Мелани Трамп дар базми арӯсиаш пероҳанеро ба бар карда буд, ки 125 ҳазор доллар арзиш дошт. Ин куртаи шоҳонаи арӯсӣ аз 90 метр атласи ҷилодор омода шуда, тарроҳони Хонаи мӯди Диор барои дӯхтанаш 500 соат вақт сарф карданд. Пероҳани Мелани Трамп ба андозае вазнин буд, ки модели онро барои намоиш пӯшида, ҳангоми роҳгардӣ пешпо хӯрда, афтид.
Пероҳани арӯсии малика Диана
Соли 1981 маликаи машҳур Диана дар базми арӯсиаш пероҳани афсонавиеро ба бар карда буд, ки 125 ҳазор доллар арзиш дошт. Пероҳани мазкур шоҳкории афсонавии тарроҳон Элизабет ва Дэвид Эммануэл ба шумор рафта, ба ҳазор ранг ҷило медод. Курта бо сангҳои қиматбаҳо ва марвориду сундуси абрешимӣ оро дода шуда, тури доирашакл ба он шукуҳи хоса мебахшид. Дарозии шлефти куртаи арӯсии Диана ба 7 метр баробар буд.
Пас аз гузаштани қариб 40 сол низ ин пероҳан шукуҳи худро аз даст надода, то имрӯз ба қатори 10 куртаи қиматтарини арӯсӣ дар ҷаҳон дохил мешавад ва бойдухтарҳо дар базми арӯсиашон онро ба бар кардан мехоҳанд.