arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 63)
19.03.2020
А. ҲОҶӢ
2861

(Давомаш)

Баробари ба саҳни бемористон ворид гаштан чашми Шафоат ба ду ҷавони ҳамдеҳааш, ки шаб бо супориши Баротбой дар ин ҷо монда буданд, афтид. Пас аз он ки ҳамдеҳагони дигараш бо онҳо аҳволпурсӣ карда, вориди касалхона шуданд, ӯ ба яке аз он ҷавонон, ки Комил ном дошт ва се сол қабл мактабро тамом карда буд, наздик шуда гуфт: -Комил, мегӯянд, ки кампири шабона ҳамроҳи муаллим ба ин ҷо омада мурдааст?

-Ҳа, бечора кампир дар ғами бачааш, шаб дар болои курсии қабулгоҳ мурда мондааст. Мумкин ҳоло мурдаашро ба деҳаи худамон бурда ба хок супорем, барои ҳамин амаки Баротбой ба мо гуфтанд, ки ба ҳеҷ куҷо нарафта истем. Шафоат, ҳамин муаллими аз ҷарӣ паридагӣ одами хуб буд-а? Ба шумоён дарс додагӣ?

Шафоат аз ин саволи ҷавони ҳамдеҳааш як қад парид. Ин субҳ бори дуюм буд, ки ӯ ба чунин ҳолат меафтид. Аввал қариб зани мулло асрори ӯро дар мусофирбар фош карда буд, акнун саволи Комил ӯро нороҳат карда дар ҳолати ногувор мононд.

-Нн..намедонам. Ба синфи мо кам дарс додааст...

-Мегӯянд, ки ӯ ба кружоки ҳаваскорон роҳбарӣ карда, шуморо ба ноҳия оварда будаасту ту барои сурудхониат соҳиби ҷои аввал гашта будаӣ- ку?-Комил мисли муфаттиш пурсишашро давом медод.

“Боз ҳамин Комил аз ягон гап хабардор набошад?” Дар дил шубҳа кард Шафоат ва ба чеҳраи ҷавон бодиққат назар андохт. Ҷавон ба нигоҳи теғдори духтар тоб наоварда чашмонашро ба зер андохт. Шафоат медонист, ки касе ба нигоҳи ӯ тоб оварда наметавонад ва ҳоло аз ҳамин “яроқи” худ истифода мебурд. Комил, ки мисли чандин ҷавонони дигари сафедоронӣ ба Шафоат ҳамеша бо чашми харидорӣ менигарист, аз саволи додааш пушаймон шуд, вале боз ҳам мехост таърихи чун овозхон дар ноҳия машҳур гаштани Шафоатро аз забони худаш шунавад.

-Мебахшӣ, агар саволи беҷо дода бошам, вале ман гапи мардумро мегӯям. Ту дар ҳақиқат овози хуб дорӣ ва... ва… чеҳраи зебо ҳам...

Шафоат дар дилаш ба ҳоли ҷавон хандид, ки дар гуфтани як гапи одӣ ин қадар сурх шуд. Духтар эҳсос намуд, ки Комил дар бораи муносибати ӯ ва Муртазо чизе намедонад. Ҳамин дам ҳодисае рӯй дод, ки Шафоатро қариб беҳуш карда буд. Баногоҳ чашми духтар аз дур ба пайкари шиноси Садоқат афтид, ки ҳамроҳи як ҷавони ношиносе, ки дар бағалаш Иқбол-писари Муртазо буд, аз дарвозаи бемористон медаромаданд. Шафоат баробари дидани Садоқат аз Комил дур шуда, худро ба паси девори бемористон гирифт. “Хайрият, ки маро надид... Ӯ дар ин ҷо чӣ кор мекарда бошад? Ҳамроҳаш кист?” худ ба худ андеша кард Шафоат ва ба хулосае омад, ки ӯро модараш-Холбибӣ ба ин ҷо даъват кардааст. “Аҷиб, он ҷавони хушлибос кӣ бошад?” аз дил гузаронд духтари булҳавас ва интизор шуд, ки боз чӣ мешуда бошад…

***

-Бале, инро баъдтар мефаҳмед духтур,-такрор намуд Садоқат ва аз дари ҳуҷра ба дарун қадам ниҳод. Ҳозирин бо ҳайрат ба ин зани зебочеҳрае, ки ба марди ҳанӯз барояш ношинос бо чунин оҳанг гап мезад, назар андохтанд.

Садоқат баробари ба ҳуҷра даромадан аввал рафта аз ду рухсораи модараш бӯсиду баъд ба курсии нишондодаи духтур амонат нишаста, дубора ба доктор Салим нигарист ва ба суханаш идома дод:

-Мебахшед духтур барои дуруштсуханиам, он беморе, ки ҳоло дар болои кати ҷарроҳии шумо хобидааст, шавҳари ман аст ва он зане, ки имшаб дар болои хараки даромадгоҳи бемористонатон ҷон дод, хушдоманам, зане, ки ҳоло дар рӯ ба рӯи шумо нишастааст, модарам мешавад. Ба ҷарӣ афтидани шавҳарамро ман шаб аз забони модарам шунидам, хабари марги хушдоманамро ҳам он кас расониданд. Росташро гӯям, барои шавҳарам шуда ман ин ҷо наомадаам ва омаданӣ ҳам набудам, аммо хабари марги модари дуюмам-хушдоманам нагузошт, ки дар хона нишинам...

-Шумо духтарҷон, тарзе гап мезанед, ки гӯё парвои марги шавҳаратон надоред, аммо барои модари вай шуда инҷо омадед...

-Ин кас аз ӯ дида, бештар ба ман модар буданд ва модари асосиам, ки дар ҳузури шумо нишастаанд, ин чизро тасдиқ карда метавонанд. Ҳамин хел не, оча? Ман ба писараш дигар кор надорам, вале маргашро низ орзу намекунам. Намехоҳам писарам бе падар монад. Гапро дароз намекунем, беҳтараш ҷойи хушдоманамро ба ман нишон диҳед, ақаллан рӯйи сардашро бубинам...

Ин дам Иқбол аз оғӯши тағояш Фирӯз ба замин фаромада ба назди Холбибӣ омад ва кампир аз чеҳраи наберааш бӯсид. Иқбол низ бибиашро оғӯш кард ва баъд бо забони кӯдакона аз ӯ пурсид:

-Бибии дигариам канӣ?

-Кадом бибиат?-Бо чашмони ашколуд худро ба нодонӣ зада пурсид Холбибӣ

-Бибии Шамилаам, ба ҷои “Ҷ” “Ш”-ро истифода бурда пурсид Иқбол.

-Бибиат ба як ҷои дур рафт, дертар меояд...

-Хайр, ин хел, ки бошад, ту гиря накун бибиҷон. Худат гуфтӣ- ку, меояд. Дадаҷонам ҳам ҳамроҳаш рафт?

Забони кампир бо шунидани ин саволи кӯдаконаи наберааш гӯё лол гашта бошад, чӣ гуфтанашро надониста, ба ҳозирин нигарист. Ҳама ҳайрон ба ҳамдигар нигоҳ карда, чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Ниҳоят, доктор Салим худро ба даст гирифта гуфт:

-Бачаҷон, дадаат монда шудааст, ҳоло хоб рафтагӣ. Бедор, ки шуд, ту ба наздаш меравӣ, албатта агар модарат иҷозат диҳад…

Доктор ҷумлаи охиринашро ба Садоқат нигариста гуфт ва ҷавонзан аз нигоҳи ӯ рамуз гирифта сар ҷумбонд:

-Майлаш, лекин аввал дадаат бедор шавад. Ҳозир ҳамроҳи тағои Фирӯзат рафта ба мошин шин...

Иқбол пеш-пеш ва Фирӯз аз паси ӯ ба роҳрав баромаданду дигарон маслиҳати худро идома доданд. Садоқат ба модараш, раиси деҳа ва духтур Баротбой нигариста гуфт:

-Ҳоло мо маитро бо мошини додарам ба шаҳр мебарем. Амакиҳо, марҳамат пагоҳ ба ҷаноза биёед.

-Ба ҳавлии кӣ? Ба ҳавлии модаратон?

-Не, ба ҳавлии худашон. Ин кас соҳиби ҳавлию дар буданд, 60 сол дар як маҳалла зиндагӣ карда, дӯстону ҳамсояҳои ғамхори зиёде доранд. Мурдаашон аз ҷое, ки шавҳарашонро бурда ба хок супурда буданд, бояд барояд. Фирӯзҷон ҳамаи хароҷоташонро худаш мекунад, чунки вай ҳам мисли фарзандашон аст.

-Охир писари ягонаашон дар ин ҳолат аст. Магар беҳтар набуд, ки аз ҳавлии модаратон бароред?

-Не, ман феъли он касро хуб медонистам, арвоҳашон меранҷад. Он кас зани бисёр баору номус буданд ва ҳаргиз ба касе иҷозат намедоданд, ки мурдаашонро ба ғайр аз хонаи худашон, аз ҷои дигар бароранд...

-Ин тавр бошад, ба додаратон гӯед, ки мошинашро ба дари даромадгоҳ биёрад. Мо ҳам ҳамроҳи бачаҳо аз пасатон меравем,-ин суханони Баротбой вақте садо доданд, ки аллакай Садоқат аз паси ҳамшираи шафқат аз дар баромада, ба сӯи ҳуҷрае, ки он ҷо ҷасади Ҷамила мехобид, равон шуд. Дар роҳрав баногоҳ чашми Садоқат ба Шафоат афтод, ки аз паси дари ҳуҷрае бо чашмони бароқу зебояш ба ӯ менигарист. Садоқат як лаҳза дар ҷояш истода монд...

(Давомашро фардо соати 21 интизор шавед)

 

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД