(Давомаш)
Даруни микроавтобус пур-пури одам буд ва баъзе ҷавонон рост меистоданд. Дар деҳот одате ҳаст, ки агар касеро ҳама ҳамчун роҳбар эътироф намоянд, дар куҷое набошад, эҳтироми ӯро ба ҷо меоранд. Ана ҳоло низ ҳама гӯш ба қимор буданд, ки Баротбой чӣ мегӯяд. Замони шӯравӣ Баротбой бригадири деҳа буд ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳама ӯро «раис» гуфта, ҳамчун роҳбар эътироф мекарданд. Баротбой бо чеҳраи гирифта аз тирезаи мошин ба ҳавои боронии берун чашм дӯхта, ғарқи андеша буд. “Кампир мурд, акнун Худо кунад, ки писараш зинда монад...” аз дил мегузаронд ин марди рӯзгордида ва оҳи сард мекашид. Хабари марги модари Муртазоро ба ӯ субҳи барвақт бачаҳое, ки барои кӯмак ба маркази ноҳия фиристода буд, расонданд ва раис чанд ҷавонро ҳамроҳ гирифта ба он ҷо равон буд, то маслиҳати гӯру чӯби ӯро кунад. “Аз рӯйи шунидам, дар шаҳр ҳам онҳо хешу ақрабои зиёд надоранд. Ягона фарзандаш ҳамин Муртазо будааст, ки ҳоло дар дами марг аст. Дили кампир аз ғами писараш аз тапидан бозмонд, агар мо мурдаи ӯро соҳибӣ накунем, ҳамсояқишлоқҳо моро айб мекунанд...”,-худ ба худ меандешид раис. Вақте ба беморхона наздик шуданд, Баротбой ба ҳамдеҳагонаш нигариста гуфт:
-Ҳозир ҳамаамон якҷоя ба беморхона меравем ва он ҷо маслиҳат мекунем, ки чӣ бояд кард. Роҳкирои ронандаро диҳед, мошин бо об намеравад, сӯзишворӣ хариданаш лозим...
Ин дам чашми раис ба Шафоат афтид, ки дар курсии қафо дар паҳлӯи зане менишаст.
-Ту барои чӣ омадӣ? Модарат фиристод, ки аз аҳволи муаллимат хабар гирӣ?
Шафоат, ки то ин дам сарашро дар паси дигарон аз раис пинҳон карда нишаста буд, чӣ ҷавоб доданашро намедонист. Аз ин ҳолат ӯро худи раис баровард:
-Майлаш, аз аҳволи ӯ хабар гир. Ҳамсояи шумоён буд ва ба ту дарс ҳам додагист...
Ин вақт зани мулло, ки шоҳиди никоҳи Шафоату Муртазо буд ва ду курсӣ аз ӯ пештар менишаст, овоз баровард:
-Охир Муртазо ба вай...,-бо шунидани ин суханон рангу рӯйи Шафоат канд, аммо холадухтари Ҳасратмоҳ дар давоми суханаш гуфт,-Муртазо ба вай муаллим буд ва ба хонаашон равуо дошт...
Шафоат суханони модарашро ба хотир овард, ки дирӯз гуфта буд: “Онҳое, ки шоҳиди никоҳи тую Муртазо буданд, ҳаргиз то охир хомӯш намеистанд ва ин гап хоҳ-нохоҳ ба гӯши мардум мерасад...”
Онҳо ба дари беморхона расиданд ва ҷавонон зуд аз паи иҷрои супориши раис шуда, барои бурдани ҷасади Ҷамила тайёрӣ дидан гирифтанд. Баротбой ба ҳуҷрае, ки дар он ҷо духтурон менишастанд, даромада, аввал аҳволи беморро пурсид. Доктор Салим, ки раисро солҳо инҷониб мешинохт, ба ӯ ҷой нишон дода гуфт:
-Аҳволи бемор он қадар бад нест. Ҷавон, ки ҳаст, организмаш барои зиндагӣ мубориза мебарад. Имрӯз ё пагоҳ ҷойҳои шикастаи устухонҳояшро шикастабандӣ мекунем, аммо… тақдирро бинед, ки модари бечорааш ба ғами фарзанд тоқат накарда, дилаш аз кор монд. Пештар ҳам дилаш бемор будааст, барои ҳамин ба ин зарба тоб наовард. Медонед раис, дар дунё аз ҳама ғами тоқатфарсо ин ғами фарзанд будааст. Ин ҳамту гап не, ин хулосаи духтурони қалб аст. Табибони дил мегӯянд, чизе, ки аз ҳама бештар қалби инсонро афгору дардманд мекунад, ин дарду доғи фарзанд аст...
-Раҳмат духтур, барои хизматҳоятон! Гуфтагӣ барин, зане, ки ҳамроҳи модари Муртазо буд, канӣ? Вай қудояш мешудааст, бо ӯ маслиҳат кардан лозим, ки ҷасади ин занаки бечораро дар куҷо дафн кунем...
-Ҳа, Холбибӣ? Вай баробари марги дугонааш ба шаҳр занг зада, духтарашро даъват кард. Ҳамроҳи духтараш писараш ҳам, ки одами калон будааст, меомадааст. Онҳо ҳоло дар роҳанд, худи кампир бошад, ҳамроҳи хоҳари шафқат дар ҳуҷраи паҳлӯгӣ нишастааст, агар хоҳед, биёед ҳамроҳ ба наздаш меравем...
Онҳо ба ҳуҷраи дигар гузаштанд, ки он ҷо дар болои кати беморӣ Холбибӣ дароз кашида, интизори омадани духтару писараш буд. Баробари аз дар даромадани Баротбой ва доктор Салим кампир сарашро бардошта, дар болои ҷойгаҳаш нишаст. Ҳамшираи шафқат бо дидани онҳо аз ҷояш хест.
-Аҳволи холаам чӣ хел? –пурсид доктор аз ҳамшира. Ба ҷои ҳамшира худи Холбибӣ ҷавоб дод:
-Аҳволам хуб аст. Андак сарам дард кард, вале ин духтарам дору доду дардаш монд. Ин ҳеҷ гап не, доктор, биёед то омадани писару духтари ман мурдаро барои ба шаҳр бурдан тайёр кунем,-чашмони Холбибӣ пуроб шуданд. Духтур дар паҳлӯи вай нишаста гуфт:
-Сабаби дарди саратон ана ҳамин ашкрезиатон аст. Холаҷон, мурда мурд, дигар бо оби дида ӯро зинда карда намешавад. Биёед беҳбудии корро бинем, чунки ҳоло ҳам писараш дар байни маргу зиндагӣ қарор дорад...
-Э монед, дилам аз фарзанди дунё ҳам хунук шуд! Ана бинед, дугонаам барои бачааш шуда аз ҳаёташ маҳрум гашт. Канӣ, акнун писар ба гӯраш медарояд? Ҳаргиз не! Ҷамила писарашро бо ҳазор умеду орзу калон кард, хононд, соҳиби хонаю дар кард, аммо имрӯз фарзандаш ӯро ақаллан ба хок монда наметавонад….
-Рост мегӯед хола, лекин қонуни ин дунё ҳамин аст, одамизод то рӯзе, ки ҳаст, фарзанд мегӯяд… Аз рӯйи шунидам, Муртазою модараш дар шаҳр хешу табори зиёд надоранд, беҳтар нест, ки кампирро дар деҳаи мо гӯронем? Агар умраш боқӣ бошад, писараш, ки сиҳат шуд, ақаллан дар сари қабраш фотеҳа мехонад-ку?-Ба гап ҳамроҳ шуд Баротбой.
Кампири Холбибӣ ин суханонро шунида якбора ҳушёр шуд ва дар сари ҷойгаҳаш баландтар хеста гуфт:
-Додарҷон, ман фаҳмидам, ки шумо раиси ҳамин деҳа будаед. Ҳазор раҳмат барои меҳмоннавозию дастгириатон! Ман аз шумо як ба ҳазор розӣ, лекин модари Муртазоро бесоҳиб нагӯед, писараш дар дами марг бошад ҳам, вай келин дорад. Ҳар чизе, ки ана ҳамон келини қонуниаш гӯяд, ҳамонро мекунем. Наберааш, шукри Худо, хурд бошад ҳам ҳаст, ғайр аз ин дар шаҳр ҳамсояю ёру дӯстони бисёре дорад. Онҳо ҳаргиз ӯро аз хок берун намемонанд. Ман аз шумо ва ҳамдеҳагонатон миннатдорам, ки барои мо шуда заҳмат кашидед. Ҳоло домоди бемори ман дар ҷойгаҳи беморӣ хоб аст, чӣ қадаре, ки метавонед, ба вай кӯмак расонед, зеро ба гуфти баъзеҳо ва тасдиқи худаш вай домоди шумо ҳам ҳаст...
Баротбой ва доктор Салим аз ин суханони Холбибӣ ба ҳайрат афтида бо даҳони воз давоми гапи кампирро интизор шуданд. Холбибӣ эҳсос намуд, ки ғайри ихтиёр суханеро ба забон овардааст, ки бояд намегуфт, вале дигар ҷои ақибнишинӣ намонда буд:
-Бале, домоди ман домоди шумо, аниқтараш домоди деҳаи шумо ҳам будааст. Сабаби ба он ҷо рафтани ману Ҷамила ҳам ҳамин буд. Хостем фаҳмем, ки барои чӣ ин бача зану кӯдаки гул барин зебояшро пушти по зада, дар ин ҷо боз домони каси дигарро доштааст. Ана оқибаташ чӣ шуд, дида истодаед. Кошкӣ ба он ҷо намерафтем, шояд Ҷамилаи бечора зинда мемонд…
-Зинда монданаш дар гумон буд, чунки дилаш бемор будааст. Ман аз таҷрибаи духтурии худам ба шумо мегӯям, ки дугонаатон он қадар умри дароз намедид, ин ҳодиса баҳона шуд…. Аммо суханони охиринатонро дар бораи домоди сафедорониҳо будани домодатон нафаҳмидам...
-Инро баъдтар мефаҳмед, доктор.. .
Ин дам дар кушода шуд ва Садоқат, аз паси вай бародараш Фирӯз даромада омаданд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)