(Идомааш)
Онҳое, ки дар атрофи хаймаи ибни Шамс ҷамъ омада буданд, аз дур падару писарро мушоҳида мекарданд, вале касе ҷуръат надошт, ки ба онҳо халал расонад, на ибни Шамс, на Омина ва на сардори хадамоту сардори қабила. Ҳама гӯё ҷоду шуда буданд…
Тарабхонаи «Насими Сир» на он қадар дуртар аз соҳили дарё ҷой гирифта, аз дур киштиеро мемонд, ки дар зери бодбон шино мекунад. Ҷамшед ҳамроҳони худро аз дари паси тарабхона, ки ба ошхона мебурд, даровард. Сарошпази тарабхона аввал сар то пои тари онҳоро дида ҳайрон шуд, вале баъд муфаттишро шинохту зуд сачоқи сари китфашро ба як тараф партофта, лабхандзанон гуфт:
-Марҳамат, ба назди бухорӣ. Ба фикрам, шумоён гумон кардаед, ки фасли оббозӣ фаро расидааст. Тезтар гузаред, ки ҳамаатон зуком мешавед...
Чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар ин шаҳр низ кормандони суду прокуратура ва милисаро онҳое, ки бо савдо сару кор доранд, хуб мешиносанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо дарёфти фурсати муносиб ба онҳо «хизмат» кунанд ва бо ҳамин восита ба онҳо наздик шаванд. Шояд дар рӯзи «мабодо» ба кор оянд…Сарошпази «Насими Сир» ҳам аз ҷумлаи чунин шахсон буд ва ҳоло мехост ба Ҷамшед кӯмак расонаду ба оянда умед бандад. Ӯ ба зудӣ ба назди писарак ва Ҷамшед як чойник чои гарм гирифта оварда монд. Сачоқи тозае ҳам оварда дод ва баъд ба Гулрафтор ишора намуда гуфт:
-Шояд ин кас дар хонаи либосивазкунии мо либосҳои худро иваз намоянд?
Аввалин чизе, ки ба майнаи ӯ омад, ин буд, ки ин духтари нозанин ба қавли хуҷандиҳо «оими» Ҷамшед аст ва бо сабабе онҳо дар дарё тар шудаанд.
-Аз худашон пурсед…,-ларзида истода гуфт Ҷамшед,- Ба шарофати ин кас ва ана ин йигит баҳор нарасида оббозӣ ҳам карда гирифтем…
-Раҳмат барои ғамхориатон. Аммо ман ба хона меравам ва дар ҳамон ҷо либосамро иваз мекунам…
-Бо ҳамин аҳвол?-дубора пурсид сарошпаз ва бо овози қатъӣ идома дод:
-Не, ман намегузорам, ки ҳамин тавр аз даргоҳи мо равед. Зайтуна, ҳо Зайтуна, баромада ба ин дугонаат ёрӣ деҳ!
Дар ҷавоб аз дари дигар духтараки резапайкаре баромада, як ба аҳволи духтари ниҳоят зебое, ки сар то по тар буду барои он, ки тарҳи пайкари зебояшро аз мардҳо панаҳ кунад, дар паси бухории барқие, ки то миёнаш меомад, рост меистод, нигоҳ карда, ишораи «бо ман рафтем» кард ва ба дари дигар даромад. Гулрафтор низ дигар чизе нагуфта аз паси ӯ рафт.
Ҷамшед пас аз нӯшидани як-ду пиёла чои гарм хестанӣ буд, ки сарошпаз дар дасташ як шиша коняк ва дар табақчае газак гирифта боз ба ҷои нишастаи онҳо омад ва табассумкунон гуфт:
-Бо чой танҳо занҳо гарм мешаванд. Мард барои гарм шудан бояд ана ин нӯшобаро истифода барад.
-Раҳмат, ман наменӯшам. Ин писарак бошад, ҳоло хурд аст.
-Ҳа гуфтагӣ барин, бародари ин писарак дар берун ӯро интизор аст.
-Ӯро ба ин ҷо даъват кунед,- писараки аз ҷой хестаистодаро аз банди дасташ дошт Ҷамшед. Сарошпаз коняку газакро болои мизи пастаке гузошта дубора ба берун рафт.
Пас аз лаҳзае писарбачаи дигари нисбатан калонтаре бо як ҳароси бачагона аз дар намоён шуд.
-Ин додари ту? Қаиқро аз куҷо гирифтед?
-Амакҷон мо дигар намекунем. Зӯри ӯ ба белзанӣ нарасиду ба дарё чаппа шуд. Қаиқ аз они дадоям. Он кас фаҳманд, моро мекушанд. Додарамро ҷавоб диҳед,-зорӣ намуд ҷавон.
-Ба он духтарак раҳмат гӯй, ки ӯро халос кард. Вагарна… Дар кадом мактаб мехонед?
-Амакҷон, мо дигар такрор намекунем. Ҷон амакҷон…
-Майлаш равед. Агар бори дигар бо қаиқ бинам… Додаратро зуд бурда гарм кун ва либосҳояшро иваз намо…
Писаракон хушҳол аз дар берун шуданд. Ҷамшед аз тарқиши дар дид, ки ҳарду ба велосипед савор шуда, зуд-зуд почазанон аз тарабхона дур мешуданд. Писараки аз чанголи марг халосшуда ба пас гашта як дасташро ба бинниш бурда панҷаҳояшро харакат медод. Ин амали ӯ хандаи Ҷамшедро овард ва ӯ беихтиёр хандида фиристод. Сарошпаз ба қадаҳ камтар коняк рехту ба ӯ дароз карда гуфт:
-Илоҳо бо хандаҳо нигоҳ дорад. Ақаллан як ҷуръа нӯшед…
Ҷамшед, ки хеле хунук хӯрда буд, дигар нею нестон накарда қадаҳро гирифту якбора нӯшид…
-Акнун марҳамат ба толор. Онҷо шуморо, ки бо пои худатон омадед, меҳмон кардан мехоҳам. Хӯҷаин хурсанд мешаванд.
-Не, онҷо ҷои мо не. Мардуми ҳархела ҳастанд. Агар илоҷаш бошад, дар ҳамин ҷо як миз монед,- маълум буд, ки ду-се ҷуръа коняки нӯшидааш ба ӯ таъсир кардааст,-Ҳамроҳи ман канӣ?
-Он кас дар ҳуҷраи либосивазкунии Зайтуна. Интизори хушк шудани либосҳояшон. Ба ин ҷо даъват кунам?
-Не, аввал мизро тайёр кунед.
Пас аз лаҳзае дар назди бухории ҷои хӯрокпазии тарабхона мизи пур аз нозу неъмат муҳайё гардид. Як-ду нафар ходимдухтари хуштарҳи тарабхона мизро ороста ду курсии мулоим ҳам оварда гузоштанд. Сарошпаз як бори дигар неъматҳои болои мизро аз назар гузаронида аз Ҷамшед пурсид:
-Ба фикарам, ҳама чиз тайёр, агар ягон фармоиши дигар дошта бошед, гӯед, Ҷамшедҷон. Мо дар хизмат.
-Ташаккур, ҳамроҳи маро ин ҷо даъват кунед.
Сарошпаз табассуми мулоимхунуконае карду кафи дастонашро ба ҳам соиш дода, ба даре, ки он ҷо гӯё ҷои либосивазкунии Зайтуна буд, даромад.
Пас аз лаҳзае аз дар Гулрафтор даромад ва Ҷамшед беихтиёр аз ҷояш хест. Ҳоло дар рӯ ба рӯи ӯ олиҳае меистод, ки гӯё ҳамин замон аз осмон фаромадааст. Ҷамшед бори аввал ӯро дар либоси тоҷикӣ медид. То ин замон Гулрафтор ҳамеша либоси сиёҳе, ки занҳои араб мепӯшиданд, дар бар дошт. Ҳоло вай либосҳои тари худро кашида, либосҳои ҳамон Зайтуна ё кадоми дигарро пӯшида буд, ки симои ӯро боз ҳам дилработар менамуд. Ҷамшед куртаи атласи хуҷандиро дар тани зебои ӯ дида, аз дил гузаронд: «Атласт шояд танҳо барои ҳамин зан офарида шуда бошад. Наход инсон то ҳамин дараҷа зебо шавад?» Ӯро дигар маҷоли гапзанӣ ҳам намонда буд ва ғайриихтиёр туфашро фурӯ бурд, ки ин аз нигоҳи зираконаи Гулрафтор пинҳон намонд.
-Чаро истодаед? Акнун ба ман ҷавоб будагист?
-Ба Шумо ҳамон вақт ҷавоб, ки болои ин мизи зебо холӣ шавад,- ба худ омада хушгуфторӣ карданӣ шуд ҷавон. Аммо маълум буд, ки худро ҳеҷ ба даст гирифта наметавонад.
-Раҳмат, аммо рафтанам лозим. Саида хавотир мешавад…
-Хоҳед ӯро ҳам даъват мекунем.
-Не. Ба шумо ташаккур, ки ҳам марою ҳам он бачаро халос кардед. Шумо дар соҳил чӣ кор мекардед?
Ин саволи Гулрафтор як лаҳза муфаттиши ҷавонро гаранг кард, вале Ҷамшед зуд ба худ омада гуфт:
-Ман ҳам мисли Шумо гоҳ-гоҳ дар соҳили дарё сайр карданро дӯст медорам.
-Ин одатро ба ман шавҳарам омӯзонда буд,- беихтиёр аз даҳони Гулрафтор баромад.
Ҷамшед фаҳмид, ки Гулрафтор бо ин ишора ба он мекунад, ки ӯ зани шавҳардор аст.
-Шинед, Гулрафтор. Ман мефаҳмам, ки зани каси дигаред. Дар бораи он, ки воқеан ҳам шумо шавҳар доред, ман маълумот дорам, аммо…
-Аз куҷо фаҳмидед, ки ман дурӯғ намегӯям?
-Дар ёд доред, рақами телефони як тоҷикеро, ки дар Италия будаасту ба шумоён тарҷумонӣ кардааст, ба ман дода будед?
-Ҳа, ана аз куҷо,- ба ёд овард Гулрафтор ва баъд пурсид:
-Ҳоло ӯ дар куҷост?
-Ҳанӯз дар Италия, аммо ба наздикӣ меояд…Гулрафтор,- Ҷамшед ба қадаҳи дар наздаш буда боз камтар рехта, онро ба даст гирифту хастаҳолона суханашро идома дод:- Шояд шумо ба ҳоли ман хандед. Аммо ман рӯирост мегӯям, ки ба бисту шаш даромада, то ҳол ба касе ошиқ нашуда будам. Буданд ишқҳои хасакӣ, вале ҳамааш гузаранда буд. Аммо ин бор…Ман аз рӯзе, ки дар ин шаҳр ҳастед, доим аз пасатон мисли кӯдаки раҳгумзада…
Гулрафтор хомӯш буд. Дилаш ба ҳоли ҷавон сӯхт.
-Аммо ин бор Шумо маро ба ботлоқе ғарқ кардед, ки аз он раҳо гардиданам амри маҳол аст…
Гулрафтор каме ба чеҳраи андаке аз таъсири шароб сурх гардидаи Ҷамшед нигоҳ карда истод ва сипас дасташро ба китфи тари ӯ гузошт…
Дасти Гулрафтор ба китфи Ҷамшед фаромаду ҷавон аз ин расиш як қад парид. Хост аз ҷояш бархезад, аммо дар пойҳояш мадор намонда буд. Гулрафтор курсии дар рӯ ба рӯи Ҷамшедро интихоб намуда, ба он нишаст ва мӯйҳои тари зебояшро бо дасташ шона зада ба қафо партофту синчакорона ба Ҷамшед нигариста гуфт:
-Аллакай қариб се моҳ мешавад, ки мою шумо шинос ҳастем. Ин шиносоӣ баъд аз он рух дод, ки пас аз бозгашти мо шуморо муфаттиши кори мо таъин карданд,-духтар калимаи «шумо»-ро махсус таъкид мекард ва ғайри одати мардуми ҷануб «ту» намегуфт. Ин оҳанги нимрасмиро Ҷамшед эҳсос менамуд,- Ман зани шавҳардор ҳастам ва инро аллакай Шумо тафтиш карда дидед, ки дурӯғ намегӯям. Ба болои ин писарам дар мулки бегона монд…
-Дар масъалаи шавҳаратон гапатон рост аст,- Ҷамшед ночор «шумо»-ро интихоб кард, ҳарчанд чунин ранг гирифтани сӯҳбатро намехост,- Аммо дар бораи он, ки дар Арабистон писар доред, ман ягон маълумот пайдо накардам. Дугонаатон Саида низ ин чизро намедонад.
-Гумон кардед, ки шавҳар дошта бошад ҳам, вақте, ки ба ватан баргашт, ӯро аз хотир мебарораду касе, ки аз пасаш шавад, дӯст медорад? Барои ҳамин дар ин се моҳ чун соя аз пасам мегаштед ва имрӯз ҳам аз паси ман назорат доштеду сабаби аз марг наҷот додани ману он писарак шудед? Ман он қадар ғами ҷони худро надорам, вале барои аз марг халос кардани он писарак аз шумо сипосгузорам.
Гулрафтор ҳис кард, ки бо ин суханонаш ба дили ҷавон захмҳои нав ба нав расонида истодааст. Барои ҳамин дар дил худро мазаммат карда, оҳанги суханашро нармтар намуд:
-Ҷамшедҷон, шумо ҷавони зебою босавод ҳастед. Дар ҳар тори мӯятон як духтар кашол. Чаро аз паси мани аллакай шавҳару фарзанддор худро овора мекунед? Охир дар ин шаҳр ҳар як падару модар орзу мекунад, ки чунин домод дошта бошад…
Ин вақт пешхизмати ошхона дар ду табақча қимақабоби аз сих берункардашуда оварда монду ба Гулрафтор нигариста гуфт:
-Хоҳарҷон, либосҳои худатон хушк шуд. Агар хоҳед, ба ин утоқ гузашта либосатонро пӯшед.
Гулрафтор бо аломати «фаҳмидам» сар ҷунбонда, баъд аз баромадани пешхизмат бо табассум суханашро идома дод:
-Бинед, ҳатто ҳамин духтар ҳам бо ҳавас ба шумо нигоҳ мекунад ва орзу дорад, ки ман ҳарчӣ зудтар аз пеши шумо дур шавам…
Ҷамшед табассуми ҳазине карда гуфт:
-Наход меҳри он араб дар дили шумо он қадар амиқ ҷой гирифтааст, ки дигаронро дидан намехоҳед? Гуфтед, ки ҳамагӣ чанд рӯз бо ӯ будед. Шояд боигариаш маъқул бошад?
Дар чашмони Гулрафтор ашк ҳалқа зада гуфт:
-Чӯпонбача мешуд ҳам, ман ба ҷуз ӯ каси дигареро намехостам. Худо медонад, ки ман дигар ба дидори шавҳарам мерасам ё не, вале Худованд аз рӯзи азал маро барои ӯ ва ӯро барои ман халқ карда будааст. Дар лаҳзаҳое, ки то расвоии ман як қадам монда буд, ӯро ба ман расонд. Ҳоло ӯ гумон дорад, ки пас аз ҷудоӣ аз вай, ман ҳам дар биёбон мисли дигарон ҳарҷогарду кӯчагӣ шудам ва бағали сад мардро дидам. Гумон аст, ки ба рӯям нигоҳ кунад. Писарамро ҳам, ки фарзанди ҳалоли худаш аст, ҳеҷ гоҳ ба гардан намегирад. Инро ман хуб мефаҳмам. Аммо чӣ кор кунам, ки дар рӯи дунё ҳамчун мард чашмони ман танҳо ӯро мебинанд. На мол, на пул, на мансаб ва ҳатто на хешу ақрабо. Танҳо Салим! Орзу дорам, ки пеш аз маргам ӯ як бор мӯямро сила кунаду аз пешониам бӯсад. Худо шоҳид аст, ки ман на дар назди ӯ, на дар назди фарзандам гуноҳе надоштам. Аз Шумо ҳам илтиҷо мекунам, ки маро ба ҳоли худам гузоред…
Гулрафтор сарашро миёни дастонаш гирифта, чашмони зебояшро, ки ин лаҳзаҳо чашмаеро мемонд, ба замин дӯхт. Дигар маҷоли сухан гуфтан надошт. Фақат китфонаш меларзиданд. Бори сангини ҷудоӣ ва имтиҳонҳои нав ба нави зиндагӣ ӯро хаста карда буд. Аммо зебогии худододаш афзун мешуду кам не. Агар ин лаҳза фариштамарде ҳам ба ӯ нигоҳ мекард, дилаш таҳ кашида мерафт, чи ҷои Ҷамшед, ки як инсони хокист. Ин инсони хокӣ хуб мефаҳмид, ки фариштаи дар рӯ ба рӯяш нишаста ҳаргиз ба ӯ тааллуқ нахоҳад дошт. Гузашта аз ин, агар муносибати худро нисбати ин зани дорои ҳусни осмонӣ ҳамин тавр идома диҳад, аз эҳтироме ҳам, ки ӯ ҳоло нисбаташ дорад, маҳрум хоҳад гашт. Ӯ намехост бо истифодаи зӯрию фишор хоҳишашро болои ӯ бор кунад ва бо ҳамин охирин умеди худро ҳам аз даст диҳад. Маълум, ки Гулрафтори ҳоло ҳиққосзанон гирякардаистода он қадар сусту беирода нест, ки зулмро таҳаммул кунад ва ба касею чизе, ки дилаш намехоҳад, сар фарорад. Якбора дар дили ҷавон ким чӣ хел як хоҳиши бузурге пайдо шуд, ки ин занро мисли хоҳар ба оғӯш кашаду тасаллӣ диҳад ва гӯяд: «Эй духтари сад балоро пасисарнамуда, ман ба тую иродаи ту, ба вафодорию муҳаббати ту тан додам. Охир, кӣ метавонад вақте, ки умеде ба оянда надорад, боз ҳам нисбати ин ноумедӣ бовафо бошад? Ту дар ҳақиқат фаришта ҳастӣ. Фариштае, ки ҳеҷ гоҳ ба мо барин инсонҳои заминӣ насиб нахоҳад гашт…»
Гулрафтор гӯё шӯри дили ҷавонро ҳис карда бошад, сар бардошта бо овози гиряолуд, аммо табассумкунон гуфт:
-Акаи Ҷамшед, агар хоҳед, ман бо Шумо духтареро шинос мекунам, ки сад бор аз ман хушрӯйтар. Аз деҳаашон ба хондан омадааст. Ҳоло ҳамсояи мо. Ягон рӯз шинос мекунам. Ана вай духтар…
Ҷамшедро ин суханони Гулрафтор аз маҷрои андешаҳои пурғалаён берун кашид ва ӯ ҳам ба чеҳраи ашколуди духтар нигоҳ карда табассум намуд. Ҳарду баробар хандиданд ва Ҷамшед ҳам ин оҳанги шӯхиомезро қабул карда гуфт:
-Ман розӣ, фақат медонам, ки аз Гулрафтор зеботар намешавад. Аммо барои розӣ кардани ӯ тайёрам бо худи шайтон ҳам шинос шавам. Акнун, ки ба чеҳраатон фасли Наврӯз омад, ба хӯрок нигоҳ кунед. Мардуми шумо «нигоҳ кунед»-ро ба маънои ҳақиқиаш мефаҳманд, аммо мо нигоҳ кунед гуфта хӯрданро дар назар дорем…
Гулрафтор фаҳмид, ки ҷавон дигар майли ба худ ҷалб намудани ӯро надорад ва дар ин лаҳзаҳо дар вуҷуди ӯ инқилобе рух додаасту акнун ба Гулрафтор на ҳамчун шахси дӯстдошта, балки чун дӯст муносибат мекунад.
-Ман чанд соли охир аз лаҳҷаи мардуми худамон дида, бештар бо лаҳҷаҳои гуногуни мардуми биёбони араб сухан мегуфтам ва барои ҳамин шумо аз ман дида беҳтар медонед. Аммо баъди оббозӣ кабоб мефорад…
Ӯ бо нӯги шохача аз кабоби гарм як порча гирифта ба даҳон андохту шӯхиомез гуфт:
-Агар бо муфаттишҳо шинос бошӣ, ҳар рӯз баъд аз оббозӣ дар оби хунук дар сари чунин дастархон мешинӣ?
-Ин дастурхон ба шарафи Шумо оро дода шудааст, афсӯс, ки дар толори пазироӣ нанишастед,- гӯён дар даст як табақ оши хуҷандӣ аз дар намоён шуд сарошпаз, ки суханони охирини Гулрафторро шунида буд.
-Чӣ, мехоҳед, ки мардум муфаттишро бо як духтар дида дар борааш гапу калоча кунанду бо ҳамин роҳ тарабхонаатонро реклама кунед ?-дар ҷавоби суханони сарошпаз ба Ҷамшед чашмакӣ зада гуфт Гулрафтор.
-Майлаш, ин ҷо маъқул бошад, нишастан гиред. Ман фақат гуфтанӣ будам, ки он ҷо қулайтар аст.
Сарошпаз зуд табақро болои миз монда аз дар баромад ва боз ҳарду хандиданд…
-Гулрафтор, фардо суди Ҷамила барпо мегардад. Ман дар назар дорам пагоҳро, албатта. Шумо чӣ гуфтанӣ доред?-ҷиддӣ пурсид Ҷамшед.
-Чӣ ҳам мегуфтам. Ҳамаи ҳодисаи шудагиро мегӯям-дия…
-Ҳамин тавр кунед. Ӯ даҳҳо нафарро бадбахт кардааст…
-Аммо маро хушбахт…,- андешаманд гуфт Гулрафтор,-Ҳарчанд ин хушбахтӣ пур аз азоб аст…
-Ана ту дар куҷоӣ. Як шаҳрро тай зада баромада, туро меҷӯяму ту бошӣ дар ин ҷо айш меронӣ …,- аз дар суроби Саида намоён шуд, ки хавотир шуда ба ҷустуҷӯи дугонааш баромада буд,-На китобхона мондаму на боғ, баъд гумон кардам, ки мабодо худро ба дарё наандохта бошӣ ва ба ин ҷо омадам. Як писарак гуфт, ки туро аз дарё кашида ин ҷо овардаанд…
-Рост гуфтаанд, маро аз дарё берун оварданд. Оббозӣ форид. Канӣ биё, ин ошу кабобро махсус барои ту амаки ошпазат тайёр кардааст. Тезтар биё, ки хунук нашавад…
Саидаро оҳанги болида сухан кардани Гулрафтор ҳайрон кард. Аммо чизе нафаҳмиду қарор дод, ки аввал шикамро сер кунад, баъд маълум мешавад, ки чӣ ҳодиса шудааст. Вай дасту остин барзада, ба онҳо ҳамроҳ шуд…
Шайх чашмонашро нимпӯш карда бо ҳаловат Замирро бӯй мекашид. Мисли он, ки гулро бӯй мекунанд. Аз бадани тифл бӯи хуши мадҳушкунанде ба димоғаш мерасид, ки ба ягон бӯи дигар монанд набуд. Ин бӯй ба ӯ аз даврони тифлиаш ошно буд. Оғӯши модар чунин бӯй дошт. Вақте, ки калонакак, мактабрав буду мошинашон ӯро ба ҳавлӣ меовард ва ронандааш Салими 6-7 соларо аз ҷои нишасташ гирифта ба замин мемонд, ӯ дав-давон рафта худро ба оғӯши модар меандохт ва то сер шудан ӯро бӯй мекашид. Баъдтар ба димоғи ӯ ҳазорон бӯйҳои дигар расиданд. Атру ангубини зебосанамҳои Порис, хушбӯҳои ватани худаш ва боз бӯйҳои беҳтарини дунё. Аммо ягон бӯй ба он бӯе, ки ҳоло ба димоғи Шайх мерасид, монанд набуд. Ин беҳтарин бӯе буд, ки ҳоло ӯ бо тамоми ҳастиаш масти он гардида буд. «Тифл бӯи ҷаннат мекунад» мегӯянд, Шайх Салим ҳоло ҷаннатро дар оғӯш дошт ва мехост ҳарчи бештар аз ин ҷаннат баҳра барад. Бо ҳар расиши риши ӯ ба гулӯю бехи гӯшаш қитиқи «ҷаннат» омада қиқирросзанон механдид. Омина ҳайрон буд, ки чаро Замире, ки ҳатто дар бағали Ибни Шамс ҳам баъд аз андаке гиря мекард, ҳоло қариб ним соат боз дар оғӯши ин марди хушлибос асту ба ҷои гиря бо завқ ханда мекунад…
…Ҷондорони Шайх ва аҳли қабила ин манзараро тамошо мекарданду касеро ёрои он набуд, ки ба ин ду тан наздик шавад. Ниҳоят сардори хадамоти бехатарӣ Зарробиддин ба теппачаи регие, ки сари он Салим дар оғӯшаш Замир менишаст, омада, оҳиста дасташро ба китфи ӯ гузошту гуфт:
-Ҷаноби Шайх, рӯз бегоҳ шуда истодааст. Рафтанамон лозим.
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)