Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми24)
25.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3193

(Идомааш)

Салим баромадани сардори хадамотро ҳис накард. Ӯ дар ин лаҳзаҳо ҳеҷ чизро ҳис намекард. Пайкараш ба як ҳайкали сангин мубаддал шуда буд ва эҳсосоташ ба куҷое парида. Пеши назараш танҳо рӯзи марги падараш меомад, ки он рӯз низ чунин ҳолатро дар худ дида буд. На фикр кардан мехост на чизеро шунидану ба касе чизе гуфтан. Як ҳолати байни маргу зиндагӣ Салимро фаро гирифта буд. Баъд аз шунидани ин хабар дигар худро на меросбари шайхони бузарг эҳсос мекарду на марди ба ҳама кор қодир. Шайх Салим, ки дар ин марзу бум лақаби Тиллоиро гирифта буд, ҳоло як марди паршикастаю бадбахте буд, ки ғамашро баландтарин кӯҳ ҳам бардошта наметавонист. Чанд лаҳза зери бори ин ғам ӯ ёрои ҳаракат карданро надошт. Дар майнаи Салим фақат як фикр чарх мезад, наход, ки Гулрафтори ӯ, ҳамоне, ки бори аввал лаззати зиндагии ҳақиқиро ба вай чашонда буд, фоҳиша шуда бошад? Дили гирифтори ӯ мегуфт: Не, ҳаргиз ин тавр нест. Ин дар ҳаққи ӯ тӯҳмат аст. Аммо ақли солим зиддият мекард: Бале, ин талх бошад ҳам, ҳақикат аст. Ҳақиқате, ки аз донистанаш надонистан ҳазорон бор беҳтар буд.

Салим дар рӯи миз гулоби рехтамондаи сардори хадамотро диду беҳолона онро бардошта як қулт нӯшид. Чӣ кор кунад? Ба он ҷо раваду бо ӯ вохӯрад? Мардум мегӯянд, ки Шайхи Тиллоӣ девона шудааст ва дунболи як фоҳишаро раҳо кардан намехоҳад. Обрӯяш дар байни бузургони кишвар мерезад. Онҳо ба гузаштаю ҳозирааш лаънат мехонанд. Аммо магар ин осон аст? Охир дар назди Худою мардум Гулрафтор зани шариатии ӯст. Эҳ кош он рӯз бо ӯ вонамехӯрду гирифтори ин дард намешуд. Эҳ кош он вақт ин духтар фоҳишаи ҳақиқӣ мебуду ӯ як шабро бо вай гузаронида субҳ ҳаққи хизматашро медоду аз дар меронд. Аммо Худо инро нахост ва ҳамон шаб ӯро ба оғӯши фариштае андохт, ки дигар Салимро гирифтори худ кард. Шояд ин амри тасодуф бошад, ки Гулрафтор дар маҳбаси занона аст? Шояд ин ҷо ягон иштибоҳе ҳаст, ки кормандони бехатарии ӯ пай набурдаанд? Ӯ даст ба занги зери мизаш бурда тугмачаро пахш кард. Ҳамон замон дар назди дар ёвараш намоён шуд.

-Зуд сардори хадамотро даъват кун!

-Ӯ дар ҳамин ҷост. Фармони шуморо интизор…

Ҳанӯз ёвар аз дар набаромада, сардор худаш ба утоқи корӣ даромад ва чузъдон дар даст ба мизи кории хӯҷаин наздик шуд. Салим хастаҳолона сарашро бардошта пурсид:

-Ту аниқ медонӣ, ки ин зан Гулрафтор аст?

Сардори хадамот чизе нагуфта як даста суратро рӯи мизи хуҷаинаш гузошт. Салим онҳоро ба даст гирифта як- як аз назар гузаронд. Дар аксҳо Гулрафтор дар ҳар ҳолат тасвир ёфта буд. Дар як ҷо бо як духтари ба худаш монанд оғӯш кашида гиря мекард. Дар ҷои дигар бо як зани чашмкабуд сӯҳбат дошт ва дар акси дигаре дар замин нишаста сарашро бо ду даст нигоҳ медошт. Дар акси рангаи дигаре мисли он, ки суратгир аз рӯ ба рӯяш аккосӣ кардааст, чеҳраи ӯ баръало бо хурдтарин ҷузъиёташ намоён буд.

-Хеле хароб шудааст. Аммо боз ҳамон тавр нозанин…,-беихтиёр ин калимот аз даҳони шайх берун омад. Сардори хадамот худро ба нофаҳмӣ зад. Аммо баъд аз пурра дида баромадани Салим суратҳоро бо овози мулоим гуфт:

-Ҷаноби шайх. Мо ҳаматарафа таҳқиқ карда баромадем. Завҷаи собиқи шуморо ҳамроҳи ана ин зани чашмкабуд ду рӯз пеш дар ҳавлии яке аз онҳое, ки фоҳишаҳоро ҳамчун мол барои мардум пешкаш мекунанд, дастгир кардаанд. Соҳиби хона худаш пештар ҳабс шуда будааст. Тӯли чанд моҳ ходимони пулиси ахлоқӣ якчанд нафар танфурӯшони ӯро ба ҳабс гирифтаанд…

-Чаро «завҷаи собиқ» мегӯӣ, ман ҳанӯз касеро талоқ надодаам…

Сардор ҳолати хӯҷаинашро дарк карда, хомӯш буданро авло донист.

-Мегуфтӣ, ки ӯро ба биёбон бурда фурӯхтаанд. Барои ёфтанаш ҳам худат ва ҳам ман хеле кӯшиш кардем. Аммо наёфтем. Пас, вай дар шаҳр аз куҷо пайдо шуд? Шояд тасодуфан ҳамроҳи ин чашмкабуд буд ва пулис ӯро ҳам дастгир кард?

-Ман ҳам ҳайрон, аммо дар пулис гуфтанд, ки ин ду нафар якҷо буданд ва ҳамдигарро хуб мешинохтанд. Чӣ тавр аз биёбон ба шаҳр афтодаанд, касе аз ходимони пулис намедонад. Чашмкабуд аз ҳамшаҳриёни собиқи завҷаатон будааст, аз як ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ…

-Ҳммм…Акнун онҳоро чӣ кор мекунанд?

-Баъд аз ду рӯз онҳоро ба кишварашон интиқол медиҳанд?

Ин хабар аз хабари шуми аввала дида ба Шайх Салим таъсири бадтаре расонду ӯ бо ҳарос пурсид:

-Кай? Барои чӣ?

-Фардо, Ҳукуматашон ин чизро талаб кардааст…

-Зуд бош, коре кун, ки ман ҳанӯз онҳоро ба мақомоти кишварашон насупурда бинам…

-Ҷаноби Шайх, охир ин номумкин аст. Шумо соҳиби бузургтарин корпоратсияи нафткоркунию нафтфурӯшӣ ба боздоштгоҳи занона меравед? Аз паси ҳар як қадами шумо ҳарифонатон назорат мебаранд. Рӯзи дигар мебинед, ки аксҳои бузургатон дар саҳифаи аввали рӯзномаҳо дар назди бошишгоҳи фҳишаҳо чоп мешавад…

-Пас, чи кор кунам, ки ӯро бинам?

-Ба хотири чӣ? Барои боз ҳам маҷрӯҳтар кардани қалбатон? Бигзор акнун равад, ҳаволааш ба худо… Ман намедонам, ки чи тавр ӯ ба ин роҳ рафтааст, аммо ба фикрам тӯтӣ кайҳо аз қафас раҳо шудааст…

-Инашро ман фикр мекунам, аммо коре кун, ки ман як бор бо ӯ рӯ ба рӯ шавам…

-Ба чашм ҷаноби Шайх.

Дар саҳни бинои боздоштгоҳи муваққатии занона дар ду саф тақрибан 25-30 нафар занон рост истода, нозири боздоштгоҳ бо онҳо сӯҳбат мекард.

-Ҳар кадоми шумо мувофиқи қонуни кишвари мо ба ҷазои сахт маҳкум карда мешавед. Зеро дар Аморати Муттаҳидаи Араб машғул шудан ба фоҳишагарӣ яке аз гуноҳҳои вазнин ба ҳисоб меравад. Аммо бо назардошти он, ки шумо шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳастед ва баъзан аз нофаҳмӣ ба ин ҷо омадаед, амири Дубай қарор кард, ки шумоёнро ба намояндагони кишварҳоятон супорад. Дар давоми 24 соат бояд ҳудуди давлати моро тарк кунед, дар акси ҳол, бо қарори додгоҳ ҳукми зиндон мегиред.

Нозир аз қабати папкаи дар дасташ буда рӯихатеро бароварда гуфт:

-Баъзе аз шумоён шиноснома надоранд, вале мо бо воситаи пурсиш аз сафоратхона ва намояндагиҳои кишварҳоятон аниқ кардем, ки дар ҳақиқат шаҳрванди ин ё он кишвар ҳастед. Ман ҳоло номи шумоёнро мувофиқ ба кишварҳоятон мехонаму ба гурӯҳҳо ҷудо мешавед. Минбаъд чӣ кор мекунед, мегӯям.

Дар сафи ин занон қариб аз ҳамаи кишварҳои собиқи шӯравӣ ва кишварҳои Шарқи наздик «намояндагон» буданд. Баъзе аз онҳо на як бору ду бор ба ин боздоштгоҳ афтода ва ҳатто онҳое ҳам буданд, ки барои фоҳишагӣ ҳукми зиндон гирифта буданд.

-Руссия, Наташа Симакова, Светлана Коржова, Галина…,-нозир фамилияҳои русиро бо лаҳни арабӣ талаффуз мекард, аммо аксари ин занон, ки арабию инглисиро   хуб медонистанд, баъд аз шунидани номҳояшон ( ё номҳои қалбакиашон) аз саф ҷудо шуда, ба гурӯҳи худ ҳамроҳ мешуданд. Агар касе дудилагӣ ва ё сустӣ кунад, ҳамон замон калтакчаи резинии ёрдамчиёни нозири калон ба сараш мезад.

-Ӯзбекистон, Матлуба Солиева, Юлдуз Қарабоева, Ҷамила…,

Баробари шунидани номи Ҷамила ба хотири Гулрафтор оғози он ҳодисаҳое, ки ду сол пеш ба сараш омада буд, расид. «Ҳоло он лаънатӣ дар куҷо бошад? Агар як бори дигар чашмам ба чашмаш меафтид…»

-Покистон, Ҳалима Санҷар, Руқия Ғолиб, Ҳадиса…,

-Тоҷикистон, Саида Манонова, Рамзия Шоева, Гулрафтор…

Ҳамин тавр, занҳои саҳни боздоштгоҳ ба шаш-ҳафт гурӯҳи хурд- хурд ҷудо шуданд. Албина як худаш танҳо монд. Нозир ӯро ҳам ба гурӯҳи Русия ҳамроҳ карда гуфт:

-Ту ҳам дар ҳамин қатор меистӣ, агар сафорати Русия қабул кунад, ба ватанат мебаранд, агар не…

-Ман боз ба кӯча бармегардам,- ҳозирҷавобӣ карданӣ шуд Албина.

Ёрдамчии нозир барои ин густохӣ боз як калтак ба ҷои мулоими Албина фаровард.

-Нагуфтам, ки забонатро эҳтиёт кун, ана боз аз пушти он шаллоқ хӯрдӣ,- ба дугонааш дилаш сӯхта ба забони русӣ гуфт Гулрафтор

-Э ин зарбаҳо дар пеши зарбаҳои тақдир чист! Тоқат мекунем, насиб бошад, боз ягон араби дигар ҷои ин зарбаро молида дардашро таскин медиҳад ва боз пул ҳам медиҳад…

Аз шӯхии Албина ҳамаи онҳое, ки забони русиро медонистанд, тоқат накарда, бо садои баланд хандиданд. Нозирони араб, ки мазмуни ин суханонро нафаҳмида буданд, гумон карданд, ки духтарон ба онҳо механданд ва бо навбат чандзарбагӣ ба сару гарданашон заданд.

-Биё мон, Албина, дигар гап назан, ки дар ин ҷо ё аз ханда мемурем ё аз калтакчаи ин аблаҳон,- гуфт Светаи рус бо дастонаш худро аз зарба ҳимоя кардаистода…

Ин гапи ӯ боз мавҷи баланди хандаро ба миён овард, ки арабзанҳои нозирро дар ҳолати ногувор мононд. Онҳо намефаҳмиданд, ки ин духтарони сабукпои аҷнабӣ ба онҳо механданд ва ё ба ягон чизи дигар. Сарнозир дид, ки намешавад, ба зердастонаш фармуд, ки заданро бас кунанд.

-Инҳо девона шудаанд,-хулоса кард ӯ.

-Ба ман гӯш диҳед, дар паси дарвозаи боздоштгоҳ намояндагони Русия, Тоҷикистон ва Бангладеш барои шаҳрвандони худ омадаанд. Ҳоло ин гурӯҳҳо ба утоқи худ даромада, лоқу парашонро гиранду дар саҳни боздоштгоҳ саф кашанд. Боқимондаҳо ба ҷои худ баргардед.

Гулрафтор хурсанд буд, ки ӯ чанд лаҳза бошад ҳам, боз ҳамроҳи Албина хоҳад монд…

Шайх Салим дар атрофи ҳавзи боғи худ ҳамроҳи сардори хадамоташ роҳравон саргарми муҳокима буд.


Ашк як қисми рангу бори чеҳраи ӯро «ҷӯяк кашида» то манаҳаш фароварда буд ва ин духтарро бештар ба масхарабози сирк Олег Попов монанд карда буд.

 


-Ту аниқ кардӣ, ки имрӯз онҳоро ба фурӯдгоҳ мебаранд?-Бале, имрӯз соати ёздаҳ намояндаҳои кишварашон ин духтаронро гирифта, ба фурӯдгоҳ мебаранд. Бегоҳ, соати 5 аз майдони ҳавоии Рас-ал Хайма тайёраи онҳо ба Тоҷикистон мепарад.

-Дар куҷо дидани ӯ осонтар аст?

-Ман ба шумо бори дигар маслиҳат медиҳам, ки ин андешаро аз сари худ дур кунед. Ҳама медонанд, ки собиқ ҳамсари шумо ба чӣ кор машғул буд. Илтиҷо мекунам, обрӯи худро нарезед…

-Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки собиқ нагӯй. Ман ҳанӯз ягон занамро талоқ надодаам.

-Аммо шариат мегӯяд, ки…

-Дигар дар ин мавзӯъ гапро кам куну шароит фароҳам овар, ки ман аз дур ҳам бошад як бор ӯро бинам.

-Майлаш, танҳо бо як шарт.

-Чӣ шарт?

-Вақте, ки ӯро дидед, аз мошин намефароед. Танҳо аз паси шиша ба ӯ нигоҳ мекунед. Мошини худатонро он ҷо намебаред, бо мошини ман меравем…

Шайхи Тиллоӣ андаке фикр карду гуфт:

-Ман мефаҳмам, ки барои ту обрӯю эътибори ман дар байни обрӯмандони ин кишвар аз ҳама чиз боло меистад. Аммо ту ҳам маро фаҳм. Ман то Гулрафторро набинам ва ба чашмонаш нигариста бо вай гап назанам, дилам ҳеҷ гоҳ қарор намегирад…

-Ҷаноби Шайх, бояд фаҳмед, ки дар ин моҷаро на танҳо обрӯю эътибори худ, балки обрӯи гузашта ва имрӯзаи авлоди худро зери хатар қарор медиҳед. Дар ширкатҳои шумо ҳазорон нафар кор мекунанд, онҳоро низ сархам накунед…

Шайх Салим бори аввал ҳис кард, ки доро будан ҳанӯз маънои озод буданро надорад. Ӯ наметавонад мисли як марди озод бо ҳар кӣ дилаш хоҳад, ҳамнишину ҳамсӯҳбат бошад. Вай ба ғуломе, ки бо занҷири тилло дар банд нигоҳ медоранд, монанд шуда буд.

Шайх товусеро, ки парҳои худро калон кушода сари роҳи онҳо бо ҳазору як ранг ҷилванамоӣ мекард, аз ҷаҳл бо пояш заданӣ шуд. Товус дар як лаҳза парҳояшро ғун карда, ба як паррандаи оддӣ мубаддал гашт ва зуд аз сари роҳи ӯ дур шуд. Танҳо тоҷаш мисли пештара дар ҷояш буд…

-Майлаш, ман розӣ, лекин ҳар қадаре хоҳам, он ҷо меистам…

-Ихтиёр ба шумост. Фақат аз гуфтаам берун набароед. Ман ба қавли шумо бовар мекунам.

Сардори хадамот бо иҷозати ӯ аз Шайх дур шуда, ба воситаи телефон ба зердастони худ ким чихел фармонҳо додан гирифт. Шайх Салим ғарқи андеша дар атрофи ҳавз рафтуо мекард. Товуси хӯсида бошад, дар зери дарахте болҳои зебои худро пинҳон карда, ҳатто майли чидани донае аз замин надошт…

 Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД