Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми23)
24.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3056

 (Идомааш)

-Канӣ, гап зан, аз кадом кишвар омадӣ ва чанд вақт шуд, ки дар Дубай ба танфурӯшӣ машғулӣ?- ба забони арабӣ пурсид ӯ аз Албина, ки акнун навбати ба утоқ даромадани ӯ расида буд.

-Аз сайёраи Миррих. Номам Фан-Фан Тюлпан. Аз замони ҳазрати Одам -бо зарда гуфт Албина.

Арабзан сар боло карда як ба ӯ нигоҳ карду ба нозирзане, ки дар паси духтарон меистод, бо сар ишора кард. Зарбаи нозирзан бо калтакчаи резинӣ ба тахтапушти Албина чунон садо баровард, ки Гулрафтор аз тарс як қадам ба қафо рафт.

-Ана ин ба ту Фан-Фан аз сайёраи Миррих,-гуфт «бочка» ( Албина дар дилаш ба ӯ чунин лақба дода буд)

Фарёди духтар баланд шуд ва ӯ бо овози баланд ба забони русӣ гуфт:

-Вы все сукины сыни. Я зарабативаю честным трудом, а вы забрали мои 2 тысяча долларов. Верните мне мои деньги… (Шумо сагбачаҳо 2 ҳазор доллари бо меҳнати ҳалол ёфтаи маро гирифтед, онро баргардонед)

«Бочка», ки дар байни нозирони боздоштгҳ аз ҳама мансаби баландтар дошт, бо лафзи шикастаи русӣ гуфт:

-Мы каждый год несколько сот твоих соотечественников отправляем на родину. Так, что не думай что, ты первая или последняя. А твои деньги вернём при отправке.У нас взятки не берут.(Мо ҳар сол садҳо ҳамватанони туро ба ватанашон гусел мекунем. Гумон накун, ки аввалин ва ё охирини. Пулҳоятро бошад, вақти рафтан бозпас мегирӣ…Дар мо ришва намегиранд)

Пас аз шунидани ин суханон Албина каме ором шуда гуфт:

-Ладно. Ман аз Молдавия. Шиносномаамро гум кардам. Се сол мешавад, ки дар ин ҷоям, Ба наздикӣ аз биёбон баргаштам…

-Ӯҳ «бечорае». Паспортатро руст кардию ҳамин тавр моро фиреб карданӣ мешавӣ. Канӣ, ту аз куҷо? Афғонистон ё Покистон? Не, ту ҳарчанд сиёҳчашм бошӣ ҳам, сафедчеҳраӣ ва аз ин ҷиҳат ба афғону покистонӣ монанд нестӣ, - хулоса кард ба Гулрафтор муроҷиат намуда «бочка», ин зебогиатро ҳар рӯз ба чанд пул мефурӯшӣ?

-Ман аз…Тоҷикистон.

-А-ҳа. Ин тоифа ба ман пештар ҳам вохӯрда буд. Ана боз чанд нафари дигар дар дохил аз ин кишвар ҳастанд. Ба шумо дар ватанатон чӣ намерасад? Мардҳо кам-мӣ?- истеҳзоомез суханашро идома дод «бочка»,-Ту ҳам албатта, шиносномаатро «гум» кардаӣ…,- ва баъд аз навиштани номи Гулрафтор бо сар ишора намуд, ки ба дохили утоқ дарояд…

Гулрафтор нав чашмонаш ба нимторикии камера одат карда ба атрофиён назар андохта истода буд, ки якбора касе «Гулрафторҷон» гӯён худро ба оғӯши ӯ андохт. Гулрафтор ҳайрон- ҳайрон ба чеҳраи зан нигариста, кӯшиш мекард, кӣ будани ӯро ба ёд орад, аммо ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист. Дар рӯ ба рӯи ӯ духтаре меистод, ки тақрибан 22-23 сол дошт. Сару рӯяш ба иборае пурра «андова» шуда буд. Яъне, аз истифодаи зиёди косметика симои аслии соҳиби ин рӯй маълум набуд. Ашк як қисми рангу бори чеҳраи ӯро «ҷӯяк кашида» то манаҳаш фароварда буд ва ин духтарро бештар ба масхарабози сирк Олег Попов монанд карда буд.

- Наход маро нашинохтӣ?

Гулрафтор бори дигар ба рӯи зан нигоҳ карда, як лаҳза гӯё ба хотир овард, ки ӯро дар куҷое дидааст.

-Охир ин ман, Саида. Хуҷандро ба ёдат ор…

Гулрафтор акнун ӯро шинохт. Вай, ки дар муддати қариб ду сол касеро аз ҳамватанони худ надида буд, якбора дилаш чӯкид ва Саидаро ба оғуш кашида, инони гиряро сардод. Духтарон ҳарду ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифта, зор-зор мегиристанд. Дигарон ба ин ду тоҷикдухтар нигоҳ карда, ҳайрон мешуданд, ки ин рӯз ба сари ҳамаи онҳо омадаасту чаро инҳо мегирянд. Намедонистанд, ки ин ду тан сахт пазмони ватан, ёру дӯстону волидон ва забони худ шуда, бо айби чанд нафар дайюсу худобехабар ба ин рӯз афтодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ фоҳиша набуданд ва мехостанд дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кунанду мисли дигар ҳамватанонашон оила барпо намоянд, лекин тақдир дигар чизро насиб гардонд…

…Аз нақли Саида маълум шуд, ки ӯ ду сол боз дар меҳмонхонаю тарабхонаҳои ин шаҳр «ишқфурӯшӣ» мекунад. Аз бозе, ки аз Гулрафтор ҷудо шуд, то ҳол ягон рӯзи некро надидааст. Саида чун дигар духтарони ҳамкасби худ доим дар «хизмат» буд ва танҳо гоҳ- гоҳ як муддат бо иҷозати хӯҷаинон як- ду моҳ дам мегирифту бо он пуле, ки онҳо медоданд, худро муолиҷа менамуд.

-Ту тамоман тағйир наёфтаӣ, ҳамон тавр зебо, ҳамон тавр дилкаш…,- бо табассуми ашколуд ба Гулрафтор нигоҳ карда гуфт Саида…

-Ту бошӣ, чунон тағйир ёфтаӣ, ки ман базӯр шинохтам…Мувофиқи мӯди охирин худро рангу бор кардаию либос пӯшидаӣ…

-Марги ҳамин рангу бору марги ҳамин сару либос…Хӯҷаинон барои серхаридор кардани мо маҷбур мекунанд, ки чунин либос пӯшему рангу бор кунем…Худат дар куҷо будӣ ва дар ин муддат чӣ кор кардӣ?

Гулрафтор ба таври кӯтоҳ қиссаи худро ба Саида гуфт, аммо дар бораи он, ки Замир ном писари чандмоҳаашро дар биёбон гузошта омад, ҳарфе назад…

-Бечора, наход имкони аз он ҷо раҳо шудан набуд?

-Не, ту биёбонро намедонӣ, агар роҳбалад надошта бошӣ, гурехтан маъно надорад. Нахостам туро нодида мурам…,- гапро ба шӯхӣ бурданӣ шуд Гулрафтор,-Аммо чаро худат, ки дар шаҳр будӣ, кӯшиши ба Ватан баргаштанро   накардӣ?

-Медони, ки шиносномаҳои моро аз дастамон Ҷамилаи худозада бо фиреб гирифта ба хӯҷаинони навамон дода буд. Бе шиноснома ба куҷо ҳам меравӣ? Соли аввал роҳу равиши корро намедонистам ва гумон мекардам, ки аз ин дӯзах раҳо шудан ғайриимкон аст. Соли дуюм аз ҷавобгарӣ дар назди қонунҳои худамон тарсидам. Акнун фаҳмидам, ки як гурӯҳ кормандони ҳуқуқ аз Тоҷикистон барои баргардонидани мо барин фиребхӯрдаҳо омадаанд, ихтиёран худро ба пулис таслим намудам, ки шояд онҳо моро ба ин гурӯҳ супоранду бо ҳамин роҳ ба ватан баргардем. Ҳамроҳи ман боз ду ҳамшаҳриамон ҳастанд- Шаҳодат ва Сумайё, аз ноҳияи…

Гулрафтор бо шунидани он, ки ӯ метавонад ба наздикӣ ба ватан баргардад, намедонист, ки чӣ ҳиссиёте ӯро фаро гирифтааст. Аз як тараф бозгашт ба сарзамини худ орзӯи ҳар мусофиру ғариб аст, аз тарафи дигар ду чиз ӯро якумр ба ин кишвар пайванд кардаст, ки аз ҳарду ҳам дил канда наметавонад. Яке Шайх Салим, ки дили ӯро ба худ асир карда буду аз ин асорат дар ҳарду дунё ҳам ҷисму ҷони Гулрафтор раҳо нахоҳад шуд. Дигар, Шайх Замир, ки пораи дили Гулрафтор аст ва ӯ-модар ба фарзандаш ваъда кардааст, ки бо пайдо шудани фурсати мусоид ӯро аз оғуши биёбон ба оғӯши худ хоҳад гирифт. Магар ҳардуи ин муқаддасотро ӯ тарк карда метвонад? Не, ҳаргиз не…Бигзор якумра аз ватан ҷудо бошад, аммо ба ин кор ҷуръат карда наметавонад…

-Ҳамшаҳриатро дида дигар ба ман таваҷҷӯҳ намекунӣ-а? Аққалан намепурсӣ, ки пушти ман аз зарбаи ин ҳаромиҳо дард мекунад ё не?-гила кард Албина.

Гулрафтор ба ҷои нишасти Албина наздиктар омада, ӯро ба оғӯш гирифту гуфт:

-Узр, дугонаҷон! Ман намехоҳам, ки ту ранҷ кашӣ. Аммо вохӯрӣ бо ин духтар ақлу идроқи маро рабуд…

-Чӣ, дугонаат пули калон кор мекардааст?

-Не, моро ҳукуматамон ба ватан баргардонданӣ будааст…

-Вот это новост!  

…Духтарон ҳамон шабро дар бузургтарин маҳбаси муваққатии занонаи шаҳри Дубай рӯз карданд. Сӯҳбати Саида ва Гулрафтор ҳеч тамомшавӣ надошт. Саида нақл кард, ки пас аз ҷудоӣ аз Гулрафтор ӯро ба як далла (сутинёр)- и бисёр хасис фурӯхтанд ва минбаъд зиндагии пур аз даҳшате барояш сар шуд.

-Шаби аввали маро, ки бояд дар ватани худ бо домод, ҷавоне, ки се сол боз дӯст медоштам, мегузаронидам, ба 500 доллар ба як ҳаромӣ фурӯхтанд. Эҳ агар медонистам, худро пеш аз никоҳ ба он ҷавон мебахшидам. Тақдири сиёҳро бин… Агар Ҷамилаи лаънатӣ ҳоло ба дастам афтад, пора-пора карда гӯшташро мехӯрам,- гӯён Саида инони гиряро раҳо кард.

-Дигар гиря фоида надорад. Ҳар чӣ шуд, гузашт. Ғами ояндаро хӯрдан лозим…,-ӯро тасалли доданӣ шуд Гулрафтор.

-Кадом оянда? Дар Ватан мо чӣ мегӯем? Мегӯем, ки ба Хуҷанд хонданӣ рафта будему як нафар худозадаи қанчиқ бо фиреб моро ба хориҷа бурда фоҳиша кард? Кӣ ба ин бовар мекунад? Ҳамон ҷавоне, ки ман ӯро дӯст медоштам? Падару модаронамон? Хестӣ, ки хобат! Аллакай он қанчиқ рафта овоза кардааст, ки мо ихтиёрӣ ба Дубай, ба фоҳишагӣ рафта, кайф карда гаштаем.

Гулрафтор пас аз ин гуфтаҳои Саида ба андеша рафт. Дар ҳақиқат, ба гапи як фоҳишаи кӯчагӣ кӣ ҳам бовар мекунад? Ҳарчанд ӯ дар дил аҳд баста буд, ки дигар аз ин кишвар ба ҳеч куҷо намеравад, аммо худро ба ҷои он духтароне, ки онҳоро ба ватанашон мебаранд, тасаввур намуда ба танаш рашъа давид. Номи «фоҳиша» ба онҳо то охири умр часпида гирифтаасту ин доғро бо ягон собуни дунё шуста намешавад. Хушбахтии оилавиро онҳо дигар орзӯ ҳам карда наметавонистанд. Агар рӯзе бо амри Худо худи ӯ бо Салим рӯ ба рӯ шавад, оё Шайх бовар мекунад, ки Гулрафтор новобаста ба ҳамаи сарсониҳою оворагардиҳо дар назди ӯ пок аст? Кадом мард ба ин бовар мекунад? Ягон мард, ҳатто фаришта бошад ҳам, ба ин қиссаҳо бовар намекунад! Хайр, бигзор бовар накунад, аммо агар бори дигар бо ҳукми тақдир ӯ бо Салим вохӯрад, ҳақиқатро мегӯяду дар бораи фарзандашон Замир нақл мекунад. Хоҳ қабул кунад, хоҳ не. Ба хотири муҳаббати чандлаҳзаинаашон аз ӯ хоҳиш мекунад, ки Замири ӯро аз коми биёбон раҳо кунад. Он гоҳ дар пеши пои ӯ худро ба ҳалокат мерасонад. Зеро зиндагӣ бе ин мард ва бо бардоштани номи фоҳишагӣ дигар барои ӯ ҳаром аст. Мехоҳад ҳар чи тезтар ба пеши бибиҷонакаш, ба он дунё равад. Шояд дар он ҷо ӯ хушбахт мешавад?

-Чӣ ғарқи хаёл шудӣ? Бо дугонаи ҳаммилатат хеле чақ-чақ кардӣ. Бечораро гирёндӣ. Ба ҷои он, ки мани қамчинхурда гирям, шумо ғут-ғуткунон гиря карда хобидан намемонед…,- гуфт Албина аз кати болои сари Гулрафтор, ки дар қабати дуюм буд.

-Аз зиндагиаш дар ин шаҳр қисса карда гирист. Дар ватан аз бардоштани номи фоҳишгӣ ор мекунад. Дилаш пур шуду гиря кард дия…

-Чӣ, мехоҳад, ки ӯро Королева Елизавета гӯянд? Фоҳишаро фоҳиша мегӯянд дия…Чанд пул кор кардааст?

-Эҳ Албина, боз ту дар бораи пул гап мезани-я! Охир ӯро ҳам мисли ман фиреб карда ба ин ҷо оварда буданд. Саида ягон гуноҳ надорад…

-Ҳамаи мо вақте, ки аз модар таваллуд мешавем, ягон гуноҳ надорем. Ана баъд сар мешавад…,- ҷавоб дод Албина ва хост ба паҳлӯи дигар гашта хоб кунад, аммо давоми сухани Гулрафтор ӯро маҷбур намуд, ки аз ин раъяш баргардад:

-Медонӣ, чи Албина, маро кушанд ҳам аз ин кишвар намеравам! Фикр кардам, ки ҳамаи он чизе, ки ман барои он тайёрам ҷон диҳам, дар ҳамин ҷост.

-Ҳа, медонам Шайх Салим ва Замир. Ту гумон мекунӣ, ки ман нияти рафтан дорам. Хоб дидаанд. Ҳоло ман он чизеро, ки мехоҳам аз ин ҳамёнғафсҳо гирам, нагирифтаам. Барои ҳамин, аз ман дур нашуда ист, вақташ ояд, ишора мекунам ва ҳарду мегурезем...

Онҳо намедонистанд, ки ҳукми тақдирро ҳаргиз касе пешгӯи накардааст ва гапи хона ба бозор рост намеояд…

                                           ***

…Шайх Салим чанд рӯз боз дар офиси дар Дубай будаи худ кор мекард. Баъд аз пурра муфлис кардани ширкатҳои Шайх Абдулло ва Шайх Саид вай то андозае худро ором ҳис мекард, аммо се рӯз пеш намояндагони чанд ширкати бонуфузи нафтистеҳсолкунанда ба наздаш омада, хоҳиш намуданд, ки ҳуҷуми иқтисодии худро нисбат ба ин шайхҳои мӯътабар хотима диҳад. Зеро онҳо аллакай аз ин муқовимату муноқишаи байниҳамдигарӣ хеле зиён дида буданд. Ғайр аз ин, ширкатҳои нафтфурӯшии худи Шайх Салим дар натиҷаи паст кардани нархи нафт дар бозори Аврупо зарари бештар медиданд. Аз ин кор танҳо ширкатҳои нафтхари аврупоӣ бурд мекарданд. Салим баъд аз мулоҳизаи андак ба намояндагони ин ширкатҳои миёнарав ҷавоб дод, ки ӯ то охирин пайсаи ин шайхҳоро аз киссашон берун наорад, ором намегирад. Зеро онҳо ӯро аз муқаддастарин мӯъҷизааш ҷудо карданд. Шайхҳои миёнарав пофишорӣ ва ҳатто таҳдид намуданд, ки дар ҳолати иҷро нагаштани хоҳиши онҳо, ҳама сарҷамъ шуда, бар зидди ширкатҳои ӯ фаъолият хоҳанд кард. Ин таҳдид ҳам наметавонист Салимро дудила кунад, аммо дар ин миён дӯсти падараш ва устодаш Шайх Талал занг зада ӯро ба сулҳу салоҳ бо шайхҳои мӯътабар даъват кард.

-Агар онҳо якҷоя шуда бар зидди ту амал кунанд, дер муқобилият карда наметавонӣ ва муфлис мешавӣ. Беҳтараш биё, дигар ба ширкатҳои Абдуллою Саид кордор нашав. Бе ҳамин ҳам онҳо аллакай ҳаққашонро гирифтанд ва чанд сол лозим аст, ки ба қудрати пештараашон соҳиб шаванд…

Салим ин дафъа сухани Шайх Талалро рад карда натавонист ва ба тамоми кормандони роҳбарикунандаи худ дар гӯшаҳои гуногуни дунё амр кард, ки муборизаро бо ширкатҳои нафтфурӯшии Шайх Абдулло ва Шайх Саид бас кунанд. «Эҳ агар ту медонистӣ, ки ба хотири ту ман чӣ қадар ин шайхҳоро ба ҷанашон расонидаму аз чандин миллион доллар маҳрум намудам… Аммо ту инро намедонӣ ва надонистанат ҳам беҳтар аст, Гулрафтор. Худо кунад, ки ман дар куҷо будани туро донам…» Салим аз паси курсии баланду бароҳат бархоста, ба тирезаи бузурги офисаш наздик шуд ва аз он ба берун нигоҳ кард. Аз ошёнаи 21-ум мошинҳо мисли қуттичаҳо ва одамон аз мӯрча ҳам майдатар менамуданд. «Шояд мо дар назди қудрати илоҳӣ аз ин ҷунбуҷӯлкунандаҳо ҳам оҷизтар бошем. Аммо ӯ қудрате дорад, ки аз як мурчаяк фил созад ва аз бадбахттарин одам хушбахттарин сохта, мӯъҷизаи ба ақл ноғунҷиданиро нишон диҳад…»

Риштаи андешаҳои ӯро якбора садои аз дар даромадани хизматгори хосаш бурид. Ин ёрдамчӣ ягона касе буд, ки метавонист агар кори заруре пайдо шавад, бе иҷозат ба назди ӯ дарояд.

-Ҷаноби Шайх, ӯро пайдо кардаанд…

-Киро?-нафаҳмид Шайхи Тиллоӣ

-Ҳамсари гумшудаи шуморо…

-Чӣ……?

-Мегӯям, ҷои ҳамсари гумшудаи шуморо ёфтаанд. Сардори хадамоти бехатарӣ дар пушти дар…

-Салим фарёд кард:

-Зуд гӯй, ки ба назди ман дарояд.Чаро истодаӣ?-Аммо хизматгор кайҳо аз дар барои иҷрои ин супориш баромада буд…

Сардори хадамоти бехатарии ширкатро Шайх Салим дар даромадгоҳи   офис пешвоз гирифт ва салому паёмро як сӯ гузошта, бе муқаддима оғоз кард:

-Ӯ дар куҷост?

-Сардор, ки табиати ноороми хуҷаини худро медонист, оҳиста аз китфи Салим гирифта ба тарафи мизаш бурд ва роҳравон гуфт:

-Ором шавед ҷаноб, хонум Гулрафтор ҳанӯз дур аст ва ман бояд ба Шумо баъзе ҷузъиёти ёфтани ӯро арз кунам.

-Ба ман ҷузъиёт не, худи ӯ лозим. Рафтем, ҳозира худаш ман бояд ӯро бинам.

-Алҳол ин имконнопазир аст ва шояд баъд аз сӯҳбати мо ин андеша тамоман аз сари шумо дур шавад...

-Чаро ин тавр мегӯӣ? Чи чизи дигар монеа мешавад, ки ман ӯро дида наметавонам? Ӯ сиҳат аст?

-Бале, ӯ сиҳату саломат аст, аммо... Аммо ӯ дар боздоштгоҳи занони сабукпо қарор дорад...

Шайх ба мазмуни ин суханони сардори хадамоташ сарфаҳм нарафт.

-Хонумро дар қатори занони фоҳиша аз кадом кӯчаи шаҳр ёфта ба ин ҷо овардаанд. Тавре, ки худатон фармуда будед, мо акси ӯро дар ҳамаи шӯъбаҳои пулис, аз ҷумла пулиси ахлоқ монда будем. Як нафар пулис ӯро шинохта ба умеди мукофот ба мо телефон кард. Ман одамони худро ба он ҷо фиристодам. Онҳо тасдиқ карданд, ки дар ҳақиқат ин хонум собиқ завҷаи шумо Гулрафтор будааст...

Шайхи Тиллоӣ оқибат дарк кард, ки ба ӯ чи хабари шумеро ҳамин ҳоло расонданд. Бо ду даст рӯяшро дошта, ба мизи аз чӯби аълодараҷа сохташудаи ялаққосӣ партофт. Дар утоқ хомӯшии том ҳукмрон шуд, гӯё хабари марги нафари наздиктаринро сардори хадамот ба шайх оварда бошад. Сардори хадамот ягона илоҷи корро дар он дид, ки аз обдони болои миз як ҷуръа гулоб рехта ба назди Салим монд ва оҳиста аз ҷояш хест. Ӯ андеша кард, ки дар ин лаҳзаҳо яке аз доротарин ва қудратмандтарин шахси ин кишвар бояд танҳо бошад. Ӯ қиссаи ишқи хуҷаинашро бо ин духтар медонист ва барои пайдо кардани ӯ заҳмати зиёде кашидаасту дарди хӯҷаинашро хуб дарк мекард. Барои мард ин бузургтарин фоҷиа аст. Сардор оҳиста аз дар баромада дарро пӯшид ва ба ходими зери дар амр кард, ки то худи хуҷаин фарёд накунад, касе ба назди ӯ бо заруртарин кор бошад ҳам, надарояд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми11)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми12)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми13)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми14)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми15)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми16)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми17)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми18)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми19)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми20)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми21)