goodwell
Шавҳари пинҳонӣ Қисми 2
130

Шавҳари Бону корманди ҳарбӣ буду баъди тӯй ҳамсарашро гирифта, ба қисми ҳарбие бурд, ки он ҷо ифои вазифа мекард. Бону дар шаҳраки тозаву озодаи ҳарбӣ, дар хонаи зебову барҳаво зиндагӣ мекард. Худованд ба ӯ писаркаи зебое ҳадя кард. Ӯ ба маошу пули ҳамсараш нигоҳ накарда, худаш курта медухту пули ёфтаашро сарфи холаву дараш мекард. Ҳар вақти ба хабаргирӣ рафтани падару модараш ба дасти онҳо пул мемонд ё ягон туҳфаи хушрӯ харида мебурд. Хусуру хушдоман, ду додарарӯсу як хоҳаршӯ ӯро мисли фарзанди худ қадр мекарданд. Зарифи ҷиддиву босиёсат ҳам ҳамсари нозанину меҳнативу хизматгорашро дӯст медошт, вале дар як сафари хизматӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор омаду зани нозанин ва писараки яксолаашро танҳо гузошт.
Хушдоманаш, ки равои озори Бонуро надошт, акнун душмани ашаддиаш шуда, ба марги писараш ӯро гунаҳгор мекард. Мегуфт, ки ту аз кӯдакият наҳс будиву то оташат назаданд, додару хоҳарат таваллуд нашуданду касофатии ту ба писарам зад. Бону ғайри гиристан ба таънаҳои хушдомани писаргумкардааш дигар посух надошт.
Падараш ӯро баъди гӯронидани Зариф ба хона овард, аммо Бону аз гиряву нолаи зиёд ба бемории равонӣ печид. Духтурон ба амаки Зафар тавсия доданд, ки маҳалли зисти духтарашро иваз кунад. Аз ҷойи кори шавҳараш барои Бону ва Ардашер пул ҷудо карданд. Падараш болои он маблағ зам карда, аз пойтахт барои духтараш хона харид ва худашу ҳамсараш ҳам ҳамроҳи духтари баргаштабахташон ба шаҳр кӯчиданд.
Шаҳри калон ба Бону таъсири худро гузошт. Ӯ ба як омӯзишгоҳ дохил шуда, дӯхтани либосҳои мардонаро низ ёд гирифту дар ателеи бонуфузе ба кор оғоз кард. Ардашерро ба боғча монду худашро ба кор бахшид. Падару модараш ба деҳа баргаштанд, гоҳе ба хабаргириаш меомаданд. Хонааш беодам набуд, хешу табор бисёр меомаданд. Ардашер низ мактабро хатм карду ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи иқтисодии Маскав дохил шуда, рафт…
 
Шавҳари пинҳонӣ
Бону солҳои аввал сахт танҳоӣ мекашид, вале оҳиста-оҳиста одат кард. Худро тасалло медод, ки ин ҷудоӣ муваққатӣ асту писараш бармегардад, келин мефарораду соҳиби набераҳо мешавад. Аммо Ардашер баъди хатми донишгоҳ дар Маскав монд. Кори хуб ёфт, бо тоҷикдухтари муқими Маскав хонадор шуд. Бону ба тӯяш рафт, аммо дар шаҳри бегона зиста натавонист. Қудоҳояш тоҷикони Бухоро буданду ӯро зиёд дӯст медоштанд. Писараш бо ёрии хусураш дар маркази шаҳр хона харид. Келинаш Бонуро зорӣ мекард, ки бо онҳо монад, аммо Бону ба Ватан баргашт. Акнун як пойи Бону дар Маскав буду як пояш дар Тоҷикистон. Ба танҳоӣ одат карда буд, вале…
Як бегоҳ ба беморхона ба хабаргирии ҳамдеҳааш, дугонаи айёми кӯдакиаш, рафта, то дер бо ӯ суҳбат карда нишаст. Баҳор буд. Чун берун баромад, майда-майда борон меборид. Азбаски беморхона аз хонааш дур набуд, қарор дод, ки пиёда меравад, зеро зери борони баҳорӣ тар шуданро дӯст медошт. Ҳамин вақт мошине дар лаби роҳ истоду ронанда ӯро ба нишастан таклиф кард. Бону рад кард. Ронанда мошинро ба бероҳае бурда монду бо ӯ ҳамроҳ шуд. Ҷавони болобаланди абрӯсиёҳ ҳамсоли Ардашер метофт. Бону бе ягон шубҳаи бад бо ӯ суҳбаткунон то хонааш омад. Ҷавон ӯро то пушти дараш оварда, баргашт.
Субҳи дигар ҷавонро дар рӯ ба рӯйи бинои истиқоматиашон дида, ҳайрон шуд. Амир дигар ӯро ором нагузошт. Ҷавон ба ӯ гуфт:
- Ҳамон рӯз ман ба беморхона даромаданатонро дида, мунтазири баромаданатон нишастам. Намедонам барои чӣ, вале аз як нигоҳ дар дилам нишастед.
Амир сӣ сол дошту Бону чилуҳашт. Ҳамсоли писараш буд ин ҷавон, вале на бо ҳақорату зӯрӣ ва на бо зорӣ натавонист ӯро аз сари роҳаш дур кунад. Оқибат онҳо пинҳонӣ ақди никоҳ бастанд. Инак, шаш моҳ боз онҳо пинҳонӣ аз пайвандони ҳамдигар зиндагӣ доранд. Амир мехоҳад, ки Бонуро бо модараш шинос кунад, вале зан шарм медорад…
Бону аз синну солаш ҷавонтар метобаду хеле зебо аст, вале метарсад, ки барои шавҳари ҷавон карданаш ангуштнамои халқ мегардад. Амир аз зани аввалааш ҷудо шудаасту як писар дорад. Занаш шавҳар кардаасту писараш бо ӯ зиндагӣ мекунад. Бону гумон дорад, ки дигар фарзанд таваллуд карда наметавонад, аммо Амири ошиқи шайдо парво надорад. Мегӯяд, пир ки шудем, як набераи ту ё як набераи маро наздамон мегирем. Ҳарчанд Бону пули хуб меёбад, аммо Амир тамоми хароҷоти хонаро худаш мекунад. Ӯ ширкати тиҷоратии хусусӣ дорад. Бисёр вақт хонаи Амир мераванд, зеро ҷавонмарди боғурур ба хонаи зан рафтанро хуш надорад…
Бону намедонад, ин афсонаи зебо бо чӣ анҷом меёбад, вале сахт метарсад…
 
Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД