goodwell
Шикасти бахт (Қисми 2)
71

Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо Мадина дар дили Ашраф як ҳисси аҷибе пайдо шуд. Ӯ намедонист чаро, аммо ҳар саҳар бо шавқ ба донишгоҳ мерафт, то шояд боз Мадинаро бинад.
Мадина духтари хушмуомила, хоксор ва хеле меҳрубон буд. Ӯ бо ҳама бо табассум муносибат мекард. Ашраф бошад, ҳар боре ки ӯро медид, беихтиёр табассум мекард.
Рӯзе Мадина дар китобхона назди Ашраф омада пурсид:
-Шумо хам мисли ман дустдори ашьори Лоикед ба китоби дасти у ишора карда.
-Бале ,шеьрхои Лоик бехтаринанд.
— Ашраф, шумо ҳамеша ин қадар ғамгин ҳастед ё танҳо имрӯз чунин рӯҳия доред?
Ашраф табассуми талхе карду гуфт:
— Баъзе одамон механданд, аммо дар дилашон ҳазор дард доранд.
— Пас чаро дарди дилатонро ба касе намегӯед?
— Шояд касе нест, ки гӯш кунад.
Мадина чанд лаҳза ба ӯ нигарист.
— Баъзан барои сабук шудани дил танҳо як шунавандаи хуб лозим аст.
Ин суханҳо ба дили Ашраф сахт таъсир карданд. Ӯ бори аввал баъди чандин моҳ ҳис кард, ки касе мехоҳад ӯро фаҳмад.Рӯзҳо мегузаштанд. Онҳо бештар суҳбат мекарданд. Ашраф оҳиста-оҳиста ба Мадина дил баст. Аммо як чизро аз ӯ пинҳон мекард: оиладор буданашро.
Ҳар боре ки Мадина дар бораи оилааш мепурсид, Ашраф мавзӯъро дигар мекард.
Як бегоҳ Мадина ба ӯ занг зад:
— Ашраф, пагоҳ мехоҳам бо шумо суҳбати ҷиддӣ кунам.
— Чӣ гап шуд?
— Фақат пагоҳ мефаҳмед.
Ашраф тамоми шаб фикр кард, ки шояд Мадина мехоҳад дар бораи муносибати онҳо гап занад.Аммо субҳи рӯзи дигар Мадина бо чеҳраи ҷиддӣ назди ӯ омад.
— Ашраф, ман аз шумо як чиз мепурсам. Лутфан, росташро гӯед. Шумо оиладор ҳастед?
Ашраф гӯё аз осмон афтода бошад, хомӯш монд.
— Чаро хомӯш шудед? пурсид Мадина.
— Мадина, ман.
— Фақат ҷавоб диҳед. Оиладор ҳастед ё не?
Ашраф сарашро хам кард.
— Ҳа.
Мадина як қадам ақиб рафт. Чашмонаш пур аз ашк шуданд.
-Мадина, ман туро дӯст медорам. Он издивоҷ бо хоҳиши ман набуд. Маро маҷбур карданд.
Мадина гуфт:
— Ашраф, маҷбур карда бошанд ҳам, он зан имрӯз ҳамсари шумост. Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Шумо аз дарди худ мегӯед, аммо боре фикр кардед, ки дили ӯ чӣ ҳол дорад?
Ашраф ҷавобе наёфт.
Мадина ашкҳояшро пок карда гуфт:
— Ман намехоҳам сабаби шикастани зиндагии ягон зан бошам. Аз имрӯз дигар бо ман суҳбат накунед.
Ва рафт.
Ашраф ҳамон ҷо танҳо монд.
Вақте бегоҳ ба хона баргашт, ҳамсараш дар назди дар истода буд. Бо дидани ӯ табассум кард.
— Ашраф, имрӯз туро интизор будам. Як хабари хуш дорам
— Чӣ хабар?
Духтар бо шарму ҳаё дасташро ба шикамаш гузошт ва оҳиста гуфт:
— Ашраф, мо соҳиби фарзанд мешавем.
Ашраф дар ҷояш шах шуд.
Духтар интизори он буд, ки шавҳараш аз шодӣ ӯро ба оғӯш мегирад, аммо Ашраф танҳо хомӯшона ба ӯ нигарист.
Табассум аз лабони занаш оҳиста гум шуд.
— Ашраф ту хурсанд нестӣ?
Ашраф чизе нагуфт.
Занаш сарашро хам карда, ашкҳояшро пинҳонӣ пок кард.
Он шаб ӯ бори аввал дарк намуд, ки шояд ҳатто омадани фарзандаш ҳам натавонад дили шавҳарашро ба ӯ наздик созад.
Аммо ҳеҷ кас намедонист, ки ин кӯдак рӯзе сабаби ашкҳои талхтарини Ашраф хоҳад шуд.
Аз он рӯзе, ки ҳамсараш аз ҳомиладор буданаш хабар дод, чанд ҳафта гузашт. Зан ҳар рӯз умед дошт, ки шояд Ашраф тағйир ёбад, шояд бо шунидани тапиши дили фарзандаш меҳраш нисбат ба ӯ зиёд шавад. Аммо Ашраф ҳамоно сард буд.
Саҳар аз хона мебаромаду бегоҳ дер бармегашт. Баъзан ҳатто шабро бо чурахояш дар тарабхонахо мегузаронид.
Модари Ашраф хар руз мепурсид:
— Духтарам, аҳволат чӣ хел? Ҳомиладорӣ туро хаста намекунад?
Келинаш табассум кард:
— Не, модарҷон, хубам. Фақат баъзан сарам чарх мезанад.
-Ашраф ба ту ғамхорӣ мекунад?
Духтар каме хомӯш монд.
— Модарҷон, писаратон бисёр кор дорад. Ман намехоҳам ӯро ташвиш диҳам.
Модар аз ҷавоби ӯ хиҷолат кашид. Ӯ хуб медонист, ки писараш ҳеҷ гоҳ ин издивоҷро нахоста буд, аммо гумон мекард, ки бо гузашти вақт ҳама чиз хуб мешавад.
Бегоҳ, вақте Ашраф ба хона омад, модараш ӯро дар ҳавлӣ интизор буд.
— Ашраф, то кай мехоҳӣ бо ҳамсарат ҳамин тавр муносибат кунӣ?
[17.11.2026 10:49] Sh. N: — Модар, боз сар кардед?
— Не, писарам, ман мехоҳам як чизро фаҳмӣ. Он духтар ҳоло фарзанди туро дар батн дорад. Ӯ шабҳо бо гиря мехобад, аммо ба хотири ту ягон бор шикоят намекунад.
 Ашраф асабонӣ шуд.
-Модар, ман аз шумо хоҳиш карда будам, ки маро оиладор накунед. Шумо гӯш накардед. Акнун чаро тамоми масъулиятро ба гардани ман мегузоред?
Модараш бо чашмони пуроб гуфт:
— Шояд мо хато кардем, писарам. Аммо ту ҳам акнун бояд ҷавобгарии худро ҳис кунӣ.
Ашраф чизе нагуфта ба хона даромад.
Ҳамон шаб телефони ӯ занг зад.
Мадина буд.Ашраф чанд лаҳза ба экран нигаристу баъд ҷавоб дод.
— Салом, Мадина.
— Салом. Ман медонам, ки дигар набояд ба ту занг занам, аммо як чизро фаҳмидан мехоҳам. Оё ту воқеан маро дӯст медорӣ?
— Бештар аз ҷони худам.
— Пас чаро аз аввал росташро нагуфти,ки оиладори?
— Метарсидам, ки туро аз даст медиҳам.
Мадина бо алам хандид.
— Ту аз гум кардани ман метарсидӣ, аммо аз шикастани дили як зани бегуноҳ не?
Ашраф чизе нагуфт.
— Ашраф, ман ҳам туро дӯст дошта будам. Аммо муҳаббате, ки бо ашки зани дигар оғоз мешавад, ба назари ман хушбахтӣ намеорад. Илтимос, дигар ба ман занг назан.
Ашраф телефонро ба замин гузошт. Дар ҳамин лаҳза аз ҳуҷра садои ҳамсараш омад:
— Ашраф, метавонӣ як пиёла об биёрӣ? Ҳолам хуб нест.
Ӯ ба ҳуҷра даромад. Зан рӯи бистар хобида, дасташро ба шикамаш гузошта буд.
— Чӣ шуд?
-Намедонам, чанд вақт боз дарди шикам дорам.
Ашраф аввалин бор тарсро дар чашмони занаш дид. Ӯ зуд либос пӯшида, ӯро ба беморхона бурд.
Пас аз муоина духтур бо чеҳраи ҷиддӣ назди Ашраф омад.
— Шумо бояд ба ҳамсаратон бештар диққат диҳед. Ӯ ҳоло ба оромӣ ва нигоҳубини ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳомиладорӣ каме хатарнок гузашта истодааст.
Ашраф дигар тоқат карда натавонист. Аввалин бор гуфт
— Бубахш маро.Агарчанде дустат надоштам,аммо хотири фарзанди оянда мехохам як умр бо ту бошам.
Пас аз он шаб Ашраф каме тағйир ёфт. Ӯ кӯшиш мекард, ки бештар дар хона бошад, аз аҳволи ҳамсараш хабар гирад ва барои ӯ ғамхорӣ кунад. Аммо дар дили занаш захме буд, ки бо чанд рӯзи меҳрубонӣ шифо намеёфт.
Рӯзе занаш дар ошхона нишаста, либосҳои кӯдаконаеро, ки барои фарзанди оянда харида буд, тамошо мекард. Ашраф аз дар даромада, ӯро бо табассум дид.
— Чӣ кор дорӣ?
— Либосҳои писарамонро тамошо мекунам. Намедонам чаро, дилам мегӯяд, ки писар мешавад.
Ашраф дар паҳлӯяш нишаст.
— Агар духтар шавад-чӣ?
Зан хандид.
-Фарқ надорад. Муҳимаш сиҳату саломат бошад. Ман мехоҳам фарзанди мо дар муҳити пур аз меҳру муҳаббат ба воя расад. Намехоҳам ӯ мисли ману ту аз беинтихобӣ ранҷ кашад.
Ин суханҳо ба дили Ашраф нишастанд.
Ӯ дасти занашро гирифта пурсид:
— Ту то ҳол аз ман ранҷидаӣ?
Зан ба ӯ нигарист.
-Ашраф, медонӣ, аз чӣ бештар дард мекашам? Аз он ки ту маро ҳеҷ гоҳ дӯст надоштӣ. Ман ҳар рӯз кӯшиш кардам, ки барои ту зани хуб бошам. Аммо намедонистам, ки чӣ тавр дили касеро ба даст орам, ки маро аз аввал нахостааст.
Ашраф сар хам кард.
— Ман мехоҳам ҳама чизро аз нав оғоз кунем.
Зан табассум кард, аммо дар чашмонаш ҳанӯз ғам буд.
— Ман ҳам мехоҳам, аммо муҳаббатро бо хоҳиш сохтан намешавад, Ашраф. Дил бояд худаш дӯст дорад.Ашраф, медонӣ, аз чӣ бештар дард мекашам? Аз он ки ту маро ҳеҷ гоҳ дӯст надоштӣ. Ман ҳар рӯз кӯшиш кардам, ки барои ту зани хуб бошам. Аммо намедонистам, ки чӣ тавр дили касеро ба даст орам, ки маро аз аввал нахостааст.
— Ман мехоҳам ҳама чизро аз нав оғоз кунем.
Зан табассум кард, аммо дар чашмонаш ҳанӯз ғам буд...

(Идома дорад)
Муаллиф Шахлои Начмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД