Утеря
Толеънома 27-уми ноябри соли 2026
328

Толеънома 27-уми ноябри соли 2026

Ҳамал (Овен)

Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва пеш аз қабули қарор хуб андеша кунед. Рӯз барои ҳалли корҳои рӯзгор ва масъалаҳои оилавӣ мувофиқ аст. Эҳтимол, барои бартараф кардани баъзе мушкилот ба дастгирии шахсони ботаҷриба ниёз пайдо кунед. Дар кор муваффақ мешавед, агар вақти муносибро интихоб карда, фикратонро дуруст баён кунед. Ба саломатии худ низ диққат диҳед ва аз ҷустуҷӯи нишонаҳои бемориҳо дар интернет худдорӣ намоед.

Савр (Телец)

Имрӯз кӯшиш кунед такягоҳи боэътимоде пайдо кунед, ки дар лаҳзаҳои душвор ба шумо неру мебахшад. Баъзан танҳо мондан ва каме истироҳат кардан низ зарур аст. Дар фаъолияти корӣ масъулияти бештар ба дӯш гирифтан метавонад ба пешрафти касбӣ, баланд шудани мақом ва зиёд шудани маош мусоидат кунад. Эҳтимол, андешаҳои ҷолибе ба саратон меоянд, аммо онҳо ба вазъи молиявиятон таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Ба саломатӣ ва бемориҳои музмин бепарво набошед.

Ҷавзо (Близнецы)

Агар танҳо бошед, кӯшиш кунед бештар бо одамон муошират намуда, маҳорати сухангӯии худро такмил диҳед. Имрӯз эҳтимол лозим ояд, ки аз андеша ва мавқеи худ ҳимоят кунед. Дар касбу кор вазифаҳои душвор пеш меоянд, аммо бо диққату сабр аз уҳдаи онҳо мебароед. Барои соҳибкорон имкониятҳои нави пешрафт фароҳам мешаванд. Ба ғизои истеъмолкардаатон диққат диҳед ва аз хӯрокҳои шубҳанок худдорӣ намоед. Рӯз барои дидорбинӣ ва суҳбат бо дӯстону шиносон низ мувофиқ аст.

Саратон (Рак)

Имрӯз вақти муносибест, ки масъалаҳои ҳалношудаи муносибатҳои шахсиро баррасӣ кунед. Агар чизе шуморо нороҳат кунад, бо шахси дӯстдоштаатон самимона суҳбат намоед. Аз баҳсу мунозира бо наздикон худдорӣ кунед, зеро он метавонад табъатонро хира созад. Дар баробари ин, дар бораи оғози фаъолияти мустақилона ва тиҷорати шахсӣ андеша кардан бамаврид аст. Барои рафъи хастагӣ ба реҷаи хоб ва истироҳат аҳамият диҳед.

Асад (Лев)

Имрӯз шояд аз рафтори шахси дӯстдоштаатон ноумед шавед ва дар бораи муносибатҳои минбаъдаатон андеша кунед. Ҳамзамон, шиносоӣ бо одамони нав эҳтимол дорад, ки баъдтар ба дӯстии хуб табдил меёбад. Вазъият дар ҷойи кор тадриҷан беҳтар мешавад ва ҳамкорӣ бо дигарон натиҷаи хуб медиҳад. Дар ҷойҳои серодам эҳтиёткор бошед, эҳтимоли гум кардани пул вуҷуд дорад. Ба ҳолати ҷисмонии худ диққат диҳед, аз машқҳои вазнин ва серҳаракатӣ худдорӣ кунед.

Сунбула (Дева)

Имрӯз аз андешаи дигарон зиёд вобаста набошед ва барои амалӣ кардани ниятҳои худ ҷуръат нишон диҳед. Эҳтимол, яке аз наздиконатон сухани нохуше гӯяд, аммо беҳтараш онро барои ислоҳи камбудиҳои худ истифода баред. Нимаи аввали рӯз барои пешрафти касбӣ ва пайдо кардани кори нав мусоид аст. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ низ метавонед мавқеи худро ҳимоя кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин худдорӣ намоед.

Мизон (Весы)

Имрӯз кӯшиш кунед дар масъалаҳои ошиқона эҳсосотро аз ақл боло нагузоред ва шахси интихобкардаатонро аз ҳад зиёд идеалӣ нишон надиҳед. Дар муносибат бо атрофиён ҳамдигарфаҳмии комил на ҳамеша имконпазир аст, бинобар ин аз баҳсҳои нолозим дурӣ ҷӯед. Дар ҷойи кор аз худнамоӣ ва нишон додани бартарият худдорӣ кунед. Корҳоятон метавонанд тадриҷан беҳтар шаванд, аммо барои муваффақият бояд худатон талош намоед. Масъалаҳои саломатиро бо ҳар кас дар миён нагузоред ва танҳо ба маслиҳати мутахассисон такя кунед.

Ақраб (Скорпион)

Агар мунтазири пешниҳоди издивоҷ аз ҷониби шахси дӯстдошта бошед, шояд вақти он расидааст, ки худатон ташаббус нишон диҳед. Ба муносибатҳои ошиқона бештар аҳамият диҳед, бепарвоӣ метавонад боиси нофаҳмӣ ва муноқиша гардад. Имрӯз фаъолияти корӣ он қадар самарабахш нахоҳад буд, бинобар ин корҳои муҳимро бо шитоб анҷом надиҳед. Ҳангоми харид маблағро оқилона истифода баред ва аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Ҳамчунин, дар давоми рӯз оби кофӣ нӯшед.

Қавс (Стрелец)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона аз якравӣ ва исрори зиёд худдорӣ кунед. Барои нигоҳ доштани муносибатҳои самимӣ ба эҳсосоти шахси дӯстдоштаатон низ аҳамият диҳед. Кӯшиш кунед нороҳатӣ ва асабонияти худро ба сари наздикон нарезед. Дар масъалаҳои корӣ ҳоло иваз кардани ҷойи кор чандон мувофиқ нест. Беҳтараш вақти худро ба омӯзиш ва такмили малакаҳои касбӣ сарф кунед. Ба буҷаи оилавӣ низ диққат дода, хароҷоти нолозим ва харидҳои калонро ба вақти дигар гузоред.

Ҷаддӣ (Козерог)

Имрӯз тамоми вақти худро ба кор бахшида, зиндагии шахсиро фаромӯш накунед. Рӯз барои ба тартиб даровардани хона, халос шудан аз ашёи нолозим ва қатъ кардани муносибатҳои носолим мувофиқ аст. Аммо барои имзои баъзе ҳуҷҷатҳо ба роҳбарият муроҷиат карданро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Вазъи молиявиятон тадриҷан беҳтар мешавад, вале аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Бегоҳ аз хӯрдани ғизои вазнин ва серравған худдорӣ карда, хӯроки сабук истеъмол кунед.

Далв (Водолей)

Имрӯз эҳсосоти тозаеро таҷриба карда, ҳатто эҳтимол ошиқ шавед. Ҳамчунин, барои омадани падару модар ё яке аз хешовандони калонсол омода бошед. Дар ҷойи кор бо ҳамкорон баҳсу мунозира накунед ва кӯшиш намоед андешаҳои онҳоро низ ба назар гиред. Аз ташвишҳои беҳуда худро озод карда, ба воқеаҳо оромона муносибат кунед. Барои мустаҳкам кардани саломатӣ ва баланд бардоштани масунияти бадан ба варзиш, давидан ё шиноварӣ машғул шудан муфид аст.

Ҳут (Рыбы)

Имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои худ устувор бошед ва нагузоред, ки эҳсосоти манфӣ ба шумо халал расонанд. Наздикон ва шиносон метавонанд барои маслиҳат ба шумо муроҷиат кунанд, зеро ба фикру андешаатон эътимод доранд. Дар ҷойи кор тамоми вазифаҳоро танҳо ба дӯш нагиред ва як қисми онҳоро ба дигарон вогузор кунед. Рӯз барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ ва баррасии буҷаи муштарак бо шарикатон мувофиқ аст. Агар кори хатарнок анҷом диҳед, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД