(Идомааш)
-Бародари Саида табассум карда аз ҷояш хест ва ба хоҳараш нигариста гуфт:
-Таъкиди маро фаромӯш накун!-Маълум буд, ки ин гуфтаҳояш ба ҳардуи духтарон нигаронида шудааст…. Ӯ бо гӯшаи чашм бори дигар ба Гулрафтор нигоҳ карду аз дар баромад…
Ҷамшед синчакорона ба духтарон нигариста, аз дил гузаронд: «Ҳардуяшон палтои якхела доранд. Маълум, ки якҷоя харидаанд…»
- Ҳоло ман бо навбат ба шумо чанд нафар занҳоро рӯ ба рӯ мекунам. Кадоме аз онҳо шуморо фиреб карда буд, нишон медиҳед… Хоҳишмандам, бо диққат бошед.
Ӯ пеш-пеш даромада, духтаронро аз як долони дароз ба хонае, ки он ҷо аз паси шишаи яктарафа ҷинояткоронро ба шоҳидон нишон медоданд, бурд. Муфаттиш ба Гулрафтор гуфт, ки дар долон ҳамроҳи милитсионери навбатдор истад ва худаш дарро боз намуду ҳамроҳи Саида ворид гардид. Дар рӯ ба рӯи онҳо девори шишагие меистод, ки аз он утоқи дигарро дидан мумкин буд.
-Шумо он тарафро мебинед, вале аз он ҷо на шумо ва на каси дигарро намебинанд. Бинобар ин, наҳаросида ҳамон занеро, ки шуморо ба хонааш оварда, баъд ба Дубай бурда буд, нишон диҳед!
-Дар он ҷо ҳеҷ кас нест ку?
Ба ҷои ҷавоб Ҷамшед аз тариқи микрофон ба каси ноаёне фармон дод:
-Занҳоро дароред…
Паси ҳам ба утоқи рӯ ба рӯ панҷ зан даромаданд ва рӯ ба онҳо истоданд. Синну соли занон ва либосашон гуногун буд. Аммо барои Саида шинохтани зане, ки бахти ӯро сӯхта буд, кори душвор набуд. Ҷамиларо дар симои зани сеюм шинохт. Дар ин се сол каме пиртар шуда буд, вале чашмонаш мисли пешина бозӣ мекарданд.
Ин вақт коре шуд, ки Ҷамшед интизораш набуд. Саида бо як ҷаҳиш худро ба девори шишагин расонд ва хост онро шикаста, вориди утоқ шаваду Ҷамиларо пора-пора кунад. Аммо зарбаҳои ӯ ба девор мисли мушти тифли ширхора ба гаҳворааш буд. Аз он тараф ягон нафар зан ҳатто аз ҷояш наҷунбид. Ҷамшед аз ду китфи Саида гирифта ба курсӣ шинонд ва ба ӯ як стакан об дароз карда гуфт:
-Зӯри беҳуда. Ман гуфтам ку, аз он тараф на шуморо мебинаду на садоятонро мешунаванд. Беҳтараш ба ман гӯед, ки кадоме аз онҳост?
-Наход худатон нашиносед? Ҳо, ана ҳамон зане, ки сеюм истодааст. Номаш Ҷамила.
-Ҳмм, номи ӯ Сангиной аст…
-Не, Ҷамила…
-Барои шумо Ҷамила аст, вале номи аслиаш Сангиной Ғоибова ва ҳоло барои ҷиноятҳои дигараш дар маҳбас нишастааст. Агар ин ҷинояташ ҳам собит гардад, ҳукми зиндони ӯ боз зиёдтар мешавад…
-Паррондан мумкин не- мӣ?- пурсид Саида, ки аз ғазаб меларзид.
Муфаттиш зери лаб табассум кард, вале ба ин саволи ӯ ҷавоб надода, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи ду нафари дигаре, ки он ҷо ҳузур доштанд, ба протоколи шиносоӣ имзо гузорад.
Бо хоҳиши Ҷамшед Саида аз дар баромад ва Гулрафтор вориди утоқ гардид. Ӯ баробари дидани занҳои қатор бо ангушт ба сӯи зани сеюм, ки ба назар бепарво менамуд, ишора кард.
-Чаро шумо мисли дугонаатон доду вой намебардоред?-пурсид муфаттиш.
Гулрафтор китф дарҳам кашиду оромона ҷавоб дод:
-Акнун чӣ фоида? Обе, ки рехт, бардошта намешавад…
-Шояд худатон, ихтиёран ҳамроҳи ӯ рафта бошед?
Беҳтараш, ки Ҷамшед забон намекушод. Ба бадани Гулрафтор рашъа дамид. Пайкарашро ларза гирифт ва дар куҷо будани худро фаромӯш карда хост ба фуки Ҷамшед мушти обдоре фарорад, вале ҷавони машқдида чолокона дасти духтарро дар ҳаво дошта, каме қад кард, ки аз ин ҳаракати ӯ баданаш ба бадани духтар наздик шуд. Аз ин наздикшавӣ дили ҷавон чунон ба таппиш даромад, ки дастони қавиаш қуввати худро гум карданд ва ӯ қариб буд, ки аз рухсораи Гулрафтор бӯсад… Аммо дар лаҳзаи охирин Ҷамшед худро ба даст гирифт ва дасти духтарро раҳо карда истода гуфт:
-Маро мебахшед, кори мо ҳамин аст…
Духтар тағйиротро дар рафтору гуфтори муфатиши ҷавон ҳис карда, чизе нагуфт ва дасташро молиш дода истода, ба протоколи шиносоӣ имзо гузошту бо сари хам ба тарафи дар равон шуд…
Шайх Салим дар утоқ гоҳ ба ин ва гоҳ ба он тараф қадам мезаду оҳи сард мекашид. Гоҳ менишасту гоҳ мехест. Гоҳ рӯ ба рӯи Албина рост истода ӯро аз ҷояш мехезонду ба чашмонаш нигоҳ мекард ва дар қаъри чашмони осмонранги ӯ ба ҷуз ҳайрат дигар чизеро надида, манаҳашро сар медоду худро рӯи мулоикурсӣ ҳаво медод. «Бечора ақлашро гум кардааст…»,- аз дил гузаронд бо таассуф Албина, ки баъд аз нӯшидани як-ду ҷуръа қаҳва андаке ба худ омада буд. «Гулрафтор дурӯғ намегуфтааст. Ана хонаю ҷою ана шавҳар… Пас, чаро ӯ ба биёбон афтид? Э, ҳа гӯр ҳуши ман шавад, гуфта буд ку, душманони шавҳараш ин корро карданд. Дар ҳақиқат, худо дода будаасту саришта карда натавонистааст. Ҳоло ин мард аз шунидани он, ки Гулрафтор дар биёбон бача зоидааст, девона шуд. Писараш Замир ҳам ба худаш хеле монанд…»
Салим аз болои мулоимкурсӣ бархоста, ба назди мизи пастак омад ва аз шишае ба қадаҳи булӯрин чанд қулт гулоб рехта нӯшиду курсии худро рӯ ба рӯи Албина гузошта нишаст.
-Маро бо диққат гӯш кун. Агар заррае ба ман дурӯғ гӯӣ, бе ягон пурсиш ба он дунё меравӣ ва ҳатто аз будану набуданат дар ин дунёи равшан нишоне намемонад…
Албина, ки аз ваҷоҳати Шайхи Тиллоӣ сахт тарсида буд, худро андаке қафо кашид ва бо чашмони ҳайратзадаи кабудаш ба ӯ нигарист. Миҷгонҳои дарозаш зуд-зуд кушодаю пӯшида шудан гирифтанд.
«Ин мардак аниқ девона шудааст. Боз маро дар ҳамин ҷо накушад?»,- аз дил гузаронд духтар.
-Агар рости гапро гӯӣ, аз сарат тилло мерезам ва якумр камиро намебинӣ…
Албина аз ин пешниҳоди ғайриоддӣ аввал андаке ба ҳайрат афтоду сипас ба худ омада гуфт:
-Кӣ мехоҳад, ки ба ҷои зиндагии серу пур марги бармаҳалро интихоб намояд? Ман ба Шумо дурӯғ гуфтанӣ нестам. Ҳатто агар пурсед, ки ҳамхобаи аввалинат кӣ буд, росташро мегӯям, ки дар ёд надорам…
-Барои ман бо кӣ ва дар куҷо ҳамхоба будӣ, муҳим нест ва ба он коре ҳам надорам. Барои ман донистани ҳаёти якҷояат бо Гулрафтор муҳим аст.
Шайх баъд аз шунидани он, ки занаш дар биёбон писар таваллуд кардааст, аз ҳаяҷон фаромӯш карда буд, ки то ин дам ба Албина «шумо» гуфта муроҷиат мекард.
Албина бе ягон истиҳола аз Шайх қадаҳашро аз ҳамон нӯшокие, ки Салим барои худ рехта буд, пур кард. Гулоб ба нӯшокии спиртӣ монанд набуд. Аммо баъд аз нӯшидани он ба бадани духтар гармии ҳаловатбахше паҳн шуд. Шайх Салим интизор истод, то ки духтар қадаҳашро ба миз гузорад ва сипас идома дод:
-Ваъдаи маро дар ҳарду маврид шунидӣ. Акнун ихтиёр ба туст…
-Ҷаноби Шайх, ман дар бораи Шумо ғоибона аз даҳони занатон танҳо суханҳои хуш шунидаам. Барои он «занатон» гуфта таъкид мекунам, ки то ин лаҳза гумон надоштам Гулрафтор ба ман рост гуфта бошад. Ҳоло ба ин чиз пурра бовар кардам, зеро дар рӯ ба рӯи худ шавҳари ӯро мебинам. Аммо ба шумо як чизро гӯям, ки то ин лаҳза ба касе дурӯғ нагуфтаам. Бале, баъзе муштариёнамро бо айби худашон фиреб додаам, вале дурӯғ нагуфтаам. Ман ба мардуми доро он қадар боварӣ надорам, аммо мебинам, ки шумо шахси дигаред. Барои ҳамин, ҳама гапро мегӯям…
-Ба ман тамоми ҷузъиёти зиндагиатон даркор…
-Эҳа, ин як роман мешавад ку…
-Роман мешавад ё чизи дигар, фарқ надорад. Ман бояд ҳама чизро донам. Тайёрам то охир гӯш кунам…
-Ман тайёр не. Аввал ин, ки шикамам гурусна. Дигараш, хеле монда шудаам…,-Албина мехост аз фурсат истифода бурда, аввал ғами худро хӯрад.
-Майлаш, ҳамон утоқе, ки дар он тарафи бӯстонсаро аст, дар ихтиёри шумо,-аз нав ба «шумо» гузашт Салим,-То пагоҳ истироҳат кунед. Ман аз субҳ дар ихтиёри шумо мешавам… Ин гулоб агар аз ҳад зиёд шавад, одамро гаранг мекунад. Аз он зиёд сӯиистифода накунед…
«Агар ту медонистӣ, ки ман худам ҳам он қадар нӯшиданро дӯст намедорам, шояд ин гапро намегуфтӣ… Хайр, алҳол духтари гапдаро шуда истам канӣ…»,- андеша кард Албина ва бо аломати ризо сар ҷунбонд.
Шайх хизматгореро, ки дар дами дар интизори фармон меистод, ба наздаш даъват намуда, чанд супориш доду аз дари утоқ баромад. Хизматгор ба Албина наздик шуда гуфт:
-Хонуми мӯҳтарам, гармоба тайёр. Аввал хӯрок мехӯред ё ба ҳаммом медароед?
-Ман кай боз маликаи Англия шудам?! Албатта, аввал хӯрок- дия. Чукчаҳо дар Русия дар умри худ ягон бор ҳаммом намекунанд, намемуранд- ку?,-ин суханонро Албина ба забони русӣ гуфту хизматгор чизе нафаҳмида ҳайрон истод. Маълум буд, ки вақти духтар хуш аст. Сипас ӯ хандида ба хизматгори ҳайратзада рӯ оварда, ба забони арабӣ гуфт:
-Аввал дар утоқи худам барои ман дастурхон оро деҳ.
-Шумо чиро дӯст медоред?
-Ман? Ҳа, маро мепурсӣ, ки чиро дӯст медорам?- ангушти худро ба лабаш бурда гӯё андаке андеша кард Албина, ки кадом хӯрокро гӯяд ва ба боло нигоҳ карда гуфт:-Ман ҳама чизро. Ту худат чиро бештар нағз мебинӣ?
Хизматгор аз ин савол ҳайрон шуда, чӣ гуфтанашро намедонист.
-Хайр, бало ба пасаш. Худат чизеро, ки аз ҳама бештар дӯст медорӣ, барои ман муҳайё кун. Ту озод…
Худи Албина низ зери лаб ба забони модариаш ким- кадом сурудеро, ки дар бачагиаш шунида буд, замзамакунон ба тарафи баромадгоҳ равон шуд ва дар вақти аз дар баромадан ба қафо гашта, ба сурати Гулрафтор, ки аз девор ӯро бо чашмони зебои худ хайрбод мегуфт назар карду гуфт:
-То дидор, дугона. Чунон кунам, ки Шайх туро аз таги замин ҳам бошад, кофта ёбад…
***
Саида ва Гулрафтор аз идораи прокуратура баромаданд. Ҳарду баъд аз дидани Ҷамила сахт ба ҳаяҷон омада буданд. Аммо Гулрафтор кӯшиш мекард, ки талотуми ботинии худро нишон надиҳад. Саида бошад, аз ғазаб меларзиду ҳар замон мегуфт:
-Қанчиқи худозада. Умраму бахтамро сӯхтӣ. Падарам қариб буд аз ман рӯй тобад. Ҳоло ист, чунон кунамат, ки…
-Чӣ кор мекунӣ? Ӯро бе ту ҳам ҷазо медиҳанд. Аввалаш, айби худамон, ки чунин содда будем.
-Чӣ ҳоло содда нестем? Ба гапи вай муфаттиш гӯш кун. Худашон он ҷазо медодаанд… Аз ҳисоби пули ҳаромаш чанд ҳазорро медиҳаду боз озод шуда аз паи кораш мешавад.
-Не, ба назарам ин хел не. Бин, аллакай ӯ дар ҳабсхона аст- ку!
-Шояд одам кушта ду-се сол гирифта бошаду халос. Ин хелаҳо аз таги дор ҳам мегурезанд…Ту чаро тарафи ӯро гирифта истодаӣ? Медонам, муфаттиш ба ту ошиқ шудагӣ барин. Бахтатро меёбӣ. Аз Дубай рост ба оғӯши ҷавони навхат. Бад не а?...
Гулрафтор дар ҷояш шах шуда монд.Ӯ аз Саида ин суханонро ҳеҷ гоҳ интизор набуд. Саида роҳравон боз чанд сухани дигар гуфту чанд қадами дигар ҳам монд. Баъд нигоҳ кард, ки дар паҳлӯяш касе нест. Ба қафо нигариста Гулрафторро дар ҷояш мисли ҳайкал шахшуда дид. Аввал чизе нафаҳмид, баъд сарфаҳм рафт, ки суханони охиринаш ба дугонааш сахт расидааст. Ба қафо баргашта ба назди Гулрафтор омад. Гулрафтор бо овози паст вале бо қатъияте, ки то ҳол Саида нашунида буд, гуфт:
-Минбаъд ману ту ҳамроҳ не! Ба роҳат рав. Ана акаат дар он тарафи роҳ туро интизор…
-Дугонаҷон, маро мебахшӣ. Ин таъсири дидори ҳамон Ҷамилаи лаънатист. Вай фақат касофатӣ меорад…
Аммо Гулрафтор ба қафо баргашта, аз пиёдараҳа ба тарафи муқобил равон шуд. Ӯ бо қадамҳои калон-калон ба тарафи дарёи Сир мерафт. Намедонист ба куҷо меравад, вале шунидани ин суханонро ҳам намехост. Саида бо ҳазор илтиҷо ӯро ба таваққуф даъват мекард, вале Гулрафтор худаш ин ҷо буду хаёлаш дар ҷои дигар. «Наход дар бораи ман дигар одамон ҳам ҳамин тавр фикр кунанд? Фикр кунанд, ки бо симои худ ҳамаро аз роҳ мебарорам? Худо аз куҷо ба ман ин ҳусни бахтсӯзро дод? Мероси бибии чуқуррафтаам дар гӯр. Наход ҳеҷ кас фаҳмидан нахоҳад, ки ман заррае ҳам аз ин зебогиам хурсанд нестам. Танҳо як моҳу се рӯз хушбахт будаму халос. Дигар фақат азобу азоб. Ана акнун духтаре, ки ман ба ӯ, ба фаросаташ бовар доштам, маро таъна мезанад. Не, зистан намехоҳам…»
Саида ҳаш- ҳашкунон ба ӯ расида гирифту аз китфонаш боздошта, рӯи Гулрафторро ба тарафи худ гардонд. Ҳайрон буд, ки чӣ тавр бо он ҷуссаи аз Гулрафтор хурдтараш ин кор ба ӯ даст дод.
-Гумон мекунӣ, ки ба ман осон аст? Ин тавр бошад, биё ҳарду худро баробар ба Сир мепартоем. Аз болои кӯпрук. Ин хелаш осонтар аст…
Саида ба чашмони дугонааш бодиққат нигоҳ карда, бори аввал эҳсос намуд, ки дар қаъри ин чашмон андӯҳи бузурги ногуфтание маъво гирифтааст. Ӯ дигар худро дошта натавониста, гиря карда фиристод:
-Дугонаҷон маро бубахш… Охир башараи он лаънатӣ маро ба гузашта баргардонд. Озору таҳқирҳои дидаам пеши назарам омаданд ва худам нафаҳмида туро ранҷондам. Ту дар биёбон будӣ ва намедонистӣ, ки дар он шаҳри бузург моро ба чи азобҳое гирифтор карда буданд. Агар диламро кушоям, шояд раҳмат ба ман биёяду маро бахшӣ. Дар ёд дорӣ, ману ту, духтаракони бори аввал аз хонаи падар ба берун қадам ниҳода аз ӯ чӣ мепурсидем? «Буваҷон, он ҷо дар куҷо хоб мекунем? Буваҷон, либосамонро дар куҷо мешӯем? Агар мардҳои ношинос бисёр бошанд, чӣ тавр бо онҳо муомила мекунем?» Ёд дорӣ, Ҷамилаи лаънатӣ мегуфт, ки ба ӯ «буваҷон» гуфта муроҷаит кунем. Мегуфт, ки ӯ ба мо аз модарамон зиёдтар хизмат карда истодааст. Чунон хизмат кард, ки…
Саида аз ҳаяҷон бо лаҳҷаи маҳаллии худ гап мезаду нисфи суханонашро Гулрафтор фаҳмида наметавонист. Аммо дарди ӯро дар мағзи ҷонаш эҳсос мекард.
-Дар он шаҳри бегона, миёни мардуми бегона худам медонистаму Худои болои сарам… Маҷбур мекарданд, ки ба болои миз баромада, тани урён рақс кунам. Охир то он замон бадани маро ҳатто модарам надида буд. Шарм мекардам, агар баногоҳ дар вақти оббозиам модарам ба ҳаммом дарояд…,- алами худро мегуфт Саида,- Чӣ рӯзҳоеро ба сарамон овард Ҷамилаи лаънатӣ! Боре ду зангиро ба наздам дароварданд. Аз танашон бӯи моҳӣ меомаду аз даҳонашон бӯи шароб. Магар ман, як духтараки 17 сола ба онҳо муқобилият карда метавонистам? Ҳамаи ин разолатро ба ман ба ивази сад доллар раво медиданд. Онро ҳам хӯҷаин мегирифту ба ман фақат хӯрок медод. Ана чи рӯзҳое ба сарам овард лаънатии Ҷамила! Ҳазор бор шукр кун, ки ту ба биёбон афтидӣ ва рӯзҳои моро аз сар нагузарондӣ, Гулрафтор…
Гулрафторро дилаш ба дугонаи гирёнаш сӯхт ва ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:
-Дигар ба ёд наор он даҳшатро. Шояд азоби ман дигар хел бошад, вале аз ту кам набуд. Мо ҳама бадбахт шудем. Рост мегӯӣ, аз дасти ана ҳамин худозада ва тақдири шумамон ҳамаамон бадбахт шудем.
Онҳо нафаҳмида монданд, ки чӣ тавр ба соҳили Сир расиданд. Духтарон аз зинапояҳо поин шуда, дар лаби дарё, дар рӯи хараке, ки каме аз соҳил дуртар шинонда буданд, нишастанд. Сир ором ҷорӣ буд. Дуртар аз соҳил заврақи мотордоре, ки дар болояш ду нафар нишаста буданд, ба муқобили ҷараён шино дошт. Маълум буд, ки зидди амвоҷ шино кардан барояш душвор аст. Заврақ базӯр ҳаракат мекард, аммо сарнишинонаш парвои онро надоштанд, ки заврақ чӣ тавр шино мекунад. Онҳо байни ҳам бо завқ сӯҳбат доштанд. Ҷавон, ки дар як дасташ ҷилави заврақ буд, бо дасти дигараш чизеро нақлкунон дар ҳаво ким чӣ хел нақшҳо мекашид ва духтари рӯ ба рӯяш аз ин ҳаракату рафтори ӯ бо завқ механдид.
«Чӣ хел хушбахтанд, инҳо»,- аз дил гузаронд Гулрафтор як лаҳза ҳама чизро фаромӯш карда. Аммо чашмаш ба Саида афтод, ки ашки чашмонашро пок карда, ба заврақсаворон бодиққат менигарад. Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд. Баъд Саида гӯё дар омади гап гуфт:
-Дирӯз Баҳромҷонро аз дур дидам…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)