(Идомааш)
Албина ғарқи ҳамин андешаҳо аз хамгашти кӯча баромад, бодиққат ба чор тараф чашм андохт, ки мабодо ходими пулис намоён набошад. Ба набудани хатар боварӣ ҳосил намуда, зуд ба тарафи меҳмонхона гузашт.
Гумон дошт, ки касе аз ходимони пулис ва ё он нафароне, ки ба бехатарии меҳмонони меҳмонхона ҷавобгар буданд ӯро пай намебаранд. Аммо ӯ хато карда буд. Зеро кайҳо аз паси ӯ шаш ҷуфт чашмони тезбини фарзандони биёбон наззора мекарданд. Онҳо дар дохили мошини сиёҳшишае ҳар як рафтори Албинаро мушоҳида мекарданд ва чеҳраи ӯро бо аксе, ки дар даст доштанд, муқоиса менамуданд.
Албина аз чорроҳа гузашта, ба назди симчӯби калони оҳанин, ки дар рӯ ба рӯи баромадгоҳи меҳмонхона қарор дошт, омад. Нав ба мушоҳидаи миҷозони меҳмонхона сар карда, аз байи онҳо «сайд» мекофт, ки мошини сиёҳшиша ба ӯ баробар шуду истод. Аз нишастгоҳи қафои он арабе, ки куртаи дарози сафед дар бар дошту риши сип-сиёҳи маъмулии арабӣ ва ҳамин тавр мӯйлаб дар зери биннии калонаш рӯи сиёҳҷурдаашро зеб медод, фаромада тасбеҳи донаҳояш калон дар даст, ба Албина наздик шуд.
-Шумо вақт доред, ки бо ман чанд соатро сипарӣ кунед?
Албина, ки аз миҷозони худ ба шунидани суханони дурушт аз қабили «биё рафтем, як соат кор кун», «эй шабпарак, биё як маро дӯстдорӣ кун, пулатро мегирӣ..» ва ғайра одат карда буд, аз чунин муомилаи хуш ба ҳайрат афтода гуфт:
-Бале ҷаноб, агар пуламро бе хиёнат диҳед, чанд рӯзе, ки хоҳед, ҳамроҳатон хоҳам буд…
Араб ба сӯи мошин ишора намуд ва Албина, ки гумон дошт ин шайх ӯро ба меҳмонхона мебарад, як лаҳза дудила шуду баъд бо қадамҳои ба ҳамкасбони ӯ хос ба сӯи мошин рафт. Дар дохили сиёҳшиша сардори хадамоти бехатарии Шайх Салим бинни Соиб, мулаққаб ба Шайхи Тиллоӣ ӯро интизор буд…
Саида Гулрафторро аз оғӯши худ раҳо кардан намехост. Кӣ будани пешвозгирандаро фаҳмида, Гулрафтор бо зӯрӣ худро аз бағали Саида раҳо карданӣ шуда гуфт:
-Исто, қариб нафастанг карда куштӣ ку! Ту аз куҷо пайдо шудӣ? Магар шумоёнро раҳо карданд?
-Кӣ гуфт, ки моро ҳабс карданд? Моро ҳамон бегоҳ сар дода буданд. Гуфтанд, ки ҳар вақт зарур шавад, шумоёнро барои пурсишу рӯбарӯкунӣ даъват мекунем. Туро барои ҳамон занро заданат дошта буданд. Азоб надоданд?- зери чашм ба муфаттиш нигоҳ карда, дилсӯзона аз Гулрафтор пурсид Саида.
-Не, азоб надоданд, ҳатто «шумо» гуфта муроҷиат карданд,-табассум карда ҷавоб дод духтар.
Ҷамшед, ки дуртар ба ин манзара нигоҳ карда меистод, сарашро хам кард, ки ин аз чашми зираки Саида пинҳон намонд…
-Ин кас бародари калонии ман Ҳомид. Ман қиссаи туро нақл карда, гуфтам, ки Гулрафтор дар ин шаҳр касе надорад. Мо омадем, ки туро ҳамроҳи худ барем…
-Ба куҷо?
-Ба куҷо мешуд, ба хонаамон дия. Ба Конибодом.
-Бисёр кори хуб мекунед! Ин кас дар бораи аз ҷои зисти худ ба ягон ҷой нарафтан забохат доданду шумо бошед, аллакай қонуншиканӣ карданӣ…,-бо зарда ҷавоб дод муфаттиши ҷавон ба ҷои Гулрафтор.
-Ҷои зисти ин кас куҷост медонед? Дубай, Душанбе ё кадом ноҳияи дигар? Аввал ба ҷои зисташон расанд, баъд ин талабро кунед,-паст наомад Саида.
Воқеан ҷои зисти ӯ куҷост? Инро на худи Гулрафтор медонисту на муфаттиш. Пештар хаймаи Ибни Шамс, баъд боздоштгоҳи Дубай, шаби гузашта шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷанд. Дар бораи хонаи падариаш Гулрафтор ҳатто фикр кардан ҳам намехост. Пас ҷои зисти ӯ куҷост?
-Майлаш, ҳамроҳи шумо бошанд. Фақат телефони дастии бародаратон ва худатонро навишта диҳед. Ҳар вақт, ки занг задем, зуд ба инҷо ҳозир мешавед. Аз рӯи шунидам, зане, ки дирӯз зери мушт гирифта будед, аз болоятон даъво дорад. Гузашта аз ин, рӯзҳои наздик мо занеро, ки шумоёнро ба хориҷа бурдааст, ба ин ҷо меорем. Шумоён бояд ӯро шиносетон…,- Ҷамшед сумкаи Гулрафторро, ки дирӯз пас аз моҷаро дар фурӯдгоҳ милисаҳо оварда ба шӯъба супорида буданд, ба дасти духтар дод. Гулрафтор ҳис кард, ки сумкааш ба назараш камтар сабуктар шудааст. Аммо чизе нагуфта оромона онро аз дасти муфаттиш гирифт.
-Аввал ин, ки ба зери мушту лагад нагирифтааст. Мо шоҳид будем. Камтар аз мӯяш дар болои фарш кашид, ки ин айби худаш. Забонашро нигоҳ дорад-дия…
-Ин «камтар аз мӯяш кашидан» ба забони қонун ҷиноят аст. Гапро дароз накарда, гуфтаи маро кунед,- ба гапаш оҳанги омирона доданӣ шуд муфаттиши ҷавон. «Ту аз афташ ба Гулрафтор ошиқ шудагӣ барин» аз дил гузаронд Саида, аммо бо овози баланд гуфт:
-Ҳамаи гуфтаҳоятонро мекунем. Фақат ҳоло ба мо иҷозат диҳед, ки Гулрафторро ҳамроҳи худ барем,-ва аз Ҳомид хоҳиш намуд, ки рақами телефонашро ба муфаттиш диҳад. Муфаттиш дар телефони дастиаш рақами Ҳомидро навишта гирифту таъкид намуд:
-Бо аввалин даъват бояд ба инҷо ҳозир шаветон. Бе ин ҳам ман аз сардор барои тафтишро ба охир нарасониданам гап мешунавам. Ба рақами телефони додаатон занг мезанам, агар он ҷавони дар Италия дидаатонро ёбаму суханони шуморо дар мавриди шавҳаратон тасдиқ кунад, хуб, вагарна…
Духтарон ва бародари Саида аз дарвозаи шӯъба баромада, ба «Жигули»-е, ки дар канори роҳ меистод, савор шуданд. Духтарон дар нишастгоҳи ақиб ва Ҳомид дар сари рули мошин нишастанду он ба роҳ баромад.
Аз тирезаи нимроғи мошин, аз соҳили Сир боди сарде мевазид ва Саида аз бародараш хоҳиш намуд, ки оинаро то охир бардорад. Минбаъд онҳо кӯчаи марказии шаҳрро убур намуда ба самти Конибодом ҳаракат карданд. Баъд аз Дубай ин шаҳр ба назари духтарон ҳамчун як шаҳраки хурди ба бозичаи бачагон шабоҳатдошта менамуд. Аммо ҳавои он, манзараи тирамоҳи шаҳрак, шамоли сарди барги хушкидаи дарахтонро алвонҷзанон аз шох ба замин резанда, мардуми равуокунанда ва ҳатто гунҷишкону мусичаҳои шохи дарахтони бебаргмонда чизе доштанд, ки ба дили духтарон наздик буд. Худашон намефаҳмиданд, ки ин чиз чист, вале ҳамаи ин манзараҳо эҳсосоти басо ширинеро дар дил бедор мекарданд, тасвир намудану ба забон оварданаш душвор буд. Онҳо намедонистанд, ки ин ҳиссиётро дар замирашон дидори ватан бедор кардааст. Ватане, ки замоне бо як сабукфикрии кӯдакона ба доми рӯбоҳи маккоре афтода, тарк карда буданд…
Манзараи ду тарафи роҳ зуд-зуд дигар мешуд ва мошин бо роҳи тахту ҳамвор ба пеш метохт. Гулрафтор фурсат ёфта, аз паҳлӯяш сумкаашро гирифту аввал аз боло баъд даҳонашро кушода, даруни онро палмосида дид. Аммо чизи даркориашро аз даруни он наёфт. Ҳаросон ба Саида нигарист. Аммо дугонааш ба берун нигоҳ карда, манзараҳои берунро тамошо мекард. Ин «тамошо»-и Саида танҳо вонамуд буд. Дар асл, аз назари ӯ ягон ҳаракати Гулрафтор дур намемонд. Духтарон бо овози паст сӯҳбат сар карданд, ки онро Ҳомид аз нишастгоҳи пеш намефаҳмид.
-Акнун ман чӣ кор мекунам, Саида?-аз берун чашм канда ба дугонааш нигарист Гулрафтор.
Саида, ки гӯё ғарқи андешаҳои худ буд, сар боло карда гуфт:
-Ман ҳам намедонам, ки чӣ мешавад. Хайрият, ҳамин бародарам маро фаҳмид ва фаҳмид, ки мо ба дом афтодаем. Ӯ муаллим аст. Ҳамин бародарам маро ба хондан бурда буд. Ҳоло ба хонаи ӯ меравем, баъд мебинем.
-Саида, дар фурӯдгоҳ дар сумкаи ман камтар пул буд…
Саида баргашта ба рӯи Гулрафтор синчакорона нигариста пурсид:
-Камтар пул буд мегӯӣ? Чанд пул буд? Сад риёл, дусад риёл?
-Риёл не, доллар. Ба фикрам, даҳ ҳазор доллар…
-Ва инро ту камтар пул мегӯӣ? Дар ҳақиқат ту мисли зани миллионерҳо гап мезанӣ. Камтар пул будааст…
-Хайр, ана пули калон. Ҳамон куҷо шуд?
-Ба фикри ту куҷо мешуд? Албатта гирифтанд-дия…
-Кӣ гирифт?
-Кӣ мешуд, ҳамон дугонаи ту, ки лашу лушҳоятро аз пасат ғундошта мегардад.
-Вай кист?
-Ман-дия, боз кӣ мешуд! Хайрият, чашми каси дигар нағалтид. Аниқтараш, ба ғайр аз ман касе намедонист, ки дар даруни сумкаат чист. Оҳиста сумкаатро гирифтаму аз дарунаш пулро ба байни пешбағали худ андохтам ва боз сумкаатро ба ҷояш гузоштам, ки милисаҳо аз пасат гирифта рафтанд. Ана, бонки ту дар куҷост,-Саида пешобағали дамидабаромадаашро ба Гулрафтор наздик овард, аммо аз тарси он, ки бародараш аз оина ин рафторашро мебинад, боз дуртар нишаст. Ин дафъа духтарон худро дошта натавониста бо овози баланд хандиданд. Ҳомид норозиёна аз оина ба нишастгоҳи ақиб нигарист ва чашмаш ба чашмони зебои Гулрафтор афтода, қариб чанбараки мошинро аз даст раҳо карда буд…
Албина дар даромадгоҳи кӯшки бошукӯҳе истода, бо ҳайрат онро тамошо мекард. Атрофи он панҷараи баланд гирифта шуда буд ва дар паси бинои боҳашамате, ки дар ин боғистон ба назар мерасид, аз дур шабаҳи баҳри беканор метофт. Боғ аксаран аз дарахтони нахл иборат буд, ки аз вазиши боди сабук аз ҷониби баҳр баргҳои калон-калонашон алвонҷ мехӯрд. Чун бегоҳирӯзӣ буд, офтоб аз паси ин иморати бузург поин шуда, гӯё ба баҳр фурӯ мерафт. Нурҳои офтоби ғурубкардаистода чанд пора абри гӯшаи осмони каб-кабудро сурхча намуда манзараи басе аҷиберо ба вуҷуд оварда буданд. Чунин манзараи зеборо Албина танҳо дар аксҳои рангаи маҷаллаҳои гаронқиммат дида буду халос. «Агар ҷаннат бошад, ҳамин қадар будагист»,- аз дил гузаронд ӯ ва ба шайхи куртадароз, ки тасбеҳ дар даст дар паҳлӯи ӯ меистод, ба забони арабӣ гуфт:
-Ман намедонам Худо маро барои кадом кори савобам ба ин ҷаннат овард, аммо ҳаминро медонам, ки агар дар ихтиёри худам мешудам, як сол аз ин ҷо намерафтам. Аммо ба шарте, ки пуламро диҳанд…
-Музди якшабаи шумо, хонуми чашмкабуд чанд аст?
Албина сар то пои сардори хадамотро бори дигар синчакорона аз назар гузаронида, сипас як дасташро ба миён ва ангушти дасти дигарашро ба лабаш бурда, ронҳои дилкашаро намоишкорона ба пеш гузошту бо карашма гуфт:
-О, ба ман ку баъзеҳо 400-500 медоданд, аммо Шумо, ки худатон ҳам ҷавони дилкаш ҳастед, 200 диҳед бас аст.
-200 риёл?
-Э, худро ба гӯлӣ назанед. Ин риёли шумо дар ҳамин ҷо қурб дорад. Ба ман аз сабзакҳои амаки Сем диҳед (манзур долларҳои америкоӣ)…
Сардори хадамот зери лаб табассум карду аз китфи Албина гирифта ба тарафи дарвоза равон шуд ва бо оҳанги мулоим гуфт:
-Агар ба ҳамаи пурсишҳои мо ҷавоби дурурст диҳед, хонуми зебо, аз гуфтаатон ҳам зиёдтар музд мегиреду чанд вақте ки хоҳед, дар ин ҷо мемонед…
Албина ҳайрон буд, ки ӯро барои «хизматрасонӣ ба миҷоз» инҷо овардаанд ё барои пурсиш. Аммо сир бой надода, хомӯшона ба гуфтаи араби қоматбаланд гӯш медод. Ӯ намедонист, ки ҳоло дар бӯстонсарои Шайхи Тиллоӣ, ки он ҷо тӯи арӯсии Гулрафтор баргузор шуда буд, қарор дорад…
Утоқе, ки ба он ҷо Албинаро дароварданд, бо ҳашамати худ ӯро ба ҳайрат гузошт. Ҳарчанд дар бисёр хонаҳои боҳашамат буд ва медонист, ки шайхҳои бойи араб дар ороиши хонаи худ маблағи зиёде сарф мекунанд, аммо ин таврашро бори аввал медид. Чунин ороишро Албина то ҳол дар ягон ҷой надида буд. Як тарафи хона, ки қариб нисфи девораш аз шишаи ниҳоят шаффоф сохта шуда буд, бо пардаи ҳарир оро ёфта ва аз пас шиша манзараи баҳр метофт, ки то уфуқ рафта мерасид. Тарафи дигари хона ҳам шишагӣ буд, аммо баръакси аввала рӯ ба боғи дилкушое дошт, ки барги дарахтонаш аз шамоли сабуки аз ҷониби баҳр вазидаистода алвонҷ мехӯрданд. Ҳавои дохили утоқ форам ва атрангез буд. «Албатта, ин ҳавои форамро ҳавософкунакҳои (кондитсионер) гаронбаҳо тавлид мекардагистанд» аз дил гузаронд Албина ва ба болои нармкурсие, ки аз ду паҳлӯи он ду сари гавазни кӯҳӣ баромада меистод, нишаст. Нишастан замон гӯё ба қаъри он ғӯтида рафт. «Аҷаб мулоим…Инҳо онро аз куҷо мегирифта бошанд?»- худ ба худ савол дод духтар ва баъд ба худаш ҷавоб гуфт: «Пул бошад, ҳама чиз мешудааст дия…Чӣ инро худат пештар намедонистӣ?» Албина дар дилаш ба соддалавҳиаш хандида, хост ороишоти дигари ин утоқи зарринро аз назар гузаронад. Аммо дар кушода шуду ҳамон араби куртадароз вориди хона гашт. Аз паси ӯ хизматгоре, ки дар сари китф сачоқи сап-сафед дошт, дар рӯи лаълӣ чанд намуди нӯшоба, қадаҳҳо ва дар як лаълича шоколадҳои гуногун оварда, дар болои мизи пастаки миёнаи хона гузошт. Ҳар вақт, ки Албина чунин пешхизматҳоро медид, дар сараш фикри бачагонае пайдо мешуд: «Инҳоро бин, доим дар сари китфашон сачоқ гирифта мегарданд. Кошки аз ҳамон истифода баранд…Мисли модари ман пешгир гиранд, ҳам сачоқ тоза меистаду ҳам дасташонро агар тар шавад, дар он тоза мекунанд. Исрофкориро бинанду…»
Араб то баромадани хизматгор интизор шуда истод ва баъд мулоимкурсии наздиктаринро ба назди мизи пастак оварда нишасту бо ишораи даст Албинаро ба наздаш даъват кард. «Аз афташ аввал ба ман шароб медиҳаду баъд ба ҷойгаҳ даъват мекунад» бо қирраи чашм ба кати бисёр олии гӯшаи хона нигариста аз дил гузаронд духтар ва ба қиёфаи худ намуди бепарвоёна дода, мисли он, ки бо дигар муштариёни худ муомила мекарда бошад, як мулоимкурсиро тела дода ба миз наздик овард ва гуфт:
-Ҷаноб, ман шароб наменӯшам. Шояд барои шумо ин аҷиб намояд, ки як фоҳиша аз шароб даст мекашад, аммо одати ман ҳамин аст. То вақте ки бо муштарӣ ҳисобу китоб накунам, ягон нӯшокӣ наменӯшам. Кӣ медонад, шумо дар дил чӣ ният доред? Маро маст карда коратонро буд кунеду баъд бурда ба сари ягон кӯча партоед, тӯъмаи пулис мешавам? Не-не, ман ба аҳди худ содиқ мемонам ва ҳеҷ гоҳ бо клиент нӯшонӯшӣ намекунам.
Сардори хадамот бо табассум ин гуфтаҳои Албинаро гӯш карда истода, ба ду қадаҳ нӯшоба рехт ва баъд якеро ба тарафи худ кашида гуфт:
-Аввалаш ин, ки ман ҳам шароб наменӯшам.Тамоман. Ғайр аз ин, шуморо касе маст карданӣ ҳам нест ва саввум ин ки ман шуморо на барои он ба ин ҷо овардаам, ки бо шумо ҳамхоба шавам…
-Пас ман инҷо чӣ кор мекунам? Маро ба ҳолам гузоред, аз бечорагии худам намонам. Амр кунед, маро ба назди «Рашшен Ҳотел» баранд…
-Ман ба шумо гуфтам- ку, ҳаққи хизмататонро ду –се баробар зиёдтар мегиред…
-Чӣ, маро инҷо барои ороиши ин хонаи зебо овардед? Бе ин ҳам маликаи Англия ин хел хонаи зебо надорад. Ё ман посбони ин бино мешавам?
Сардор бо табассум Албинаро гӯш карда истода, ба ҷои ҷавоб худ савол дод?
-Шумо забони моро ин қадар хуб аз куҷо омӯхтед? Дар луғататон калимаҳои қабилаҳои биёбон ҳам вомехӯранд, ки дар забони мардуми Дубай нест?
Албинаро ин савол андаке ҳушёр кард. «Чаро ӯ аз ман ин чизҳоро мепурсад? Шояд ходими ягон разведка бошад ё хадамоти амниятии Арабистон? Ба онҳо аз як фоҳиша чи лозим аст?»
Шубҳаю гумонҳои дили духтарро сардори хадамот пай бурд ва барои ором кардани ӯ гуфт:
-Албина, гумони бад набаред. Мақсади инҷо овардани шумо тамоман дигар аст. Ман ходими пулис ё ягон сохтори ҷазодиҳанда нестам ва ба шумо бадӣ ҳам намехоҳам. Ором шавед…
-Номи маро аз куҷо медонед? –ба ҳайрат афтод духтар
-Ҷӯянда ёбанда аст мегӯянд мардум. Инаш сирри мост. Ба шумо фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки алҳол инҷо истироҳат кунед. Ин утоқ хонаи шумост ва ин соҳилу боғ ҳам дар хизмати шумост. Чӣ қадар мехоҳед, оббозӣ кунед ва дар боғ сайругашт намоед. Ҳар вақт хоҳед, истироҳат кунед, хоҳед телевизор тамошо кунед ва ё хӯрок хӯред…
-Эҳе, ман маъшуқаи писари шоҳи ин сарзамин шудам чӣ?
-Не, алҳол шумо меҳмони як шайхи олиқадри ин сарзамин ҳастед, ки баъдтар ӯро хоҳед дид…
-Чӣ акси маро дар ягон журнали «Плейбой» дида ба ман ошиқ шудаанд? Ман аксамро дар ягон журнал чоп накардаам. Суратам танҳо аёми пионериам дар як журнали «Орлёнок» чоп шуда буд, ки ба гарданам галстук мебастанд. Он вақт як духтарчаи фисин будам. Шояд шайхи шумо маро дар ҳамон журнал дида бошанд?-киноя кард Албина …
-Не, он кас ба шумо ошиқ шуда наметавонанд, зеро аллакай ошиқи дигар касанд. Аммо метавонанд бар ивази хизмататон шуморо сахт розӣ кунанд. Ба шарте, ки ҳамаи гуфтаҳои эшонро иҷро кунед…
-Аз дасти ман чӣ кор меояд ва ман он касро чӣ тавр розӣ мекунам? Агар ягон касро куш гӯянд, аз дастам намеояд, аз қаъри баҳр марворид берун ор гӯянд ҳам наметавонам, зеро ғаввос нестам…
-Не, аз ин корҳо ягонтояшро ба шумо намефармоянд, хонум Албина. Фақат мехоҳанд ба чанд саволи он кас ҷавоби дуруст диҳед ва дурӯғ нагӯед…
-Кори онқадар душвор набудааст. Ку саволҳоятонро диҳед…
-Не, саволро ба шумо худи Шайх медиҳанд ва шояд ин ҳодиса пагоҳ рӯй диҳад. Алҳол шумо меҳмони мо ҳастед ва метавонед аз ҳамаи ин неъматҳо истифода баред. Фақат аз шумо, хонуми мӯҳтарам як хоҳиш…
-Чӣ хоҳиш будааст?-бо шавқ пурсид Албина
-Хоҳиш ҳамин, ки барои маблағ шуда, ба кормандони инҷо хизмати худро пешниҳод накунед. Аввал ин, ки онҳо ин талаби шуморо иҷро намекунанд. Баъдан, обрӯи худро дар назди онҳо, ки кӣ будану чӣ касб доштанатонро намедонанд, мерезед. Ҳамчун хонуми боиффат рафтор намоед…Чӣ қадар маблағ лозим бошад, мо худамон медиҳем.
Бори аввал дар тӯли чанд соли охир ҳисси шарму ҳаё ба Албина баргашт ва рӯйҳояш аз шарм лолагун шуданд. Ӯ сарашро хам карда, бо овози паст: «Наъам» («Хуб шудааст») гуфт…
Сардори хадамот ба хизматгорони даромадгоҳ чанд супориш доду аз утоқи Албина баромад.
Албина, ки ҳанӯз то охир ба кадом ҳолат афтодани худро намефаҳмид, ғарқи андеша ба назди шишадевор рафта, аз он ҷо ба баҳр нигарист. «Ин чӣ гуна саволҳое будааст, ки бар ивази он ин қадар шукӯҳу шаҳоматро ба ман пешниҳод карданд?»- андеша мекард ӯ ва ба саволи худ ҷавоб ёфта наметавонист.
Албина аз болои як мулоимкурсӣ халати сабуки ҳариреро гирифта ба бар намуду аз дари утоқ ба саҳни боғ баромад. Аз пайраҳаи гулпӯши он қадам зада истода, ҳавои серуни баҳрро бо як лаззати хос нафас мегирифт. Роҳравон ба бинои зебои дуқабатае, ки дар паҳлӯяш нахли бузурге рӯида буд, расид. Дари он, ки нақошии аҷибе дошт, диққати духтарро ба худ кашид. Албина ғайриихтиёр ба дари он наздик шуд ва аз зинаҳо ба боло баромад. Оҳиста дарро тела дод ва он бе ягон душворӣ ба тарафи дарун кушода шуд. Ин утоқ ҳам ба хонаи чанд дақиқа пештар ҳузурдоштаи Албина монанд буд, аммо ороишоти он хеле бойтар ва курсию мизаш пурқимматтар буданд. Албина аз як сар ҷиҳози хонаро аз назар гузаронида истода, ба кати хоби бузурге, ки дар мобайни ин утоқ меистод, наздик шуд. Атрофи он бо пардаи ҳарир пӯшонида шуда буд ва чунин ҷои хоби шоҳонаро духтар дар умри 24 солаи худ бори аввал медид…Сарашро бардошта нақшу нигори болои катро диданӣ шуд ва …якбора шах шуда монд: аз девор ба ӯ Гулрафтор бо чашмони зебою миҷгони дароз ва лабҳои ба ханда моили худ нигоҳ мекард…
***
Конибодом ба назари Гулрафтор он қадар шаҳри калон нанамояд ҳам, аммо кӯчаҳои тозаю озодааш дилкашу базеб буданд. Инак, се рӯз мешавад, ки ӯ дар ин шаҳр, дар ҳавлии падари Саида ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунад, вале боре ҳам падараш на бо Саида ва на бо дугонае, ки ӯ ҳамроҳи худ овардааст, сӯҳбат ё салому алейк накардааст. Агар бародари Саида-Қамариддин намешуд ва пеши роҳи мӯйсафедро модари Саида намегирифт, ӯ ин «духтарони сабукпой»-ро ба ҳавлиаш роҳ ҳам намедод. Аммо модари Саида ва писараш, ки аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешакӣ аз омадани хоҳараш огоҳ шуда, ба фурӯдгоҳ ба пешвозаш рафта буд, кӯшиш мекарданд, ки сади роҳи ғазаби мӯйсафед гарданд. Ба мӯйсафед ҳам осон набуд. Дар масҷид гуфтаанд, ки гӯё духтари ӯ ба Дубай рафта, танфурӯшӣ кардааст. Ин гапу калочаҳо ба гӯши бобои Самариддин расида, ӯро қариб девона карда буданд. Дар авлоду асҳоби онҳо, дар ҳафт пушташон ин гап набуд, пас ба духтари ӯ чӣ шудааст, ки ин нангро ба гардани ӯ бор кард?
-Дада, ин гапҳо ҳама дурӯғ аст. Саидаро ман ба Хуҷанд, ба хондан бурда будам. Худатон медонед, ки дуюним сол ӯ гум шуд. Суроғашро дар ҳама ҷо ҷустем, лекин наёфтем. Чандин ҷасади дар дарёи Сир ғарқшударо ҳам дидем, ки мумкин худро ба дарё андохта бошад. Милисаҳо ӯро дар сар то сари ҷумҳурӣ кофтанд. Ана, баъд санги хунукро ба дилатон задеду гуфтед, ки «тақдир ҳамин будааст». Ҳоло, ки зиндаю саломат ба наздатон баргаштааст, аз ҷигарбандатон рӯй метобед…Мардум айб мекунанд…
-Мардум маро не, тую очаатро айб карда истодаанд, ки як қанчиқи ду сол худфурӯшӣ кардаро боз ба хона роҳ додед. Ҳамроҳаш боз яктои дигар мисли худашро овардааст. Инҷанда ё ман меистам ё ҳардуи ин кӯчагӣ…
-Дадаҷон, охир онҳоро бо фиреб онҷо бурдаанд. Дар мулки бегона аз дасти ин бечораҳо чӣ кор ҳам меомад? Худатонро як ба ҷои онҳо монед…
-Дадаш, охир Саидаро ману шумо бо ҳазор умед калон карда ба мактаб фиристодем. Бечора, шуморо чи хел дӯст медорад. Наход як бор раҳматон ба ҳоли духтаратон наояд? Вай духтари ман аст. Ман бошам, то шаби арӯсӣ бо шумо ягон бор ақаллан ҳамсӯҳбат шуда будам? Ё худи Саида то Хуҷанд рафтанаш сарашро боло карда бо касе гап зада буд? Чаро аҳли хонаро хун мегирёнед?
-Тую духтарат маро шарманда карда истодаед. Боз ин бачаи хондагиат тарафи туро мегирад. Агар ҳамонҷода бе паю қадам гум шуда мерафт, ин қадар намесӯхтам. Мисли ҳозира «мурд» мегуфтаму ҷояманда худо гуфта мешиштам. Ина бин, ки гум шуда- гум шуда омаду маро хандахариши ҳар марду номард кард…
-Хайр, дадаҷон, агар хоҳарам дар ҳавлии шумо ҷой наёбад, ман худам ҳисобашро меёбам. Пушаймон мешавед, дада…
Қамариддину модараш, ки дар хонаи дигар падари Саидаро ба гап андохтанӣ буданд, диданд, ки мӯйсафед ҳеҷ ба гап намеафтад, аз дар баромаданд. Мӯйсафед пас аз баромадани зану писараш сарашро болои тасбеҳи дасташ хам карда, зери лаб ба тасбеҳ гардондан сар кард. Аммо аз афташ бори ғамаш аз ҳад вазнин буд, ки оҳиста- оҳиста китфонаш ба ларзиш даромаданд. Маълум буд, ки бо алам мегиряд. Дар пиронсолӣ шунидани таънаи марду номард ба ӯ вазнинӣ мекард. Чӣ кор кунад? Аз як тараф фарзандаш, аз тарафи дигар таънаи мардум, ки гӯё фоҳишаро ба хонааш роҳ додаасту ҷавҳари мардӣ надорад, ки ӯро «оқ» кунад?...
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)