Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми 27)
28.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3399

(Идомааш)
…Ин дам садои хиррае аз як гӯшаи торики утоқе, ки Гулрафторро ба он ҷо дароварда буданд, шунида шуд, ки духтарро як қад паронд:

-Серёга, наливай. Я ещё хочу…(Серёга, рез, ман боз нӯшидан мехоҳам…).

Гулрафтор бодиққат ба он сӯ нигарист. Ин овози зане буд, ки дар рӯи тахтае, ки танҳо як матрас густурда буданд, мехобид. Маълум буд, ки ин зани русзабон маст аст ва ин ҳарзаи мастонаи ӯст:

-Дорогой, я люблю тебя, но ты наливай и я буду любить тебя еще больше…(Азизам, ман туро дӯст медорам. Агар боз резӣ, аз ин ҳам зиёдтар дӯст хоҳам дошт).

Овози дубораи ӯ боз ҳам баландтар баромад ва милисаи навбатдор, ки аз паси панҷара дохилро назорат мекард аз ҷояш хеста наздиктар омада гуфт:

-Да Вера, ты любишь своего Серёгу. Из за любви ударила ножом его в спину. Сейчас он лежит в болнице. (Бале, Вера. Ту Серёгаи худро дӯст медорӣ, ки ба тахтапушташ ду корд задӣ ва ҳоло ӯ дар беморхона аст).

Баъд аз шунидани ин суханон зан аз болои тахтакат фаромад. Дар пеши рӯи Гулрафтор зани тақрибан 35-40 солае меистод, ки мӯйҳои жӯлида ва чеҳраи варамида дошт. Аммо ситорагарм буд. Зан калавида-калавида ба панҷара наздик шуда, бо дастони харобаш онро дошта ба милиса нигоҳ карда гуфт:

-Врешь! Я никогда не поднимаю руку на своего любимого (Дурӯғ, ман ҳеҷ гоҳ ба дӯстдоштаи худ даст намебардорам).

-Шумо ҳамаатон ҳамин хел, маст, ки шудед, дигар парвои дӯстдошта надоред. Мурад боз яктои дигараш-дия мегӯед…

Ҳарчанд ин суханонро милиса ба забони тоҷикӣ гуфт, аммо Вера, ки дар ҳамин сарзамин таваллуд шуда ба воя расида буд, фаҳмид.

-Дурӯғ мегӯӣ, -гуфт ин дафъа нобоварона зан ва дастонашро аз панҷара раҳо намуда ба кати худ баргашта нишаст. Акнун ӯ бо ду даст рӯяшро дошта ҳиқ-ҳиқкунон мегирист.

-Не плач. Всё равно тебе будет минимум три года, если Серёга выживет. (Гиря накун. Хоҳ-нохоҳ агар Серёга зинда монад, камаш се сол мегирӣ).

-Мне все равно сколько дадут. Мне больно за своего Серёгу. (Ба ман фарқ надорад чанд сол медиҳанд. Ман барои Серёгаи худ месӯзам…).

Гулрафтор хомӯшона ба ин саҳнаю ин муколама гӯш дода, дар болои тахтакати худ ғунча шуда менишаст. Милиса як-ду бор ба ӯ синчакорона нигоҳ карду пас гашта ба ҷои худ рафта нишаст. Гирудори рӯзи охир Гулрафторро хаста намуда буд ва ӯ оҳиста дар болои кат паҳлӯ зад. Ҳанӯз аз он гӯшаи маҳбас садои фириқ-фириқ гиристани Вера шунида мешуд ва зери ин садо оҳиста-оҳиста пилки чашмони Гулрафтор ба ҳам меомаданд…

…Шайх ӯро озод бардошта ба болои як абрпораи сафеде, ки мисли қаиқ шино мекард, шинонд. Баъд худаш ҳам мисли он, ки ба асп савор мешуда бошад, бо як хез худро ба паҳлӯи Гулрафтор гирифт. Онҳо дар ҳаво парвоз не, гӯё шино мекарданд. Ана аз болои деҳаи Гулрафтор парвоз доранд. Дар замин гову гӯсолаю бузу бузғолаҳо дар пуштаҳо машғули чароянд. Ана, аз болои як теппа бибиаш ба онҳо дастафшонӣ карда мегӯяд: «Эҳтиёт шав духтарам. Аз дасти шавҳарат маҳкам дор, ки наафтӣ…».

Ин дам пораабри сафед ба болои кӯҳи пурбарф расид ва Гулрафтор ҳис кард, ки хунук хӯрда истодааст. Худро ба Салим ҷафс карданӣ шуд. Аммо якбора садои раъду барқ баланд шуд ва ӯ натавонист ин корро кунад…

…Гулрафтор аз шарақ-шуруқу кушода шудани дари панҷара бедор шуд, вале аз ҷояш наҷунбид. Ба сараш якбора фикри даҳшатангезе зад: «Милиса! Даромада истодааст…» Худро ба хоб зад. Мешунид, ки чи тавр Вераи бадмаст аз он гӯшаи ҳабсхона хурроки мастона мекашад. «Аҷаб муҳаббате, худаш бо корд задаасту боз худаш гиря мекунад…». Фикрашро ба дигар тараф бурданӣ шуд духтар. Аммо садои пойҳои милиса торафт наздиктар мешуд. Тарақ-тарақ, ана боз ду-се қадами дигар гузорад, ба болои сари Гулрафтор омада мерасад. Ана расид ва садои пой ҳам хомӯш шуд. Дили духтар сахт-сахт мезад. «Рӯйҳояшро ханҷол мекунам. Бо тамоми овоз дод мегӯям…» Бо ҳамин ният панҷаҳояшро гиреҳ мекард.

Аммо милиса гӯё ба ҳамин ҷо расида ҳайкали сангин шуда бошад, дигар садо набаровард. «Аз афташ маро тамошо мекунад» аз дил гузаронд духтар, вале ҷуръати чашм кушодан намекард. Ин дафъа ӯ хато накарда буд. Старшинае, ки марди тақрибан 30-35 сола буд, болопӯши пашмини милисагӣ дар даст дошт, ба чеҳраи зебо, вале сахт дардолуди духтар нигоҳ карду онро ба болои ӯ пӯшонид ва боз ҳамон тавр боэҳтиёт тарақ-тарақкунон сӯи баромадгоҳ рафта дари панҷарагинро аз берун қулф кард…

… «Гумон аз имон ҷудо мекунад» ба хотир овард Гулрафтор суханони бибиашро ва боз фикраш ба парвози оншабаи худ бо Салим баргашт. «Не, ҳеҷ гоҳ Салими ман он маблағҳоро ҳамчун тӯҳфа ба зани сабукпо надодааст. Ӯ ба зани қонунии худ барои азоб накашиданаш ин пулҳоро фиристод. Ин пули ҳалол аст ва онро меёбад. Инро бибиаш ҳам таъкид кард-ку. «Дасти шавҳаратро сар надеҳ»,- гуфт.

Гулрафтор дигар то субҳ зери болопӯши старшинаи милитсия гармакак хобид…

   Муфаттиши ҷавон баробари аз дар даромадани милисаи навбатдор супориш дод, ки боздоштшудаи дирӯзаро ба наздаш дароранд. «Итоат» ҷавоб гардонд навбатдор ва ба ҳуҷраи дигари боздоштгоҳ барои овардани Гулрафтор рафт. «Чаро ин духтар ба корманди фурӯдгоҳ дарафтод? Чаро мисли дигарон хомӯш наистоду аз гуфтаҳои ӯ ба ғазаб омад? Магар дар ҳақиқат ӯ танфурӯш нест? Онҳо аввал бо роҳи фиреб ба он ҷо меафтанд, вале баъд ба ин касби даромаднок одат намуда, минбаъд ихтиёран ин корро мекунанд. Ин кӯшиши духтар танҳо барои худсафедкунист. Гӯё ҳама гӯланду гумон мекунанд, ки дар домани ин тоифа намоз хондан мумкин аст…»,- барои худ хулоса кард муфаттиш.

   Гулрафтор баробари аз дар даромадан, дар паси миз яке аз он нафаронеро, ки дирӯз онҳоро пешвоз гирифта буданд, шинохт. «Аз афташ маълум, ки ин ҳам нисбат ба ман барин «номусфурӯшон» танаффур дорад» аз дил гузаронд духтар ва интизори супориши муфаттиш истод…

-Гузашта шин, духтари муштзӯр. Ин ҷо барои ту Дубай не, ки нозатро бардоранд,-ба таври худ сиёсат карданӣ шуд муфаттиш.

-Авввал ин, ки ман дар Дубай нозфурӯшӣ накардаам ва шумо ҳам мисли он зани дирӯза маро таҳқир карда истодаед. Дигар ин, ки дар Дубай ман ҳамагӣ як ҳафта будам ё не…

-Пас дар куҷо будӣ? Дар биёбони араб уштурчаронӣ мекардӣ?

-Қариб ёфтед…

-Биё ин гапҳоро мону гӯй, ки бо кӯмаки кӣ ва кай ба Арабистон рафтӣ?

-Бо «кӯмаки» як бехудо ва албатта бо ёрдами кормандони бевиҷдони соҳаи кори шумо будагист…

-Айбдоркунии беҳударо мон! Дилат пули бисёр хосту онҷо рафтӣ…

Гулрафтор, ки то ин дам бо оҳанги гапи муфаттиш сухан мекард, якбора дилаш пур шуд ва миҷгонҳои дарозаш ба ҳам омада, беихтиёр аз байни онҳо чун аз байни арчазорони кӯҳистони диёраш ашк мисли чашмаи кӯҳӣ ҷӯш зада баромад ва рухсораи нозанинашро тар карда ҷорӣ шуд. Вай бо ду даст рӯяшро панаҳ карда мегирист. Муфаттиши ҷавон, ки то ин дам мехост бо роҳи фишори рӯҳӣ маълумоти даркориро аз ин духтари ба андешаи ӯ шаттоҳ, вале зебо ба даст орад, аз якбора тағйир ёфтани авзои Гулрафтор ҳайрон шуда, чи кор карданашро намедонист. Аз ҷояш хеста як стакан об оварда ба Гулрафтор дароз кард. Духтар ҳарчанд дилаш об намехост, аммо зарфро гирифта аз он як ду қулт нӯшид. Вақте, ки Гулрафтор дасташро сӯи об дароз кард, чашмони муфаттиш аз наздик ба рухи зебои духтар афтода, дилаш таҳ кашида рафт. «Худоё, магар чунин зебоиро ҳам офарида метавонӣ?» ангушти ҳайрат газида гуфт дар дил. Дар назари ҷавон рухсораи бо оби дида тари духтар бузургтарин офаридаи холиқи ҳамаи махлуқот буд. Муфаттиш як лаҳза худро гум карда, стакани ба сӯяш дарозкардаи духтарро гӯё намедид. Пас аз лаҳзае ба худ омада зарфро аз дасти Гулрафтор гирифту ба болои миз монд ва ба ҷои худ гузашта нишаст. Гулрафтор ҳамоно ҳиққосзанон гиря мекард. Муфаттиш андаке хомӯш ба ин гиряи пуралами духтар гӯш доду баъд бо овози мулоим ин дафъа «шумо» гӯён ба нафаре, ки дар маҷрӯҳ намудани зане ва гум кардани шиноснома дар кишвари дигар гунаҳгор дониста мешуд, муроҷиат кард:

-Шумо ҳодисаи аз саратон гузаштаро бо тафсилоташ ба ин варақҳо нависед. Ман ба шумо халал намерасонам…

Муфаттиш даст ба киса бурд ва сигореро бароварда ба лабонаш гузошту аз пасаш дарро пӯшид…

   Гулрафтор баъди аз дар баромадани муфаттиш ҳам андаке фириқ-фириқ гирист ва сипас коғазҳои сафедро ба назди худ кашида, ба навиштан сар кард. Азбаски дар давоми ду соли охир боре ҳам даст ба қаламу коғаз набурда буд, панҷаҳояш гӯё ба ӯ итоат намекарданд. Аммо оҳиста-оҳиста хаташ равон мешуд ва мисли тайёра, ки аввал садои паст мебарорад ва баъд зина ба зина садояш баландтар шудан мегирад, мурғи андеша ва навори хотираҳои духтар низ ба парвозу гардиш даромаданду ғарқи навиштани саргузашти худ шуд…

   Шайх Салим рӯзи сеюм аст, ки дар бӯстонсарои худ зиндагӣ дорад ва касеро, ҳатто ёрдамчиёни наздиктарини худро қабул намекунад. Хӯрокҳои барои ӯ тайёр намуда ҳамон тавр даст нозада пас мегаштанд. Ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намегардонд ва вақти садо баровардани телефонаш як лоқайдона ба рақам ва ё номи зангзананда менигаристу пас онро ба сӯе ҳаво медод. Аз утоқи ӯ танҳо садои мусиқии ҳазин шунида мешуд ва гоҳ- гоҳ ба хизматгор мефармуд, ки зарфи бӯзаи (як навъ шароби арабӣ) ӯро пур кунанд. Дар ин се рӯзе, ки Салим худро ба ҳабси хонагии ихтиёрӣ маҳкум намуда буд, риши зебою кӯтоҳаш бо он қисмати рӯяш, ки доим тарошида меистод ба ҳам омезиш ёфта, як андоза симояшро бадвоҳима намуда буд. Пилки чашмонаш варамида буданд ва он оташаке, ки доим дар чашмони ин фарзанди биёбон дурахшида меистод, дигар ба назар намерасид. Ӯ ба оҳистагӣ шамъи ҳаёти худро месӯзонд ва касе ҳам ҷуръат намекард, ки ба ҷараёи ин «сӯхтори ҳаёт» халал ворид созад. Борҳо дӯсти падараш кӯшиши бо Салим вохӯрданро кард, аммо барои ба иззати нафси ӯ нарасидан Шайхи Тиллоӣ баҳонае пеш оварда, аз ин вохӯриҳо сарпечӣ мекард. Мехост дар танҳоӣ вазъи худро андеша кунад. Мехост бо худу муҳаббаташ ба он духтараке, ки бо амри худованд чанд рӯз ӯро хушбахттарин инсони рӯи дунё карда буд, рӯ ба рӯ сӯҳбат кунад ва дарёбад, ки ин чист ва чаро ӯ наметавонад ҳатто сонияе андешаи Гулрафторро аз сар дур кунад. Гузаштагони ӯ чандтогӣ зан доштанд ва ҳеҷ кадоме то ин андоза пойбанди ишқи нафаре нашуда будааст. Худаш ҳам ғайр аз Гулрафтор боз ду зани дигар дорад, аммо боре ҳам дар бораи ҳеҷ кадоме аз онҳо андеша намекунад. Пас, ин чист? Марҳамати Худо ба ӯ ё ҷазои Худованд? Агар марҳамат бошад, пас ӯ бандаи дӯстдоштаи худост ва агар ҷазо ҳам бошад, ҷазоест, ки ба бандаи дӯстдоштааш додааст. Гулрафтор чӣ? Зани гунаҳгор ё қурбонии вазъият? Инро ҳам ба ҷуз Худованд дигар касе намедонад. Барои чӣ намедонад? Магар худи Салим ба покии ӯ шубҳа дорад? Не, дар қаъри дилаш бовар дорад, ки зани ӯ ҳеҷ гоҳ ба кори пасте ихтиёрӣ даст намезанад. Бо роҳи зӯрӣ чӣ? Инро боз ҳам ғайр аз худо касе намедонад. Чаро?...

Якбора Салим аз роҳгардӣ дар болои қолини аз пашми уштур сохташуда ҷуръаи бӯза дар даст, бозистод. «Чаро касе намедонад? Он духтари чашмкабуд, ки ҳамроҳи ӯ буду баъд аз саҳни боздоштгоҳ гурехт, куҷо шуд? Чаро ман то ҳол дар ин бора андеша накардам? Зуд ӯро аз таги замин ҳам бошад, кофта ёфтан лозим…» Салим қадаҳи дасташро ба болои миз гузошта, тугмачаи занги хизматгорро пахш кард.

-Зуд сардори хадамоти бехатариро даъват кун…

-Ӯ аз бозе, ки Шумо ба бӯстонсаро омадед, дар ҳамин ҷост ва дар хонаи шафат зидагӣ мекунад…

-Ба назди ман даъват кун...

Ҳанӯз хизматгор аз дари утоқ берун набаромада, сардори хадамот дар дами дар ҳозир шуд ва сардори худро дар ин ҳол дида, чизе пурсиданӣ буд, ки Салим ба ӯ фурсат надода гуфт:

-Он духтараки кабудчашмеро, ки аз саҳни боздоштгоҳ гурехта буд, дар ёд дорӣ?

Сардор дар аввал дар бораи чӣ сухан рафтанашро сарфаҳм нарафт, аммо зуд дарк намуд, ки Шайхи Тиллоӣ киро дар назар дорад ва бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

-Акнун ба ту супориш ҳамин, худи ҳамин рӯз ӯро аз куҷое набошад, пайдо карда инҷо меорӣ!

-Ҷаноби шайх, дар ин шаҳр қариб 10 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад…

-Агар ҳамаи сайёра ҳам дар ин ҷо зиндагӣ кунад, ин корро иҷро кун!
(давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД