Муфттиши ҷавон сигор дар даҳон дар рӯи ҳавлии Шӯъбаи корҳои дохилӣ қадам зада, андеша мекард. Ин сигори чандум буд, дар ёд надорад. Ба назараш ду- се соат боз дар ин ҷо гаштугузор мекард ва ҳар замон аз паси тиреза ба дохили утоқи корӣ нигоҳ мекарду медид, ки духтар ҳамоно бо сари хам навиштанашро идома дода истодааст. «Агар ин духтарро ҳам ҳамон даллаи маккор Ҷамила фиреб карда, ба Арабистон бурда бошад, пас ин духтари даҳум аст, ки ба доми ӯ афтидааст. Агар … Не, ӯ ба духтарони сабукпо монанд нест. Одатан духтарони зебо аз давраи мактабхонӣ зуд ба чашм намоён мешаванд ва толибонашон ҳам кам нестанд. Падару модарон чунин духтаронро зуд ба шавҳар медиҳанд, ки мабодо номашон доғдор нашавад. Пас, асрори ин духтари зебо дар чист? Чӣ гуна ӯ ба Арабистон афтод? Хайр, бинем, канӣ, дар баёноташ чӣ менависад!»-бо чунин андешаҳо муфаттиш хост ба утоқи кориаш баргардад….
-Ҳа, Ҷамшед, чаро ин қадар ғарқи хаёлӣ? Ба гумонам, духтари зери пурсишат қарордошта ҳушатро рабудааст. Эҳтиёт шав, нав як сол мешавад, ки муфаттиш таъин шудаӣ, мабодо ба он зебосанам дилбаста нашавӣ, ки сардор чунин кормандонро дар як зум «разжаловать» мекунад,- ин суханони майор Ҳакимов муфаттишро аз банди хаёлот дур кард.
Ҷамшед аввал чӣ гуфтанашро надониста, каме саросема шуд ва баъд ба худ омада гуфт:
-Ман бо он духтарак аз рӯи талаботи оинномаи хизматӣ муносибат карда истодаам. Ҳоло баёнот навишта истодааст. Дар масъалаи ҳушам бошад, хавотир нашавед, рафиқ майор, алҳол дар ҷояш…
Тамасхури майёр ба дили Ҷамшед сахт расид ва хост нисбати айбдоршаванда серталабии худро нишон диҳад. Дари утоқи кориро боз намуда, ба паси мизи кориаш гузаштанӣ шуд. Аммо дар дами дар шах шуда монд: Гулрафтор сарашро болои оринҷашро гузошта, ручка дар даст хобаш бурда буд…
Ҷамшед кӯшиш мекард, ки садои пояш набарояд. Оҳиста чанд қадам гузошта, ба паси миз гузашт ва варақҳои зиёдеро, ки Гулрафтор навишта пур карда буд, ба сӯи худ кашида, ба хондан оғоз намуд. Тақрибан ним соат баёнотхонӣ кард. Агар касе хондани ӯро мушоҳида менамуд, медид, ки дар вақти хондан чӣ тавр гоҳ абрӯвонаш гиреҳ мешуданду ваҷоҳаташ мегирифт ва гоҳе чеҳрааш боз шуда дар лабонаш ба табассум монанд чизе пайдо мешуд. Ниҳоят ӯ варақи охиринро ба даст гирифт. То охир хонду дид, ки нотамом аст. Ба хотири пайдо кардани идомааш ба рӯи миз чашм давонд ва дид, ки як гӯшаи варақи навишташуда аз зери дасти духтар намоён аст. Аммо Гулрафтор ҳанӯз хоб буд ва имкони гирифтани варақ бе бедор кардани вай мавҷуд набуд.. «Аз афташ, шабона тамоман нахобидааст. Гармии утоқ хобашро овардааст…»,- ба худ андешид муфаттиш ва гапи майёр Ҳакимов ба ёдаш омада, хандааш гирифт: «Ана инро муносибати оинномавӣ мегӯянд. Гунаҳгоршаванда баҳузур хобидаасту муфаттиш вайро тамошо мекунад…»
Дар ҳақиқат, манзараи аҷибе буд. Ҷавонмарди 24-25 сола гӯё хоби духтари ҷавонро посбонӣ мекард. Ҷамшед тайёр буд, ки ӯро соатҳо тамошо кунад. Духтарро нисфи рӯяш болои оринҷ ва нисфи дигари рӯяш боло буду дар он як хастагии зебандае нақш баста. Чеҳраи сафед, мижгонҳои дароз, ки ҳоло мисли ханҷари посбонони даромадгоҳи қасри ким кадом шоҳи қадима ба ҳам омада, соҳибашонро аз воридшавии шахси бегона ҳимоя мекарданд, лабони тарҳашон нозук ва рухсораҳои пас аз сардиҳо дар гармӣ андаке сурхӣ давонида ҳар бинандаи ин чеҳраи зобою нафисро ба қавли майёр Ҳакимов ошиқи шайдо карда метавонист, хосса агар тамошобини ин манзара ҷавонмарди муҷаррад бошад…
Дар кушода шуду навбатдор дохили утоқ гардида, бо овози баланд:
-Рафиқ лейтенати калон…,- идомаи гапаш бо ишораи ангушт ба лабон бурдани муфаттиш дар даҳонаш монд. Аммо аллакай дер шуда буд. Гулрафтор бедор шуда, ҳайрон-ҳайрон як ба атроф нигаристу баробари дидани муфаттиш дар куҷо будани худро ба ёд оварда, дар курсӣ дурусттар нишаст ва бо овози паст гуфт:
-Маро мебахшед, андак хобам бурдааст…
-«Андак»-и шумо як соат зиёдтар будааст- дия…,- бо табассум ҷавоб дод Ҷамшед,-Ман баёнотатонро ба ҷуз саҳифаи охирин, хондам.
-Ана ин охираш,-духтар варақро аз зери дасташ гирифта ба Ҷамшед дароз кард.
Муфаттиш ба ёд овард, ки дар назди дар навбатдор истодааст. Вай ба ӯ муроҷиат карда пурсид:
-Чӣ мехостӣ, сержант?
-Дар даромадгоҳ барои дидорбинии ин кас ду нафар омадаанд,-ба Гулрафтор ишора намуда гуфт милиса.
-Чӣ хел? Дар баёнотатон навиштаед, ки дар Хуҷанд умуман ягон шинос ва ё хешу ақрабо надоред, пас инҳо кистад?
-Худам ҳам намедонам,-бо ҳайрат китфони зебояшро ба ҳам кашид Гулрафтор. Аз ин ҳаракати ӯ дили Ҷамшед таҳ кашида рафт.
-Ҳомидов берун баро, баъд ман чи кор карданатро мегӯям,-ба сержант амри рафтан дод муфаттиш ва баргашта ба хондани саҳифаи охирини баёноти Гулрафтор шурӯъ намуд. Пас аз хеле вақт сар бардошта, саҳифаҳоро ба ҳам овард ва онҳоро тахт намуда истода ба духтар гуфт:
-Агар ҳамаи он чизе, ки навиштаед, ҳақиқат бошад, азоби сахтеро аз сар гузаронидаед. Аммо, кӣ кафолат медиҳад, ки ҳамаи навиштаҳои шумо ростанд? Магар як шахси мӯътабар дигар касеро наёфт, ки ба истилоҳ бо «фоҳиша» ақди никоҳ баст?- муфаттиш аз ба забон овардани ин калима гӯё як қад парид, ки худро ислоҳ карданӣ шуд,-Ман гуфтанӣ, ки ба назари дигарон касби шумоён чунин буд…
-Эҳтиёт накарда гап занед ҳам, ман намеранҷам. Аллакай ба ин унвон қариб, ки одат кардам. Кӣ будани маро танҳо шавҳарам медонад…
-Шавҳаре, ки шавҳарии ӯро ҳоло касе исбот карда наметавонад…
-Барои чӣ? Ана ин рақами телефони як тоҷикбачае, ки дар Италия ӯро шавҳарам барои мо тарҷумон гирифта буд. Намедонам ҳоло ӯ дар куҷост ва рақамаш дигар шудааст ё не, аммо агар ёбед, кӣ будани маро ба шумо мегӯяд…
Бори аввал тӯли муддате, ки Гулрафтор кулони худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда мегашт, аз гарданаш кушода, даҳонашро боз намуд. Аз дохили кулон як коғазчаеро, ки зиёда аз ду сол пеш ҳамватанаш пинҳонӣ аз шавҳараш ба ӯ дода буд, берун овард. Ҷамшед даст дароз карда, онро гирифт ва кулӯлакоғазро боз намуда хонд: «Назаров Одилҷон, Палермо, Италия. Телефон 5678431 18 20»
-Ҳаминро илова карданиам, ки он ҷавони тарҷумон ба забони тоҷикӣ бо лаҳҷаи хуҷандӣ гап мезад…
Ҷамшед ғарқи андеша шуд ва баъд аз ҷояш хеста истода гуфт:
-Дар ҳамин ҷо нишаста истед, ман як ба назди сардор дароям…
Гулрафтор, ки пас аз хастагиҳои парвоз ва хоби бероҳат дар боздоштгоҳ баъд аз андаке хобидан дар утоқи кории муфаттиш каме дам гирифта буд, ба беруни тиреза нигариста, андеша мекард: «Дар ин ҷо кӣ маро мешиносад? Кист, ки аз омадани ман огоҳ шуда ба ҷустуҷӯям баромадааст? Ё холаи душанбегиаму волидонам дар куҷо будани маро фаҳмидаанд? Ин чӣ шармандагист? Не, онҳо агар дар куҷо буданамро медониста бошанд ҳам, дар гумон аст, ки дар ин муддати кӯтоҳ аз Душанбе ба Хуҷанд оянд. Пас инҳо кистанд?» Риштаи хаёлоти Гулрафторро аз дар даромадани муфаттиш бурид. Ҷамшед табассумкунон ба сари миз наздик шуда, варақи сафедро назди духтар гузошту гуфт:
-Ҳарчанд авбошӣ карда, аз мӯйҳои корманди фурӯдгоҳ кашидед, аммо сардор розӣ шуд, ки бар ивази як забонхат барои аз шаҳр набаромадан дар озодӣ монед. Ҳар вақт, ки зарур шуд, мо шуморо даъват мекунем.
-Намешавад, ки маро якбора ҳабс кунед? Ман дар берун ба одамон чӣ мегӯям? Гӯям, ки маро барои танфурӯшӣ ба Дубай бурда буданду пули калон кор карда омадам? Мисли он зани дирӯза, ки маро таҳқир кард, кам нестанд онҳое, ки аз ин кор лаззат мебаранд. Ман аз ҷоям намеҷунбам, қарори маро дар ҳамин ҷо бароред,- қатъӣ гуфт Гулрафтор.
Муфаттиш, ки ин гуна ранг гирифтани корро интизор набуд ва гумон дошт, ки барои озодиаш ин духтар аз ӯ миннатдор хоҳад шуд, ба ҳайрат афтода, ба андеша рафт ва баъд аз андаке сукут гуфт:
-Аз баёнотатон тақдири талхатонро ҳам фаҳмидам. Аммо ҳоло ман дигар шуморо дар ин ҷо нигоҳ дошта наметавонам. Вақташ ояд, боз даъват намуда бо он зане, ки шуморо ба Дубай бурда буд, рӯ ба рӯ мекунем.
-Магар ӯ дар ин ҷост?
-Бале, дар маҳбаси Норак. Ӯро ба ин ҷо меоранд ва шумо, агар гапатон ҳақ бошад, вайро хоҳед шинохт…
«Башараи он лаънатиро дар таги гӯр ҳам фаромӯш намекунам,- аз дил гузаронд Гулрафтор,- аммо намедонам, ки аз ӯ миннатдор бошам ё ба ғазаб оям…»
Муфаттиш ба симои басо зебои ҷавобгараш моту мабҳут нигоҳ карда меистод, вале вақте Гулрафтор сарашро боло карда ба ӯ чизе гуфтанӣ шуд, нигоҳашро гурезонда гуфт:
-Биёед, беҳтараш бинем, ки дар берун Шуморо кӣ интизор аст…
Барои худи Гулрафтор ҳам аҷиб буд, кӣ ба суроғи ӯ омадааст. Вай чизе нагуфта хомӯшона аз паси Ҷамшед аз утоқ баромад. Дар баромадгоҳ муфаттиш коғазеро ба навбатдор дода, гуфт:
-Бо супориши сардор ин кас озод ҳастанд…,- баъд аз андаке илова намуд,- Алҳол…
Гулрафтор, ки ба ин гуфтугӯ диққат надода буд, аз тирезаи шӯъбаи корҳои дохилӣ дид, ки дар даромадгоҳ ду нафар аз хунукии аввали тирамоҳ худро печонида, касеро интизоранд. Бо ишораи Ҷамшед ӯ аз дар баромад ва ҳанӯз имкони ба атроф нигоҳ карданро пайдо накарда, худро дар оғӯши касе дид, ки бо ҳарорат ӯро ба худ ҷафс мекард…
Меҳмонхонаи «Рашшен Ҳотел» аз соҳили баҳр тақрибан 200-250 метр дур буд. Ҳарчанд меҳмонхона гӯё барои русҳо буд, яъне «Меҳмонхонаи русӣ», аммо сокинони онро, ки аз ҳамаи гӯшаю канори дунё буданд, бештар тоҷирон ташкил медоданд, ки барои ду-се шаб дар ин ҷо маскун мешуданд. Байни онҳо араби бадавӣ, тоҷири австралиягӣ, сайёҳи амрикоӣ ва намояндагони қабоили африқоиро дучор омадан мумкин буд. Барои намояндагони «касби қадимтарини дунё», яъне барои фоҳишаҳо ин макон аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки сокинонаш зуд- зуд иваз мешуданд ва имконияти ҷалби муштариёни нав ба нав бештар буд. Баъзеи «шапаракҳо» зери назорати даллаҳо амал мекарданд ва қисми зиёди даромади фоҳишаҳоро онҳо соҳиб мешуданд. Дар навбати худ, ин даллаҳо барои саломатии зердастонашон ва ба дасти пулис наафтидани онҳо ҷавобгар буданд. Онҳо миҷозони бойро ёфта, хизмати фоҳишаҳоро пешниҳод менамуданд. Ҳарчанд Дубай дар ҳудуди давлати режимаш исломӣ воқеъ аст, аммо дар ин ҷо барои рушди тиҷорат ҳукумат гузаштҳои зиёде кардааст ва дар мавриди костагии ахлоқ баъзан ин шаҳр аз кишварҳои аврупоӣ ҳам мегузаронад.
Дар байни фоҳишаҳо онҳое ҳам буданд, ки ба касе итоат намекарданд. Ин гурӯҳро «автоном» ё ба тоҷикӣ «мустақил» мегуфтанд ва онҳо ёфту тофти худро танҳо худашон соҳибӣ мекарданд. Ин тоифа агар ба дасти пулис афтанд ва ё ба маризӣ дучор шаванд, танҳо ба худашону худояшон умед мебанданд. Ба онҳо «профсоюзи» фоҳишаҳою даллаҳо кӯмак намерасонад…
Албина баъд аз он, ки аз саҳни боздоштгоҳ фирор намуд, ба қатори намояндагони гурӯҳи дуюм дохил шуд. Зеро сарпарасти гурӯҳи онҳоро пулис дастгир намуда буд ва чанд тан аз зердастони ӯ ҳам ҳамроҳи араби далла дар маҳбас буданд ё ба ватанҳояшон фиристода шудаанд.
Акнун, ки Албина бесарпараст монда буд, чанд муддат дар хонаҳои иҷоравии ҳамкасбонаш зист ва баъд аз он, ки гирудорҳои пулис хотима ёфт, боз либоси барои намояндагони касби ӯ маъмулиро ба бар намуда, дар назди «Рашшен ҳотел» ба «шикор» баромад. Чанд рӯзи аввал танҳо ба муштариёне, ки барои як-ду соат ӯро киро мекарданду ба меҳмонхона мебурданд, қаноат мекард. Ҳарчанд онҳо пули он қадар зиёд намедоданд ва ё ба қавли худи Албина «мумсики худозада» буданд, аммо барои рӯзгузаронӣ дар ин шаҳри бисёрмиллиона мерасид. Ду ҳазор доллари аз биёбон овардаашро дар ҷое пинҳон намуда буд, ки ба гуфти худаш, Шерлок Холмс ҳам пайдо карда наметавонист, аммо ин мақсадеро, ки Албина пеши худ гузошта буд, амалӣ карда наметавонист. Ӯ мехост чунон «наҳанге»-ро ба шаст биёрад, ки мисли қиссаи «Моҳигир ва моҳии тилло» хостаҳои ӯро ба ҷо орад ва ақаллан барои харидани як хона дар ватанаш маблағ диҳад…