Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми 26)
27.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3330

Салим кӯдакеро мемонд, ки аз дасти ӯ бозичаи дӯстдоштааро гирифтаанд. Дудаста рӯяшро дошта гиря мекард. Сардор ин ҳолати хӯҷаини худро дида дарро кушода аз мошин берун баромад ва боз онро ба таври автоматӣ қулф кард. Ӯ ба яке аз он ҷавонон наздик шуда, ба забони арабӣ чизе гуфт ва бо сар ба тарафи Гулрафтор ишора намуд. Ҷавони тоҷик ба ҳамроҳи худ чанд калима раду бадал намуд ва бо ишораи сар аломати ризо дод. Сардори хадамот чизе нагуфта ба Гулрафтор наздик шуду ба кафи дасти ӯ бастаеро гузошт. Гулрафтор бо ҳайрат ба ин марди ношинос нигариста чизе гуфтанӣ шуд, вале ӯ аллакай ба қафо гашта, дар як лаҳза ба мошини шишасиёҳе, ки то ҳол дар он ҷо меистод, нишаста, онро ба ҳаракат даровард. Ин лаҳза Шайхи Тиллоӣ бори охирин чеҳраи Гулрафторро дид, ки сар то по ҳайрат буд. Минбаъд, ин чеҳраи ҳайратзада борҳо ба хоби ӯ хоҳад даромад…

   Гулрафтор баъд аз он, ки ба курсии тайёра нишаст, коғазпечи дасташро во кард. Дар дохили он як бастаи саддолларии мӯҳри бонк задашуда буд. «Даҳ ҳазор доллар, аз кӣ? Барои чӣ?» Гулрафторро гӯё барқ зада бошад, шах шуда монд. «Салим! Шайхи Тиллоӣ! Ана дар он мошин кӣ нишаста будааст! Эҳ фалаки каҷрафтор, магар ягон чизат кам мешуд, ки маро як лаҳза бо ӯ рӯ ба рӯ кунӣ ва ман ҳақиқатро ба Салимам гӯям?» -нолид ҷавонзан, вале аллакай дер шуда буд. Тайёра мулоим ба ҳаво хеста, ба самти Хуҷанд парвоз кард.

Шайх Салим, маъруф ба Шайхи Тиллоӣ, ки аз авлодони шайхҳои машҳур ва дорои ин сарзамин буд, дар канори фурӯдгоҳ аз мошин берун шуда, парвози тайёраеро, ки нав аз замин хеста буд, муоина мекард. Аз чашмонаш ашк ҷорӣ буд, вале то замоне, ки он ба як нуқтаи хурд табдил наёфт, аз тайёра чашм наканд. Сардори хадамоти бехатарӣ тоқати тамошои ин манзараро накарда, ба мошин нишаст ва нигоҳаш ба дуриҳо кӯчид. Танҳо овози хастаи хӯҷаинаш ӯро ба худ овард, ки амр мекард: «Ба шаҳр, ба бӯстонсарои дар лаби баҳрбуда…»

        

                        

 

Фурӯдгоҳи Хуҷанд мусофирони тайёраи аз Дубай ба замин нишастаро мисли модаре, ки фарзанди гапногирашро бо коҳиш пешвоз мегирад, қабул кард. Баробари аз дари тайёра берун шудан ҳавои тираи туманолуд ва табъхиракунандае ба пешвози онҳо оғӯши худро боз намуд. Аз ҷониби дарёи Сир ва кӯҳи Муғул боди сард вазида, сару рӯйи мусофирони дар бадан либоси тунук доштаро мелесиду нороҳат мекард. Бо супориши намояндаи прокуратура духтарон то баромадани мусофири охирин аз тайёра интизор шуда, пас аз он аз курсҳо хеста рӯ ба баромадгоҳ оварданд. Ҳавои сарди моҳи ноябр зуд ба духтарон таъсир кард. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки худро ба либосҳои тунуки арабиашон печонанд, аммо либосе, ки барои иқлими ин минтақа мувофиқ набуд, заррае духтаронро гарм намекард. Гулрафтор ва Саида ба ҳамдигар зич шуда, ғарқи андеша қадам мезаданд. Саида оҳиста ба гӯши Гулрафтор пичиррос зад:

-Намедонам инҳо бо мо чи кор карданианд, вале ҳанӯз барвақт аст. Агар ҷавоб диҳанд, то бегоҳ ба хонаи мо мерасем.

-Намедонам…,- музтару бефарқ ҷавоб дод Гулрафтор,- дигар ман на дар ин ҷо хона дораму на дар он ҷо…

-Ин хел нагӯй, ин ҷо ватани мост…  

Ин дам овози ҷавоне, ки онҳоро аз Дубай ҳамроҳӣ мекард, баланд шуд:

-Муфаттишҳо ҳар кадоматонро пурсида, муайян мекунанд, ки кӣ ба куҷо меравад…

-Ӯҳу, моро боз ба ҳабсхона мебаранд гӯй,-овоз баровард як тан аз духтарон.

-Инашро ман муайян намекунам. Вазифаи ман то ин ҷо овардани шумо буд…

   Онҳоро ба утоқе, ки гирд ба гирдаш се харак гузошта шуда буду дар байнаш як миз ва ду курсӣ дошт, дароварданд. Ҳавои ин утоқ камтар гармтар буд ва духтарон рӯсариҳои худро, ки бо он даҳонашонро аз ҳавои сард муҳофизат менамуданд, гирифта, худро андаке озод ҳис намуданд. Гулрафтор ҳамроҳи Саида ба яке аз харакҳо нишасту оҳиста сарашро ба китфи дугонааш гузошт. Такопӯ ва ҳаяҷоне, ки дар як шабонарӯзи охир аз сар гузаронида буд, ӯро хеле хаста намуд ва дигар ба кору бори ин дунё гӯё ягон алоқамандие надошта бошад, бефарқона ба чор тарафи утоқи васеъ менигарист. Зане бо сатилу ҷоруб зери лаб ғут-ғуткунон пештахтаи тирезаҳоро тоза мекард. Дар даромадгоҳ, назди дари шишагин бошад, як нафар бо либоси на ба милисаҳо ва на ба ҳарбиён монанд дасташро ба пушт гирифта рост меистод. «Шояд милиса бшад…,-аз дил гузаронд Гулрафор ва баъд боз андешаи худро рад намуд,-либоси милисаҳо ин хел не…»

Марди ростистода корманди гумрук буд ва бо супориши сардорони худ назорат мебурд, ки ягон нафар аз духтарон бе гузаштани назорати гумрукӣ ба берун набароянд. Ин вақт ду марди папкадор, ки яке ҷавон ва дигаре миёнасол менамуд, дохили толор шуда, сари мизи мобайн расиданду ба курсиҳо нишаста коғазу каламашонро болои миз гузоштанд. Марди миёнасол бодиққат сар то пои духтаронро аз назар гузаронида гуфт:

-Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доданд, ки шуморо аз хориҷа оварда муайян кунанд, ки чӣ тавр ба он ҷо афтодаед. Аксари шумо бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба он ҷо рафтаед. Агар бо тафтишот ҳамкорӣ кунед, шояд ба шумо гузашт кунанд…

-Агар не, пас ҳабс мекунед?- пурсид Саида

-Агар барқасдона сарҳадро вайрон карда бошед, ин қонуншиканӣ аст ва мо маҷбурем чора андешем,- ҷавоб дод муфаттиш.

-Вақте, ки моро фиреб дода ба он ҷо мебурданд, шумо дар куҷо будед, ки пеши роҳи одамҷаллобонро гиред? Акнун, ки кор аз кор гузаштааст, моро гунаҳгор мекунед, ки ғайриқонунӣ ба хориҷа рафтаем. Магар мо аз ҳамин фурӯдгоҳ парвоз накарда будем?- паст намеомад Саида.

-Ҳанӯз шуморо касе бо гуноҳе айбдор накардааст. Алҳол мо як-ду нафареро, ки бо роҳи фиреб шумоёнро ба хориҷа бурдаанд, дастгир намудаем ва мехоҳем, ки дар бурдани шумо даст доштанашонро аниқ муайян кунем,-сулҳомез ҷавоб дод муфаттиши ҷавон.

-Ҷамиларо ҳам доштед?-якбора ҳушаш ба сар задагӣ барин ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Гулрафтор, ки то ин дам ба ҳама бефарқ менигарист.

-Кадом Ҷамила? Ҷамила Каримова мӣ? –ба савол бо савол ҷавоб гуфт муфаттиш.

-Фамилияаш дар гӯр. Ман аз куҷо медонам, номаш Ҷамила…

-Канӣ наздиктар биё, чӣ ҳамон туро ба Дубай бурда буд?

-На танҳо маро…

Ин вақт ҳодисае рух дод, ки ҳеҷ кас интизор набуд. Зани паканае, ки дар бар либоси расмии корманди фурӯдгоҳро дошт, аз дар даромада назди муфаттишон омаду папкаеро болои миз гузошта бонафрат гуфт:

-Ҳайфи шумо барин тоҷик. Барои пул шуда худро ба хориҷиҳо мефурӯшеду боз шарм накарда «права качат» мекунед…

Ин суханони зан ба дили Гулрафтор сих барин халид. Ӯ дар байни чанд сония аз духтари чашмонаш аз гиря варамида ва хастаю бемадор ба даррандае табдил ёфт, ки ба касею чизе раҳм надорад. Аз ҷояш хеста ба зан наздик шуду бо нафрат ба чашмонаш нигарист. Зан, ки ба ҳақ будани худ боварӣ дошт, ба чеҳраи зебои Гулрафтор бо ҳасади ошкоро нигариста таъкид кард:

-Аз афташ дар он ҷо ту, зебояк ба сад-дусад доллар қонеъ намешудӣ…

Сухани зан дар даҳонаш нотамом монд. Гулрафтор кашидаю кушода чунон торсакии обдоре ба бари рӯяш зад, ки пакана мувозинаташро гум карда, мисли тӯб ба фарш ғел хурд. Гулрафтор аз мӯйҳои кӯтоҳи пакана дошта, мисли латтаи фаршшӯӣ ӯро рӯ-рӯи фарши мармарин ба ҳар тараф мекашид. Аввал ҳама гаранг шуда монданд. Зан бо тамоми овоз дод заданӣ мешуд, аммо гиребони куртаи расмиаш ҳамроҳи галстукаш ба гулӯяш таранг шуда, имкони овоз баровардан намедоданд. Ба ҷои садо аз даҳонаш танҳо як оҳанги мағшуш берун меомаду халос. Азбаски Гулрафтор ӯро бо тамоми қувват ба ҳар тараф мекашид, либосҳои кӯтоҳаш   боло шуда, ронҳои ғафсу безебаш мисли ғӯлачӯб намоён шуданд. Мардҳо нигоҳи худро аз ин манзара гурезонданӣ мешуданд, вале маҷбур шуданд, ки барои халосии зан аз ҷои худ бархоста ба тарафи онҳо даванд. Гумрукчии посбон ҳам ба кӯмак омад. Гулрафтор сайди худро ба осонӣ аз даст доданӣ набуд. Ӯ тамоми алами дар чанд рӯзи охир ҷамъшудашро аз ин зан гирифтан мехост. Се марди машқдида ва ҳузарб наметавонистанд паканаи бадбахтро аз чанголи ӯ раҳо намоянд. Ниҳоят гумрукчии ҷавон аз ду китфи духтар маҳкам дошту ду нафар муфаттиш панҷаҳои дастони Гулрафторро аз мӯйҳои зан раҳо карданӣ шуданд. Панҷаҳои дасти рости духтар байни мӯйҳои кӯтоҳ, вале ғуллии зан чунон дармонда буданд, ки баъд аз лаҳзае онро бо як қабза мӯи рангкарда ҷудо карда гирифтанд. Гулрафтор, ки симояш дар ин лаҳзаҳо модашери бағазабомадаро мемонд, қабзаашро кушода бо нафрат дастаи мӯйро ба замин партофт ва аз болояш туф карда, ба гӯшае рафтанӣ шуд. Аммо ҳамон лаҳза ду милисае, ки аз моҷаро огоҳ шуда аз толори асосӣ ба ин ҷо омада буданд, ба ӯ расида ба дастонаш завлона заданд.

Муфаттишон, ки ин ҳодисаро интизор набуданд, занро бурда ба гӯшае шинонданд ва кадоме як стакан об дод. Обро нӯшидаистода,чашми пакана ба яке аз духтарон афтод, ки дар як гӯшаи харак менишаст, вай мисли сайди хӯсида ҳамон лаҳза худро дур гирифтанӣ шуд. Ин кори ӯ хандаи муфаттиши миёнсолро овард, вале худро бо азоб дошта гуфт:

-Айби худатон, Саломатхон. Беҳуда ин бечораҳоро таҳқир мекунед. Аз куҷо медонед, ки чӣ рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидаанд…
Зан ҷои бемӯймондаи сарашро бо оинача муона кардаистода, ало-ало ба муфаттишон ва духтарон нигоҳ карду домани ғиҷимшудаашро ҳамворкунон хомӯшона аз дар баромад…

-Ин моҷародӯстро имшаб ба СИЗО баред. Пагоҳ бо вай алоҳида сӯҳбат мекунем,-амр кард муфаттиш ва илова намуд: -Агар бо ин кайфияташ дар озодӣ монад, аҷаб нест, ки боз ягон ҷиноят содир кунад…

Ин суханон аз Гулрафтор дида, бештар Саидаро ба ташвиш оварданд. Ӯ оҳиста ба хараке, ки дар он ҷо пештар Гулрафтор менишасту ҳоло танҳо сумкачаи хурдаш мисли гӯсолаи шабона дар кӯчамонда, ки соҳибаш онро суроғ накардааст, меистод, наздик шуда, онро ба даст гирифт. Ин ҳаракати ӯ аз чашми ҳама пинҳон монд. Саида медонист, ки дар дохили сумкача 10 ҳазор доллар аст, зеро дар ин бора худи Гулрафтор бо чашмони гирён дар тайёра нақл карда буд. Милисаҳо аллакай Гулрафторро аз дар бароварда бурданд ва муфаттишон ба пурсуҷӯи дигарон пардохтанд…

…Милисаҳо Гулрафторро на ба СИЗО тавре ки муфаттиши прокуратура фармуда буд, балки ба шӯъбаи навбатдорӣ бурданд. Дар қабати якуми бинои дуошёна баъд аз он ки дар даромадгоҳ сабти ном карданд, милисаи навбатдор дари панҷарагинро боз намуда, «меҳмон»-и навро ба он ҷо дохил кард ва пас аз он шарақосзанон панҷараро қулф карда, ба паси мизи навбатдории худ гузашт. Старшина ҳарчанд мехост диққати худро аз духтари нав ба паси панҷара будааш дур кунад, аммо ин кор ба ӯ даст намедод. «Ин хел духтари зебо…Чӣ гуноҳ карда бошад?» Гаштаю баргашта ба дафтари қайдҳои навбатдорӣ нигоҳ мекард. Дар он ҷо бошад, фақат ду ҷумла сабт шуда буд: «Авбошӣ дар фурудгоҳ. Пагоҳ муфаттиш ҳамроҳаш сӯҳбат мекунад…»

…Гулрафтор баъд аз он ки ба дасташ завлона зада ба ин ҷо оварданд, гӯё чизеро ҳис намекард. Ҳанӯз дар гӯшҳояш овози пакана садо медод: «Ин зебосанам ба кам қаноат намекардагист…». «Лаънатӣ! Ту аз куҷо медонӣ, ки кӣ ба чӣ қаноат мекунад. Шояд ӯ рост мегӯяд? Шояд дар ҳақиқат Гулрафтор ба зане табдил ёфта бошад, ки минбаъд танҳо бо ҳамин роҳ зиндагӣ мекунад? Магар Салим ҳам ҳамин андешаро дар сар дошт, ки бо ӯ вонахӯрда, ба воситаи дигарон ба ӯ пули калон дода фиристод? Ё ӯ бо ҳамин гуфтанӣ буд, ки ин музди хизмати чандшабаи туст ва ман шаъни духтарии туро бо ҳамин нарх харидам? Наход? Дигар ҷои шубҳа нест, ки Салими ӯ, ҳамоне, ки ба Гулрафтор ҳастии зиндагиро дар ботини ӯ бедор карда буд, ҳамоне, ки бо чашмони ашкбор субҳи аввали арӯсиаш ӯро аз хоб бедор карда буд, чунин андеша дорад. Пас, аз як зани бегона чиро интизор шудан мумкин аст? Магар атрофиён ҳақ надоранд, ки дар ҳаққи як духтаре, ки ӯро аз кишвари бегона чун танфурӯш ба ин ҷо овардаанд, чунин андеша кунанд? Ана, милисаи посбон низ ба ӯ ким-чӣ хел нигоҳ кард. Хайр, бало ба паси ҳамаашон. Аммо он даҳ ҳазор доллар, ки дар сумкачаи майдаҳаки ӯ буд, ҳоло куҷо шуд? Милисаҳо гирифтаанд ё ягон духтари дар он ҷо буда? Ин пул ба ӯ даркор нест. Ба қавли бибиаш чизи ҳаром ба касе насиб намекунад, бигзор ризқи зоғу заған шавад…».
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД