Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми25)
26.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3192

   Дарвозаи калони боздоштгоҳ кушода шуда, ба саҳни ҳавлии он мошини  маҳбускашие дохил шуд. Дар саҳни ҳавлӣ занҳое, ки бояд ин маконро тарк карда, ба фурӯдгоҳ мерафтанд, саф баста буданд. Инҳо шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои собиқи шуравӣ буданд, ки ба ватанашон фиристода мешуданд. Аз рӯи қоидаи маъмул онҳоро бояд кормандони пулиси Дубай дар фурӯдгоҳ ба дасти намояндагони ҳукуматҳои ин кишварҳо месупориданд. Cарнозири боздоштгоҳ ҳар кадоме аз ин занонро бори дигар тафтиш кардаистода, рӯихатро бо шиносномаи муваққатӣ, ки иборат аз як варақи дар он акси боздоштшуда часпонида шуда буд, муқоиса мекард. Чун навбати Гулрафтор расид, сарнозир бо диққат ба рӯи ӯ нигоҳ карда, пас аз лаҳзаи сукут гуфт:

-Шояд ту аз ин ҷо рафтанӣ набошӣ?

Гулрафтор карахт шуда монд. Чаро ин саволро маҳз ба ӯ доданд? Чаро дигаронро дар ин бора напурсид? Ӯ чӣ гуфтанашро надониста сар ҷумбунд:

-Намедонам…

-Ҳм, намедонам. Вақте, ки ба умеди пули калон ба ин ҷо меомадӣ, ҳамон вақт ҳам намедонистӣ?

Гулрафтор чизе нагуфт. Вай танҳо ҳаминро мехост, ки ин зани сип- сиёҳи дабанг тезтар аз назди ӯ дур шавад.

-Ту чӣ, арӯсаки кабуд? Мехоҳӣ боз дар ин ҷо монда ҳам кайфу сафо кунию ҳам пул кор кунӣ?

-Аз забонакатон шакар резад, кошки чунин мешуд. Паи зарбаҳои задаи шумо дар як ҳафта аз баданам нест мешуду боз ҳам ҳамшаҳриёнатон аз ман лаззати ду дунёро меёфтанд…,-маълум набуд, ки ин суханонро Албина бо истеҳзо мегӯяд ё ҷиддӣ.

-Хестӣ, ки хобат! Ҳоло туро ба фурӯдгоҳ мебаранду аз он ҷо бо пулаки худат, ки дар вақти боздошт аз баданат ёфта буданд, ба ватанат мефиристанд. Натарс, боқимондаашро медиҳанд. Албатта дар фурӯдгоҳ…Онҳое, ки пул надоранд, бо маблағи Аморат фиристода мешаванд.

-Агар медонистам, пулҳои дар давоми як сол ҷамъ кардаамро ба ягон гадо хайр мекардам. Дунёро бин, ки акнун маро бо пули худам депортатсия мекунанд,-Албина ин суханонро бо забони русӣ гуфт ва баъд бо арабӣ идома дод:-Илоҳӣ бачаҳоятон садсола шаванд, саркорхонум, ақаллан нисфи пулҳоямро ба дастам диҳед, ки дилам пур шавад…

-Мувофиқи дастурамал ин мумкин нест. Аммо ман медонам, ки ту аз ин мошин танҳо вақти ба тайёра савор шудан мебароӣ. Майлаш, ба ғайр аз пули тайёра ба ин зан дигар пулҳояшро диҳед,-амр кард сардори нозирон ва ба муовинаш ишора намуд.

Муовин аз ҷузъдони худ варақеро берун овард ва Албина ба он имзо гузошта, аз дасти ӯ чанд дона саддоллариро гирифт…

Азназаргузаронии боздоштшудагоне, ки бояд ба ватанашон фиристода мешуданд, идома дошт. Албина оҳиста-оҳиста ба қафои саф рафт, ки ба дарвоза наздиктар буд. Танҳо як қабати дарвоза кушода буда, дар назди он як зани низомипӯш меистоду халос. Мувофиқи қонун пулиси ахлоқ дар ин кишвар яроқ надошт. Онҳо танҳо бо калтакчаҳои резинӣ мусаллаҳ буданд ва инро Албина хуб медонист. Вақте, ки сарнозир зани навбатиро пурсуҷӯ мекард, вай бо суръати тамом ба тарафи дарвоза давид. Дар аввал касе чизе нафаҳмид ва ин имкон дод, ки Албина то дарвоза расад. Вақте, ки посбони дарвоза огоҳ шуда тугмачаи бастани онро пахш кард, аллакай Албина аз паҳлӯи ӯ гузашта худро ба берун гирифта буд. Чанд нафар калтакчадорон ба сӯи дарвоза давиданд, аммо зани дарвозабон аз саросемагӣ ба ҷои он, ки дарвозаро кушояд, онро баст. Вай то ба худ омада дарвозаро аз сари нав боз карду барои ҳамкоронаш роҳро кушод, ки аллакай Албина ба кӯчаи калон баромада, бо анбӯҳи одамон ҳамроҳ шуда буд…

…Ин манзараро ду нафар аз дохили мошини сиёҳшиша назорат мекарданд. Яке аз онҳо Шайх Салим ва дигараш сардори хадамоти бехатарии ӯ буд. Вақте ки Албина аз дарвоза берун шуда, ба тарафи чап тоб хӯрд, сардои хадамот хост аз ҷояш хеста ӯро боздорад, вале Шайхи Тиллоӣ ӯро нагузошта гуфт:

-Дар ҷоят нишастан гир, фақат ба одамонат фармо, ки ин занро аз мадди назар дур накунанд. Ӯ ҳоло ба мо лозим мешавад…

Шайх баъд аз ин суханон боз дурбинро ба чашмаш наздик оварда, гурӯҳи занҳоро назорат мекард. Сардори боздоштгоҳ баъд аз фирори Албина ба ходимони худ фармуд, ки атрофи занҳоро печонида гиранд ва имкони дидани Гулрафтор ба Салим боз ҳам душвортар гардид. Аммо ӯ кӯшиш мекард, ки аз байни ин тӯда чеҳраи ба дил наздики худро пайдо кунад. Вақти савор шудан ба мошин ҳам фаро расид. Занҳо як-як аз зинапояи он баромада, дохили мошин шудан гирифтанд. Якбора вуҷуди Шайхро рашъа фаро гирифт. Ана вай! Хеле хароб шудааст, вале боз ҳам нозанинтар.

Гулрафтор як пояшро ба зинапоя гузошта, бо як дасташ аз дастаки паҳлӯи дар гирифта буду дасти дигараш домани дарози пироҳани арабиашро медошт. Сарашро бо як тарзи зебо ба тарафи дарвоза гардонд. Ин лаҳза ба назари шайх «стоп-кадр»-и филмҳоро мемонд, ки симои шахси азизашро ба навори дил якумра сабт менамуд. Беихтиёр аз ҷояш хестанӣ шуд, аммо дастони пурқуввати сардори хадамот ӯро ба ҷояш шинонд.

-Худро ба даст гиред, ҷаноби шайх! Ин кор ба шумо намезебад. Ваъда карда будед, ки танҳо як назар ӯро мебинед ва аз дохили мошин берун намешавед…

Салим дубора ба курсии мошин вазни худро партофта, хастаҳолона гуфт:

-Ман ба фалсафаи ин зиндагӣ ҳеҷ сарфаҳм нарафтам. Наход Худованд то ҳамин дараҷа бераҳм бошад, ки маро ба ҳамин ҳол расонад?

-Не, баръакс, Худованд меҳрубон аст ва Шуморо аз як шармандагӣ раҳо карда истодааст. Бигзор ӯ ба ватанаш равад ва рӯҳи шумо ҳам аз қайди ин зан озод шавад.

-Ту рӯҳи маро аз куҷо медонӣ? Ман аз он, ки Худо рӯҳамро банди чунин бандаи худ кардааст, ҳазорон бор розиам. Ман аз чизи дигар норозиам, ки чаро баъд аз чунин тӯҳфа ба ман ба он заҳр андохт, ки дигар наметавонам аз он истифода барам. Ана ин аст сабаби норозигии ман…

Ин вақт дарҳои мошин баста шуданд ва он дар саҳни боздоштгоҳ як чарх зада, аз дарвозаи калон ба самти фурӯдгоҳ ҳаракат кард.

-Аз паси ин мошин ҳаракат кун,- амр кард Шайх

-Шайхи ман, чаро ба ваъдаатон намеистед? Охир гуфта будед, ки як назар ӯро мебинеду аз мошин нафаромада бармегардед…

-Бале, ман чунин ваъда карда будам ва ҳоло ҳам ба ин ваъдаам меистам. Ман нагуфтаам, ки аз мошин берун мебароям. Ба фурӯдгоҳ рафта аз мошини ту як қадам ҳам дур намеравам. Бубинем, ки Гулрафторро чӣ тавр ҳамватанонаш пешвоз мегиранд. Ғайр аз ин, ман боз як нақшаи дигар дорам.

-Нақшаи гурезондани собиқ завҷаатон не- мӣ?

-Инашро алҳол ба ту намегӯям…

-Шайхи мӯҳтарам, агар воқеан ҳам дар сар ягон нақшаи ба ҳамин монанд дошта бошед, бо вуҷуди он эҳтироме, ки нисбат ба шумо дорам, иҷозат диҳед тарки хизмататон намоям. Ман ва падару бобоям ҳамеша ба ҳамаи қонунҳои кишвари худ эҳтиром доштем. Намехоҳам аввалин касе аз ин авлод бошам, ки аз қонун берун пой мениҳад…

-Натарс, ман ҳам қонуншиканӣ карданӣ нестам. Фақат як амалиёти хурдакакро анҷом медиҳему халос. Гӯш кун…

Шайхи Тиллоӣ, ки дар курсии қафо менишаст ба тарафи сардори хадамоти бехатариаш, ки дар сари ҷилави мошин қарор дошт, хам шуда, бо ҳарорат чизе гуфт. Мошин аз роҳи чун кафи даст ҳамвор ба самти фурӯдгоҳи Рос-ал-Хайма босуръат пеш рафта, пас аз чанд дақиқа мошинеро, ки занҳои беҷогардро барои ба ватанашон фиристодан ба фурӯдгоҳ мебурд, паси худ гузошт…

Майдони ҳавоии Рос-ал-Хайма тақрибан 80 километр аз Дубай дуртар воқеъ гардидааст. Манзараи якхелаи ду тарафи роҳ, ки аз тирезачаи хурди мошини маҳбускаш намудор мешуд, хоби Саидаро овардан гирифт ва ӯ ғайриихтиёр сарашро ба китфи Гулрафтор монду ғанабаш бурд. Гулрафтор бошад, баъд аз он, ки ӯро ба ин мошин савор карданду яқин намуд, ки акнун ба Ватан мефиристандаш, ба як ҳолати   нимхобу нимбедорӣ афтода буд. Наход? Наход ӯ фарзандашро, ягона нишона аз ишқи аввалину охиринашро дар ин ҷо монда равад? Наход Худованд ба ин беадолатӣ роҳ диҳад? Замири ӯро дар ин ҷо чӣ интизор аст? Якумр баъд аз вафоти ибни Шамс ва Омина ҳамчун вориси онҳо аз як гӯшаи биёбон ба гӯшаи дигараш бо аҳли қабила чорво чаронида мегардад ва аз аслу насаби хеш бехабар мемонад? Не, Худо ба ин роҳ намедиҳад. Агар Худованд ҳақбин аст, пас бояд илоҷи ин воқеаро ёбад. Шайх куҷо шуд? Салиме, ки дар муддати ин ду сол як дақиқа ҳам аз пеши назари ӯ дур нашудааст ва шабҳо бо номи ӯ мехобиду саҳар бисмиллоҳаш «Салим» аст, чаро ӯро суроғ намекунад? Аз дасташ коре наомаду аз баҳраш гузашт? Ё касе хабар дод, ки Гулрафтори ӯ бо фоҳишаҳо ҳамроҳ шуда танфурӯш шудаасту номи ӯро паст кардаст ва барои ҳамин Салим аз ӯ рӯй тофтааст? Ба ин саволҳо ғайр аз худо касе ҷавоб дода наметавонад. Дар як гӯшаи дили Гулрафтор шӯълаи ноаёни умед медурахшид ва ин шӯъла чароғаке дар дуриҳои дур буд, ки барои намурдан ба ӯ қувва мебахшид. Ӯ хабар надошт, ки ҳамин ҳоло як мошини сиёҳшиша, ки дар дохилаш Салими ӯ нишастааст, мошини маҳбускашро гузашта ба самти фурӯдгоҳи Рос-ал Хайма рафт…

   Шайх ҳанӯз ба даромадгоҳи фурудгоҳ нарасида, аз сардори хадамоти бехатарӣ пурсид:

-Гуфтагиамро ҳамроҳ гирифтӣ?

-Бале, ҷаноби шайх гирифтам, вале шумо ҳам ваъдаатонро фаромӯш накунед.

-Кӯшиш мекунам,- кӯтоҳ ҷавоб дод Шайхи Тиллоӣ ва боз машғули андешаҳои худ шуд…

«Чаро Гулрафтор ҳамроҳи он чашмкабуд буд? Онҳо аз куҷо дар шаҳр пайдо шуданд? Магар ӯ ҳамаи қабилаҳои дуру наздикро накофта буд, пас Гулрафтор дар байни кадоме аз онҳо мезисту то ҳол дар биёбон ба чӣ кор машғул буд? Албатта, чунин зани ба назар намоён аз чашми сардорони қабилаҳо дур намемонад. Кадоме аз онҳо тани зебои ӯро ламс карда бошад? Кадоме лабҳои ӯро бӯсаборон карда, дар вақти боло гирифтани шавқаш ба ӯ суханҳои гӯшнавоз гуфта, баъд аз буд шудани кораш Гулрафторро бо чанд пайса аз дари хаймааш берун карда бошад? Эҳ Худои ғайбдон! Магар илоҷаш нест, ки ман аз ин асрор огоҳ шавам? Агар ӯро аз наздик бинам, ихтиёрам аз даст меравад ва ваъдаамро дар назди сардори хадамот иҷро карда наметавонаму давон- давон ба наздаш меравам. Худовандо, ба ман қувваю ирода ато фармо, ки ин корро накунам, вагарна шармандаю шармсори ҳарду олам мешавам…»

   Мошин ба даромадгоҳи майдони ҳавоӣ расид ва сардори хадамот аз он берун баромада, ба посбоне, ки даромадани мошинҳоро ба майдони ҳавоӣ манъ мекард, чизе гуфт ва ҳуҷҷатеро нишон дод. Посбон даст ба пешона бурд ва ба ҳамроҳаш ишора кард, ки ғовчӯбро бардорад. Мошини сардор оромона ба майдони парвозҳо дохил шуд. Ронанда ба ҳар тараф нигоҳ карда, тайёраеро, ки бояд Гулрафторро ба ватанаш мебурд, ҷустуҷӯ мекард. Ӯ аллакай ҳамаи маълумотҳоро дар бораи ин тайёра дар даст дошт ва як бори дигар ба коғази дар курсии паҳлӯяш гузошташуда нигоҳ карду мошинро ба як гӯшаи дури майдони ҳавоӣ, ки дар он ҷо тайёраи сохти шӯравии Ту-154, ки дар болҳояш «Тоҷик Эйр» навишта шуда, байрақи серангаи ким кадом кишвари осиёимиёнагӣ онро оро медод, ронд. «Ана ҳамин тайёра аз ватани Гулрафтор омадааст,- аз дил гузаронд Шайх Салим,- ва боз ӯро ба ватанаш мебарад.»

Гӯё андешаи ӯро тақвият медода бошад, сардори хадамот гуфт:

-Ин тайёраи аз Тоҷикистон-ватани завҷаи собиқатон аст. Баъд аз ним соат боздоштшудагонро ба ин ҷо меоранд ва ҳамроҳи дигар мусофирон парвоз мекунанд. Баъд аз гузаштани гумрук онҳоро ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар месупоранд. Дигар онҳо маҳбуси Аморати Муттаҳидаи Араб ҳисоб намешаванд. Дар кишварашон шояд онҳоро танҳо барои гум кардани шиноснома ба муҷозот кашанд… Ин ягона ҷоест, ки шумо оромона ӯро аз наздик, бори охирин дида метавонед. Факат хоҳиш мекунам, аз мошин берун набароед….

Ин дам мусофиронро автобуси болокушодае ба майдон овард ва онҳо бо навбат аз зинапояи тайёра боло баромадан гирифтанд. Дар байни онҳо мусофирони аврупоипӯш, арабҳои либосашон сап-сафед ва боз як идда мусофироне, ки либоси тоҷикӣ доштанд, саф кашида, баъд аз бори дигар ба ходими тайёра нишон додани чиптаҳошон боло шудан гирифтанд.

-Саросема нашавед, онҳоро алоҳида меоранд,-ин суханони сардори хадамот диққати Шайх Салимро аз тамошои ин тӯдаи рангоранг, ки аз паси оинаи мошин мушоҳида мекард, дур намуд.

Ниҳоят, баъд аз савор шудани мусофири охирин мошини маҳбускаш, ки онро дар саҳни боздоштгоҳи Дубай дида буданд, омада тақрибан панҷоҳ метр дуртар аз тайёра истод. Аз дохили он панҷ духтар, ки либоси маъмулии арабҳои маҳалиро дар бар доштанд, паси ҳам берун омаданд ва ходими пулис, ки ин дафъа мард буд, ба ду нафар ҷавонони хушлибоси тоҷик, ки маъмури сафоратхона ва намояндаи хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буданд, наздик шуда, рӯихатеро ба дасти онҳо дод. Баъд аз раду бадал кардани чанд сухан ходим боз ба ҳамон мошин савор шуда, майдони парвозро тарк кард. Яке аз ҷавонони хушлибос ба духтарон, ки аз рӯи одат саф кашида буданд, наздик омада бо забони тоҷикӣ гуфт:

-Акнун шумо озод ҳастед. Дар бораи он, ки чӣ тавр ба ин ҷо афтидед, дар Ватан сӯҳбат хоҳем кард…

Ин вақт духтарон рӯи худро ба он самте, ки мошини Салим меистод, гардонданд ва Шайх чеҳраи Гулрафторро ин дафъа аз наздик ва гӯё рӯ ба рӯи худ дид. Ана, ту чӣ гуна шудаӣ… Чашмонат аз бехобию гиря варам кардаанд, аммо боз ҳамон тавр зебою дилчаспӣ. Ҳозир ман…

Шайх даст ба дастаки дар бурд, аммо ҳамон замон овози тириққос зада баста шудани ҳамаи дарҳои мошин шунида шуд ва сардори хадамот аз нишастгоҳи пеш гуфт:

-Шайх, ман ба ҳамаи авлоду асҳоби   шумо эҳтиром дорам. Намегузорам, ки аз ҷоятон ҷунбед. Кадом хизмате бошад, фармоед. Бар ивази ҷон бошад ҳам, онро иҷро мекунам, вале намегузорам, ки худро шарманда кунед. Кушед ҳам…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД