(Идомааш)
…Ин манзара ва ин гуфтугузори мӯйсафеди Самариддин ва зану писарашро аз паси оинаи тирезаи долон Гулрафтор қариб ним соат боз медид. Баъд аз он, ки модари Саида ва акааш аз хонаи мӯйсафед баромаданду мӯйсафед ба гиряи пинҳонии худ сар кард, ашк дар чашмони Гулрафтор чарх заду гулӯяшро чизе гирифт ва беихтиёр рӯи замини хокӣ нишаст. Манзараеро пеши назар овард, ки падари ӯ ҳам дар утоқе танҳо нишаста, аз рафтори духтари худ ҳамин тавр зор-зор мегиряд. Модараш бо чашмони пур аз ашк ӯро таънаю маломат мекунад ва ҳазор лаънат ба ҳусни нотакрори ӯ мехонад, ки номуси духтарашро аз ӯ бурдааст. Аммо чаро? Ӯ чӣ гуноҳ кардааст? Саида чӣ гуноҳ дошт? Танҳо мехост, ки хонаду соҳибмаълумот шавад ва дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон намонад. Ҳарчанд дар ин дунё Гулрафтор то ин дам аз ҳама бештар бибиашро дӯст медошт…, аммо дилаш ба падару модараш ҳам сахт месӯхт. Шукр, ки онҳо ҳанӯз дар бораи тақдири духтарашон чизе намедонанд. Аммо мӯйсафеди падари Саида ҳоло худро аз хоки сиёҳ ҳам ҳақиртар медонад. Ҳар кас метавонад ба рӯи ӯ туф кунад, ҳар кас метавонад ӯро таҳқиру ҳақорат диҳад. Ҳоло аз ҳама бештар дили духтар ба ин мӯйсафеде, ки аз шиддати гиряи беовоз китфони харобаш меларзиданд, месӯхт. Аммо чӣ кор кунад? Ҳамроҳи Саида ин хонаро тарк кунад? Ба куҷо раванд ду муштипар, ки ин мӯйсафеди бечораро аз таънаю маломат халос кунанд? Пас аз каме андеша Гулрафтор бо нӯги ангуштонаш ашки чашмонашро пок карду аз дари даромади утоқе, ки дар он ҷо бобои Самариддин нишаста буд, ворид шуд…
…Пас аз гиряи хомӯшона дили мӯйсафед анча холӣ шуд ва соати овоздораш, ки онро писараш тӯҳфа карда буд, аз бағалкисаи ҷелакаш овоз баровард. «Вақти намози аср шуд»,-аз дил гузаронд ӯ ва бо вазнинӣ хост аз ҷояш хеста ба масҷид равон шавад. Гӯё дар сари китфаш бори вазнине дошт, ки ӯро хестан намемонд. Ҳанӯз нимхез нашуда дар даромадгоҳи дар, дар нимторикӣ шабаҳеро дид, ки бо сари хам дар рӯи кӯрпачаи якқабата менишаст. Ин шабаҳ кай ба хона даромада буд, бобои Самариддин хабар надошт. Ӯ дубора дасташро аз сари зону гирифту ба замин нишаст ва дурусттар нигоҳ карда, дар симои шабаҳ ҳамроҳи духтарашро, ки дар вақти аз мошин фаромаданаш, се рӯз пеш як назар дида буд, шинохт.
-Ҳа, чӣ мехоҳӣ? Ба ин хона омадӣ, ки ба захми ман намак пошӣ?
Гулрафтор сарашро боло карда, ба мӯйсафед нигоҳ кард ва мӯйсафед дар рухсораҳои зебои ӯ, дар равшании аз тиреза воридшудаистода ҷилои ашкро диду сарашро хам кард…
«Аҷаб духтари зебо,-аз дил гузаронд ӯ,- Ана ҳамин зебогӣ ба сари ин духтарон об мерезад…»
-Амакӣ, ман ин ҷо на барои он омадам, ки ба гуфти худатон ба захматон намак пошам, балки барои он омадам, ки шумо ва аҳли оилаатонро аз азоб халос кунам ва барои ин бо шумо маслиҳат кунам…
Бобои Самариддин дар гуфтори духтар лаҳҷаи ҷанубро ҳис кард ва аз дил гузаронд, ки ин духтар ба ҷуз зебоӣ боз шояд ақл ҳам дошта бошад.
-Ман ҳамаи суханони шуморо бо зану писаратон гӯш кардам. Не, қасдан не, тасодуфан. Шумо гумон мекунед, ки барои писаратон, ки дар байни ҷавонон мегардад ва ё модари ӯ, ки дар тӯю маъракаҳо шину хез мекунад, осон аст? Азоби онҳо шояд аз шумо зиёдтар бошад. Аммо ба хотири фарзанду хоҳарашон ба ин тоқат мекунанд. Одамон он чизеро, ки надидаанду намедонанд, баҳо медиҳанд. Агар худашонро як лаҳза ба ҷои ману духтари шумо тасаввур кунанд, ҳеҷ гоҳ шуморо таъна намезананд. Ба ғайр аз ин, ману Саида гуноҳе накардаем, ки боиси сархамии шумову падари ман шавад. Шумо аввал гӯш кунед, ки аз сари мо чӣ гузашт, баъд хоҳед донист, ки мо дар назди Худою дар назди шумо чи гуноҳ дорем…
Бобои Самариддин бо сари хам ба гуфтаҳои ин духтари соҳибҷамол гӯш медод.
-Ҳоло ман медонам, ки шумо азми хондани намоз доред ва шояд хоҳиши шунидани «варсоқихониҳои» маро надошта бошед. Аммо ҳамчун як духтари азияткашидаи шумо хоҳиш мекунам, ки як бор намози худро қазо кунеду ба нақли ман гӯш дода, ба рафтори мо баҳо диҳед…
Бобои Самариддин бо аломати ризо сарашро ҷунбонд…
…Вақте, ки пас аз якуним-ду соат Гулрафтор нақли худро ба охир расонд, пай бурд, ки дар пасаш чанд каси дигар ӯро гӯш мекунанд. Дар даромадгоҳи хона Қамариддину модараш, хоҳари хурдиаш ва аммаи онҳо, ки ба хабаргирии бародараш омада буд, бодиққат гӯшу ҳуш ба ин духтари зебо дода буданд ва занон аз ин саргузашти риққатовар ашк мерехтанд…
Бобои Самариддин аз ҷояш хеста ба назди дар омад ва ба пешвози ӯ Гулрафтор ҳам боло шуд. Мӯйсафед сари духтарро ба оғӯш гирифту аз пешониаш бӯсид ва ашки аз болои ришаш таровидаро бо кафи дасташ тоза кардаистода, ба писараш гуфт:
-Қамариддин, чизе, ки ҳамин духтарам мегӯяд, аз рӯи ҳамон рафтор кун ва пагоҳ онҳоро ба Хуҷанд бар. Канӣ, Саида пешам биё духтарам, туро сахт пазмон шуда будам…
Қамариддин дар ин байн ба Гулрафтор наздик шуда оҳиста гуфт:
-Ҷамшеди муфаттиш телефон карда буд. Шуморо пагоҳ бо он даллаи рӯсиёҳ рӯ ба рӯ мекардаанд…
Баробари дидани акси калони Гулрафтор Албина тамоман дасту по хӯрд. Ба мижгонҳои дарозу чашмони хандони дугонааш, ки мисли одами зинда ба ӯ аз девор менигарист, зеҳн монда, ҳайрон буд, ки чаро Гулрафтор дар либоси арӯсӣ аст. Ин вақт аз қафо касе овоз бароварда, ӯро як қад парронд:
-Ҳа, чеҳраи шинос мӣ? Дугонаатонро дидед?
Албина якбора ба қафо гашта, дар рӯ ба рӯяш марди ҷавонеро дид, ки дар бар либосҳои сафеди маъмулии арабӣ дошт. Ҷавонмард қомати зебою баланд ва нисбат ба ҳамқавмони худ чеҳраи сафедтаре дошт. Риши сип-сиёҳаш, ки ба тарзи арабӣ ба тартиб дароварда шуда буд, ба ӯ мезебид. Дар сараш рӯймоли тахтаи шоҳмотмонанди арабӣ ва аз болои он ҳамон чанбараки маъмулӣ гузошта шуда буд. Нигоҳи ҳузнангези мард аз назари зираконаи Албина пинҳон намонд. «Марди зебо…» дар дил баҳо дод духтар ва ба саволи ҳамсӯҳбаташ ҷавобе надода, аз назди сурати девор дур шуд.
-Марҳамат, гузашта шинед,- ба мулоимкурсӣ ишора намуд ҳамсӯҳбати Албина ва худаш дар курсии рӯ ба рӯ нишаста кафи дастонашро ду бор сахт ба ҳамдигар зад. Садои қарсакро шунида гӯё аз таги замин хизматгоре ҳозир шуд.
-Нӯшоба ва конфет,- амр кард араби хушчеҳра ва ба Албина нигариста пурсид: - Қаҳва менӯшед ё чой?
-Фарқ надорад,- худро бепарво нишон дода гуфт Албина, аммо дилаш такопӯ дошт.
-Ин тавр бошад, ду финҷон қаҳва ҳам биёр,- супориши худро ба охир расонд ҳамсӯҳбати Албина. Чӣ тавре, ки ноаён пайдо шуда буд, хизматгор ҳамон тавр бесадо ғайб зад.
-Аз рӯи шуниди ман, шумо забони моро хуб медонед, вале агар зарур бошад, мою шумо ба забони инглисию олмонӣ ва ё фаронсавӣ ҳам сӯҳбат карда метавонем… ,- сухан оғоз намуд араб.
-Афсӯс, ки шумо забони модарии маро намедонед, барои ҳамин беҳтараш ба забони модарии худатон ҳарф занед,- неш заданӣ шуд Албина.
-Он кадом забон будааст? Русӣ?
-Не, молдавӣ. Ин як халқест, ки дар наздикии Русия зиндагӣ мекунад.
-Ба руминҳо монанд, ҳамин тавр не?
-Бале, шумо аз куҷо медонед?
-Агар муаллиме мисли шумо дошта бошам, ин забонро ҳам зуд ёд мегирам…
«Аз афташ, хеле донишманд аст. Дар сӯҳбат эҳтиёткор будан лозим…»,- аз дил гузаронд Албина ва дар навбати худ пурсид:
-Ба ман бигӯед, ки инҷо куҷост ва маро бо ваъдаҳои болохонадор барои чӣ ин ҷо оварданд? Худи шумо кистед?
-Ба ҳамаи саволҳои шумо якбора ҷавоб додан ғайриимкон аст. Аввал шумо бигӯед, ки чаро баробари дидани сурати девор шах шуда мондед? Магар ӯро мешиносед?
-Чӣ гӯям…Як муддат ҳамроҳ будем…Баъзе саргузаштҳои якҷоя доштем,-ҷавоби муғлақ дод духтар.
-Не, Шумо ба ман гӯед, ки дар куҷо бо ӯ ҳамроҳ будед ва якҷо чӣ кор мекардед?
Савол ба Албина сахт расид.
-Шумо кӣ, ки ба ман ин хел саволҳо медиҳед? Чӣ ман ягон гуноҳ кардам ва ё одам куштам? Маро пул ваъда карда ба ин ҷо оварданду боз пурсуҷӯ мекунанд. Илтимос ҷаноб, маро ба ҳоли худам гузоред! Пул надиҳед ҳам ҷавоб диҳед равам…
Араб дид, ки бо ин роҳ аз Албина ҷавобе ба саволҳои зиёди худ гирифта наметавонад, мулоим шуда гуфт:
-Шумо ягон гуноҳ накардаеду ҳақ доред ба саволҳои ман ҷавоб надиҳед. Ман ходими пулис ё ягон сохтори дигар нестам. Ман шахсе ҳастам, ки гумшудаи худро меҷӯям. Агар хоҳед, кӯмак расонед, агар не, ихтиёратон. Ба зан зӯроварӣ карданро барои худ камоли ноҷавонмардӣ медонам…
Албина аз ин суханони марди араб андаке мулоим шуда, ба пасаш, ба деворе, ки он ҷо портрети бо либоси арӯсӣ тасвирёфтаи Гулрафтор овезон буд, бори дигар нигоҳ кард ва бо ангушт ба паси сараш ишора намуда гуфт:
-Агар шумо ӯро дар назар дошта бошед, беҳуда мекобед. Ӯ кайҳо дар ватанаш аст…
-Ман инро медонам. Ба ман худи ӯ не, донистани даврае, ки шумо якҷо будед, зарур аст.
-Нафаҳмидам. Ин барои шумо чӣ лозим аст?
-Албатта намефаҳмед. Зеро, ки ҳанӯз кӣ будани маро намедонед?
-Барои ман он қадар муҳим нест, ки шумо кӣ ҳастед. Фақат ҳаминашро медонам, ки умри Гулрафтор (баробари шунидани ин ном араб як аз ҷояш нимхез шуду боз нишаст) дар кишвари шумо бештар дар биёбон гузаштааст ва ӯ бар зарари давлати шумо коре накардааст. Бечора фурсат ҳам надошт. Моро аз як қабила ба қабилаи дигар медоданду баъзан аз борон гурехта ба новадон дучор мешудем…
-Чӣ тавр?
-Аввал дар пойга мукофот монданд. Баъд якбора аз чизе тарсида ба ким- кадом қабилаи дигар фурӯхтанӣ шуданд. Аммо дар роҳ мо гурехтем. Ана баъд…,- Албина дар ин ҷо чизеро ба хотир оварда, худ ба худ табассум кард.
-Баъд чӣ шуд?-бесабрӣ мекард ҳамсӯҳбаташ.
-Ана баъд, мо якҷоя машғулияте доштем, ки барои паси сар кардани азоби зиндагӣ кӯмак мерасонд. Номи ин машғулият Замир буд.
-Замир? Магар ин номи ягон сардори қабила аст?
-Не, албатта. Ин номи нафарест, ки шояд дар оянда сардори қабила ҳам шавад… Ман бошам, бо ҷавонони қабила дилхушӣ менамудаму пулашонро аз ҷайбашон ба ҷайби худам «инвеститсия» мекардам.
-Яъне ҳамроҳи дугонаатон ба фоҳишагӣ машғул мешудед?-сарашро байни дастонаш гирифта хастаҳолона хулоса кард араб.
Албина ба ваҷоҳати ҳамсӯҳбаташ нигариста, андаке таҳаммул кард. Ҳайрон буд, ки чаро нақли ӯ дар бораи зиндагии биёбониашон ҳамроҳи Гулрафтор таваҷҷӯҳи ин шахсро ин қадар ба худ кашидааст. Ӯ финҷони қаҳваеро, ки хизматгор оварда ба назди онҳо гузошта буд, бардошта як қулт нӯшиду аз шоколади аълодараҷа порчае шикасту ба даҳон андохт ва аз лаззати он кайфият бурда, ба мулоимкурсӣ баҳузур такя намуд. Маълум буд, ки ҳамсӯҳбаташ дигар майли пурсиши ӯро надорад. Албина ташаббусро ба дасти худ гирифт. Чаро бо як марди зебочеҳра соате нишаста чақ-чақ накунад? Шояд шавқаш бедор шаваду ӯро ба ҷойгаҳ даъват кунад. Мумкин пули калон ҳам диҳад.
-Шумо ки Гулрафторро намешиносед, гумон мекунед, ки ӯ ҳам мисли ман барои пулкоркунӣ аз паси ҷавонони бодиянишин медавид. Дугонаам ба ман конкурент набуд. Агар ӯ мехост, бузургтарин мардони биёбон ҷон-ҷон гуфта ба наздаш медавиданд. Агар ӯ бо ман ҳариф мешуд, ман ҳеҷ гоҳ дар ин биёбони хушк се ҳазор доллар ҷамъ карда наметавонистам…
-Пас ӯ чӣ кор мекард?
-Ҳмм, чи кор мекардааст. Зани ибни Шамс мемонд, ки ӯ бекор нишинад? Буз меҷӯшид, шир мепухт, ҳезум ҷамъ мекард, Замирро нигоҳубин менамуд…
Ин бори дуюм буд, ки ин ном дар сӯҳбати онҳо садо медод. Албина пай бурд, ки дили ҳамсӯҳбаташ бисёр мехоҳад чизеро аз ӯ фаҳмад. Аммо аз пурсиши рӯирост худдорӣ мекунад. Воқеан, чаро сурати Гулрафтор дар ин девор овезон аст? Шояд ин араб боре ин суратро дар куҷое дида маъқул кардаасту онро калон карда овехтааст? Ин мард кист, ки зиндагии онҳо ба ӯ даркор шудааст? Бахт аз таваккал, инро рӯирост мепурсад.
-Мебахшед ҷаноб, бори дигар хоҳиш менамоям, ба ман гӯед, ки худатон кистед?
Араб сарашро аз байни дастонаш гирифта, ба Албина нигарист. Дар умқи чашмони ӯ, духтар осори андӯҳи бузургеро пай бурд. Маълум буд, ки ин мард фоҷиаи сахтеро аз сар гузаронидааст
-Ман шавҳари дугонаи шумо Гулрафтор ҳастам…
Гӯё ҳазорон барқ бо тундар якҷо ба сари Албина фурӯ рехт. Ӯ мисли ҳайкали сангин лаҳзае финҷони қаҳвадор дар даст шах шуда монд. Худ нафаҳмида як ду овози мағшуше ҳам аз даҳон баровард. Пас аз чанде, ба олами ҳастӣ баргашту финҷонро оҳиста болои мизи паст гузошта бо даҳони воз ва чашмони калоншуда ба ҳамсӯҳбати худ нигоҳ кард:
-Пас, пас ин…афсона нест?
-Чӣ афсона нест?
-Ш-шумо Шайхи Тиллоӣ?
-Бале, ман Шайх Салим ибни Талал, шавҳари қонуни дугонаатон Гулрафтор…
Албина бо ду даст сарашро байни дастонаш гирифта, аз ҷояш хест. Вай рӯ-рӯи қолинҳои мунаққаш ба ҳар тараф равуокунон ба забони модариаш ким чиҳо мегуфт. Ин рафтори ӯ як лаҳза хандаи Шайх Салимро овард . Ӯ аз ҷояш хеста аз китфи Албина гирифту дубора ба ҷояш шинонд:
-Бори аввал аз надонистани забони модарии шумо пушаймон ҳастам. Ба забони худ маро хуб ҳақорат додагистед?
-Шуморо не, худамро. Ана ҳамин бефаросатро,- бо эҳсосот ба синаи худ зада гуфт Албина,-Агар бефаросат набошад, магар гуфтаҳои дугонаашро дурӯғ ва маҳсули тахайюли дар биёбон зарардидаи ӯ медонад? Охир ҳамааш рост будааст ку! Дар назди Гулрафтор дилам ба ҳолаш сӯхта ба шавҳар доштани ӯ гӯё бовар мекардам, вале дар дил ба ин ҳеҷ бовариам намеомад. Ана бинед, рост будааст…Ҳайрон будам, ки чаро ӯ ба «шикор» намебарояд ва ин касбро бадтарин кори дунё мегӯяд. Эҳ мани аҳмақ! Акнун бовар кардам, ки дар ҳақиқат Гулрафтор ба ҷуз аз шавҳараш бо касе ҳамхоба нашудааст. Замир ҳам фарзанди ҳалолии шавҳараш аст…
-Чӣӣӣ?,- аз ҷояш парида хест Шайх. Акнун рӯи хона қадам зада рӯю мӯй кандан навбати ӯ буд…
Ҳавои сарди оғози зимистон ба бадан мисли сӯзан мехалид. Ҳарчанд духтарон худро мепечонданд, аммо хунукӣ аз либосашон гузашта, пайкари онҳоро ба ларза медаровард. Бародари Саида аз як мағозаи сари роҳ ба ҳарду духтарон мувофиқи қаду басташон болопӯшҳои сиёҳранге харида пӯшонд, аммо шамоли изғиринги соҳили Сир аз қабати либос ҳам мегузашту ба Гулрафтору Саида тамасхур мекард. Дар ин ҷо зимистон камбарф бошад ҳам, шамоли доимии сарде мевазад, ки хунукии андакро ҳам ба назар хеле зиёд нишон медиҳад. Гулрафтору Саида қариб се соли умри худро дар кишвари гарм гузаронида, чӣ будани зимистонро қариб, ки фаромӯш намуда буданду барои гарм шудан ба ҳамдигар ҷафс менишастанд. Мошин чандон нав набуду гармкунакаш он қадар хуб кор намекард. Вақте, ки ба Хуҷанд даромаданду ба бинои прокуратураи вилоят расиданд, бародари Саида ба духтарон рӯ оварда, таъкид намуд:
-Ҷамшед гуфт, ки имрӯз шумоёнро бо як зане рӯ ба рӯ мекунанд, ки шояд сабабгори ин қадар азоб кашиданатон шуда бошад. Ман феъли туро нағз медонам, Саида. Боз бо ӯ моҷаро ва кашмакаш накун, ки сарат дар ҷанҷол мемонад. Бе ин ҳам ӯ ҷазои худро хоҳад гирифт… Ин ҳоло рӯбарӯкунии пешакӣ аст. Мегӯянд, ки чанд нафар даллаҳоро доштаанду баъди исбот шудани гуноҳашон онҳо суд мешаванд. Эҳтиёт шавед!
Бародари Саида аз рӯзи аввали вохӯрданаш бо Гулрафтор, ба чашми ӯ нигоҳ карда гап зада наметавонист. Ӯ ҳам мисли Ҷамшеди муфаттиш кӯшиш мекард, ки дар вақти сӯҳбат чашмонашро гурезонад. Шояд сабаби ин ҷавонии ҳарду бошад, ки ба чунин чеҳраи зебо бе тафовут буда наметавонистанд. Бинобар ин, ҳар гапе, ки ба хоҳараш мегуфт, ба дугонаи ӯ ҳам дахл дошт. Вақте ки вай барои духтарон болопӯш мехарид, Гулрафтор оҳиста ба гӯши Саида гуфт, ки аз пули худашон маблағи онро медиҳад ва хост аз сумкааш долларҳои аз Дубай овардаашро барорад. Аммо Саида ба бародараш нафаҳмонда ба бехи гӯши Гулрафтор пичиррос зад:
-Агар ин тавр кунӣ, бародарам сахт хафа мешавад. Биё мон, ҳоло он пул даркор шуда мемонад… Худо медонад, боз чӣ мешавад... Муфаттиш дар ҳуҷраи на он қадар калони худ коғазҳоро рӯйгардон карда истода буд, ки садои телефони дохилӣ баромад.
-Дар даромадгоҳ се нафар истодаанд, мегӯянд, ки шумо даъват кардаед…
-Ду нафар будагист?...
-Не, ду зану як мард…
-Ҳа, фаҳмо. Иҷозатнома навису ба назди ман фирист…
Ҷамшед гӯширо ба ҷояш гузошта, аз паси миз хест ва аз киссааш шонаро бароварда, дар назди шкафи калони оинадори пур аз коғаз рост истода ба мӯйшонакунӣ даромад. Ӯ ҳанӯз оиладор набуд ва гоҳ-гоҳ ба рафиқонаш шӯхӣ карда мегуфт: «духтареро, ки бояд зани ман шавад, ҳанӯз модараш таваллуд накардааст».
Аммо баробари дидани Гулрафтор ҷавоне, ки дар байни ҳамкоронаш бо хунсардию муносибати сардаш бо занон ном бароварда буд, худро гум кард. Надонист ба зане, ки аз кишвари дигар бо ҷурми фоҳишагӣ оварда шудааст, чӣ гӯяду бо ӯ чӣ гуна муносибат кунад. «Хайр, он тарафаш як фоҳиша- дия…» гуфта борҳо худро ба даст гирифтанӣ мешуд, вале ин кор ба ӯ даст намедод. Таи чанд рӯзе, ки Гулрафтор дар Конибодом буд, хост ӯро аз ёд барорад, аммо нашуд, ки нашуд. Дар пеши назараш симои аз андоза берун зебои духтар ҳамеша ҷилвагар буду хаёлашро аз ӯ дур карда наметавонист. Ана ҳоло ҳам бо шунидани он, ки бо даъвати ӯ бародари як нафарашон духтарони аз Дубай овардашударо ба ин ҷо овардаст, беихтиёр аз ҷой хеста ба оро додани мӯи худ шурӯъ кард. «Наход ман ошиқ шуда бошам? Ҳамкорон чӣ мегӯянд? Боз ба як духтаре ки…». Фурсати идомаи андеша нашуда, дарро оҳиста кӯфтанд. Баъд аз иҷозат аввал Саида ва аз пасаш Гулрафтор вориди утоқ шуданд. Ҷашед ба онҳо ҷои нишаст нишон доду ба бародари Саида нигариста гуфт:
-Шумо то ба охир расидани сӯҳбати мо инҳоро дар берун ва ё дар ҳар куҷое, ки хоҳед, интизор шавед. Ширкати шумо зарурат надорад. Натарсед, хоҳари шуморо гург намехӯрад. Онҳо аз дасти гургон халос шуданд…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)