(Идомааш)
-Кадом Баҳромҷон?
-Мебахшӣ, Гулрафтор, ақлам нагирифтааст, ки ту дар бораи ӯ чизе намедонӣ. Баҳром бачаи ҳамсояамон буд. Аз ман ду-се сол калонтар. Ҳоло дар ким куҷои Душанбе мехонад. Се сол пеш, гоҳ-гоҳ бо ҳам сӯҳбат мекардем…
-Чаро «буд» мегӯӣ?
-Барои ман «буд». Дирӯз ӯ аз назди дарвозаамон мегузашту ман аз он баромадам. Маро диду рӯяшро яктарафа кард. Ман хафа нестам. Ӯ ба ин ҳақ дорад. Аз мардум фаҳмидагист, ки маро аз Дубай, аз фоҳишахона дошта омадаанд. Хайр рост аст. Ҳамин тавр нест?
Гулрафтор дар ҷавоби суханони дардноки дугонааш чизе нагуфта, авзои Шайхи Тиллоиро пеши назараш овард, ки дар бораи ӯ аз кормандони хадамоти махсусаш маълумот гирифта истодааст. Шайхро баробари шунидани нақли онҳо дар бораи он, ки занашро аввал дар пойгаи уштурон мукофот монданд, баъд ба қабилаи дигаре фурӯхтанд ва боз чанд «саргузашти дигар» чӣ тавр ваҷоҳаташ дигар шуд. Рӯяш турш шуда (ҳарчанд, ки Гулрафтор ваҷоҳати турши ӯро тасаввур карда наметавонист) амр медиҳад: «Ҳамин даҳ ҳазорро бурда ба ӯ диҳеду дигар ман номашро нашунавам!». Бале, ӯ ба ин ҳақ дорад. Охир аз куҷо медонад, ки зани «фоҳишаи» ӯ дар назди шавҳараш ягон гуноҳ надорад…
-Бале, ҳақ дорад, ки рӯй тобад…,-андешаи худро ба забон овард Гулрафтор.
-Ман ҳам ҳаминро мегӯям. Акнун чӣ кор мекунем?
Гулрафтор ба мавҷҳои Сир назар андохта, андаке хомӯш монд ва баъд сарашро ба тарафи Саида гардонда гуфт:
-Ту дар ин ҷо хонаю дар дорӣ, падару модар дорӣ, хешу ақрабо дорӣ. Шукр, ки падарат маро фаҳмид ва дигар ба ту бо назари бад нигоҳ намекунад. Ман дар ин шаҳру водӣ касе надорам ва ба назди падару модарам ҳам баргаштанӣ нестам. Аввал он кореро, ки мақсад доштам, ба охир мерасонаму баъд мебинам, ки Худо боз чӣ мехоҳад…
-Кадом кор?
-Кадом кор мешуд, ману ту бо чӣ ният се сол пеш аз хона баромада будем?
-Хондан?
-Бале, фаромӯш кардӣ?
-Не, фаромӯш накардаам, лекин акнун хондани мо даркор аст?
-Ту аз кӣ камӣ? Албатта хон! Ман то нахонам, аз ин ҷо ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ҳарчанд, ки дилам назди Замир рафтан мехоҳад…ва боз…
-Пас, биё то тобистон дар хонаи мо гард, баъд ҳамроҳ дохил мешавем.
-Раҳмат. Ҳарчанд падару модар ва бародари хуб дорӣ, аммо ман ин таклифи туро қабул карда наметавонам. Дар ҳамин ҷо ягон хоначаро ба иҷора мегираму то вақти мактаб тайёрӣ мебинам. Медонӣ, ки барои ин пул дорам. «Тӯҳфаи заҳрогин» аз он сӯӣ марз, яъне ҳамон 10 ҳазоре, ки ту халос кардӣ…Боз ҳуҷҷатҳоямро барқарор кардан лозим…
-Ин тавр бошад, ман ҳам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Бародарамро мегӯем, ягон хонаи нағзро бароямон ёфта медиҳад…
-Падару модарат розӣ мешаванд?
-Ту медонӣ, ки падарам агар бо ту якҷо бошам, розӣ мешавад…
-Ин тавр бошад, биё рафтем. Соҳили дарё хунук…
Дар ҳақиқат, аз ҷониби Сир шамоли сарде мевазид, ки одатан дар ин фасли сол доимӣ буд. Бародари Саида кофта-кофта нав ҷои онҳоро ёфта буду дугонаҳоро аз боло наззора мекард. Чун дид, ки духтарон боло баромада истодаанд, дар ҷояш бозистод. Аммо на ӯ ва на духтарон намедонистанд, ки аз паси онҳо боз як ҷуфт чашмони зирак аз байни шохаҳои маҷнунбеди баргҳояш рехта ҳар як ҳаракату рафтори онҳоро наззора дорад. Соҳиби ин чашмони зирак муфаттиши ҷавони прокуратура Ҷамшед буд…
Шайх муддати ду соат боз Албинаро гӯш мекард. Шайх Салим ба бозии шамол бо мӯи ин духтари аз ким-кадом кишвари ҳавояш сард бо амри тақдир ба ин ҷо афтода, чун ба бодбони киштие, ки ӯро ба кишвари воқеият мерасонад, менигарист. Мехоҳад вориди ин кишвар шуда, аз ҳар чи ба сари занаш омада буд, огоҳ гардад. Мехост донад, ки арзандатарин ва қимматтарин дороияшро оё ба ахлоти сари роҳ олуда кардаанд ва ё ҳамон тавре, ки буд, ҳалолу покиза ва бе доғу дурахшон боқӣ мондааст. Ин буд, ки гӯшу ҳуш ба Албина дода, гоҳ-гоҳ аз оби мевае, ки дар рӯи миз меистод, як-ду қулт менӯшид. Дар атроф пашша пар намезад. Ҳамаи посбонон ва ҷондорони бӯстонсаро амр гирифта буданд, ки дар масофаи сад метр касеро ба ин ду нафар наздик шудан намонанд. Агар чизе лозим шавад, худи шайх ба воситаи ратсияе, ки дар болои миз гузошта шуда буд, нафареро даъват менамуду супориш медод.
-Мо дар хонаи мӯйсафед ибни Шамс ду моҳ истода будем, ки вақти таваллуди тифли Гулрафтор расид,- ба суханаш идома дод Албина.
- Гулрафтор сахт дард кашид. Хайрият, мардуми биёбон аз дояҳои маълумотдор ҳам беҳтар таваллуд мекунонанд…
Салим инро медонист. Медонист, ки дар биёбон мададгори занҳои зоянда Худованд ва занони солхӯрда ҳастанд, ки аз ҳар табиб дида беҳтар ин корро анҷом дода метавонанд.
-Ана баъд як фарёд кард, ки…
-Кӣ фарёд кард?-тоқат карда натавониста пурсид Салим.
-Кӣ мешуд? Замир дия…Писарчаи Гулрафтор…
Дар лабони Шайх табассум ҳувайдо гашта бо овози базӯр шунаво гуфт:
-Авлоди мо ҳамаашон ҳамин хел. Аз омадани худ ба дунё бо овози баланд хабар медиҳем…
Албина аз ин гуфтаҳои Шайхи Тиллоӣ чизе нафаҳмида ба нақли худ идома дод:
-Ҳалолаш бод, Оминаро. Кӯдакро чунон нигоҳубин мекард, ки гӯё худаш зоида бошад. Ҳар вақт, ки парпеч мекард, аз ҳамон ҷои холдори ронаш мебӯсиду мегуфт: «Ин бача аз авлоди бузургон аст ва худаш ҳам одами бузург мешавад»…
-Чӣ-чӣ, Замир дар ронаш хол дорад?
-Бале, ана дар ҳамин ҷояш,-Албина аз ҷояш рост хеста бе истиҳола рони сап-сафеди худро ҷониби Шайх гардонду ҷои холи Замирро нишон дод.
Шайх Салим аз ҷояш давида хеста назди Албина омад ва аз бари рӯяш бӯсид. Духтар аз ҳайрат як калавиду боз худро ба даст гирифта, ба курсии худ бозпас нишаста фикр кард: «Аз афташ мардак девона шудааст»…
Шайх ҳам, ки бо шунидани ҷои холи Замир дилаш ба ларза даромада худро фаромӯш карда буд, аз он, ки ғайриихтиёр Албинаро бӯсид, андак хиҷолатманд шуд ва ба атроф нигоҳ кард, ки мабодо ин кори ӯро зердастонаш надида бошанд. Аммо касе ба тарафти онҳо нигоҳ намекард ва агар бинад ҳам худро нодида мегирифт. Ӯ ба Албина нигариста гуфт:
-Узр мехоҳам. Худро ба даст гирифта натавонистам. Охир ман ҳам дар ҳамон ҷоям хол дорам…
-Ман инро медонам…
-Аз куҷо?
-Гулрафтор гуфта буд, вале рости гап он вақт бовар накарда будам…
-Ҳмм, маълум мешавад, ки ӯ хеле азоб кашидааст…
-Азоби чӣ? Ӯ эркаи Омина буд. Фақат бузҳоро меҷӯшиду халос. Мани бечора ҳам шустушӯю рӯфту рӯб мекардаму ҳам шабона…
-Шабона чӣ кор мекардӣ?
-О, як бор гуфтам ку…Ба ман пул даркор буд. Ман ба ин кишвари шумо барои пулкоркунӣ омадаам, на барои сайру саёҳат. Шабона бекор намеистодаму кор мекардам…
-Ҳмм, медонам чӣ кор мекардӣ…Дар ин вақт Гулрафтор ба чӣ кор машғул мешуд?
-Ӯ фақат овораи Замираш буд. Маро насиҳат мекард, ки ҳамин корамро партоям. Чӣ, магар ин кор ба худи ман маъқул аст? Ба оғӯш кашидани мардони бадбӯи арақин ба кӣ мефорад? Аммо маро дар ватанам духтарчаи хурд ва модари пирам интизоранд. Онҳо гумон доранд, ки ман дар ким- кадом фирмаи бой кор мекунаму ба наздикӣ аз иҷоранишинӣ халос мешаванд. Аммо сад афсӯс, ки бо айби як лаънатӣ ба биёбон афтодам. Ӯ ҳам пуламро гирифту ҳам ҳуҷҷатҳоямро. Ана баъд бо Гулрафтори шумо якҷо шудем. Гуфтам ку, Гулрафтор ба ман ягон бадӣ накардааст. Агар ӯ «конкуренти» ман мешуд, як тин ҳам ҷамъ карда наметавонистам. Шукр, ҳоло як се ҳазор дорам…
-Канӣ пулҳоят?
-Эҳе, ба шумо боз ҷояшро ҳам гӯям-мӣ? Хоб дидед. Ман як бор ба доми он «дугонаи» лаънатӣ афтидам, бас аст…
Шайх Салим табассум карда гуфт:
-Ман ба пулҳои ту коре надорам, аммо мехоҳам бо ту ба таври расмӣ контракт-шартнома бандам…
-Ман ба ғайр аз…боз чӣ кор карда метавонам, ки бо шумо шартнома мебандам?
-Ту бисёр кор карда метавонӣ. Метавонӣ, ки ҳам модару духтаратро аз иҷорашинӣ халос кунию ҳам худат бою бадавлат шавӣ, агар…
-Агар чӣ?-чашмони осмонранги Албина ин лаҳза аз будаш калонтар шуданд. Вай бо як завқи кӯдакона ба даҳони Шайхи Тиллоӣ менигарист.
-Агар мою ту…агар кӯмак расонӣ ва мо Замирро пайдо кунем…
-О, ин кори мушкил…,- гӯё ба болои оташи шавқу завқи духтар як сатил оби хунук рехта бошанд, дубора музтар шуд,- Ин кори мушкил…
-Не, ту натарс. Ман шартномаро барои ҳар шабонарӯзи бо мо буданат мебандам ва агар Замирро пайдо кунем, барои ин мукофоти алоҳида мегирӣ…
Албина андаке фикр карду гуфт:
-Рости гап, ба ман пул даркор, вале агар ин пул ба ивази ягон зарар расидан ба дугонаам Гулрафтор, фарзанди ӯ Замир ва ё ибни Шамсу Омина бошад, ман аз баҳри чунин пулу чунин шартнома мегузарам…Онҳо ҳама дӯстони мананд ва дар рӯзҳои сахтам ба ман кӯмак кардаанд. Ман ҳарчанд шарафи зан буданамро гум карда бошам ҳам, шарафи инсониамро гум накардаам…Маро масхара накунед…
-Кӣ гуфт, ки ман ба зарари шахсони гуфтаат кор карданӣ ҳастам? Ту маро фаҳм, ман фарзанди худро пайдо кардан мехоҳам ва барои ин аз ҳеҷ кор даст намекашам…
-Ин кори Шумост. Аммо марди ҳақиқӣ зани худро эҳтиёт мекунад, ки ба чунин рӯз наафтад. Дигар ин ки, ман аз куҷо медонам мақсади шумо чист?
Шайхи Тиллоӣ бори аввал ба чунин ҳолат гирифтор шуд. Ӯ- шахсе, ки ҳар рӯз садҳо нафар дар чандин гӯшаи ҷаҳон бо таъзим ба фармонаш мунтазир мешудану ҳар як суханашро бо оби тилло менавиштанд, ҳоло дар назди як духтаре, ки ба фоҳишагӣ машғул буд, музтару зор мондааст. Намедонад чӣ кор кунад, ки ӯро барои пайдо кардани фарзанди худ розӣ намояд. Ҳайрон аст , ки чӣ кор кунаду боварии ӯро дарёбад. Шайхи Тиллоӣ бори аввал медид, ки пулу мол баъзан коре карда наметавонанд.
-Бале, ман ба пул ниёз дорам, вале бар ивази он ягон дӯстамро фурӯхтанӣ нестам. Барои ҳамин узр, ҷаноби шайх, ба ман иҷозат диҳед, ки аз паи кори худ шавам,-гарданшахӣ мекард Албина.
Шайхи Тиллоӣ бо сари хам аз паси миз хест ва атрофи онро чарх зада, ба назди Албина омад. Духтар ҳам аз ҷои худ боло шуд ва дар рӯ ба рӯи ӯ рост истод. Интизор буд, ки бо он ваҷоҳате, ки Шайх дорад, ҳоло ӯро шатта мезанад. Шайх бо диққат ба чашмони осмонранги Албина нигоҳ кард ва якбора дар пеши ӯ зону заду гуфт:
-Илтиҷо мекунам, ба ман кӯмак расон, ки ба дидори фарзандам расам!
Албина ҳайрон шуда чӣ кор карданашро намедонист. Шайхи Тиллоӣ пойҳои ӯро оғӯш намуда буд ва духтар маҷоли аз назди ӯ дур шуданро надошт. Хам шуда аз китфонаш ӯро боло кард. Дар чашмони Шайх ашк медурахшид…
-Аз куҷо медонед, ки ӯ фарзанди шумост?
-Ман медонам, ӯро ба ман Худо фиристодааст.
-Майлаш, ман ба Шумо бовар кардам. То охирин нафасам барои ёфтани Замир ба шумо кӯмак мерасонам. Фақат як шарт, ба ягон нафар аз дӯстони ман зарар нарасад…
-Ба чашм,- гӯён Шайх аз назди Албина дур шуд.
Аз паси дарахти нахл сардори хадамоти бехатарии Шайхи Тиллоӣ ба ин рафтори хӯҷаини худ наззора мекард. Ӯ фаҳмид, ки минбаъд Албина дар зери ҳимояи Шайх Салим аст ва барои ҷони ӯ ҷавобгар мебошад…Аммо ӯ намедонист, ки аллакай нақшаи аз байн бурдани ин духтар дар паси дарҳои дигар ва дар ҷои дигар тарҳрезӣ шудааст…
***
…Сари роҳи духтарон бародари Саида онҳоро интизор буд ва бо даст ба он сӯи роҳ, ки мошинашро гузошта буд, ишора намуда гуфт:
-Шумо ба куҷо рафтед? Ман аз прокуратура баромада, дар ошхонаи сари роҳ баромаданатонро интизор шудам. Аммо аз шумо дарак нашуд. Он муфаттишро пурсидам, гуфт, ки ба тарафи дарё рафтед. Хавотир шуда ин ҷо омадам…
-Хавотир нашавед, акаҷон. Мо худро ба дарё андохтанӣ нестем,- хандид Гулрафтор,-Ҳанӯз аз дунё умед дорем. Беҳтараш ба мо ягон хонаи иҷораи хуб ёфта диҳед.
-Хонаи иҷора? Барои кӣ?
-Барои ману Саида. Орзӯи шуморо амалӣ карданӣ ҳастем…
-Кадом орзӯямро?
-Охир худатон Саидаро бо мақсади хондан ба ин ҷо оварда будаед-ку… Пас монед хонаду орзӯяш амалӣ шавад…
-Майлаш куя…Лекин то оғози имтиҳонҳо ҳоло хеле вақт ҳаст…
-Мо то он вақт тайёр мешавем,-ба гап ҳамроҳ шуд Саида,-Ана баъд худамон имтиҳонамонро месупорем…
-Агар шумо инҷо монед, падарам маро азоб медиҳад. Ӯ гуфта буд, ки ҳардуятонрро сиҳату саломат барам… Боз ҳоло суд дар пеш…
-Он кас моро мефаҳманд. Аз пулаш хавотир нашавед, иҷорапулӣ дорем…
Инро гуфту Гулрафтор пушаймон шуд. «Шояд дар дилаш пулҳои бо роҳи кори ҳаром ба даст овардаатонро акнун сарф мекунед, гӯяд…»
Вазъияти ноҳинҷори ӯро муаллими рамузфаҳм зуд дарк кард ва барои раҳо намудани ӯ аз ин ҳолат гуфт:
-Гап дар сари ин не, дар хонаи рафиқони ман бепул ҳам зистан мумкин. Аммо падару модарам чӣ мегӯянд?
-Ба онҳо фаҳмонед, ки духтарон мехоҳанд ба имтиҳон тайёр шаванд ва ҳуҷҷатҳояшонро барқарор намоянд. Ин ҷо маркази вилоят аст ва ҳама кор дар ҳамин ҷо ҳал мешавад. Ҳар рӯз то Конибодом рафта омадан душвор… Хайр, худатон медонед, чӣ гуфтанатонро…
-Ин тавр бошад, биёед ман шуморо ба ҷое мебарам, ки ҳам ба китобхона наздик бошаду ҳам ба ошхона,-гуфт бародари Саида ва онҳо ба мошин нишастанд…
… Ҷамшед аз паси дарахт, ки ноаён ба он ҷо паноҳ бурда буд, гуфтугузори он се нафарро шунид ва пас аз он, ки духтаронро бо нигоҳ гусел намуд, ба коргоҳи худ баргашт. «Аҷиб, дар давоми панҷ соли таҳсил дар Душанбе ва ана боз ду соли корам ба ягон зан таваҷҷӯҳи махсус надоштам. Чаро ин духтар ин қадар маро ба худ ҷалб кардааст?» Ӯ ин саволро аз рӯзи аввалини вохӯриаш бо Гулрафтор ҳар рӯз ба худ медоду аммо ҷавобе пайдо карда наметавонист. Ӯ сарашро аз байни дастонаш гирифта, аз болои миз парвандаи ҷиноятии вобаста ба қочоқи одамро, ки нисбати Ҷамила ё номи аслиаш …боз гардида буд, ба пеши худ кашид. Аз байни он навиштаҳои Гулрафторро пайдо карда бори чандум буд, ки ба хондан оғоз намуд. Аллакай ӯ ин баёнот ё шарҳи ҳоли ин духтарро қариб, ки азёд медонист. Медонист, ки ин навиштаҳои ӯ аз баёнот дида, бештар ба як қиссаи пурталотуми зиндагӣ монанд аст. То кадом андоза ин воқеият дорад? Шояд ин як худсафедкунӣ асту халос? Инро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст? Он чи, ки ӯро бо роҳи фиреб ба Дубай бурдаанд, ҷои шубҳа надорад ва инро он зани фиребгар тасдиқ мекунад. Аммо боқимондааш чӣ? Магар як шайхи араб, ки дороияш хеле зиёд аст, ба як зани аз хориҷа барои танфурӯшӣ омада издивоҷ мекунад? Ақли кас намегирад…
Баногоҳ аз байни варақҳои парванда коғазе баромад, ки дар он рақами телефони он ҷавоне, ки гӯё ба Гулрафтору шавҳараш дар Италия тарҷумонӣ кардааст, навишта шуда буд. Ҷамшед онро бо диққат аз назар гузаронд. Шояд калиди ин муамморо ҳамин рақам кушояд? Оё он ҷавон ҳанӯз ҳам дар Италия бошад?
-Аз карнайчи як пуф,-зери лаб андеша намуд Ҷамшед ва коғазро гирифта аз дар баромаду ба тарафи ҳуҷраи сардори худ рафт.
Сардор ӯро ба нишастан таклиф намуда гуфт:
-Ҷамшед, ҳарчи зудтар кори он занро ба охир расонидан лозим. Аз боло талаб карда истодаанд. Мегӯянд, ки як суди намоишӣ ташкил кардан лозим, ки ба дигарон ибрат шавад. Ту мефаҳмӣ, ки ин ҷинояткорон занону духтарони моро бо ҳар роҳ ба он ҷо бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд. Охир ин ҳам ба обрӯи мардуми мо ва ҳам давлати мо таъсир мекунад…
-Мефаҳмам, тафтишот қариб ба охир расид…
-Он духтари авбош чӣ? Ҳамоне, ки дар фурӯдгоҳ корманди онро зери мушту лагат гирифта буд?
-Ӯ хам бо иҷозати шумо дар озодист. Забонхат барои ба ҳеҷ куҷо нарафтан додааст. Худаш ҳам ба ягон ҷо рафтанӣ нест. Падару модараш дар ҷануби кишвар зиндагӣ мекунанд. Зани дар фурӯдгоҳ ҷабрдида аризаашро бозпас гирифт…
-Албатта, бо хоҳиши ту будагист…,-табассум кард сардор,-Ин духтар хеле зебост ва дили ҳар ҷавонро гирифтор карда метавонад. Эҳтиёт шав…
Ҷамшед сарашро хам карду гуфт:
-Вай ба занҳои беҳудагард монанд нест. Мегӯяд, ки дар Арабистон шавҳар дошт ва фарзанд ҳам дорад…
-Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?
-Ман ҳам бо ҳамин мақсад ба назди Шумо даромадам. Ана инҷо як рақами телефон ҳаст. Мегӯяд, ки онро дар Италия, вақте, ки ҳамроҳи шавҳараш сафар мекард, як ҷавони тоҷик, ки ба онҳо тарҷумон буд, додааст. Шояд бо ин ҷавон ба алоқа бароем?
Сардор коғазро аз дасти Ҷамшед гирифта дурудароз нигоҳ кард ва гуфт:
-Майлаш, биё як кӯшиш карда мебинем…Телефони ман роуменг-воситаи алоқаи байналмилалӣ дорад. Канӣ, коди Италияро ёб…
Ҷамшед зуд ба паси компютер нишаста, аз он ҷо маълумоти даркориро пайдо карду навишта ба сардор дароз кард. Сардор рақамҳоро паси ҳам чида истода гуфт:
-Агар ба ҷои дигар нарафта бошад ва ё рақамашро тағйир надода бошад, ҳозир меёбем…
Аз телефон, ки баландгӯякаш фаъол карда шуда буд, аввал чанд бор садои рафтани занг шунида шуд ва пасон овоз баромад:
-Алу, ай лисн ю (ман шуморо мешунавам. англ)
-Салом, ман ҳам шуморо мешунавам,- ба забони тоҷикӣ ҷавоб дод сардор,-бародар Шумо Саид ҳастед?
-Салом. Бале ман Саид. Бо кӣ гап мезанам?
-Барои ташвиш узр. Шуморо аз прокуратураи вилояти Суғд ташвиш медиҳанд. Ман сардори шӯъбаи тафтишоти корҳои махсусан муҳим…
-Ман дар хизмати шумо…,-ҷавоб омад аз он тарафи Аврупо,- Чӣ мехостед?
-Чӣ кораед?
-Чор сол боз дар Италия таҳсил мекунам. Ҳар сол як моҳ ба Тоҷикистон меравам, ба вилояте, ки ҳоло шумо аз он ҷо гап мезанед. Як сол пас таҳсилам ба охир мерасад. Боз чӣ мехостед фаҳмед?
-Ин ҷо мо як нафарро аз Дубай овардем, тасдиқ мекунад, ки дар Италия буд ва шумо ба ӯ тарҷумонӣ кардаед…