Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми34)
04.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3571

(Идомааш)

-Кӣ будааст ӯ?

-Ҳамон духтаре, ки ману ту дар хонаамон ҷой додему ӯ каждум будааст, боз бо ҳамин чархбол баргаштааст Акнун агар занҳо сангсор накунанд ҳам, ман худам парронда мекушам...

-Астағфуруллоҳ гӯед, кӣ Гулрафтор омадааст?-хавотиромез ба Замири дар рӯи пӯсти буз ғелидаистода пурсид Омина

-Не, ана вай дигараш. Чашмонаш кабуд буд ку, ҳар шаб ба хаймаи як кас мерафтаасту ману ту бехабар будем…

-Э, Албина,-ба таври худ талаффуз намуд Омина,-вайро сангсор мекунанд, чаро омадааст?

-Ана ҳаминро ман ҳам фаҳмиданӣ,-дигар ба гапи занаш гӯш надода ибни Шамс аз хайма берун шуд. Аз паси ӯ Омина ҳам баромад.

Сардори хадамоти амниятӣ вақте дид, ки шахсе автомат дар даст ба онҳо наздик мешавад, зуд худро ба замин партофта аз дасти Албина кашида ӯро ҳам аз пой афтонд ва ба тобеонаш амр кард:

-Худро ба замин партоед, аммо оташ накушоед.

Онҳо ба амри сардори худ итоат карданд ва Заробиддин бо овози баланд ба тарафи ибни Шамс гуфт:

-Дар ҷоят ист ва дигар як қадам пеш наой, ки ҳадафи тир мешавӣ…

-Ман ба шумоён кор надорам, аммо он занеро, ки дар паҳлӯят хобидааст, ба пеши ман роҳӣ кун.

-Чӣ кор мекунӣ?

-Коре мекунам, ки дигар қадами наҳсаш ба замини мо нарасад. Он лаънатӣ ҷавонони қабиларо аз роҳ бароварда, ба сари ману занам қариб бадбахтӣ оварда буд…

-Салоҳатонро ба замин гузошта ба назди мо биёед, маслиҳат мекунем…

Баъд аз шунидани ин суханон Албинаро мисли он, ки вараҷа гирифта бошад, ба ларза даромаду сарашро аз болои рег бардошта аз сардори хадамот хавотиромез пурсид:

-Чӣ, шумо маро ба ӯ доданӣ ҳастед?

Сардор табассумкунон гуфт:

-Ман гуфтам- ку, маслиҳат мекунем. Агар маслиҳатамон пазад, шояд кор бе хунрезӣ ба анҷом расад…

Албина бори аввал нафаси хунуки аҷалро ҳис карда, бо тавалло ба Заробиддин гиряолуд гуфт:

-Наход маро бо ваъдаҳои ҳавоӣ ба ин ҷо оварда бошед, ки ба дасти ин ваҳшиҳо супроед?

Боз ҳам дар лабони сардор табассум дамид ва ӯ Албинаро таскин дод:

Натарсед, ман шуморо ба ҳеҷ кас доданӣ нестам. Фақат гуфтаҳои маро иҷро кунед, шуд.

-Бо ҷону дил,-дили духтар андаке ором шуд

Аз ҷониби дигар, ибни Шамс дид, ки дар танҳоӣ аз дасташ коре намеояд ва ҳамроҳи Албина чанд марди мусаллаҳ ҳастанд, Калашникови худро болои рег гузошта, дастонашро боло бардошт ва нишон дод, ки беяроқ аст Пас аз ин сардори хадамот аз дасти Албина гирифта, ӯро ҳам аз болои замин хезонду ба тарафи ибни Шамс чанд қадам гузошт. Ин дам аз паси Шамс Омина ҳам расида омад ва дар баробари дидани Албина ба тарафи ӯ давид.

-Ту барои чӣ омадӣ? Инҳо туро сангсор мекунанд,-ба тарафи мардуми ҷамъшуда ишора намуд ӯ.

-Мо ҳеҷ касро сангсор шудан намемонем,-пеш даромада гуфт Заробиддин,-ба мо фақат Замир даркор.

-Кадом Замир?-ин дафъа бо овози гирифтаю малул пурсид Омина.

-Ҳамон Замире, ки дар хаймаи шумо ҳаст. Писари Гулрафтор.

-Мо ягон хел Замири писари Гулрафторро намедонем. Дар хаймаи мо писари худамон аст ва мо ӯро ба ҳеҷ кас намедиҳем,- бо овози ларзон гуфт ибни Шамс. Маълум буд, ки дар як лаҳза ӯ худро бой додааст ва аз шуҷоату мардонагиаш нишоне ҳам намонда буд.

-Омина дурӯғ нагӯй, писари Гулрафтор –Замир дар дасти шумост ва падараш мехоҳад ӯро бинад,-овоз баровард Албина

-Ана инҳоро кӣ ба ин ҷо овардааст,-дубора ба ғазаб омад ибни Шамс,-Агар вай писари Гулрафтор бошад, ба ту чӣ? Чаро худаш нею ту ба ин ҷо барои ӯ омадӣ?

-Ман барои ӯ наомадаам, маро маҷбур ба ин ҷо оварданд. Ана инҳо,-ба сӯи Заробиддин ва ҳамроҳонаш ишора намуд Албина.

-Мо ӯро аз шумо гирифтанӣ нестем. Фақат як назар мехостем, бинем, ки ӯ сиҳату саломат аст ё не. Агар нахоҳед, ки кор бо моҷаро анҷом ёбад, пеш дароеду Замирро ба мо нишон диҳед.

Мӯйсафед ибни Шамс ва занаш ҳайрон буданд, ки чӣ кор кунанд. Ин яроқдорон дар ҳама ҳолат метавонанд онҳоро мағлуб карда, Замирро бо худ баранд. Аз ҷониби дигар, Замир ба онҳо аз фарзандони худашон дида, азизтар шуда буд ва ӯро ҳатто ба модараш доданӣ набуданд. Ҳамин вақт сардори қабила дар ҳалқаи чанд ҷондори худ пайдо шуд ва ба Заробиддин наздик шуда, ба тарзи саломи арабҳои бодиянишин ӯро оғӯш кард ва сабаби ташрифи онҳоро пурсид.

Заробиддин батафсил дар дораи сабаби ба ин ҷо омаданашон ва кӣ будани хӯҷаинаш гап зад. Баробари шунидани номи Шайх Салим ибни Соиб сардори қабила дар пеши пои сардори хадамот хам шуда, бо аломати таъзим замин бӯсид. Сардори хадамот ӯро аз болои рег баланд карду гуфт:

-Ҳоло ҷаноби Шайх дар роҳанд ва пас аз даҳ дақиқа чархболашон дар ин ҷо фуруд меояд. Он кас мехоҳанд овозаҳоро дар бораи он, ки гӯё як   фарзандашон дар қабилаи шумо ҳаст, шахсан худашон тафтиш карда бинанд.

-Ман ва ҳамаи аҳли қабила дар хизмати шайхем. Писари он кас дар куҷо будааст?

-Дар хаймаи ана ин шахси мӯътабар,-ба ибни Шамс ишора намуд Зарробиддин.

-Ин тавр бошад, рафтем ба ҳамон ҷо…,-ҳидоят намуд сардори қабила.

Ибни Шамс аз чунин сурат гирифтани кор тамоман ноумед гардида, ноилоҷ пеш-пеш даромад ва аз паси ӯ Албинаю Зарробиддин ва сардори қабила бо чанд нафари дигар ба тарафи хаймаи ибни Шамс ҳаракат карданд. Вақте ки онҳо ба дари хайма наздик шуданд, аз дохили он ду бузғолачаи навзод бозикунон баромаданд ва Омина бо чӯбдасте онҳоро пеш карда истода гуфт:

-Ҳэ, шайтонҳо. Як лаҳза хаймаро бе одам монда намешавад . Худо медонад онҳо боз чиро чаппа карда бошанд. Худоё, дар он ҷо Замир дар замин буд, боз мабодо зери по накарда бошанд?

Баъд аз ин суханон ҳама қадам тез карданд. Аввалин шуда Замир ба дари хайма расида, гӯшаи онро боло кард. Дар рӯи пустаки буз тифли нимурёне сарашро ба тарафи равшание, ки аз дар даромада истода буд, гардонда, бо овози баланд қиқирросзанон механдид. Чунон механдид, ки сардори хадамот низ худро дошта натавониста, табассум кард. Ӯ дастонашро ба ду тараф паҳн карда, ҳеҷ касро даромадан намонд ва ҳамаи омадагон дар як ҷо ҷамъ шуда ҳайрон ба кӯдаке, ки аз ҷои хобаш яктарафа шуда ба онҳо механдид, менигаристанд. Садои чархбол садои хандаи ӯро пахш кард ва сардори хадамот гуфт:

-Ана, Шайхи Бузург ҳам расида омаданд…

 

                                                ***

   Омадани фасли баҳор дар ҳар сари қадам ҳис карда мешуд. Дар соҳили Сир ва боғи истироҳатии наздикии театри ба номи Пушкин аз зери хазони порсола аллакай сабза дамида буд. Соҳибони чойхонаю тарабхонаҳо мизу курсӣ ва катҳои худро ба берун мебароварданд ва ин манзара симои шаҳрро, ки зимистони тӯлониро паси сар карда буд, ба назар дилработар менамуд. Гулрафтор дар деҳае ба камол расида буд, ки дар онҷо на дарёи бузург ва на баҳри беканор буд, аммо аз чӣ бошад, ки нишастан дар соҳили Сирро дӯст дошта монд. Баъд аз он, ки ҳамроҳи Саида иҷоранишин шуд, рӯзона пас аз он, ки як муддат дар китобхонаи Асирӣ китоб мехонд, ба инҷо омада, дар соҳил дурудароз менишаст ва ғарқи андешаҳо мешуд. Дар китобхона ӯ китобҳои дарсии синфи даҳу ёздаҳро гирифта, сабақҳои фаромӯшшудаи устодонро ба ёд меовард ва кӯшиш мекард, ки андаке бошад ҳам, аз он гузаштаҳо дар навори хотираш чизе пайдо шаванд. Охир ӯ мехост риштаи гусастаи нияти амалиношудаи худро пайванд кунад ва бо кадом роҳе набошад, таҳсилдида шавад. Аммо пас аз ин қадар гиру дорҳо ва пайдо шудани Салиму Замир дар ҳаёташ, магар минбаъд аз ӯҳдаи хондан мебарояд? Инро худаш ҳам намедонист. Ин ҳамаро ба кӣ гӯяду аз кӣ маслиҳат пурсад? Ягона ҳамрозаш Саида аст, вале ба ӯ ҳам ин гапро гуфта наметавонад. Аз рӯзе, ки онҳо ҳамхонаанд, Гулрафтор ҳамин қадарашро фаҳмид, ки Саида ниҳоят духтари софдил ва ба дӯстонаш вафодор аст. Ҳарчанд Гулрафтор пули зиёд дошт ва метавонист иҷорапулии худашу ӯро барои чанд сол пешакӣ диҳад, аммо Саида намегузошт, ки ӯ ин корро кунад.

-Ту ҳоло ҳам мусофир ҳастӣ. Ба деҳаатон рафтан намехоҳӣ. Орзуи хондан дорӣ, боз мехоҳӣ, ки фарзандатро пайдо кунӣ. Барои ҳамаи ин пул даркор. Биё, бародарамро мегӯем, пулатро дар бонк мемонад. Ҳам фоида медиҳаду ҳам бехавотир мегардӣ…

Гулрафтор ин маслиҳатро қабул кард. Вай баъзан дар дилаш мегуфт: «Агар ҳамон вақт дар фурӯдгоҳ Саида аз пулро гирифтанаш мункир мешуд, ман коре карда наметавонистам. Аммо худоро шукр, ки ин духтар поквиҷдону дилсоф баромад. «Худованд Саидаро дар паноҳаш нигоҳ дорад»,-беихтиёр дуои бибиашро ба хотир овард Гулрафтор.

Ӯ ба мавҷҳои Сир чашм андохта, хаёлан боз ба бибиаш муроҷиат кард:

«Бибиҷон, бигӯ, ман чӣ кор кунам? Дар ин мусофирӣ сарамро ба куҷо занам? Чаро зиндагии ман мисли шабу рӯз гоҳ сиёҳу гоҳ сафед аст? Ана як бор Худо ғами маро хӯрду падарам иҷозати ба шаҳр омада хонданро дод, аммо боз шаб шуду аз имтиҳон нагузаштам ва ба дасти Ҷамилаи худобехабар афтодам. Бори дуюм ғамамро хӯрду ба ман Салимро ато кард, ки беҳтарин рӯзҳои ҳаётамро бо ӯ гузаронидам. Аммо шояд кадом корам ба худованд хуш наомад, ки бо амри Ҳақ ба биёбон афтодаму азобҳои зиёде кашидам. Раҳмаш омаду офаридгор бароям субҳ ато кард ва Замирро фиристод. Аммо боз ҳам рӯзи ман давомдор нашуд ва бубин, ки аз ду нафари бароям азизтарин ҷудо афтодам. Ҳоло дар ғарибӣ дар соҳили дарё интизори рӯз ҳастам. Додамро ба кӣ гӯям? Ба Худое, ки ба ман гоҳ шабу гоҳ рӯз мефиристад ва гоҳ шодам мекунаду гоҳ ғамгин? Мехоҳам ҳаётам, зиндагиам ҳамеша равшан бошаду дар он дигар ягон торикӣ ё доғе пайдо нашавад. Магар ман ба ин ҳақ надорам?»

Дар ҷавоб танҳо овози шалаппоси мавҷи Сир ба гӯш мерасиду халос. Ин садо шояд аз замоне, ки киштиҳои намадини Темурмалик ба сӯи аҷнабиён тир меандохтанд, ҳамин тавр буду боз ҳазорон сол ҳамин тавр боқӣ мемонад? Шояд то Гулрафтор ҳам ҳазорон нафари дигар ба ин мавҷҳо дарди дил карда, дар ҷавоб танҳо садои мавҷи бепарворо шунидаанд? Ё то ин замон ҳазорони дигар ба саволҳояшон ҷавобе наёфта, худро ба оғӯши мавҷҳои Сир андохтаанд, ки шумораашонро то имрӯз касе намедонад? Агар ӯ ҳам аз ҳамин тоифа пайравӣ кунаду худро ба ихтиёри ин амвоҷ супорад? Не, ӯ наметавонад Замирашро партофта равад. Аммо Сир ба Гулрафтор маслиҳат намедод, бепарво, мавҷзанон мерафту мерафт…

Бибӣ ҳам хомӯш буд.

Чашми Гулрафтор ба қаиқе афтод, ки дар болояш ду наврас менишастанд ва бо ҳамдигар шӯхиомез часпу талош доштанд. Ногаҳон қаиқ яктарафа каҷ шуд ва яке аз онҳо ба дарё афтод. Ҳамроҳаш бо овози баланд фарёд кашид:

-Ҳакимҷон оббозиро намедонад, ӯро наҷот диҳед!

Гулрафтор ба атроф нигоҳ кард. Дар наздикиҳо касе набуд. Бачаи ба об афтода як-ду бор сарашро аз байни мавҷҳо намоён карда, ҷонҳавл мехост худро ба соҳил расонад, вале боз мавҷ ӯро сахттар печонида ҳамроҳи худ ба поён мебурд. Гулрафтор баробари ӯ лаб-лаби об медавиду чӣ кор карданашро намедонист. Дид, ки пас аз чанд лаҳза писаракро дигар   наҷот додан ғайриимкон мешавад, андеша накарда худро бо либосаш ба об андохт. Ҳарчанд каме малакаи оббозӣ карданро дошт, аммо дарёи Сир аз он дарёҳое нест, ки бо он шӯхӣ кунанд. Гулрафтор ду-се қулоч кашида, худро ба писарбача расонд, вале ҳис кард, ки худи ӯро низ об ба комаш мекашад. Писарак бошад, баробари наздик шудани ӯ бо ду даст ба бадани Гулрафтор часпид ва духтар дигар имкони дасту по ҷунбонданро надошт. Дар ин ҳолатҳо аксар вақт ғаввосҳои моҳир ва таҷрибанок коре карда нафареро, ки наҷот доданӣ мешаванд, бо зарбае аз худ меравонанд ва баъд ӯро ба соҳил мекашанд. Аммо Гулрафтор ҳатто чӣ тавр дуруст дар рӯи об истоданро намедонист. Акнун ду ҷон дар талоши ҳаёт буд. Гулрафтор ҳис мекард, ки қувваташ рафта истодааст. «Хайр, тақдир ҳамин будааст, дидор дар қиёмат»,-гӯён хаёлан бо писару шавҳараш хайрбод гуфта, кӯшиш мекард, ки сари писарак аз об боло истад. «Бигзор ӯ аз ман чанд лаҳза зиёдтар умр бинад…», -меандешид Гулрафтор ва дар лаҳзаҳои охирини зиндагиаш ҳам ғами дигаронро мехӯрд…

Ин лаҳза дасти пурқуввате аз бозӯи Гулрафтор гирифта, ӯро зери об шудан намонд ва ҳамроҳи писараки ғарқшудаистода ба сӯи соҳил кашид. Духтар ҳам кӯшиш мекард, ки бо ҳаракатҳояш ба наҷотдиҳандаи худ кӯмак расонад. Пас аз чанд кӯшиши паиҳам онҳо ба соҳил расиданд ва он марди худо аввал писарак ва баъд Гулрафторро ба соҳил баровард. Гулрафтор, ки аз ин «оббозии» ғайриихтиёр дар оби сард сахт хунук хӯрда буд, ларзида-ларзида аз ҷояш хеста ба сари писараки дар рӯи замин дароз кашиди омад. Ҷавони наҷотбахш ба сари ӯ хам шуда, бо дастонаш қафаси синаи писаракро сахт-сахт сахт фишор медод. Пас аз лаҳзае аз даҳони писарак оби дар шушаш ҷамъшуда омад ва ӯ ба ҳуш омада, ба гиря сар кард. То ин дам Гулрафтор ба сӯи наҷотдиҳандааш нигоҳ накарда буд ва вақте, ки мард сарашро бардошт, аз ҳайрат як лаҳза ларзаи бадани Гулрафтор бозистод: дар рӯ ба рӯи ӯ муфаттиши прокуратура Ҷамшед меистод. Ҷамшед ҳам бо либосҳояш худро ба дарё андохта буду дандонҳояшро шараққосзанон ба Гулрафтор гуфт:

-Ман гумон надоштам, ки шумо худро ба дарё меандозед…

-Чӣ, ман нигоҳ карда истам, ки ин писаракро чӣ тавр дарё ба коми худ мекашад? То охири умрам худро намебахшидам.

-Хайрият, ки ҳамааш хуб анҷом ёфт. Ман аввал хостам либосамро кашида, баъд ба об дароям, аммо дидам, ки шумо худро бо либосатон партофтед, ноилоҷ ман ҳам бо либос аз пасатон ба об даромадам…,- садои дандонҳои Ҷамшед баръало шунида мешуд.

-Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекардед?-ларзида истода пурсид Гулрафтор.

Ҷамшед ба ҷои ҷавоб телефони таршударо аз киссаи шимаш гирифта бо афсӯс гуфт:

-Ана, телефон ҳам баъд аз чунин «оббозӣ» аз гап монд. Биёед, зудтар ба ҳо ана он ошхона равем, ки ҳамаамон зуком мешавем.

Онҳо пасу пеш, аввал Ҷамшед, баъд писарики аз қаиқ афтода ва аз ҳама охир Гулрафтор аз соҳили дарё сарболо шуданд. Духтар намехост ҷавон қаду бари ӯро, ки либосҳои ба баданаш часпида мисли урён нишон медоданд, бинад…

-Ҳакимҷон, ту рав, ман ба наздат бармегардам,-аз қафо садои бачаи дигар, ки дар қаиқ менишаст, баланд шуд.

-Ба ӯ либоси хушкашрро биёр,- амр кард Ҷамшед ва ба тарафи Гулрафтор нигоҳ карда, бо овози паст илова намуд:-Мо бошем, худамон либосҳоямонро хушк мекунем. Ҳамин тавр не, Гулрафтор?

Духтар ба ин пурсиш ҷавобе надода, андеша мекард: «Ин муфаттиш дар ин вақт аз куҷо пайдо шуд? Ё аз паси ман поида истода бошад?»

 

                                             ***          

Садои хандаи тифл ҳамоно аз дохили хайма баланд мешуд. Аммо сардори хадамот ҳеҷ касро даромадан намемонд. Омина бо таҳлука хост аз байни нафароне, ки ҳамроҳи Зарробиддин буданд, гузашта Замирро гирад, вале ходимони амниятии Шайх ӯро нагузоштанд, ки дохил шавад.

-Камтар тоқат кунед, хӯҷаини мо расида ояд, баъд медароед,-гӯён Оминаро боздоштанӣ мешуд сардори хадамот.

-Хӯҷаини шумо ба бачаи ман чӣ кор дорад?-бо ҳайрат пурсид Омина.

-Замир бачаи шумост? Кай боз дар биёбон кампирҳо мезоидагӣ шудаанд? –хандид Заробиддин.

Ин гуфтаҳои ӯ мавҷи хандаи ҳамроҳонашро баланд кард. Ибни Шамс, ки баъд аз супурдани яроқаш ба дасти одамони Заробиддин худро он қадар дилпур ҳис намекард, бо шунидани ин суханон ба ғазаб омад ва бо зӯрӣ аз байни ҷондорони шайх гузашта, дар рӯ ба рӯи Заробиддин пайдо шуд. Вай бо пайкари аз ғазаб ларзони худ гӯё ӯро пора-пора карданӣ буд.

-Эй марде, ки бо худ чанд нафарро овардаию бо қувваи яроқ мехоҳӣ ба мардум зулм кунӣ. Магар қонунҳои биёбон ва шариати ниёгонатро фаромӯш кардаӣ? Кӣ ба ту иҷозат дод, ки ба хаймаи ман бе пурсиш оӣ ва ҳукматро   гузаронӣ? Агар мардӣ, бо зан баробар нашаву бо мани мӯйсафед қувва озмой. Ба уштур савор шуда метавонӣ? Ё ин ҳунари авлодонатро ҳам фаромӯш кардаӣ ва танҳо аз болои чархбол ҳукмравоӣ карда метавонӣ? Ман намедонам, ки ту аз куҷоиву ба чӣ мақсад ин ҷо омадаӣ, аммо дониста гир, ки ин рафторат беҷазо намемонад. Чаро зани маро таҳқир мекунӣ?

Заробиддин, ки чунин рафторро аз як мӯйсафеди лоғар интизор набуд, ба атроф нигоҳ кард. Дид, ки ҳамроҳонаш ва худи ӯ дар ҳалқаи мардуми бодиянишин қарор доранд ва аксари онҳо яроқноканд. Ҳарчанд аз ҷониби онҳо ягон ҳаракати хатарнок дида намешуд, аммо баъд аз суханони Ибни Шамс ҳис кард, ки ҳалқа тангтар мегардад. Маълум буд, ки ин мардум одамони худашонро ҳимоя карда метавонанд. Заробиддин андаке суст шуду ба ибни Шамс гуфт:

-Ман зани шуморо таҳқир карданӣ нестам. Ман ҳам араб ҳастаму ҳамаи оинҳои мардуми худро риоя мекунам. Фақат мехостам, ки аввал хӯҷаини мо-Шайхи Бузург бачаи шуморо як бор бинанд….Ана худи он кас ҳам омаданд.

Баробари шунидани ин гуфтаҳо мардуми ҷамъшуда ба тарафи чархболи шайх нигоҳ карданд, ки чанд лаҳза пеш дар паҳлӯи чархболи аввала ба замин нишаста буд.

Аҳли қабила бо шунидани номи Шайхи Бузург байни ҳам ба миш-миш сар карданд. Онҳо шунида буданд, ки ӯ яке аз шайхҳоест, ки дороии беҳад дорад ва гапаш ба ҳукуматҳои чанд давлати арабӣ мегузарад. Бинобар ин, сардорони қабилаҳои саҳронишин ҳам кӯшиш мекарданд бо Шайхи Тиллоӣ ва кормандони ӯ муносибати хуб дошта бошанд. Аммо аксари онҳо ӯро надида буданд ва намедонистанд, ки аз се нафари ба онҳо наздикшудаистода кадоме Шайх Салим ибни Соиб аст. Вақте, ки се нафарон ба тӯдаи мардум наздик шуд, одамон беихтиёр ба ду тараф тақсим шуда, ба онҳо роҳ кушоданд. Пеш- пеш Шайх Салим ва аз ду паҳлуяш ду нафар ҷондоронаш, ки чун аз хона берун мешуд, як қадам ҳам аз ӯ дур намешуданд, меомаданд. Арабҳои бодиянишин баъд аз расидани онҳо ба тӯда, бехато кадоме аз онҳо шайх Салим буданашонро муайян карданд. Қади баланд ва симои ҷиддию дилкаши Шайхи Тиллоӣ аз ашрофзода буданаш дарак медод…

Салим аз байни тӯдаи ҷамъомадагон гузашта, то он ҷое, ки Заробиддин истода буд, омада расид ва кӯтоҳакак пурсид:

-Канӣ?

Зарробиддин ҳам бе ягон сухан ба даромадгоҳи хаймаи ибни Шамс ишора намуд.

Аввалин чизе, ки ба чашми ба торикӣ одатнакардаи Шайх зад, ин пӯстаки бузе буд, ки дар рӯи хайма паҳн карда шуда буд. Баъд аз он, ки чашмаш андаке ба нимторикӣ одат кард, дида ба сӯи овози хандаи тифлона гардонд, ки дар рӯи ин пӯстак дасту по мезад. Шайх оҳиста қадам зада ба ӯ наздик ва ба болои тифл хам шуд. Ин лаҳза ҳамаи онҳое, ки аз дари хайма ба дарун менигаристанд, карахту лол шуда монданд. Тифл дастони худро ба сӯи сӯроби ба рӯяш хамшуда дароз карда, гӯё «маро гир» мегуфт. Дидани чунин ҳаракат аз тарафи тифле, ки ба қавле, ҳанӯз «почааш шах нашудааст» ҳайратовар буд . Шайх бо эҳтиёт тифлро аз болои пӯстак ба даст гирифт ва ба тарафи баромадгоҳ равон шуд. Одамон аз баромадгоҳ дур шуда ба Салим роҳ кушоданд. Шайхи Тиллоӣ баробари зери осмони кушод баромадан ба рӯи Замир нигоҳ кард. Тифл ҳанӯз ҳам табассум мекард ва бо ду даст ба синаи ӯ ҷафс шуда, гӯё чизе гуфтан мехост. Баногоҳ чашми Салим ба холе, ки дар паси гардани тифл буд, афтид. Вай бо дастонаш мӯи сиёҳи кӯдакро аз рӯи хол дуртар карда, ба он зеҳн монд. Баъд саросема Замирро ба пушт гардонда ба холе, ки дар банди пои чапи Замир буд, назар андохту бо дасти холиаш пешониашро дошт. Каме дар ҳамин ҳолат истод ва баъд аз тӯда дуртар шуд. Ҷондоронаш хостанд, ки аз пасаш раванд, аммо Заробидин бо ишораи даст онҳоро боздошт…

…Шайх Салим ибни Соиб дар рӯи реги биёбон чарзону нишаста, Замирро дар оғӯшаш пахш карда буд ва ҳар замон мисли он, ки гулеро мебӯида бошад, бинниашро байни мӯйҳои сиёҳи навдамида ва ҷингилаи писарак меандохту нафас мекашид. Аз чашмонаш ашк мерехт. Ин ашки шодӣ буд ё фироқ, худаш ҳам намефаҳмид. Аз тифл бӯи Гулрафтор, бӯи падар, бӯи модар ва боз ким чи хел бӯи аҷибе меомад, ки ин лаҳза ӯро маст карда буд. «Ин бӯи ҷаннат аст» дар дил хулоса кард Шайхи Тилооӣ. Баъд аз вохӯрдан бо Гулрафтор ин бори чандум аст, ки ӯ ашк мерехт. То он замон, ҳатто дар давраи тифлию наврасиаш касе гиряи ӯро надида буд. Салим ҳатто дар марги падараш дарун- дарун сӯхта, оби дидаашро ба касе нишон надода буд. Он замон ҳатто модараш, ки дар ҳаёт буд, Салимро ба бераҳмӣ айбдор карда буд. Канӣ акнун модар, ки ашки ӯро бинаду бо ӯ шарик шавад? Шодишарик шаваду беҳтарин нишонаи авлодиашро бинад? Бале, ин тифл аз авлоди ибни Соиб аст. Ба ин Салим заррае шубҳа надошт. Баробари дидани Замир қалби Салим ба таппиш даромаду дидагонаш фарзандашро шинохтанд. Ду холе, ки дар ду ҷои бадани Замир ҳаст, нишона аз худи Салим ва бобои ӯст. Замирро пас аз чанд лаҳзае, ки ӯро Салим ба бағали худ гирифт, хобаш бурд ва ҳоло орому осуда нафас мекашид. Магар тифл дар оғӯши марди бегона чунин орому осуда мехобад? Шайхи Тиллоӣ, ки баробари шунидани номаш дар Осиёю Аврупо садҳо нафар бо тавозӯъ сар ба пеш меандохтанд, ҳоло аз тарси он, ки бо ягон ҳаракати ноҷои худ хоби ин тифлро халалдор месозад, наҷунбида дар болои реги биёбон менишаст.   Менишасту хаёлан ба Гулрафтор муроҷиат менамуд: «Ту дар куҷоӣ, ки ман бо нишонае аз ту ин ҷо нишастааму аз Худо илтиҷо дорам, ки дубора маро ба дидорат расонад? Ман медонам, ки Одамро барои як гуноҳаш аз ҷаннат ронданд. Ман чӣ гуноҳ доштам, ки аз ҷаннати ту ронда шудам? Магар айби ман буд, ки он лаънатиҳо ҷои сусти маро дар ту ёфтанду маро аз ту маҳрум карданд? Оҳ, агар он лаҳзаҳоро пас гардондан мумкин мешуд…Чӣ илоҷ, ки дарёи рафта пас намегардад. Пас намегардад?! Чаро? Не, ман онро пасмегардонам ва туро меёбам! Акнун барои ин ман танҳо не, мо ду нафар мубориза мебарем. Ману писарам, ки писари ту ҳам ҳаст. Дар ин роҳ ҳеҷ кас садди роҳи мо шуда наметавонад…»

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД