Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми33)
03.01.2020
А. Ҳоҷӣ
2956

(Идомааш)

-Ин кори шумост ва ба ин ҳақ доред,-аз оҳанги гапи Саид маълум буд, ки ӯ аз саволҳои прокурор андаке ранҷидааст,-Ман фақат мехостам дар бораи як нафаре маълумот пайдо кунам, ки тақрибан ду сол пеш ба ӯ тарҷумонӣ кардаед…

-Эҳе, хеле вақт шудааст. Намедонам дар ёдам бошад…

-Номаш Гулафтор. Ба ӯ рақами телефон ва барои хотира як тӯҳфача ҳам дода будаед…

-Намедонам, ман ба бисёриҳо тарҷумонӣ кардаам. Номҳояшон кам дар ёдам мемонад. Бо баъзеашон як рӯз,бо дигарашон як ҳафта…Боз ягон нишонаи дигар дорад?

-Духтари бисёр ҳам зебо, гӯё бо шавҳараш будааст. Шавҳараш араб…

Аз он тарафи гӯшӣ як муддат ягон овоз набаромад ва танҳо садои нафаскашӣ шунида мешуду халос. Сипас якбора садои Саид баланд шуд:

-Э, ба ёдам омад. Бале, як духтари қадбаланди ниҳоят зебо. Шавҳараш як шайхи бои араб. Ҳамон вақт бо хоҳиши ӯ он шайх маблағи маро чанд маротиба зиёдтар дода буд. Пули яксолаи таҳсиламро супорида будам. Магар ӯро фаромӯш карда мешавад? Ҳоло ӯ дар куҷост? Магар ягон гуноҳ кардааст?

-Не, ӯ дар Хуҷанд аст ва мегӯяд, ки шавҳари араб дошт…

-Бале, ман худам таи чанд рӯз дидам, ки шавҳараш ба ӯ ниҳоят меҳрубон буд….

-Шояд ба сифати маъшуқа ӯро ба он ҷо бурда бошад?-савол дод сардор.

-Не, ин духтар зани қонуниаш буд. Ман ҳатто асноди онҳоро дида будам, ки ба Италия ҳамчун зани Шайх омада буд. Номи он шайх ба фикрам Салим буд…Ҳо бале, Шайх Салим. Маълум буд, ки марди бисёр дорост.Занашро бисёр дӯст медошт, ҳарчанд онҳо забони ҳамдигарро намефаҳмиданд…

-Ҳоло бо арабӣ озод гап мезанад,-зери лаб ғурунгид Ҷамшед. Маълум буд, ки ин муколама ба ӯ он қадар маъқул нест ва сардор ваҷоҳати муфаттиши ҷавонашро дида дарун-дарун механдид…

-Мебахшед, ҳамон зан чаро аз Арабистон баргаштааст? Магар шайх ӯро талоқ додааст? Ба фикрам, ин номумкин. Ӯ занашро чунон дӯст медошт, ки… ба ман иҷозат намедод, ки як сония бо ӯ танҳо бошам ва аз гуфтааш бештар як калима гап занам. Ҳарчанд мо ҳамшаҳрӣ будем…Дар ҳақиқат зани зебо буд, ман ин хелашро надида будам…,-маълум буд, ки Саид он рӯзҳоро ба ёд оварда, лаззат мебарад,-Ба ӯ чӣ шудааст?

-Ҳеҷ чиз нашудааст. Вай сиҳату саломат аст…

-Ман пас аз ду моҳ ба Ватан меравам, ӯро дида метавонам?

«Ана боз як кавалери дигар»,-аз дил гузаронд сардор ва ҷавоб дод:

-Бале, дида метавонед. Аммо ба фикрам дер мекунед,- сардор ба Ҷамшед нигариста чашмак зад,-Хайр, ба шумо барори кор. Ташаккур барои ҳамкорӣ…

Сардор телефонро хомӯш карда истода, кунҷкобона ба Ҷамшед нигарист:

-Ана ба ту муаммо… Зани як шайхи дороро бо ҷурми танфурӯшии маҷбурӣ баргардониданд. Фаҳмидӣ Ҷамшед? Акнун дилат пур шуд, ки ӯ шавҳар доштааст?!

-Барои ман дарёфти ҳақиқат муҳим аст. Пас чаро ӯ дар ин ҷост?

-Ба ин савол худат ҷавоб ёб,- сардор аз паси миз хест ва бо ҳамин ба Ҷамшед нишон дод, ки сӯҳбати онҳо ба охир расидааст…

                                             ***              

   Албина дар ин як ҳафтае, ки дар бӯстонсаро зиндагӣ мекард, ба муҳити атроф ва расму русуми даргоҳи Шайхи Тиллоӣ ошноӣ пайдо кард. Фаҳмид, ки Шайх субҳ хеле барвақт аз хоб мехезад ва дар соҳили баҳр сайругашт мекунад. Ҳарчанд Албина барвақтхезиро он қадар хуш надошт, аммо аз бозе, ки дар ин ҷо қарор дошт, чунин одат пайдо карда буд. Аз тирезаи утоқ ба соҳили баҳр нигариста, аксаран Салими ғарқи андешаро медид, ки оҳиста- оҳиста қадам мезад. «Ин мардак ин қадар дар бораи чӣ фикр мекарда бошад? Албатта дар бораи Гулрафтор будагист. Наход бо ҳамин қадар боигарӣ дигар зан ёфта натавонад? Мегӯянд, ки боз ду зани дигар доштааст. Хайр рав, пеши ҳамонҳояш, думи як занро дошта мегардӣ? Не, ба фикрам, инҷо ягон сирри дигар ҳаст. Шояд сахт ошиқ шудагӣ. Хайр, ҳамин ошиқиаш чист? Ана Михаи ман. Замони донишҷӯӣ «сӯхтаму пухтам» гуфта, дили маро ба даст оварду баъд... Вақте, ки мақсадаш иҷро шуд, аз паси духтарони дигар афтид. Боз ишқ мегӯянд. Ин ҳамааш гап. Ишқ ин ҳаваси мард ба зану зан ба мард то сер шудана. Дигараш афсона. Афсонаи ширине, ки мехоҳанд ба он бовар кунанд. Ромео ва Ҷулетаро гирем. Агар ба мақсадашон мерасиданд, боварӣ дорам, ки Ромео боз аз паси ягон зани дигар мегашт. Ё ҳамон шавҳари маро бинед, ҳатто таваллуди духтарчаам садди роҳ нашуд. Рафт. Хайр бало ба пасаш, равад рафтан гирад. Ба мардҳо қаҳт назадааст. Баъд аз ӯ даҳҳо нафарашро дидам. Ҳамааш як хел…»

Он саҳар Албина ғарқи андешаҳои худ аз паси Салим хеле нигарист. Андак пас дид, ки Шайх мисли ҳарпагоҳина ба сӯи манзили худ нарафта, ба тарафи утоқи ӯ меояд. «Ана худо дод, аз фурсат истифода бар, Албина. Дигар ин хел тасодуфро намеёбӣ»- ӯ зери лаб ин суханонро ба забон оварда, болопӯши ҳарири худро ба бар намуд, ки аз он тамоми баданаш метофт. Дар назди оинаи барқад мӯйҳояи тиллорангашро ба тартиб даровард ва рафта оҳиста занҷири дарро аз дарун боз намуд. Пас аз каме интизорӣ садои пойи Шайх шунида шуд. Ӯ аз паси дар бо ангуштонаш оҳиста онро зад. Ҳарчанд ин садоро Албина мешунид, аммо гӯшашро ба карӣ зада садо надод. Ин дафъа садои задани дар баландтар баромад. «Дар кушода, касе бошӣ даро»,- гуфт Албина, ки даромадгоҳро тариқи оина назорат мекард. Шайхи Тиллоӣ оҳиста аз дар даромада онро пӯшид. Аммо баробари дидани бадани қариб урёни Албина рӯяшро ба дигар тараф гардонд.

-Узр ҷаноби Шайх, ман аз омадани шумо бехабар мондам. Гумон кардам, ки ягон хизматгор аст,-гӯё шармида бошад, Албина барои ба бар кардани болопӯши хонагии худ ба тарафи кати хобаш рафт. Вай нақши духтари шармгинро чунон моҳирона бозид, ки ҳатто дар рӯйяш андаке сурхӣ дамид. Аммо Салим парвои ин рафтору гуфтори ӯро надошт ва курсиеро интихоб намуда, болои он нишасту гуфт:

-Хонум Албина, маро фиреб кардан душвор. Шумо омадани маро аз тиреза дида будед, дурӯғ нагӯед. Ман ба Шумо борҳо гуфтам, ки маро танҳо як зан метавонад ба шавқ орад ва он зан ҳоло дар ин ҷо нест. Худро беҳуда заҳмат надиҳед.

Салим аз бозе, ки Албинаро дида буд, ба ӯ гоҳе «шумо» ва гоҳе «ту» гуфта муроҷиат мекард. Ин вобаста ба табъаш буд. Аммо дар як гӯшаи дилаш ба ин зани аз кадом кишвари дур ба ин ҷо омада, ки мехост, ҳарчанд бо роҳи на он қадар ҳалол ҳам бошад, зиндагии худро таъмин кунад, эҳтиром дошт. Эҳтироми ӯро рафтори ин зан, ки намехост дӯстонашро фурӯшад, бештар мекард. «Аз баъзе дороёне, ки ба ивази чанд риёл тайёранд ҳамдигарро фурӯшанд, ин зан беҳтар аст» -мегуфт ӯ.

-Аз зиндагиатон шикоят надоред? Сари вақт хӯрокатонро таъмин мекунанд? Агар ягон камбудӣ шуда бошад, рӯирост гӯед, шумо меҳмони ман ҳастед ва тамоми шартҳое, ки гуфтам, иҷро мешаванд.

Албина дид, ки «трюк»-аш кор надод, болопӯшро ба бар карда, дар рӯ ба рӯи Салим нишасту гуфт:

-Мебинам, ки воқеан ҳам шумо ба ҷуз ҳамон Гулрафторатон ба касе таваҷҷӯҳ надоред. Ман як ҳафта боз чун шоҳдухтари Дания зиндагӣ карда истодаам ва ягон камбудӣ надорам. Ростӣ, бекорӣ ба дилам зад…

-Медонед, ман барои чӣ ба назди шумо омадам? Омадам, ки шодиёна гирам, давраи бекориатон ба охир расид. Мо бояд пагоҳ ҳамроҳи шумо парвоз кунем.

-Ба куҷо?

-Ба куҷо мешуд, аз паи ҷустуҷӯи Замир!

-Шумо аз куҷо медонед, ки қабилаи онҳо ҳоло дар куҷост?

-Мо дар ин муддат тақрибан ҷои зисти қабилаи ибни Шамсро пайдо кардем. Шумо харитаро мефаҳмед?

-Як вақтҳо дар матаби миёна хонда будам…

-Агар каму беш фаҳмед, ман баъд аз ягон соат ба наздатон сардори хадамоти бехатарро мефиристам. Ба ӯ ҷои ин қабиларо замоне, ки аз он ҷо фирор карда будед, нишон медиҳед.

-Агар тавонам…

-Шумо зани бофаросат ҳастед, албатта метавонед,-ин суханонро гуфта Шайхи Тиллоӣ аз ҷои худ бархост ва ба сӯи дар равон шуд. Ҳамин дам хизматгордухтаре хӯроки субҳонаи Албинаро рӯи даст бардошта аз дар даровард, вале ба ӯ Шайх заррае ҳам аҳамият надода аз паҳлӯяш гузашт. Албина бо нигоҳ шайхро гусел карду дастонашро ба ҳам молиш дода ба хизматгордухтар бо забони русӣ гуфт:

-Ҳоло шикамро баҳузур сер мекунему баъд ба сари харита рафта, мисли лашкаркашони бузург нақшаи амалиётро мекашем. Чӣ гуфтӣ духтарҷон?

Арабдухтар, ки аз ин гуфтаҳо ягон чиз нафаҳмида буд, ба Албина менигаристу зуд-зуд миҷа мезад. Ин ҳолати ӯро дида, Албина бо овози баланд хандида, ба арабӣ гуфт:

-Ҳеҷ гап не, дидӣ, ба кӯчаи мо ҳам ид омад. Акнун ман шахси зарурӣ, канӣ хӯрокҳоятро ба болои миз мон! Агар дилат кашад, биё ҳамроҳ хӯрок мехӯрем…Ман ҳам мисли ту одами хокӣ ҳастам…

-Аммо духтараки сиёҳҷурда бо аломати рад сар ҷунбонда, таъзимкунон пуштнокӣ ба тарафи даромадгоҳ равона шуд.

-Хайр, ихтиёрат. Боз нагӯӣ, ки хӯҷаинзан хасис будааст…

Маълум буд, ки имрӯз табъи ба қавли худаш «маликаи Дания» хеле хуш аст.  

Пас аз ношто се нафар бо сардории сардори хадамоти бехатарии Шайх Салим ба утоқи Албина омаданд. Дар болои мизи калоне, ки дар мобайн меистод, харитаро паҳн намуда, онро ба Албина шарҳ медоданд. Албина пас аз фурсате аллакай бо харита ошно шуд ва дар он нишонаҳои   теппаҳоеро, ки замоне ҳамроҳи Гулрафтор зиндагӣ карда буданд, ёфт. Агар аз дур ба ҳаракатҳои ӯ назорат мекардед, ба гуфти худаш, ба сарлашкарҳои бузург шабоҳат дошт, ки ба задухӯрди калоне тайёрӣ мебинад…

                                               ***

Шамоли чархбол Албинаро ба қафо тела медод, вале бо кӯмаки сардори хадамоти амниятии Шайх Салим-Заробиддин-ал Ҳусайнӣ худро ба дари даромадгоҳи чархбол расонд. Ал-Ҳусайнӣ сардори навтаъиншудаи хадамоти амниятӣ буд. Сардори собиқ, ки ба аҳли оилаи Шайх Салим ас-Соиб солҳо хизмат карда буд ва нисбати падари Салим ва худи ӯ эҳтирому садоқати хосса дошт, аз Шайхи Тиллоӣ хоҳиш намуд, ки ӯро як муддат ба Аврупо фиристад. Ӯ намехост дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани зани Шайх ва ба гуфти худаш «фарзанде, ки намедонӣ аз кист» ширкат намояд. Инро ба Шайх рӯирост гуфт ва афзуд, ки намехоҳад «дар ин шармандагии хӯҷаин» шарик бошад. Шайх Салим медонист, ки сардори хадамоташ ӯро дӯст медорад ва аз ҳамин хотир дар ин кор шарик шуданӣ нест, аз ин рӯ розӣ шуда гуфт:

-Майлаш. Ба ту ду моҳ ҷавоб. Рав, истироҳат кун. Виллаҳои дар Италия ва Шветсария будаи фирма дар ихтиёри туст. Ман супориш медиҳам, шароитро бароят муҳайё мекунанд. Фақат дониста бош, ки ту нисбат ба Гулрафтор ноҳақ ҳастӣ. Рӯзе мерасад, ки аз ӯ узр мехоҳӣ…

Дар ҷавоб сардори хадамот гуфт:

-Бисёр мехостам, ки чунин рӯз зудтар фаро расад ва ман на танҳо аз завҷаи шумо, балки аз худи шумо ҳам узр пурсаму барои ноҳақ буданам сарамро зери қадаматон гузорам… Дар ин муддат мехостам вазифаи маро муовинам Заробиддин ал Ҳусайнӣ иҷро кунад. Ӯ ҷавони ҳушёр аст ва забони форсиро ҳам, ки завҷаатон бо он гап мезанад, хуб медонад. Гузаштагонаш аз ҳамон минтақаанд…

-Аммо завҷаи ман ҳоло дар ватанаш аст. Майлаш, фақат вазъиятро ба ӯ фаҳмон…

Инак, се рӯз мешавад, ки Заробиддин зимоми ҷустуҷӯи макони охирини буду боши Гулрафтор ва писараш Замирро бар ӯҳда дошт ва дар ин муддат маводҳои заруриро барои кофтуков ҷамъ оварда, ҳоло бо шаш нафар корманди худ ҳамроҳи Албина ҷониби биёбон парвоз мекард…

   Чархболи ҳаштҷоя сабук аз майдони парвоз боло шуда, рӯ ба ҷониби офтоббаро ҳаракат кард. Албина, ки дар курсии мулоим бароҳат нишаста гирифта буд, як ба сару либоси ба сайёҳони аврупоӣ монандаш нигариста, аз дил гузаронд: «Ба археолог, геолог ё сайёҳ монанд шудам. Кӣ ҳоло мегӯяд, ки ин зан аз Молдавия барои пулкоркунӣ омада буду ҳоло савори чархболи шайхи дорои араб дар чӯстуҷӯи фарзанди ӯст…»

Вай ба поён, ба манзараи дилгиркунандаи биёбон нигариста, аз сардори хадамот пурсид:

-Чаро ҷаноби Шайх худашон бо мо ҳамроҳ нашуданд?

-Он кас ба ман аз тасмими худ чизе намегӯянд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки дар ҳолати пайдо кардани бошишгоҳи ибни Шамс хабар диҳем, он кас ба зудӣ расида меоянд…

Чархбол тақрибан ним соат парвоз кард. Ҳар ҷо- ҳар ҷо хаймаҳои арабҳои бодиянишин дар байни регзор чун киштичаҳои хурд дар баҳри калон ба назар мерасиданд. Онҳо аз болои чандин чунин бошишгоҳҳо парвоз карда гузаштанд, аммо сардор ҳеҷ амри паст шудани чархболро намедод. Ӯ ба курсии Албина наздик шуда, барои он, ки овозашро садои чархбол пахш накунад, бо овози баланд гуфт:

-Аз рӯи маълумотҳои ман, мо ҳоло ба он мавзеъе, ки бошишгоҳи Шамс аст, наздик мешавем. Шумо дар ҳолати дидану шинохтани Шамс ва зани ӯ ба ман ишора кунед, бас аст.

-Барои чӣ ишора кунам, онҳо дӯстони мананд ва ман нону намаки онҳоро хӯрдаам. Ман ба наздашон меравам, ана баъд шумо бинед, ки онҳо чӣ касонанд…

-Ихтиёратон,- баҳсро дигар идома надода, Заробиддин аз ӯ дур шуд ва ба лётчикҳо харитаро нишон дода, ишора кард, ки дар назди бошишгоҳи навбатӣ фуруд оянд.

Чархбол чанги биёбонро баланд карда, ба замин нишаст, аммо гардиши чархҳояшро суст накард. Як тан аз ҳамроҳони сардори хадамот дарро боз намуду давида ба сӯи хаймаҳо рафт ва ба зудӣ баргашта бо овози баланд даҳонашро ба гӯши сардор наздик оварда чизе гуфт, ки Албина нафаҳмид. Ӯ дубора ба чархбол нишаст ва он боз боло шуд.

-Ҳа, чӣ гап будааст?-ба курсии сардор наздик шуда пурсид Албина.

-Ин бошишгоҳи дигар қабила будааст. Қабилаи ибни Шамс дар ҳамсоягии онҳо будааст ва ҳоло дар он ҷо фурӯд меоем…,-ҷавоб дод Заробиддин ва баргашта ба кормандонаш чанд супориш дод…

 

 

   …Омина нав бузҳоро ҷушида, бачаҳояшонро барои макидани шири боқимондаи онҳо аз ресмон раҳо карда буд. Ӯ аз шири навҷӯшида як шишаи пластикиро пур карда ба хайма даромад, ки онҷо   ибни Шамс ҳамроҳи Замири хурдсол бозӣ мекард. Аз бозе, ки модари Замир ҳамроҳи дугонааш аз тарси сангсор шудан аз қабила гурехта буданд, дигар аз онҳо хабаре набуд. Ибни Шамс ва Оминаро аҳли қабила барои пинҳон кардани «фоҳишаҳо» қариб сангсор намуда буданд, аммо обрӯю эътиборе, ки ибни Шамс ва гузаштагони ӯ дар назди аҳли қабила доштанд, садди роҳи ин амал шуд. Онҳо хостанд фарзанди «ҳаромии» Гулрафторро низ кашида гирифта, зери пои уштурони маст партоянд, вале зану шавҳар ҳарду худро болои тифл партофта, гуфтанд, ки аввал онҳоро кушанд, баъд ин хуни ноҳақро ба гардан гиранд. Сардори қабила, ки бо даъвати мардҳо ба ин ҷо ҳозир шуда буд, аз қазия огоҳ гашту ба занҳои бағазабомада гуфт:

-Кӯдак падар дорад ё не, на мо медонему на шумо. Ин чизро ба ғайр аз Худо дигар касе намедонад. Биёед ӯро ба ихтиёри ҳаминҳо монем, вагарна қаҳри Худо меояд. Набояд тифли бегуноҳеро барои гуноҳҳои модараш қурбон кунем. Ин сухани ман охирин аст ва касе аз ин амр сарпечӣ кунад, ронда мешавад…

Мувофиқи қонунҳои нонавиштаи қабилаҳои бодиянишини араб агар сухане аз даҳони сардори қабила берун ояду дар охири он ибораи «ин сухани охирини ман аст»-ро ба забон орад, гуфтаҳои ӯ ҳукми қонунро мегиранд ва касе ҳақ надорад суханашро ду кунад, дар акси ҳол ба ҷазои сахттарин ва таҳқирноктарин-ронда шудан аз қабила гирифтор мешавад. Ҳамин буд, ки Замир фарзанди ин хонадон гардид. Дар ин байн писарони Шамс, ки дар шаҳри калон кору зиндагӣ мекарданд, як бор омада аз аҳволи падару модарашон хабар гирифтанд ва хеле хурсанд шуданд, ки падару модарашон дар синни пирӣ барои худ машғулияте пайдо намудаанд. Онҳо бештар аз он хурсанд буданд, ки дигар зарурати то синни ҳафтсолагӣ ба деҳот овардани фарзандони худашон намемонад. Мувофиқи одати хеле қадимаи арабҳо онҳое, ки шаҳрнишин ҳастанд, бояд фарзандонашонро то синни мактабӣ ба назди хешовандонашон, ба деҳа фиристанд ва ё дар назди волидони худ гузоранд. Бо пайдо шудани Замир дар хаймаи падар ин зарурат аз байн рафт.

-Канӣ, мардак хезед. Акнун ба писаракамон шири навҷӯшида доданам лозим. Шумо бузҳоро баъд аз сер шудани бачаҳояшон ба он тарафтар фиристед. Мунодии (хабаррасони) сардори қабила омада буд, ки пагоҳ ба ҷои нав кӯч мебандем. Уштурҳоятонро тайёр кунед. Агар ба шумо бошад, шабу рӯз аз назди ҳамин кӯдак дур намешавед…

Ибни Шамс норозиёна аз ҷояш хесту аз хайма баромад ва ба атроф нигарист. Чашмаш ба чархболи на он қадар калоне афтод, ки ба тарафи бошишгоҳи онҳо парида меомад. Чанд нафар хайманишин чархболро дида буданд ва аз он чашм намеканданд. Ибни Шамс ҳам бодиққат ба чархбол нигариста, андешид:« ҳукуматиҳо барин не. Шояд ягон сайёҳи аврупоӣ бошад?» Инро аз дил гузаронда Ибни Шамс интизор истод, ки чархбол мефарояд ё гузашта меравад.

Дар биёбон аз парвози чунин чархболҳо дар атрофи бошишгоҳҳои муваққатӣ ҳайрон намешаванд, зеро ин ҷо зуд-зуд чархболи ҳукумат бо духтурҳо барои муоина ва чархболҳои сайёҳону тадқиқотчиёни биёбон омада меистанд. Аммо ин чархболи хурд ба онҳо монанд набуд. Пас аз як чарх задан аз болои хаймаҳо чархбол чангу регро ба осмон бардошта, тақрибан сад метр аз хаймаҳои аввалин дуртар ба замин нишаст. Аз дохили он нафаре баромада, сару рӯяшро бо рӯймоли суннатии арабӣ печонду ба назди онҳое, ки фаромадани чархболро назорат мекарданд, давида омада чизе пурсид ва баъд ба тарафи чархбол бо аломати боздошти чарх бо даст ишора намуд…

…Сардори хадамот ҳамроҳи зердастонаш баъд аз сукути чархҳои чархбол худро ба болои рег партофта, зинапояи онро кушод. Танҳо баъд аз ин Албина, ки аз дасташ Заробиддин медошт, бо эҳтиёт ба замин фаромад. Ӯро аз дур дида, ибни Шамс гумон кард, ки сайёҳони аврупоӣ омадаанд ва хост пас гашта аз паи бузҳояш шавад. Аммо дид, ки ғиреви ҷамъомадагон баромад ва касе бо хандаю каси дигар бо ҳаяҷон зани аз чархбол фаромадаро ба ҳамдигар нишон медиҳанд. Ибни Шамс ҳам ба қафо баргашта, бодиққат ба зан нигаристу дар ҷояш шах шуда монд.

«Боз ин худозадаро, кӣ ба ин ҷо овард?»- ин аввалин саволе буд, ки дар майнаи мӯйсафед баробари дидани Албина пайдо шуд…

Ибни Шамс давида ба хайма баргашт ва аз дохили он автомати Калашниковро гирифта баромаданӣ буд, ки Омина пеши роҳи ӯро гирифт:

-Ҳа, чӣ шуд? Чаро туфангро гирифта ба берун меравӣ? Чархболи ҳукуматӣ омадааст, ту бо онҳо ҷанг карданӣ ҳастӣ?

-Ман бо ҳеҷ кас ҷанг карданӣ нестам. Фақат як нафареро, ки қариб сабаби бадбахтии мою ту шуда буду акнун бозгаштааст, мехоҳам ба ҷаҳаннам равон кунам, ки дигар барнагардад…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД