Sebiston new 2024 october
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми37)
07.01.2020
А. Ҳоҷӣ
4182

(Идомааш)

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба оҳистагӣ таҳқиқот бурда, таи як соли охир (сухан дар бораи солҳои 2007-2008 меравад) як гурӯҳи калони ин «савдогарони ҷони зиндаро» фош намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони бевиҷдони сохторҳои ҳуқуқ чунин духтаронро ба Дубай мефиристоданд.
Аллакай то бозгашти Гулрафтор ва чанд нафар духтарони дигар аз Арабистон ҳам Ҷамила ва ҳам «буча» барои ҷиноятҳои собитгардидаашон мавриди ҷазо қарор гирифта буданд, вале бо бозгардонида шудани гурӯҳи охирин дар асоси гуфтаҳои ин духтарон ва дар симои ин занҳо шинохтани «ғуломдорони»-и худ, тафтишот аз сари нав оғоз шуд ва ҳоло онҳо дар толори суд аз кирдори худ «ҳисобот» медоданд.
-Ман баъд аз марги падарам дар тарбияи модар мондам ва он кас, ки хонашин буданд, ману ду хоҳаракамро хӯрондаю пӯшонда наметавонистанд. Бо маслиҳати хешу таборон ба Хуҷанд коркобӣ омадам. Дар бозори Панҷшанбе ана бо ин зан вохӯрдам,-ба тарафи «Раҳима буча» ишора намуда мегуфт духтараке аз ноҳияи…, ки ба таври «монашка» либос пӯшида буд, -Вақте ки аз аҳволи ману оилаам огоҳ шуданд, ин кас ба ман кор пешниҳод карданд ва гуфтанд, ки дар шаш моҳ пули бисёре меёбӣ…
-Медонистед, ки шуморо барои кадом «кор» ташвиқ мекард?
-Аз рӯи гуфташ ман бояд дар ким кадом ошхона дегу табақ мешустам…
-Розӣ шудед?-боз ҳам нобоварона пурсид судя.
-Ӯ аз ман шиносномаамро гирифта, рақами телефон ва адресашро доду гуфт, ки баъд аз ду рӯз занг занам.
-Нагуфт, ки барои чӣ ба шумо кӯмак мерасонад ва шиноснома барои чӣ ба ӯ даркор шудааст?
-Гуфт, гуфт, ки барои то ҷои кор рафтан шиносномаи хориҷӣ даркор. Гӯё ситораи ман ба ӯ маъқул шуда будааст ва раҳмаш ба модару хоҳарони ман омадааст. Гуфт, ки ман баъд аз соҳиби пул шудан қарзашро бармегардонам. Хоҳиш кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯям…
Ин касро мешиносед?-пурсид судя аз «Раҳима буча».
-Ман намедонам, ки ӯ кист, аммо иқрор мешавам, ки барои кору пул ёфтан ба бисёриҳо кӯмак кардаам,- нописандона ҷавоб дод судшаванда.-Аммо ин кӯрнамакҳо ба ҷои пуламро баргардондану миннатдор шудан маро ҳабс карданӣ шуданд…
-Судшаванда худатонро нигоҳ доред ва танҳо ба саволҳои додашуда ҷавоб диҳед. Боз мепурсам, ин занро мешиносед?
-Мумкин. Ҳоло дар хотир надорам.
-Бале, шояд дар хотир надошта бошед, зеро шумораи роҳгумзадагонатон хеле зиёданд,-гуфт Ҷамшед, ки дар ин мурофиа ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ҳузур дошт,- Шумо даҳҳо нафарро бадбахт намудед…Аксари онҳо барои он, ки аз бадномиашон дигарон хабардор нашаванд, аз шоҳидӣ додан даст кашиданд. Аммо шаҳодати онҳое, ки ин ҷо баромад мекунанд, басанда аст, ки ба ҷазои аъмолатон расед…
-Шояд баъзеҳоро соҳиби пулу хушбахт ҳам карда бошем…,- аз ҷояш ғурунгид «Ҷамила», ки аллакай аз саргузашти Гулрафтор хабар дошт…
Навбати ба сари минбари суд омадани Саида шуд. Ӯ бо кароҳат ба «Ҷамила» нигариста, ба сари минбар омад. Чеҳрааш гирифта ва андаке пажмурда менамуд.
-Ман ҳам аввал нахостам ин ҷо истода дар бораи чӣ тавр ба макри ин ҷодугар афдоданам ҳарф занам. Аммо ба хулосае омадам, ки «не, ҳатман бояд дар ин толор сухан гӯям». Чаро? На танҳо ба хотири маҳкум намудани ин худозадаҳо,-Саида бо ҳарорат дасташро ба самти панҷарае, ки дар паси он ду нафар одамфурӯш менишастанд, дароз кард,-балки барои он, ки дигарон аз тақдири талхи мо огоҳ гарданд ва минбаъд ба доми ин беномусҳо наафтанд…
-Ту номусатро ба ивази пул фурӯшию мо беномус шавем?- ин суханон аз даҳони «Ҷамила» баромадан замон Саида гӯё даргирифт. Чӣ тавр ба назди панҷара расиданашро худаш ҳам нафаҳмида монд. Милисаи посбон, ки дар паҳӯи панҷара рост истода буд, фурсати ягон иқдоме накарда, аллакай Саида дасташро аз байни панҷара гузаронида, мӯи «Ҷамила»-ро қабза карда гирифт ва бо шиддат ба тарафи худ кашид. Сари «Ҷамила» бо шаст омада ба панҷара зад ва садои ғиреваш баромад.
-Ту лаънатӣ маро фиреб карда ба ғуломӣ фурӯхтию боз маро беномус мегӯӣ? Ман ба ту беномусро нишон медиҳам…,-то вақте, ки милиса мӯи «Ҷамила»-ро аз қабзаи Саида халос кард, ӯ тавонист бо дасти озодаш ду се мушти обдор ба сари ӯ занад. Духтар тамоми ғазабашро гӯё дар муштонаш ҷамъ карда буд, ки «Ҷамила» қариб аз ҳуш рафт. Баъд аз он, ки бо кӯмаки боз ду милисаи дигар «Ҷамила»-ро аз дасти Саида раҳо карданд, ҳозирин диданд, ки дар дасти ӯ як қабза мӯи одамфурӯш мондааст…Судя ва Ҷамшед худро ба нодонӣ заданд, онҳо ҳам одаманд ва вазъи духтарро дар он лаҳза дарк намуда буданд. Танҳо судя бо болғачаи чӯбинаш ба рӯи миз зада истода, огоҳ кард:
-Хоҳишмандам, ба тартибот дар толори мурофиавӣ риоя кунед. Касоне, ки минбаъд қоидаи ҳузур дар толорро риоя намекунанд, ҷарима баста мешаванд ва агар ин амал такрор шавад, аз толор ронда мешаванд…
Саида ин амалро такрор карданӣ набуд, зеро аллакай худро хеле сабук ҳис мекард. Ӯ бо кароҳат аз байни панҷаҳояш мӯи сари «Ҷамила»-ро дур карда, ба ҷояш рафта нишастанӣ буд, ки судя гуфт:
-Шуморо касе ҳоло рухсати нишастан надодааст, мӯҳтарам ҷабрдида. Ба минбар баромада, дар бораи чӣ тавр сурат гирифтани ҳодиса ба суд нақл кунед.
-Чӣ тавр сурат гирифтани ҳодисаро шояд ӯ аз ман беҳтар донад. Ман ҳуҷҷатҳоямро, ки барои дохилшавӣ омода намуда будам, гум кардам. Аниқтараш, ин зан ба одамони худ фармуда, онҳоро дуздид. Ана баъд, ин «фариштаи кӯмакрасон» ба «имдоди» ман расида, ман ва чанд духтари дигарро гумроҳ намуду ба ҳамон рӯзе расонд, ки худатон дида истодаед…
-Шумо ба таври муфассал чӣ тавр ба фиреби айбдоршаванда афтиданатонро гӯед, баъд ба саволҳои прокурор ва адвокат ҷавоб мегӯед…
Саида мӯйҳои дар вақти ҳуҷум бетартибгаштаашро бо даст ҳамвор карда истода, нафаси чуқуре кашид ва ба нақли худ оғоз намуд…
…Баъд аз тамом шудани суханаш духтар бо нӯги ангуштон ашки чашмонашро пок карда истода гуфт:
-Ин зан маро аз орзӯҳои ҷавониам, аз муҳаббати ҳақиқиам ва аз эҳтироми волидону хешу ақрабоям маҳрум кард. Агар ӯро парронед ҳам кам аст…
Навбати шоҳидӣ додан ба Гулрафтор расид…
Ба сӯи минбар духтаре қадам мезад, ки то ҳол дар паси дари толори мурофиавӣ интизор буд. Ӯ аз байни ду қатор мардуме, ки дар толор ҷамъ омада буданд, роҳравон андеша мекард, ки чӣ гӯяд. Аммо одамон бештар на интизори чи гуфтани ӯ буданд, балки ба қомати расо ва ҳусни нотакрораш таваҷҷӯҳ карда, мехостанд бинанд, ки Гулрафтор дар сари минбар чӣ гуна худро нигоҳ медорад, зеро аз ҳар кунҷи толор даҳҳо чашмон бо ҳавас ба сӯи ӯ нигаронида шуда буданд. Гулрафтор ин лаҳза тайёр буд, аз ин толор ҳазорон километр дур бошад ва ин нигоҳҳои яке ҳарисона, дигаре кунҷкобона ва саввумӣ дилсӯзонаро (баъзеҳо ба мисли Ҷамшед дар дили худ нисбат ба ӯ танҳо ҳисси тараҳҳум доштанд), набинад. Аммо пеш аз мурофиа Ҷамшед Гулрафторро розӣ кард, ки дар суд баромада шоҳидӣ диҳад
-Ту медонӣ, ки шаҳодати ту муҳим аст ва бо ин корат номус ва ҳатто шояд ҳаёти бисёр духтаронро наҷот диҳӣ.. .
-Ман баромада, чӣ мегӯям? Мегӯям, ки маро ӯ ба Арабистон бурду ман дар он ҷо бахти худро ёфтам?
-Гулрафтор, ин зан магар туро барои ба шавҳар додан ба он кишвар бурда буд? Албатта не, ӯ мехост аз пушти тую ҳамқисматонат пул кор кунад, ҳамин тавр не?
-Майлаш ман шоҳидӣ медиҳам…,- розӣ шуда буд Гулрафтор.
Инак, ӯ дар рӯ ба рӯи қозии адолат, ҷинояткорон ва ҷабрдидагон қарор дошт. Гулрафтор кӯшиш мекард, ки андешаҳояшро сарҷамъ намояд. Чашмаш ба Ҷамшед афтод. Прокурор бо аломати дастгирӣ табассуме кард, ки як андоза ҳаяҷони духтарро пахш намуд. Аҳли толор, зану мард чашм ба ин муҷассамаи зебоӣ дӯхта буданд. Баъзе аз ҷавонон ҳатто намефаҳмиданд, ки ӯ чӣ гуфта истодааст. Танҳо тамошо мекарданд ва шояд аз дили худ боз чиҳое мегузаронданд. Аммо ин барои Гулрафтор фарқе надошт. Ӯ нафаси чуқуре кашид. Пасту баланд шудани пешобағалашро баҳузур нозирони ин манзара диданд ва ӯ сар кард:
-Ман дар як деҳаи хурде таваллуд шудаам, аммо бисёр мехостам, ки таҳсиламро дар шаҳри калон идома диҳам. Падару модар ва хешу ақрабоям зид набуданд. Аммо… Аммо бахт ба рӯям нахандид…
-Шумо ҳамаи он чиро, ки пеш аз бурданатон ба Дубай аз сар гузаронидед, ба суд гӯед ва дар бораи шиносоиятон бо ин зан (судкунанда бо ангушти худ ба сӯи «Ҷамила» ишора намуд) нақл кунед…
-Ман ҳам ҳаминро гуфтанӣ…
…Гулрафтор оҳиста-оҳиста ба маҷрои гуфтаҳои худ ғута зада, ҳодисаҳои ду сол пеш дар боғи шаҳрӣ ба вуқӯъомада чун навори филм аз пеши назараш мегузаштанд. Худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ботафсил дар бораи шиносоияш бо «Ҷамила» нақл кард. Ҳама гӯш ба даҳони духтар буданд. «Ҷамила»-ю «Раҳима буча» ҳам ба нишондоди Гулрафтор гӯш медоданд. Касе суханашро намебурид. Танҳо вақте, ки нақли Гулрафтор то замони чӣ тавр онҳоро ба даллаҳои араб фурӯхтани «Ҷамила» расид, раиси мурофиа сухани ӯро бурида гуфт:
-Дар симои кадоме аз инҳо занеро мебинед, ки шуморо фиреб дода аз Душанбе ба Хуҷанд овард ва баъд ба Дубай бурд ?
-Кӣ мешуд, ана ин кас,- ба тарафи «Ҷамила» ишора намуд Гулрафтор.
-Ман туро фиреб карда ба ҷар партофтам? Худат розӣ шудӣ, ки ин ҷо омада ба мактаб дароӣ. Мақсади ман ҳам ҳамин буд. Ба ту қишлоқии пойлуч раҳмам омад. Вақте, ки дохил шуда натавонистӣ, магар худат набудӣ, ки «маро аз шармандагӣ халос кун» гуфта ба ман муроҷиат кардӣ?
-Ман аз куҷо медонистам, ки ту маро барои фурӯш мебарӣ?...
-Магар бад фурӯхтам? Мегӯянд, ки дар он ҷо сари кадом шайхро гаранг карда, удачно ба шавҳар баромадаӣ- ку….


Дар ин барнома мо тасмим гирифтем, ки ҳамин мавзуъро пайгирӣ карда, сабабҳои оворагардии ноболиғонро ҷустуҷӯ намоем...


Якбора рангу рӯи Гулрафтор канд. Миҷгонҳои дарозаш зуд-зуд ба ҳамдигар задан гирифтанд.
-Воқеан, оё дуруст аст, ки дар Арабистон шавҳар доштед?- ин саволи раиси мурофиа ҳам аҳли толор ва ҳам Гулрафторро як қад паронд. Ӯ як лаҳза хомӯш истоду баъд бо овози хаста гуфт:
-Бале, ман дар он ҷо ба шавҳар баромадам ва…ва…хушбахт ҳам будам. Ҳамагӣ чанд рӯз…
-Магар касе ҳаст, ки шавҳар доштани шуморо тасдиқ кунад? Масалан, аз дугонаҳоятон…
Гулрафтор сарашро хам карда оромона ҷавоб дод:
-Не, ин ҷо касе нест. Онҳое, ки инро медонанд, дар он ҷо монданд…
-Не, ҳаст. Ман шавҳардории шуморо тасдиқ карда метавонам.
Ҳама сари худро ба тарафи овоз гардонда, ҷавонеро, ки ин суханон аз даҳони ӯ мебаромад, бо нигоҳи худ аз байни толор ба самти минбар гусел мекарданд.
-Бале, ман метавонам шоҳидӣ диҳам, ки ин хонум шавҳар доранд ва боз чӣ хел шавҳар…,- ин дафъа ба раис муроҷиат кард ҷавон роҳравон.
-Шумо кистед?
Аз байни толор ҷавони болобаланди сафедчеҳрае, ки дар зери манаҳаш як дастача «риши аврупоӣ» дошт, ба қатори аввал баромада, дар хараки як гӯшааш холӣ нишаст. Судя ва ҳамаи онҳое, ки суханони ӯро шунида буданд, интизор доштанд, ки ӯ давоми гапашро мегӯяд, аммо ҷавон ба гуфтаҳои худ иктифо карда, бе иҷозат дигар ҳарфе заданӣ набуд. Судя дид, ки шоҳид баҳузур нишаста дигар чизе гуфтанӣ нест, ӯро бо ишораи даст ба назди трибуна хонд. Ҷавон ба Гулрафтор наздик шуда бо нимтаъзим ба ӯ бо лаҳни арабӣ садои «ъ»-ро чуқур талаффуз намуда истода гуфт:

-Ассалому ъалайкум, хонумаи мӯҳтарам. Бандаро шинохтед?
Гулрафтор зеҳн монда ба ӯ нигаристу якбора ба хотираш расид, ки ин ҳамон ҷавони дар Италия байни ӯ ва шавҳараш тарҷумонӣ карда аст ва танҳо ба рӯяш як даста риш илова шудааст. Духтар бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:
-Агар хато накунам, шумо тарҷимон … ҳастед.
-Бале, ман ҳамонеам, ки замоне шавҳаратон маро ба ҳайси тарҷимон барои чанд рӯз киро карда буд…
Ҳозирини толор ва судяю прокурор ба ин муколама гӯш дода истода чизе намефаҳиданд. Ниҳоят, боз судя лаҷоми мурофиаро ба даст гирифта ба Гулрафтор гуфт:
-Шоҳид, шумо алҳол ба ҷоятон шинед. Мо ин ҷавонро пурсем, ки ӯ дар бораи шумо чӣ медонад…, - ва ба ҷавон муроҷиат намуд:
-Шуморо кӣ ба ин ҷо даъват кард?
-Ҳеҷ кас, аммо дар бораи мавҷудияти ман ҷаноби прокурор медонистанд. Мо борҳо бо он кас телефонӣ дар тамос будем…
Ҷамшед аз ҷояш боло шуда гуфт:
-Агар воқеан ҳам шумо Самеъхоҷа Алихоҷаев бошед, пас дуруст мегӯед, ман бо шумо тамоси телефонӣ доштам. Рақами телефонатонро аз шоҳиде, ки то ҳол ин ҷо шоҳидӣ медод, гирифта будам.
-Бале, ман ҳамон Самеъхоҷа мебошам, ки чанд сол боз берун аз кишвар таҳсили илм дорам. Дирӯз шабона аз Аврупо омадам ва фаҳмидам, ки дар ин ҷо мурофиаи судӣ будааст. Ба хотири шоҳидӣ додан дар мавриди ин хонум ба ин ҷо ихтиёран омадам. Ҳар чизеро, ки пурсиданӣ ҳастед, марҳамат бипурсед. Агар донам, ҷавоб медиҳам…
-Шумо дар мавриди ҷавобгарӣ барои додани маълумоти бардурӯғ огоҳӣ доред?
-Натанҳо дорам, балки яке аз мавзӯъҳое, ки сари он кор мебарам, ҳамин аст. Маълумоти якуми ман ҳуқуқшиносист ва ҳоло онро дар кишварҳои аврупоӣ такмил медиҳам.
-Пас, чӣ гуна байни ин зан ва шавҳараш тарҷумон шудед?
-Ман забони арабиро ҳанӯз дар мактаби миёна аз худ карда будам. Баъдан забонҳои англисӣ ва итолиёвиро омӯхтам. Ҳоло кӯшиш карда истодаам, ки фаронсавӣ ва олмониро омӯзам…
Ҳама бо як ҳисси ҳайрат ва то андозае нобоварию ҳасуд ба ин ҷавон нигоҳ мекарданд, вале шояд ӯ ба чунин нигоҳҳо кайҳо одат карда буд,
ки бепарво меистод.
-Шуморо ин кас чӣ хел пайдо карданд?
-Маро ин кас не, шавҳарашон, ки яке аз шахсони номдор дар тиҷорати нафт ҳастанд, ба хизмати кӯтоҳмуддат даъват карданд. Аниқтараш, он кас ҳам не, дар Аврупо ин корро менинҷерҳои фирмаҳо бо воситаи интернет мекунанд. 
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми20)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми21)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро дар хориҷа фурӯхтанд (қисми 22)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми23)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми24)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми25)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми 26)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми 27)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми28)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми 29)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми30)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми31)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми32)
ТОЛЕЪНОМА Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми33)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми34)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми35)
САРНАВИШТ Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми36)