Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми36)
06.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3527

(Идомааш)

 

-Ҷаноби Шайх, рӯз бегоҳ шуда истодааст. Рафтанамон лозим. Лётчикҳо мегӯянд, ки пас аз ду-се соат ба ин ҷо тӯфони регӣ расида меояду он гоҳ парвоз карда наметавонем…

 

Салим боз як бори дигар аз рухсораи Замир бӯсида, ӯро болои даст гирифт ва аз ҷояш бархост. Заробиддин роҳравон чанги нимтанаи нафиси хӯҷаинашро тозакунон пурсид:

 

-Акнун ин бачаро чӣ кор мекунем?

 

Шайх якбора аз роҳравӣ боз истода, теғ кашида ба Заробиддин нигарист ва гуфт:

 

-Ин бача не, ин фарзанди ман Замир ибни Салим ибни Соиб аст ва ман медонам, ки на ту ва на сардори пештараи хадамот ба ин он қадар боварӣ надоред. Аммо хоҳиш мекунам, ки ӯро ҳамин тавр қабул кунед…

 

-Узр, Шайхи мӯҳтарам, ман ба ин шак надорам. Маънои гапи ман ин аст, ки бе модараш ӯро чӣ кор мекунем…

 

-Инаш кори ман…

 

Онҳо ба тӯдаи одамон наздик шуданд ва Шайх ду-се қадам дуртар аз онҳо қарор гирифта гуфт:

 

-Канӣ, он инсонҳои неке, ки то ин вақт хизмати фарзанди маро ба ҷо овардаанд?

 

Арабҳои бодиянишин, ки то ҳол ин манзараро хомӯшона тамошо мекарданд, Ибни Шамсро ба пеш тела доданд. Шамс бо қомати пиронаи ларзонаш беҷуръатона ду-се қадам пеш гузошт. Дигарон ва ҳатто сардори қабила ҳам, ки  дар ҳалқаи одамони яроқноки Шайх Салим худро нороҳат ҳис мекарданд, бо шунидани ин суханон андаке ҷуръат пайдо карданд. Шайх ба Ибни Шамс наздиктар омада пурсид:

 

-Баъд аз фирори модараш ӯро бо шири чӣ калон мекардед?

 

-Мисли ҳамаи бемодармондагон кампирам ба ӯ шири буз медод. Аммо ягон бор бемор нашудааст…Ана аз кампир пурсед…

 

Омина ба пеш баромада мисли он, ки ба ҷанг тайёр мешуда бошад, дасташро шоф кардаистода гуфт:

 

-Рост, Замир қариб яксола шуду ягон бор ҳам бемор нашудааст. Як бор дилрав шуд, ки буттаи явшонро ҷӯшонда додам, боз мисли уштурбачаи маст сип сиҳат шуд,- ҳама ба «уштурбачаи маст» гуфтани Омина хандиданд,-Бачаи ман мисли модараш сахтҷон аст. Худо хоҳад, то омадани модараш як бачаи каппа калон мешавад. Акнун бобояш пир шуд, як ба ҳоли ӯ нигоҳ кунед,-ба сӯи шавҳараш  ишора намуд Омина,-Аз дасташ дигар ягон кор намеояд. Бузу уштурҳо ба умеди ҳамин Замир.

 

Ин дафъа ҳама ба ибни Шамс нигоҳ карда бо завқ механдиданд ва баъзеҳо луқма ҳам мепартофтанд: «Кампират аз ту норозӣ, Шамс. Аз дастат дигар коре намеомадааст»…

 

-Аммо Шумо ба бачаи ман чӣ кор доред?-бо зарда пурсид Омина.

 

Шайх Салим Замир дар даст ба ӯ наздик шуда, ба мӯи мошубиринҷи ӯ бо диққат нигоҳ карду сипас якбора хам шуда, то замин ба ӯ таъзим кард. Ин кирдори ӯ ғиреви ҷамъомадагонро баланд кард. То ҳол гӯше нашунидааст, ки касе аз авлодони ин шайхҳои бузург ба як арабзани биёбоннишин сари таъзим фуруд оварда бошад. Худи Омина ҳам, ки интизори чунин амал аз ҷониби ин шахси хушсару либос набуд, бо ҳарос як қадам ба ақиб гузошт. Салим сарашро бардошта, дар рӯ ба рӯи Омина истоду гуфт:

 

-Модари азиз, ҳазор аҳсани Худованд ба ту бод, ки писари ин бандаи дар наздат истодаро эҳтиёт кардӣ. Замир писари ман аст ва он хонуме, ки як муддат дар назди ту буду фарзанди маро таваллуд кард, зани ман аст…

 

-Ч..Ч..Чӣ хел, вай як зани аҷнабии бесоҳиб буд. Ҳарчанд, ки бисёр духтари покдоман ва дидадарое буд…Нисбат ба дугонааш, ки ҳоло ӯро ҳамроҳи худ овардаед, ӯ фаришта буд…

 

Ин замон ҳама ба сӯи Албина, ки ба ҳар эҳтимол  дуртар аз тӯдаи занҳои қабила меистод, назар андохтанд. Аммо ӯ парвое аз ин суханон надошт ва дар ҷавоби ин гуфтаҳо танҳо бо овози базӯр шунаво гуфт:

 

-Агар шавҳари ман ҳам Шайхи Тиллоӣ мешуд…

 

Замир, ки то ҳол мисли дигар тифлони ҳамсоли худ аз ин тарафу он тарафи гардани Салим ба тӯдаи одамон менигарист, чашмаш ба Омина афтода, ду дастчаи зебояшро ба сӯи кампир дароз карда бо забони тифлонааш ӯро ба сӯи худ мехонд. Салим ҳам дид, ки Замир ба сӯи Омина талоши зиёд дорад, ӯро ба кампир дароз карда истода гуфт:

 

-Аз ин пас Шумо модари ман ҳастед ва ман то охири умр аз шумо миннатдорам.

 

-Шумо бо ӯ чӣ кор карданӣ? Ман ба модари ӯ ваъда кардаам, ки писарашро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт мекунам. Ғайр аз ин, писарони дигари ман дар шаҳранд ва ин ягона муттакои ману Шамс аст.

 

-Ман бо ӯ ягон кори бад карданӣ нестам ва Шумо ҳам дар назди модараш ба ваъдаи худ вафо мекунед. Фақат ҳамин, ки акнун ин корро ману шумо якҷоя мекунем.

 

-Чӣ хел? 

 

-Ҳоло ҳамроҳи мо ба шаҳр парвоз мекунед ва дар ҷои дигару шароити дигар ба тарбияи Замир машғул мешавед…

 

-Не, ман ба ҳеҷ куҷо намеравам ва писарамро низ ба касе доданӣ нестам. Шумо ҳақ надоред, ки ӯро аз мо гиред.  Ин фарзанди мост ва модараш танҳо ба ман боварӣ карда додаасту ман ӯро ба касе доданӣ нестам. Шамс, ту дар куҷоӣ? Магар зану фарзанди худро ҳимоя карда наметавонӣ?

 

Ин лаҳза ҳодисае рух дод, ки касе интизораш набуд. Шамсе, ки чанд лаҳза пеш мисли пирони фартут бо қомати хамида дар назди Шайхи Тиллоӣ меистод, бо як ҷаҳиш аз дасти яке аз ҷондорони Салим, ки дар паҳлӯяш буд, чанг зада автомати Калашниковро гирифт ва мисли бабри бағазабомада  худро байни Омина ва Шайх гирифта, шараққосзанон тирро ба тирдон равона карду наъра кашид:

 

-Шайх, агар хоҳӣ, ки касе зарар набинад, одамонатро гӯй силоҳашонро ба замин гузоранд.

 

Ҳама аз ин ҳодиса  дар ҷояшон шах шуда монданд ва бо ҳайрату ҳарос ба Ибни Шамс менигаристанд, ки кампираш ва дар оғӯши ӯ  Замирро дар паси худ ҷой дода, бо чашмони барқпош  ба  Салим менигарист. Аввалин шуда худи Шайх ба худ омад ва ба одамонаш ишора намуд, ки яроқҳояшонро ба замин гузоранд. Зарробиддин низ бо дили нохоҳам ин фармони Шайхро такрор кард ва онҳо як- як силоҳи худро ба рӯи реги биёбон гузоштанд.

 

-Ана дидӣ кампир, ҳоло ман боз ба чӣ кор қодир ҳастам. Ту бошӣ, маро дар назди мардум хандахариш кардӣ. Ҳоло ҳар чӣ, ки ман мегӯям, ҳамонро бе чуну чаро иҷро мекунӣ…

 

-Ба чашм, подшоҳи ман. Ман бо ту, шери биёбон фахр мекунам. Акнун чӣ кор кунам?

 

-Замирро гиру аз паҳлӯи ман ба тарафи ҳо ана ҳамон чархбол ҳаракат кун.  Минбаъд чӣ кор мекунӣ, ман мегӯям…Ҳам нафарони ҳамроҳи Шайх омада ва ҳам аҳли қабила мисли он, ки пояшон ба замин мех карда шуда бошад, шах шуда мондад. Аҳли қабила ҳарчанд яроқҳои худро мисли одамони Салим ба замин нагузошта бошанд ҳам, ҳаракате намекарданд ва мунтазири он буданд, ки аз ҷониби Ибни Шамс чӣ амале зоҳир мегардад. Шамс мили яроқашро ба ҷониби Шайхи Тиллоӣ нигоҳ дошта истода, ба занаш амр кард:

 

-Омина, аз ман қадаме дур нашав!

 

Онҳо аз байни сафи ба ду тақсимшудаи ҷамъшудагон  гузаштаистода, ба тарафи чархболи тақрибан панҷоҳ метр аз одамон дур истода равон шуданд. Чашмони зираки Шамс дар як вақт ҳамаи ҳаракатҳои одамони Салимро назорат мекарданд. Салим, ки ҳар як ҳаракати ин пирамарди устухонаш дар зери офтоби биёбон сафедшудаю чеҳраи аз ҳамин офтоб сиёҳгаштаашро назорат мекард, дар дил андеша намуд: «Ӯ ҳеҷ гоҳ тан намедиҳад. Ба марг розӣ мешаваду ба таслимшавӣ не. Беҳтараш, сабр бояд кард, ки боз чӣ амале нишон медиҳад, вагарна ҳаёти Замир зери хатар мемонад»…

 

…То чархбол тақрибан ягон даҳ қадам масофа монда буд, ки аз дохили он милли автомат пайдо шуд. Азбаски Шамс рӯ ба одамон қафонокӣ мерафт, инро намедид. Яке аз лётчикҳои чархбол, ки дар дохили он буд, аз фурсат истифода бурда, мехост аз қафо Ибни Шамсро ба нишон гирад. Аввалин шуда онро Салим дид ва бо овози баланд  фарёд кард:

 

-Яроқатро ба замин гузор, вагарна худам туро маҳв мекунам!

 

Ин фарёди ваҳшатнок аз дили падаре мебаромад, ки ҷони фарзандаш дар хатар буд ва он оҳанге, ки дар ин фарёд ба гӯш мерасид, метавонист дили шерро ҳам ба ларза дарорад. Шамс ба қафо нигариста, милли яроқи ба сӯяш нигаронидашударо дид ва милли Калашниковро ба ҳамон тараф равона кард. Инро дида, лётчик чӣ кор карданашро надониста монд, агар тир кушояд, Шайх қабрашро меканад, агар накушояд, шояд ин пирамард ӯро кушад. Ин лаҳза садои баланди гиряи Замир, ки то ин дам ба атрофиён бо завқ менигаристу намефаҳмид, ки ҳамаи ин гирудор ба хотири ӯст, баромад. Омина ӯро болои сари худ баланд кардаистода, ба Шайх нигариста гуфт:

 

-Агар ин писар воқеан ҳам фарзанди ту бошад, гӯй ин мард силоҳашро ба замин гузорад. Агар ӯ тир кушояд, аввал Замир қурбон мешавад…

 

Бори аввал дар умри худ Шайхи Тиллоӣ чӣ кор  карданашро намедонист ва намедонист, ки дар ин лаҳзаҳое, ки ҳаёти  фарзандаш  зери хатар қарор дорад, чӣ тасмим гирад. Вай бо овози хаста ба сардори хадамоташ гуфт:

 

-Агар ҳодисае шавад, на шуморо ва на худамро нахоҳам бахшид. Чизе, ки ин марду ин зан мегӯянд, иҷро кунед. Ман дигар маҷоли ҳаракат кардан надорам…

 

Сардори хадамот ба тарафи лётчик нигоҳ карда фарёд кард:

 

-Яроқатро ба замин гузору дастатро боло карда ба назди мо биё. Ин кас ба ту кордор намешавад,- ба Шамс ишора намуд вай.

 

-Не, ин тавр намешавад. Яроқатро аз чархбол берун андозу дар ҳамон ҷо ист,-амр кард Шамс.

 

Боз ҳам лётчик ҳайрон буд, ки гуфтаи кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Бо чашмони ҳайратзада ба тарафи Шамс нигоҳ кардаистода, фаҳмид, ки агар ҳамин лаҳза фармони ӯро иҷро накунад, ҳатман ин мӯйсафед оташ   мекушояд. Калашникови худро ба болои рег ҳаво дод. Ҳама нафаси сабук кашиданд. Шамс ва Оминаи Замир дар оғӯш ба дари чархбол расиданд. Шамс Оминаро пешандоз карда аввал аз дари чархбол боло карданӣ шуд ва дар як вақт мисли шағоли биёбонӣ назорат мекард, ки касе аз ҳамроҳони Шайх ба амале, ки боиси боздошти ӯ гардад, даст назанад. Вақте, ки сарашро ба тарафи Замири беист гирякардаистода гардонд, чашмаш ба занҷираи гардани ӯ афтода, дар ҷояш шах шуда монд. «Ман чанд лаҳза пеш ин чизро дар куҷо дидам?» Сонияе чанд сукут карду ба ёд овард: «Дар гардани ана ҳамон марде, ки ҳоло ба ҳама фармон дода истодааст…ва…ва…боз дар пешонаи уштуре, ки дар ҷавониам ҳамчун мукофот аз тӯи Шайхи Бузург ба ман расида буд…» Аъзои баданаш суст шуд. Маълум буд, ки дар қалбаш инқилоб аст. «Ман чӣ кор карда истодаам. Шояд дар ҳақиқат Замир писари ҳамин одам бошад? Агар фарзандаш намебуд, магар ин қадар маблағ сарф кардаю ин қадар одамонро саргардон карда ба ин ҷо меомад. Акнун чӣ кор кунам?» Ӯ боз як бори дигар ба Замири гирён нигоҳ кардаистода, дасташро дароз карду занҷири гардани ӯро аз зери куртачааш берун кашид ва ба он зеҳн монд. Бале, чанд лаҳза пеш айнан чунин занҷираеро, ки дар байнаш нақши шербачае дошт, дар гардани Шайх дида буд…

 

Ҳозирон, ки интизори ба чархбол даромадани Шамс ва ҳамроҳонаш буданд, аз ин таваққуфи ӯ дар даромадгоҳ ҳайратзада ба вай менигаристанд. Масофа имкон намедод, ки чӣ кор карда истодани пирамарди ғаюрро бинанд. Танҳо лётчики беяроқшуда ва Омина кирдори Шамсро аз наздик мушоҳида менамуданд.

 

Шамс бори дигар ба занҷира нигоҳ карду оҳиста автоматашро ба замин гузошт. Дасту пойҳояш, ки чанд лаҳза пеш мисли торҳои танбӯр таранг буданд, акнун ба назараш  латтавор гашта, вазнашро бардошта наметавонистанд. Ӯ аз дасти Оминаи ҳайрон Замирро ба бағал гирифт ва ба тарафи анбӯҳи ҷамъомадагон равон шуд. Омина, ки аз рафтори шеронаи шавҳараш чанде пеш фахр мекард, ҳоло ҳайратзадаю ночор аз паси ӯ равон шудаистода гуфт:

 

-Тарсидӣ? Пир шудаӣ?

 

Аммо ибни Шамс ҷавоб намедод. Тифл дар бағал ба одамон наздик мешуду ашк дар чашмонаш метаровид. Гурӯҳи яроқноки Шайхи Тиллоӣ вақте диданд, ки мӯйсафед яроқашро партофтаасту дигар хатаре надорад, хам шуда аз замин силоҳҳои худро гирифтанд ва интизор истоданд, ки оқибати кор чӣ мешавад…

 

Ибни Шамс боз ҳам аз байни одамон гузашта, дар рӯ ба рӯи Шайх қарор гирифт. Дар чеҳраи пиронаю пурожанги Шамс Салим ашкро дида, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Дигарон низ акнун медиданд, ки мӯйсафед гиря дорад ва китфони харобаш меларзанд.  Шамс Замирро ба Салим дароз кардаистода бо овози ларзон гуфт:

 

-Маро  мебахшед, Шайхи Бузург! Гуноҳе кардам, ки то охири умр Худо бахшад ҳам, худам намебахшам.

 

Салим боэҳтиёт Замирро ба бағал гирифта, ба давоми суханони Шамс гӯш дод:

 

-Ман бо ин ақли  пиронаам аз аввал Шуморо нашинохтам. Охир Шумо аз авлоди Шайхони Бузург ҳастед ва ба ман инро ана ҳамин тифли бегуноҳ, ки ӯ ҳам аз зурёти шумост, гуфт…

 

-Девона шудаӣ, мӯйсафед, Замир инро кай ба ту гуфт?-бо зарда пурсид Омина.

 

-Ҳозира худаш…,- ва ӯ аз зери пироҳани Замир занҷирчаи шердорро берун кашида, дастони ларзидаистодаашро ба гардани Шайх дароз кард ва айнан чуни занҷираро намоён карду дар бари рухсораи Замир паҳлӯи ҳам ҳамоил монд. Аз ин кори ӯ қитиқи тифл омад ва қиқирросзанон хандид.

 

-Ана бин, Замир инро тасдиқ мекунад,-табассумкунон ба занаш нигарист Шамс. Дар лабони Омина ҳам табассум шукуфт…

 

Шайх Салим бо дасти озодаш ашки пирамардро аз рӯяш пок кардаистода бо овози ларзон гуфт:

 

-Ман ва авлоди ман ҳеҷ гоҳ ин некии шуморо фаромӯш намекунем…

 

Омина хам шуда ба пои Шайх саҷда карданӣ шуд, вале Салим аз китфи ӯ дошта нагузошт, ки ин корро кунад ва пурсид:

 

-Ин занҷираи Замир аз куҷо дар гарданаш пайдо шуд?

 

-Онро Гулрафтор вақти аз ин ҷо фирор намудан ба гардани писараш андохта гуфт, ки тӯҳфаи шавҳараш аст…Ана ин духтар ҳам медонад,-ба ҷониби Албина, ки баъд аз гирудорҳои охирин дигар касе ба ӯ эътибор намедод, ишора намуд Омина.

 

    Чархболҳо реги  биёбонро бо шамоли чархҳои худ ба ҳаво бардошта, рӯ ба самти офтобшинам  парвоз карданд. Мардуми ҷамъомада низ оҳиста-оҳиста  парокарда мешуданд. Танҳо Ибни Шамс ва Мокони ӯ то дервақт аз ҷои худ наҷунбиданд. Шамс ба Мокон нигоҳ карда гуфт:

 

-Майлаш, бигзор Омина ҳам чанд вақт ҳамроҳи Замир монад. То пайдо шудани модараш…Ману ту акнун пир шудем, ба мо зан чи даркор, ҳамту не?

 

Ӯ хандакунон бо даст сагашро навозиш карду хам шуда Калашникови аз зери рег милаш намоёни худро берун кашид ва илова намуд:

 

-Ману ту мардони биёбон, мо дар шаҳр намеғунҷем…

   Дар назди бинои суди вилоятӣ одамони зиёде ҷамъ шуда буданд. Имрӯз суди ду зане, ки бо роҳи фиреб духтарони тоҷикро ба кишварҳои дигар бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур мекарданд ва ё чун ғулом ба нафароне, ки онҳоро харида минбаъд бо ин мақсад истифода мебурданд, идома меёфт. Ин суд аллакай чор рӯз боз идома дошт ва дар ин муддат аллакай даҳҳо нафар шоҳидон пурсида шуда буданду соат ба соат гуноҳи «Ҷамила» ва ҳампаймони ӯ «Раҳима буча», ки ҳарду ҳам номҳои сохта буданду акнун дар суд номи ҳақиқии онҳо садо медод, исботи худро меёфт. Ҷамила дар ҷануби кишвар ва Раҳима буча дар минтақаи шимол «кор мекарданд». Онҳо бо роҳҳои гуногун духтарони нодонеро, ки дар паи ёфтани кор буданд ва ё барои таҳсил ба маркази кишвар ва ё вилоят меомаданд, барои «кори сердаромад» киро карда ба хориҷ, бештар аз ҳама ба кишварҳои арабӣ мебурданд ва минбаъд тақдири онҳо аз худашон вобаста набуд. Аксари ин духтарон ҳамин тавр солҳо ба ғуломони ҷинсӣ табдил меёфтанд ва аксарашон аз шарми кирдори  худ дар он ҷо мемонданд ва ё агар ба ватан баргарданд ҳам, ҳеҷ гоҳ дар бораи он, ки онҳоро кӣ ва барои чӣ ба ғарибиҳо бурда, туфайли эшон пули калон пайдо мекард, сухане намегуфтанд. Аз ин «мӯҳр бар лаб заданҳо» ин занҳои ҷинояткор моҳирона истифода мебурданд. Аммо «кӯза на ҳамеша ба лаби об сиҳат рафта меояд».

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД