“Шавҳарам дар пеши чашми фарзандонам маро бераҳмона лату кӯб мекунад.
Борҳо гуфтам, ки “кӯдаконро метарсонед! Раҳм кунед, охир ягон рӯз маро мекушед” аммо ба ин марди муштзӯр на оби дида таъсир мекунад ва на нолаҳои зорам. Бечора бачаҳоям чунон тарсон шудаанд, ки падарашон аз дар дарояд, мисли мӯшбачаҳо зуд дар ҳар кунҷаки хона пинҳон мешаванд. Писарчаи хурдиам Икромҷон овози падарашро шунавад, ранги рӯяш пахтакӯҳна барин канда, дасту пойҳояш дарақ-дарақ ба ларза медароянд ва забонаш лакнат пайдо мекунад. Ҳар гоҳ, ки шавҳарам маро занад, барои он ки писарчаам натарсад, дурӯғ мегӯям, ки бачаҷон натарс, ману падарат бозӣ карда истодаем, вале Икромҷон гиря карда мегӯяд: “Аяҷон, ин бозии дадам ба ман маъқул нест, охир шуморо сахт зада сару рӯйятонро пури хун мекунад. Ман метарсам...”
Ин суханони Шамсия ном зани 40-солаи тоҷик аст, ки зани дуюми як марди сарватманд гашта, натанҳо худ, балки фарзандонашро ҳам ба азоби дӯзах гирифтор намудааст. Фарзанди хурдии ин хонавода Икромҷон ба андозае аз ҷангу ҷанҷол ва занозании падару модараш тарсон шудааст, ки қалам дар тасвираш оҷиз мемонад. Ягона орзуи Икромҷони хурдакак он аст, ки тезтар калон шуда, хона харад ва модару хоҳаронашро аз ин дӯзах халос кунад, вале...
Аз нақли Шамсия чунин бармеояд, ки вай дар синни 20-солагӣ ба Кабир ном ҷавони хеле зебо ба шавҳар баромадааст. Онҳо мисли Лайлию Маҷнун ошиқи шайдои ҳамдигар буданд ва зиндагии ширин ба сар мебурданд. Шамсия дар “Ориёбонк” хазинадор шуда кор мекард, шавҳараш низ ҷавони корчаллону пулёб буд. Бо мурури замон соҳиби ду духтарчаи зебо гаштанд. Кабир зану кӯдаконашро рӯйи даст бардошта мегашт, аммо ба хушбахтии ин оилаи ҷавон чашми бад расид.
Аз рӯйи нақли Шамсия зани бехудое бо сеҳру ҷоду шавҳараш Кабирро ба доми худ афканда, аз онҳо чунон дилхунук намудааст, ки Кабир хонаро ба Шамсияву фарзандонаш гузошта, баромада меравад. Ҳамин тавр бо айби як зани кӯчагии ҷодугар ин оилаи хушбахт пароканда шуда, Шамсия бо ду фарзанд дар нимароҳи умр танҳо мемонад.
Акнун вай ба танҳоӣ меҳнат карда, аробаи зиндагии худу фарзандонашро мекашид ва ба тақдир тан дода буд, аммо...
Сорбон ном марди сарватманде ин ҷавонзани ситорагарму зеборо таги чашм карда, мудом бо мошин пеши роҳашро мегирифт. Шамсия чанд маротиба ба хубӣ ба он мард фаҳмонд, ки бо ду фазанд аз шавҳараш ҷудо шуда, бовариро аз даст додааст ва дигар рӯйи ягон мардро дидан намехоҳад, аммо ошиқи пулмасташ ӯро ба ҳоли худ намемонд.
Хулоса, баъди шаш моҳ ин марди зандор тавонист бо ваъдаҳои омсонӣ дили Шамсияро ба даст оварда, ӯро ба никоҳи худ дарорад.
Қабл аз никоҳ Сорбон қасам хӯрд, ки ҳамсари қонуниашро дӯст намедораду танҳо ба хотири фарзандонаш бо ӯ зиндагӣ карда истодааст ва Шамсияро рӯйи даст бардошта мегардад. Ба ҳамин хотир Шамсияи як бор дар зиндагӣ шикастхӯрда ба издивоҷ бо ин марди оиладор розӣ шуд, аммо...
Сорбон хонаи аз шавҳари якуми Шамсия мондаро ба савдо монда, ба он боз каме маблағ илова намуд ва хонаи дуошёнаи зебое сохт. Шамсия зани дуюм бошад ҳам, ду соли авввал мисли шоҳбону зиндагӣ мекард ва гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид. Шавҳараш дигар ба ӯ иҷозати кор кардан надод, вале Шамсия аз он ки озодии ӯро маҳдуд намудаанд, заррае парво надошт. Ин ҷавонзани сода гумон мекард, ки як умр бо шарофати шавҳари пулдораш шоҳона зиндагӣ хоҳад кард, лекин хаёлаш хом баромад...
Пас аз тавлиди писарчаи дуюмашон муносибати Сорбон бо Шамсоя комилан тағйир ёфт. Акнун ин марди пулмаст бо ҳар баҳона зани дуюмашро зери мушту лагад мегирифт.
Шамсия мегӯяд, шавҳараш бангу нашъа мезад ва дар ҳолати мастӣ ӯро ҳатто ба хешу табор ва ёру дӯстони худаш, ки ба хонаашон меҳмонӣ меомаданд, рашк карда, ба дараҷае бераҳмона мезад, ки ҳафтаҳои дароз аз ҷояш ҷунбида наметавонист. Ҳар гоҳе, ки шавҳараш Шамсияро зери мушту лагад мегирифт, бачаҳояш аз тарс ба даҳшат афтида, бо тамоми овоз чиррозанон мегиристанд. Ин марди пулмаст заррае парво надошт, ки кӯдакони хурдсол бо дидани занозанӣ ва кашмакаш садамаи сахти рӯҳӣ мегиранд.
МОҶАРОИ ҶОЙГАҲ БОИСИ ХУДКУШИИ АРӮС ГАШТ
Ҷони Шамсия аз мушту лагади шавҳар ба лабаш расида, чанд бор қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт, вале ҳар дафъа Сорбон ӯро ба ҳоли худаш намонда, баъди чанд рӯз ба сараш мерафт ва қасам болои қасам мехӯрд, ки дигар ин номаъқулиашро такрор намекунад. Ба хотири он ки бачаҳояш зиндаятим нашаванд, Шамсоя боз ба хонаи шавҳараш бармегашт, аммо қавлу қасамҳои Сорбон бақо надоштанд. Аз байн чанд рӯз нагузашта, шавҳари бангиаш боз барои рашк кардан ягон баҳона ёфта, ӯро мурдакӯб мекард. Қатраи охирине, ки косаи сабри ин занро лабрез гардонд, ин ҳодиса буд:
“Як рӯз шавҳарам ба ман фармуд, ки гӯштбирён ва манту пазам, ба хона меҳмон меояд. Азбаски хонаи мо ҳамеша пурмеҳмон буд, аллакай ба ин тарзи зиндагӣ одат карда будам ва зуд дасту остин барзада, аз паси ошпазӣ шудам. Дере нагузашта меҳмонҳо, ки ҳамаашон ҷӯраҳои наздики шавҳарам буданд, расида омаданд. Ман дарҳол дар наздашон дастурхон густурда, рӯйи хонро бо мағзу мавиз, қанду қандалот, ширинию хӯришу меваҳои рангоранг пур кардам ва ба ошхона даромадам, то ки гӯштбирёнро ба табақҳо кашида, деги мантуро болои оташдон ниҳам. Ҳамин вақт яке аз ҷӯраҳои шавҳарам аз дари ошхона даромада, хоҳиш кард, ки ба ӯ як пиёла об диҳам. Нав пиёлаи пуробро ба меҳмон дароз карда будам, ки балои аз таги по баромадагӣ барин, якбора Сорбон пайдо шуд. Дандонҳои шавҳари бадрашкам аз қаҳру ғазаб шарақ-шарақ садо мебароварданд. Вай чизе нагуфта аз болои хонтахта таёқи калонеро, ки бо он зуволаи мантуро тунук карда будам, гирифт ва чунон сахт ба сарам зад, ки аз ҳуш рафтам ва мисли чанори решагардон шуда, гурсосзанон ба замин афтидам. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам...
Баъдтар аз забони фарзандонам шунидам, ки ҳатто баъди аз ҳуш рафтани ман низ ғазаби шавҳарам паст нашуда, чӯби ошбуриро дар баданам майда-майда кардааст. Ҷӯраҳояш ҷуръат накардаанд, ки ба байн даромада, халос кунанд. Хайрият, ки хоҳарам барои кадом ҳоҷате ба хонаам меояд ва бо дидани ин манзараи хунин ба даҳшат меафтад. “Девона шудаед, бечораро куштед” гуфта, хоҳарам худашро болои ҷисми ниммурдаю нимзиндаи ман мепартояд, вагарна ҳамон рӯз шавҳарам маро зада мекушт.
Вақте ки маро ба беморхона бурданд, ҳатто табибон бо дидани ҷисми хуншори сар то по сиёҳу кабудам ба даҳшат афиданд, аммо намедонам шавҳари пулдорам киҳоро восита намуд, ки кор бо суду милиса нарасид.
Ҳамин тавр, баъди ин моҷаро Шамсия аз тарси он ки ягон рӯз шавҳари бангиаш ӯро зада мекушад, аз баҳри зиндагӣ бо ин марди бераҳм гузашт. Ҷавонзан умед дошт, ки ақаллан ба хотири фарзандонаш Сорбон хонаро ба ӯ медиҳад, аммо хаёлаш хом баромад.
Дар ҷараёни кашмакашҳои судӣ маълум шуд, ки ҳавлии Шамсия расман ба номи ҷияни шавҳараш ҳуҷҷатгузорӣ шудааст ва ӯ ба ин хона даъво карда наметавонад.
Дар ин миён Сорбони корчаллон харидори серпулеро ёфта хонаро ба маблағи 150 ҳазор доллари амрикоӣ ба савдо зад. Шамсия, ки 9-соли расо ба ҳайси зани дуюм бо Сорбон зиндагӣ карда, муддати 7-сол ба мушту лагади ин марди бераҳм тоб оварда буд, хоҳиш кард, ки аз пули хона ақаллан 25 ҳазорашро ба ӯ диҳад, то ки ҳеҷ набошад, ягон хонаи дуҳуҷрагӣ харида, ҳамроҳи фарзандонаш осуду зиндагӣ кунад, вале ин марди серпул ба мурдан розӣ шавад ҳам, як тин пул доданро ба бачаҳояш ба гардан нагирифта, Шамсия ва кӯдаконашро дар кӯча бе сарпаноҳ монд.
Ҳамин тавр, шавҳари серпул карда, Шамсия натанҳо 7-соли дароз шатта хӯрд, балки аз ҳамон манзили кӯчаки аз шавҳари якумаш монда ҳам маҳрум гашта, бо чаҳор фарзанд тамоман дар кӯча монд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсия метавонад бо кӯдаконаш то мустақил шуданашон дар хонаи Сорбон маскун шавад, аммо ӯ чунин пешниҳодро рад кард.
“Ман ба шатта хӯрдан одат кардаам, вале метарсам, ки кӯдакони хурдсолам аз тарс ба ягон беморӣ гирифтор нашаванд” мегӯяд ин зани аз тақдир наосуда.
Шамсия ягона зани ба хушунат гирифтор гашта нест, даҳҳову садҳо занони тоҷик зани дуюму сеюм шуда, ба ҳамин ҳол гирифтор мешаванд, аммо аксаран бо сабаби никоҳи расмӣ надоштан ба ягон мақомот даъво карда наметавонанд. Даъво кунанд ҳам, ягона муроде, ки аз кашмакашиҳои дурударози судӣ ҳосил мешавад, ин маскун шудан дар манзили шавҳар аст. Ҳамагон хуб медонанд, ки маскун кардани зан дар манзили собиқ шавҳараш оқибат надорад. Табиист, ки аҳли оилаи шавҳар ба зане, ки аллакай талоқ шудааст ва фарзандони ӯ ҳаргиз рӯйи хуш намедиҳанд. Хушунату зӯроварӣ, ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пай ва дашному ҳақоратҳои болохонадори аъзоёни оилаи шавҳар зани бахтбаргаштаро билохира маҷбур месозад, ки бачаҳояшро гирифта, бо пойи худ аз манзиле, ки маскун гаштааст, баромада равад.
Вақти он расидааст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ягон роҳи дигари ҳуқуқиро пайдо намоем, то ки занони аз шавҳар ҷудошуда, баъди пош хӯрдани оилаашон бо кӯдакони ноболиғи худ дар кӯча намонанд.
Наврӯзмоҳ Вазирбекова
P.S.
Сабти видеоии сӯҳбати мо бо ин зани фиребхӯрда дар идораи сомонаи Оила маҳфуз аст, вале ба хотири бехатарии қаҳрамонамон ва поймол накардани шаъну шарафи инсонии ӯву фарзандонаш мо номҳои эшонро тағйир додем.