Заррина ҳамагӣ 35 сол дорад, вале ба назар 50-55 сола менамояд. Зиндагии душвор ва ғами писарчаи маъюбаш ин ҷавонзани гандумгунро бармаҳал пир кардааст.
Ҳафт сол мешавад, ки ӯ бо фарзанди маъюбаш дар ба дари идораҳо сарсону саргардон аст, аммо касе ба додаш намерасад. Сабаби ин ҳама бадбахтию сарсониҳои Заррина иғвои хушдоман ва мушту шаттаи додаршӯяш аст. Дар моҳи нуҳуми ҳомиладориаш бародари шавҳараш ӯро бераҳмона лату кӯб намуда, ба қавле нимкушта кард. Ҷавонзани дар хуни худ ғарқро дар ҳолати беҳушӣ ба хонаи падару модараш бурда партофтанд. Пас аз чанд рӯзи ин моҷаро Зарринаро дарди зодан гирифт ва бо ӯро бо сару рӯйи сиёҳу кабуд ба таваллудхона бурданд. Табибон бо роҳи ҷарроҳӣ тифли батнашро гирифта бошанд ҳам, кӯдак аллакай маъюб гашта буд. Инак, саргузашти талхи ин зани азиятдидаро аз забони худаш бишнавед.