Маҷаллаи Forbes рӯйхати ҳунармандонеро нашр кардааст, ки барои нақшҳои бозидаашон гонорари калон мегиранд. Аз рӯйхати мазкур чунин бармеояд, ки мардони ҳунарманд нисбат ба занҳои ҳунарманд бештар маблағ ба даст меовардаанд. Соли гузашта маблағи умумии ба даст овардаи актёрҳои машҳури ҷаҳон $ 488,5 миллионро ташкил додааст, ки ин нисбат ба даромади занҳои ҳунарпеша се баробар зиёдтар аст.
Биёед бо қимматбаҳотарин ҳунармандони синамо шинос мешавем!
1. Марк Уолберг, $ 68 млн
Марк Уолберг соли гузашта $68 млн ба даст оварда, дар байни ҳунармандони қиматбаҳо дар зинаи аввал қарор гирифтааст. Филмҳое, ки Марк Уолберг дар онҳо нақш офаридааст, махсусан «День патриота», «Глубоководный горизонт», «Трансформеры» ва «Последний рыцарь» филмҳои қиматтарини сол ба шумор мераванд. Филмҳои мазкур нисбат ба чашмдошти коргардонҳо камтар фоида оварда бошанд ҳам, Уолберг гонорари калон гирифт.
2. Дуэйн Ҷонсон, $ 65 млн
Дуэйн Ҷонсон ба шарофати филмҳои: «Игроки», «Форсаж 8», «Спасатели Малибу» ва «Ҷуманҷи: Зов ҷунглей» $65 млн ба даст оварда, дар зинаи дувуми рӯйхат қарор гирифт.
3. Вин Дизел, $ 54, 4 млн
Вин Дизел бо овоз додани малыш Грут дар филми «Стражи Галактики. қисми 2» ва офаридани нақши асосӣ дар блокбастери «Три икса: Мировое господство» ва «Форсаж» $ 54, 4 млн. ба даст оварда, дар зинаи сеюми рӯйхати ҳунармандони бойтарини сол қарор дорад.
4. Адам Сэндлер, $50,5 млн
Адам Сэндлер бо Netflix барои нақшофарӣ дар чаҳор филм шартнома баст. «Истории семьи Мейровиц» ва «Сэнди Уэкслер» дар тӯли як сол ба Адам $ 50, 5 млн доллар даромада оварда, ӯро ба қатори ҳунармандони шинохта ва сарватманди ҷаҳон дароварданд.
5. Ҷеки Чан, $49 млн
Ба ҳунарпешаи шинохта Ҷеки Чан муяссар гашт, ки бо нақшофарӣ дар филмҳои «Обратный отсчет: Перезапуск», «Иностранец», «Кровоточащая сталь», «Доспехи бога: в поисках сокровищ», «Намия» ва овоздиҳии филмҳои тасвирии «Лего Ниндзяго Фильм» ва «Реальная белка 2» дар як сол $ 49 млн даромад ба даст оварад. Айни замон дар байни ҳунарпешаҳои бадавлат Ҷеки Чан дар зинаи 5-ум қарор дорад.
6. Роберт Дауни хурдӣ, $48 млн
Роберт Даунии хурдӣ бо шарофати офаридани нақши асосӣ дар филми «Железный человек» ва умуман офаридани симоҳои ҷолиби фантастикӣ пули калон ба даст оварда, имрӯз зиндагии шоҳона дорад. Танҳо «Человек-паук: возвращение домой» ба Роберт Дауни $48 млн даромади соф ато намуд, ки ин албатта пули кам нест.
7. Том Круз, $ 43 млн
Том Круз шоҳзодаи орзуҳои миллионҳо бонувони сайёра аст. Зеботарин ва машҳуртарин бонувони ҷаҳон тайёранд, ки дар оғӯши ин ҷавонмарди зебо бимиранд ва ин беҳуда нест. Офаридгор ба Том Круз на танҳо симои мисли шоҳзодаҳо зебою ҷаззоб ато намудааст, балки давлату сарвати зиёдеро ҳам насибаш гардонидааст. Бо шарофати филмҳои: «Мумия» и «Сделано в Америке» ин ҳунарпешаи ҷаззоб $ 43 млн ба даст оварда, дар байни ҳунармандони қиммат баҳотарини ҷаҳон дар зинаи 7- ум қарор дорад.
8. Крис Хэмсворт, $ 31, 5 млн
Крис Хэмсворт аз ҳисоби нақшофариаш дар Marvel Comics маблағҳои ҳангуфт ба даст меоварад. Танҳо нақши Тор дар филми «Тор: Рагнарек» ба Крис $31,5 фоида овардааст.
9. Том Хэнкс, $ 31 млн
Ба ҳунарпешаи дигари шинохтаи Голивуд Том Хэнкс нақшофарӣ ҳамагӣ дар ду филм: «Секретное досье» ва «Сфера» кофӣ буд, ки буҷаи солонаи хешро бо маблағи $31 млн бештар гардонад.
10. Сэмюэл Л.Ҷексон, $30,5 млн
Сэмюэл Л. Ҷонсон аз 365 рӯзи сол ягон рӯзашро беҳуда сарф накардааст. Вай дар як сол тавонист дар 5 филм: «Конг: остров черепа», «Магазин единорогов», «Телохранитель киллера», «Сверкающий самурай» ва «Три икса: Мировое господство» нақшҳои бисёр ҷолиб офарида, соҳиби $ 30, 5 млн. гардад.