Зӯроварии хонаводагӣ, куштор ва худкушии занону духтарон вақтҳои охир ба мавзӯи доғи ҳаёти ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Ҳафтае нест, ки хабари ҳузнангези марги фоҷиавии ин ё он ҷавонзан ё ҷавондухтари тоҷик ба гӯш нарасад. Далели равшани ин гуфтаҳо марги пурасрори се гуларӯси ба қавле аз сад гул ҳанӯз як гулашон нашкуфтаи тоҷик дар як моҳи охир мебошад.
Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар остонаи соли нави мелодӣ дар маҳаллаи Профсоюзи шаҳри Душанбе як арӯсаки 20-рӯза бо исми Умеда даст ба худкушӣ зада буд. Пас аз ин Аниса ном гуларӯси 13-рӯзаи ҳисорӣ дар маҳаллаи Мехкалон худро аз ошёнаи 10-уми ба замин партофта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Худкушии арӯсон дар кишвари мо гӯё ба эпидемия табдил ёфта, боз як гуларӯси дигар даст ба худкушӣ задааст.
Ин ҳодисаи нохуш дар деҳаи Меҳтарии ноҳияи Рӯдакӣ рӯй дода, Умеда ном арӯсаки 40-рӯза худро дар ошхонаи манзили шавҳараш ба дор овехтааст. Сафаргул, яке аз ҳамдеҳагони ин арӯси ноком мегӯяд, қабл аз арӯсӣ карданаш Умеда ягон мушкили иқтисодӣ, ахлоқӣ ё равонӣ надошт ва бо як ҷаҳон умеду орзуҳои ширин ба хонаи бахташ рафта буд. Даст ба худкушӣ задани ин гуларӯс барои аҳли деҳа муаммои сарбаста гаштааст.
МОҶАРОИ ҶОЙГАҲ БОИСИ ХУДКУШИИ АРӮС ГАШТ
Аз нақли Сафаргул чунин бармеояд, ки Умеда духтари ягонаи хонадон буда, ҳамин сол ба коллеҷи тиббии ноҳия дохил шудааст. Падару модараш ӯро бо тӯю тамошо ба як ҷавони ҳамдеҳаашон, ки дар ҳамсоягии бобояш зиндагӣ мекард, ба шавҳар медиҳанд, аммо аз базми зебову бошукӯҳи арӯсиашон ҳанӯз 40-рӯз нагузашта, Умедаи арӯсак худро дар ошхонаи манзили шавҳараш ба дор меовезад.
Холаи ин арӯси ноком бо шарти пинҳон доштани номаш зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ худкушии Умедаро тасдиқ намуд. Аз рӯйи гуфти холааш дар хонаи шавҳараш ба Умедаи арӯсак ҷин ёр шудааст. Муллоҳои номдорро оварда, арӯсакро чанд маротиба дуохонӣ кардаанд, аммо баровардани ҷин ба онҳо муяссар нагашта, билохира зери таъсири ҳамин қувваҳои ноаён Умедаи гуларӯс худро ба дор овехтааст.
АРӮС БО ВАСВАСАИ ҶИНҲО ХУДКУШӢ КАРД Ё...
Ногуфта намонад, ки худкушии занону духтаронро бештар ба қувваҳои ғайб-ҷину аҷина ва деву парӣ нисбат медиҳанд, аммо дар аксари ҳолатҳо дар зери коса нимкоса ниҳон буда, худкушии намояндагони ҷинси латиф сабабҳои хеле ҷиддӣ дорад. Мушту лагади шавҳар, заҳри забони хушдоману хоҳаршӯй, забон ёфта натавонистан бо хусур, додаршӯй, авсун ва дигар аъзоёни хонаводаи шавҳар, тӯҳмат, хоса тӯҳмати бокира набудан аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани занони духтарони тоҷик мебошанд, аммо дар аксари ҳолатҳо гуноҳро ба сари ҷину аҷина, деву парӣ ва бемории рӯҳӣ мезананду қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ин розҳои даролударо бо худ ба зери хоки сард мебаранд.