new banner new years
Моҷарои ҷойгаҳ боиси худкушии арӯс гашт
8136

 

Тавре ки шоҳидони ҳодиса ба сомонаи Оила. ТҶ хабар доданд, як арӯсаки 13-рӯза бо исми Аниса Ёрова чанд рӯз қабл даст ба худкушӣ зада, худро аз ошёнаи 10-уми яке аз биноҳои баландошёна, воқеъ дар маҳаллаи Мехкалони шаҳри Душанбе ба замин партофтааст.

Адиба, яке аз дӯстони ин арӯсаки ноком мегӯяд, Аниса аслан зодаи дараи Алмосии Ҳисор буда, духтари қуръонхони покдомону худотарс буд ва ҳаргиз панҷ вақт намозашро тарк намекард. Волидонаш бо садҳо умеду орзуҳои нек ӯро ба писари як шиносашон, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст, ба шавҳар медиҳанд, аммо ин арӯсӣ ба Анисаи нозанин хушбахтӣ наовард.

Ҳамагӣ пас аз 13-рӯзи тӯй ин арӯси гулбадан аз зиндагӣ безор шуда, даст ба худкушӣ задааст. Аниса ягон беморӣ надошт ва касе аниқ намедонад, ки чаро ин арӯсаки фариштарӯю фариштахӯй худро аз ошёнаи 10-ум ба замин партофтааст.


Дар арафаи соли нави мелодӣ як арӯсаки бистрӯза бо номи Умеда Назарова дар ҳамоми хонаи домод худро ба дор овехтааст.

 


Тахмин меравад, ки байни арӯсу домод аз рӯйи муносибатҳои маҳрамона моҷаро бархоста, дар ҳамин замина гуларӯс қасди ҷони худ намудааст. Ҷасади дар хоку хун оғӯштаи Анисаи номуродро дар зодгоҳаш, дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД