Formula novemver 2024
10-амале, ки инсонро бо худо наздик мекунад
4169

Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти нав набуда, реша дар қаъри асрҳо дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳанӯз дар замони «ҷоҳилия» вуҷуд дошт ва яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани дини ислом ва оғози рисолати пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (С.С) низ маҳз ҳамин аст.

Қуръони Карим одамизодро ба даст кашидан аз зулму зӯроварӣ нисбат ба инсони дигар талқин намуда, ба хотири дур шудан аз ҷоҳилият 10 амалро таъкид кардааст:

1. Ба моли ятим наздик нашудан
Ятимон аъзоёни осебпазири ҷомеа ҳастанд, чунки аз падару модар, ки нигоҳубинкунанда ва тарбиятдиҳандаи онҳо ҳисоб мешаванд, бебаҳра мондаанд. Аз ин рӯ, ҳимоя ҳуқуқи ятимон то ба синну соли балоғат расидан вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа мебошад.

 2. Паймонаву тарозуро ба инсоф тамом кардан
Тибқи назари дини мубини ислом тамоми инсонҳо аз як падару модар-Ҳазрати Одам ва Момо Ҳаво пайдо шудаанд ва бояд бо ҳамдигар бародаронаю хоҳарона рафтор намоянд. Мо, одамон бояд дар муносибат бо дигарон баробарӣ ва адолату инсофро риоя намоем, аз ҷумла дар муносибатҳои оилавӣ.

3. Дар сухан инсофро риоя кардан, агарчи хешованди (шумо) бошад
Худованд ҳангоми сухан гуфтан ба виҷдони инсон ҳавола намуда, амр кардааст, ки танҳо толиби ҳақиқат бошед ва аз рӯйи адолат рафтор намоед. Боадолатона рафтор кардан хусусан бо ҳамсар ва аҳли оилаи худ шоистаи таҳсин аст.

4. Ба паймони Худо вафо кардан
Никоҳи байни зану мард бо номи Аллоҳ баста мешавад ва соҳиби ҳамсар гаштан яке аз беҳтарин неъматҳои илоҳист, ки насиби бандааш мегардад. Пас, ба ақде, ки ҳангоми никоҳ бо номи Худованд баста мешавад, вафо карда, ҳаргиз нисбати ҷуфти худ хиёнатро раво мадоред. Шукргузор будан аз оилаи ободу хушбахт барои марду зан як навъ вафодорӣ ба паймони Худо мебошад.

 5. Ба волидайн некӣ кардан
Некӯкорӣ кардан ба волидайн яке аз талаботҳои асосии Худованд аз бандагонаш аст. Дини мубини ислом моро ба иззату эҳтиром кардани падару модар ва дар дами пирӣ асои дасти волидайн гаштану ба онҳо ёрӣ расониданро талқин менамояд. Ҳуқуқи падару модар дар ислом пас аз ҳуқуқи Худо дуюмин ҳуқуқи баландтарин аст.

6. Фарзандони хешро аз тарси фақр накуштан
Куштани фарзанд дар ислом яке аз ҷиноятҳои вазнин ба шумор меравад, чунки бо содир кардани он яке аз сифатҳои Аллоҳ ҳамчун наҷотдиҳандаи инсоният инкор карда мешавад.

 7. Ба беҳаёиҳо (зино ва ливота) наздик нашудан
Беҳаёӣ ҳамаи он кору амалҳоеро мегӯянд, ки аз доираи ахлоқ берун аст. Бадтарин беҳаёие, ки оиларо вайрон карда метавонад, ин зино ва хиёнат аст.

 


Ишқи Юсуфи тоҷик Алёнаро аз Русия ба Ҳисор овард...

 


 

 

 8. Ноҳақ накуштани одам
Ҳаёти инсон арзиши олӣ дорад ва ба ҷуз Худованд дигар ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба он дахолат намояд. Дар дини мубини ислом ба ноҳақ куштани инсон гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад.

 9. Ширк наовардан
Худованд меҳрубон буда, ба ҳар кас мувофиқи амалу рафтораш мукофот медиҳад. Инсон набояд ба қудрати офаридгор шак карда, ширк оварад.

 10. Ба андозаи тавоноӣ воҷиботро иҷро кардан.
Худованд бар бандаи худ сабукӣ фармудааст. Ягон фарзи исломӣ ба зиммаи инсон вазниниро бор намекунад. Дар муносибатҳои оилавӣ низ байни ҳамсарон ва дигар аъзоёни оила набояд муносибатҳо мушкил карда шаванд.

Бодиққат назар андозем, аз ин даҳ банди зикршуда нуҳтоаш бевосита ё бавосита барои ҳалли масъалаҳои оила, ҳуқуқи зан, ҳуқуқи падару модар, ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии зулм нисбати занону кӯдакон ва падару модарон дар оила ва ҷомеа равона шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дини мубини ислом зидди зӯроварӣ ва хушунат буда, ҳалли мушкилоти оила дар қатори дигар мавзуъҳои муҳими ҳаёти инсонӣ бар зиммаи Пайғамбар гузошта шуда буд. Ин бори дигар собит месозад, ки дини ислом барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, нобаробарӣ, ноҳаққӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, пайдо ва таъин шудааст.

Сафархон Вализода,

ичрокунандаи вазифаи сардори кафедраи

“Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ

ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ”-и факултети №6,

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД