Ман як зани 70-сола аз ҷабри келин чунон ба фиғон омадаам, ки дилам ба кафидан наздик омадааст. Пас аз фикру андешаҳои зиёд қарор додам, ки найрангҳои келини ҷодугарамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Манзура ном дорам. Синну солам ба 70 расида бошам ҳам, то имрӯз нони даҳонамро худам ёфта мехӯрам. Дар як идораи бисёр бонуфуз кор мекардам, ҳатто вазирону мансабдорон “апаҷон, ин даркору он даркор” гӯён, дар наздам корафтода мешуданд. Мушкили ҳазорон нафарро осон намуда, ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе бо мушкиле рӯ ба рӯ мегардам, ки чилиги онро касе кушода наметавонад.
Писарам ба духтари варзобӣ ошиқ шуду...
Ман соҳиби чор фарзанд ҳастам. Писари калонӣ ва ду духтарамро ба оилаҳои бообрӯ додам, вале писари хурдиам як духтари камбағали ба қавли мардум бе аслу насабро дӯст дошта, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ғайри Назира дигар ягон касро намегирам. Чанд бор насиҳат кардам, ки бачаҷон, зиндагӣ бозича нест, хуб фикр кун, ки баъд пушаймон нашавӣ, вале писарам дар ишқи ин духтари варзобӣ чунон обу адо шуда буд, ки ба гӯшаш панди модар намедаромад.
Моҷарои интихоби арӯс
Нияти ба Варзоб хостгорӣ рафтанамро фаҳмида, тамоми ёру дӯстон ва хешу табор маро маломат карда мегуфтанд:
-Магар дар ҳамин шаҳри калон ягон арӯси муносиб ёфт нашуд, ки аз ким-кадом таги кӯҳ келин мекунед? Наход, ки кас дидаю дониста ба писари як не, ду маълумоти олӣ доштааш кадом як духтари бесаводро гирифта диҳад? Шумо ягон одами дар кӯча мондагӣ нестед-ку! Камаш нисфи Душанбе шуморо мешиносад. Боварӣ дорем, ки аз кадом даре даромада бо ними даҳон арӯс мекобам нагӯед,ҷон-ҷон гуфта духтарашонро бароварда медиҳанд. Ягон духтараки босаводу тарбиятдидаро келин кунед, ки ба қадри меҳнатҳои шумо ва ба қадри писаратон бирасад...
Лаб газида дар ҷавоби ин эродҳо мегуфтам:
- Писарам ҳамон духтарро дӯст доштааст, агар ба ҷойи Назира ягон духтари дигарро келин кунаму худо накарда, зиндагиашон хуб нашавад, то қиёмат Далерҷон аз ман домангир мешавад.
Хостгорӣ аз ночорӣ
Хулласи калом, ба хотири он ки дили писарам нишиканад, тӯҳфаҳои бисёре гирифта, аз пойтахт ба Варзоб хостгорӣ рафтам. Ронандаи мошине, ки моро ба хонаи волидони арӯсшаванда мебурд, таъкид кард, ки ин хона макони истироҳат ва айшу ишрат аст.
“Хола, аз сару либосатон маълум, ки одами бамаънӣ ҳастед, барои ҳамин ман ростӣ гапро ба шумо мегӯям. Ин ҷо истироҳатгоҳ аст. Натанҳо мо, таксистҳо, балки аксари мардони занбоз ба ин ҷо “арӯс” оварда, айшу ишрат мекунанд. Худатон фикр кунед, магар аз чунин оила духтари хуб мебарояд?!
Ман, ки табиатан одами дилсоф ҳастам, даст афшонда гуфтам:
-Хонаашонро барио пул истироҳатгоҳ карда бошанд ҳам, духтарашонро ба мардҳои занбоз намефурӯхтагистанд-ку! Модоме, ки писари босаводи ман ҳамин духтаракро дӯст доштааст, пас духтари арзанда будааст...
Фотиҳа ва тӯй
Падару модари арӯсшаванда сад бор садқаю бандаи қадамҳоямон гашта, дар ҳамон маротибаи аввали хостгорӣ розигӣ доданд ва фотиҳатӯйи калон ороста Назираро ба Далерҷон номзад кардем.
Модари арӯс қариб ҳар рӯз занг зада “қудоҷон, дар фотиҳа дуру дароз истодани духтару бача хуб нест, биёед тезтар тӯй кунем” гӯён, маро саросема мекард. Азбаски тамоми фарзан донам дар идораҳои бонуфуз кор мекунанду вазъи молиявиамон хуб аст, тамоми чизу чораи заруриро дар байни чанд рӯз харида, тӯйи дакаданг оростем ва арӯсро аз Варзоб ба Душанбе овардем.
Келини эркатулфор
Духтарҳои деҳотиро таъриф карда, меҳнатию ҳунарманд мегӯянд. Намедонам то кадом андоза ин гап рост аст,вале келини қишлоқии ман аз рӯзи ба хонаи мо қадам гузоштанаш дасташро ҳатто ба оби хунук назада, мудом мисли шоҳдухтар худро орову торо дода мегашт. Азбаски дар хона хизматгор дорем, ман ба ин чиз тамоман аҳамият намедодам, вале суханони Нигина баъзан дар дилам тухми шубҳа мекоштанд. Синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, то имрӯз ман газета мехонам. Келинам ҳар гоҳ қиссаи ягон зани аз ҷабри шавҳар ба фиғон омадаро дар саҳифаи газета бубинад, биниашро инҷ карда мегуфт:
-Занҳое, ки хомӯшона ба мушту лагади шавҳар тоқат карда мегарданд, гованд, шишаи одиро майда-майда карда, аз элак гузаронию ба ҷурѓот андохта хӯронӣ, марди муштзӯр хун партофта, дар як дам мурда мераваду ҷонат халос мешавад...
Боре пурсидам, ки ин гапҳоро аз куҷо шунидааст. Назира заррае андеша накарда гуфт:
-Як дугонаи модарамро шӯйи алкашаш фақат зада сиёҳу кабуд мекард. Ҷонаш ба лабаш расиду шишаро майда-майда карда дод, шӯяш хун партофта, мисли саг азоб кашида, азоб кашида мурд.
Ростӣ баъди шунидани ин гапҳо дилам аз келинам дур мерафтагӣ шуд. Метарсидам, ки ягон рӯз Назира “аз ин кампир халос шавам” гуфта ба даруни хӯрокам шишамайда ё заҳр наандозад, бинобар ин, аз зани хизматгор хоҳиш кардам, ки хӯрокро фақат худаш пазад.
Ба мард кирми харак диҳӣ, хар мешавад!
Боре хешу табори Назира ба хонаамн меҳмонӣ омаданду “келин баҳузур бо пайвандонаш чақ-чақ карда ши над” гӯён, баъди оростани зиёфат ман онҳоро танҳо гузошта, ба хонаи ҳамсоя рафтам. Вақте ки омадам, дар нимроғ буд ва аз дарун овози модари Назира ба гӯш мерасад. Аз афташ сухан дар бораи ҷоду ва ҷодугарӣ мерафт, ки қудоям дастак зада мегуфт: “Дараки як муллои зӯрро ёфтам. Мегӯянд, ки пӯстакро бо пӯстак ҷанг меандозад!” Назира низ гапи модарашро об дода гуфт: “Ман ҳам таърифи он муллоро шунидам, бо кирми харак мардро хар мегардонидааст. Зӯр-а оча, ба шӯят кирми харак дода, ӯро хар мекунӣ , баъд аз нӯхтааш гирифта ба куҷое хоҳӣ, мебарӣ...”
Дилам бо шунидани ин гап шуввӣ карда рафт ва бо шаст ба хона даромадам. Бо дидани ман ранги Назираю модараш пахта барин канд, дигар хешу таборашон бошанд, лаб газида, сарашонро хам карданд. Рӯ ба модари Назира оварда гуфтам:
-Қудо, барои чӣ якбора хап кардед. Ба фикрам дар бораи кадом мавзӯи аҷиб бо шавқ сӯҳбат доштед-ку! Давоми қиссаро гӯед, мо ҳам шунавем.
-Эй не, мо гапи худамона гуфта истода будем,-гӯён модари Назира дарҳол ба дастурхон омин кард ва бо баҳонаи он ки дер шуда истодааст, меҳмонҳо азми рафтан намуданд...
Келинам аз хона гум мешуд
Писарам Далерҷон дар як идораи бонуфуз кор мекард ва қариб, ки вақти холӣ надошт, аз ҳамин сабаб бозориро аксаран худам мекардам. Ҳамин, ки ман аз дарвоза баромадам, келинам аз дарича баромада, ғайб мезад. Мани пиракӣ дар бозор ду-се соат вақт сарф крада бо халтаҳои пур аз хӯрокворӣ ба хона бармегаштам, ки келин нест. Назира кунӣ гуфта пурсам, хизматгорзан “намедонам, баъди рафтани шумо вай ҳам чизе нагуфта баромада рафт” гӯён, китф дарҳам мекашид.
Ростӣ, келин ба куҷо мерафту чи кор мекард, намедонам, вале баъди баргаштанаш дар куҷо будӣ гуфта пурсам, баҳона мекард, ки ба хонаи ҳамсоя рафта будам, аммо аниқ намегуфт, ки маҳз дар хонаи кадом ҳамсоя буд.
Рӯзе косаи сабрам лабрез гашту сахт карда гуфтам:
-Магар дар ҳамин хонаи серу пур чизи хӯрдани намеёбӣ, ки ба хонаи ҳамсяҳо юндуқлесӣ меравӣ?!
-Ҳамсояҳо хоҳиш мекунанд, ки куртаҳояшонро пора карда диҳам. Хотири ҳамсоягӣ не гуфта наметавонам. Ман умуман ба хонаашон намедароям, ҳамту дар роҳрав либосҳояшонро пора карда медиҳаму меоям...
Оташи қаҳру ғазабам бо шунидани ин гапи дуруғ бештар аланда зада гуфтам:
-Ин қадар дӯзандаи моҳир бошӣ, як сехи дӯзандагӣ кушою кор кун, о наход, ки куртаҳо дар роҳрав пора кунанд!
Назира қаҳр карда, қошу қавоқ андохт ва ҳамон шаб умуман бо мо нишаста хӯок нахӯрд...
Тӯҳмати қудо
Рӯзи дигар Назира бо баҳонаи он ки нотоб шудааст, ба хонаи модараш рафт. Аниқтараш, келинам ҳомиладор асту касал шудааст гуфта, мани сода худам ду дастурхонро пур аз қанду қандалот ва кулчаю тӯша карда, ба писарам фармудам, ки Назираро бо мошин бурда ба хонаашон монад, то ки камтар боду ҳавои тоза гирифта, ба худ биёяд.
Аз байн чанд рӯз гузашту ҳамроҳи як дугонаи наздикам ба Варзоб келинро хабаргирӣ рафтам. Намедонам Назира дар бораи ман ба волидонаш чи бадгӯиҳо кардааст, ки аз дар даромадан замон, ба ҷойи салому алейк ва аҳволпурсӣ модараш аз дасти дугонаам маҳкам дошта, дод зад:
-Ин ҷо шин, ин дугонаи ту як беваи шаттоҳи аз чил к…. будааст....
Хуллас, модари келинам мани сарсафедро дар назди дӯсти қадрдонам бо тӯҳмату бӯҳтонҳои гӯшношунид фоҳишаи қади роҳ баровард. Борони дашноми қудозанро хомӯшона таҳаммул намуда, сипас гуфтам:
-Қудо, ман хонаи шумоён келинхабаргирӣ омадам, на таҳқиршунавӣ, вале маҷбур кардӣ, ки даҳонамро кушода, ниқобатро аз рӯят кашам. Ману ин зан солҳо боз якдигарро шиносем, кию чикора будани маро вай наѓз медонад, лекин худат гӯй, ки фоҳиша манам ё ту. Ин қадар зани боимон ва худотарс, ки бошӣ, барио чӣ хонаатро ба макони айшу ишрат табдил додӣ? Ҳар шаб чанд буққа ба хонаи ту “арӯс” оварда, то саҳар зино мекунанду боз ту маро фоҳиша мегӯӣ?! Садқаи одамгарӣ шавӣ, кӯрнамак!
Ҳамин тавр як пиёла чойи қудоро нахӯрда, мо дубора ба шаҳр баргаштем...
Модарҷудо
Намедонам пас аз ин гуфтугӯ Назираю модараш чи ҷодуе карданд, ки писарам бо ман душман шуда монд. Далерҷоне, ки пештар аз забонаш шаҳду шакар мерехтв а мудом “очаҷон” гӯён, дар гирдам парвона буд, якбора аз модараш безор шуда, тамоми сару либосашро ҷамъ карду аз паси занаш ба хонаи хусуран рафта, хонадомод шуд. Очаю духтар маро дур дида, хуни писарамро макиданд. Аз рӯйи зану хушдоманаш писари бо гули чиз калон кардаам ба гирдоби қарзу қавола ғӯтид ва маҷбур шуд, ки кори бообрӯяшро партофта, ба Русия мардикорӣ равад...
Як даста тӯмор
Модари Назира маро дар назди дугонаам фоҳишаю ҷодугар хонд, вале аҷибаш он аст, ки ман аз хонаи писарам як даста тӯмор ёфтам. Ин тӯморҳоро кӣ карду кай оварда дар хонаи мо партофт, намедонам. Таъсири ҳамин тӯморҳост ё чизи дигар, ки писарам маро фаромӯш кардааст, ягон бор занг зада намепурсад, ки оча, ту зиндаӣ ё мурда. Модарбезории писарамро мебинаму гапҳои Назира дар гӯшҳоям садо медиҳанд: Кирми харакро ба шавҳар хӯронӣ, хар барин мешавад, аз нӯхтааш кашола карда, куҷое хоҳӣ, мебарӣ!
Бачата ҷоду кардам, бева!
Ростӣ, одати ғайбат кардан надорам ва ҳаволаи келинамро ба худо супорида будам, вале дирӯз Назираи беҳаё ба ман як СМС-и пур аз ҳақорат навишта маҷбурам кард, ки дарди диламро нависам. Маро аз писарам ҷудо карданаш магар кам буд, ки келини худонотарсам навиштааст:
«Беваи ҷалоҷин, бачата қатит душман кардам, хуб кардам. Барқасд кардам, ки сӯхта-сӯхта мурӣ!»
Худо аз чунин келинҳои қисматсӯз бандагонашро нигоҳ дорад!
Кампири Манзура, сокини пойтахт