Занҳоеро, ки дастҳои нафису зебо доранд, малика меноманд. Оё ҳар зан метавонад малика шавад? Метавонад, агар дастҳояш тароваташонро гум накунанд.
Душмани асосии пӯсти нозуки даст хушкӣ, яъне кам шудани намнокии пӯст мебошад. Чаро пӯсти даст хушк мешавад?
Зарфшӯӣ ё рубучини хона бо истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ бе пӯшидани дастпӯшак пӯсти дастро мехушконад. Қариб тамоми маҳлулҳои зарфшӯӣ химикат доранд, барои ҳамин қабл аз зарфшӯӣ пӯшидани дастпушакро одат кунед. Ба ғайр аз маҳлулҳое, ки дар таркибашон иловаҳои кимиёвӣ доранд, оби ҷӯш, оби хунук, шамол ва офтоби сӯзон низ на танҳо ба пӯсти рӯй, балки ба пӯсти дастон низ зарар мерасонанд.
Чӣ тавр пӯстро ҳифз бояд кард? Дастонатонро бо оби ширгарм бишӯед. Дар ҳавои сард дастонатонро дар дастпӯшакҳо пинҳон кунед. Аз малҳамҳои ҳифзкунанда истифода баред.
Скраб барои даст
Пӯсти дастонро бо скраби аз равғани растанӣ ва шакар омодашуда тоза кардан мумкин аст. Скраби рӯятонро метавонед ба дастҳоятон молед. Аз ниқобҳоро низ истифода баред.
Ниқоб аз асал
Поғаҳои ҷав (овсяные хлопья)-ро дар қаҳвакӯбак майда карда бо як қошуқча равғани зайтун ё зағеру каме шир то қаймоқмонанд шуданаш омезед. Дар ин ниқоб ба ҷои поғаҳои ҷав зардии як дона тухмро низ илова кардан мумкин аст. Ниқобро ба дастонатон молед, нарму нозук мешаванд.
Ниқоби картошкагӣ
Картошкаи пухтаро лат зада бо шир омезеду ба дастонатон молед. Дар оби гарме, ки дар он картошка ё макарон пухтааст, дастонатонро нигоҳ доред.
Гиёҳоби муъҷизаофар
Ду қошуқ гиёҳи бобуна, чойкаҳак, газна ё календуларо 15 дақиқа дар оби ҷӯшида дам партоед. Барои самаранокии бештар ба ин гиёҳоб шир ё намаки баҳрӣ илова кунеду дастонатонро дар он нигоҳ доред.
Равған молед
Равғани эфир ё растанӣ аз қабили зайтун, зағир, кунҷит ё офтобпарастро ба дастонатон молида, сипас бо оби гарм шӯеду малҳами нармкунанда молед.
Пӯсти пойро фаромӯш накунед
Мо нигоҳубини пӯсти пошнаи пойро тамоман фаромӯш кардем. Ҳамаи он ниқобу гиёҳобҳоеро, ки барои пӯсти дастон тавсия намудем, ба пӯсти пойҳо низ молидан мумкин. Пойҳоятонро дар оби оҳардошта нигоҳ доред, он пайдошавии тарқишу обилаҳоро пешгирӣ менамояд. Дастур хеле оддӣ аст: ба 1 литр оби гарм як қошуқ оҳар рехта пойҳои хастаатонро 15-20 дақиқа дар ин об нигоҳ доред.
Барои тоза кардани пӯсти ғафсшудаи пошнаи пой аз чунин усул истифода баред: ба 1 литр об як қошуқ намак ё сода андозеду обро ба тағора рехта пойҳоятонро дарунаш гузоред. Баъди он ки пӯсти пой мулоим шуд, пӯсти кӯҳнаро бо санг тоза кунед. Ҳар рӯз малҳам барои пой молед. Инчунин молидани равғани растании беданҷир (касторовое), зайтун, зағир аз манфиат холӣ нест.