Sebiston new 2024 october
4-нишонаи қоим шудани қиёмат
2174

 

Байҳақӣ (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Қариб аст, ки биёяд ба мардум замонае, ки намонад аз ислом чизе, магар номи он. Ва намонад аз Қуръон чизе, магар нақши он.

Масоҷид аз ҷиҳати иморат обод, аммо аз ҷиҳати ҳидоят (роҳнамоӣ) хароб. Ишон бадтарини мардум мебошанд зери осмон. Аз онҳо фитна бармеояд ва ба худи онҳо бармегардад».

Дар ин ҳадис чанд аломати қиёмат баён гардидааст: Якум, ин ки бо наздикшавии қиёмат номи ислом танҳо дар китоб ва забонҳо боқӣ мемонаду аз дилҳо берун меравад. Мусулмон аз ислом ва ислом аз мусулмон дур мешавад.

Дуюм, ин ки мардум Қуръонро ба хотири амал ёд намекунанд, балки ба қасди таълим ёд мегиранд. Танҳо кӯшиш мекунанд, ки дар адои ҳуруф аз махориҷ моил шуда, аз мақсади аслии Қуръон дур мебошанд, яъне ба амру наҳй (фармудаю маънкарда)-и он эътибор намедиҳанд.

Сеюм, ин ки масҷидҳо зоҳиран ободу пур аз намозхон мебошанд, аммо мақсади рафтани онҳо ба масҷид гуфтани суханни абаси дунёӣ мебошад. Ба масҷид қолинҳои мунаққаш мепартоянд, вале амри маъруфу наҳйи мункар намекунанд.

Чорум ин, ки бо наздикшавии қиёмат уламои бадкор зиёд мешаванд. Онҳо ёрикунандаи золимон мебошанд. Яъне, ба ҷои он, ки золимонро аз зулм манъ намоянд, ба сӯи золимон майл карда, мутеъи онҳо мегарданд.


 

Мардакҷон, мабодо пулҳоятро сарфи айшу ишрат накунӣ, ки рӯзатро сиёҳ мекунам! Фаромӯш накун, ту ба ман қавли мардона дода будӣ, ки то дами марг дар ҳаққам хиёнат намекунӣ.


Худованди Таборак ва Таъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд: «Мо инсону ҷинро барои ибодат кардан офаридем». Пас, моро лозим аст, ки барои ибодат кӯшиш кунем ва дар он ба танбалӣ роҳ надиҳем. Инсон бояд пеш аз фарорасии марг ба он омодагӣ бинад, зеро амалҳои солеҳ бо инсон дар қабр ва маҳшар якҷо мебошад.

 

Дар як ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст: «Се чиз ҳамроҳи инсон то қабр меравад, ки дуйи он бармегардад ва яке аз онҳо мемонад. Якум, аҳлу аёл. Дуюм, мол ва сеюм амали инсон. Мол аз хона намебарояд, аҳлу аёл бозмегарданд ва танҳо амали нек бо инсон дар қабр боқӣ мемонад.

Тавре ки инсон дар дунё барои сафари тӯлонӣ тӯша мегирад, инчунин барои охират низ бояд тӯша бигирад. Тӯшаи охират ибодат кардан, хайру эҳсон ва амалҳои некро дар бар мегирад.

Худованд ҳамаи моро тавфиқ диҳад, то дар ибодати ӯ ихлоси комил дошта бошем.

Эй бор Худои Аршу Курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.

Имону амону тандурустӣ,

Илму амалу фарохдастӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД