arzon replenishment
НУРУЛЛО АБДУЛЛОЕВ: ПАС АЗ БИСТ СОЛ БА ЗАНАМ ОШИҚ ШУДАМ
3166

 

Даричаи ошноӣ
Нурулло Абдуллоев 6-ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Соли 1965 ба факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, ҳангоми дар курси дуввуми ин донишгоҳ хонданаш дар театри драмавии ба номи А. Лоҳут
ӣҳамчун коргардони саҳна ба кор даромадааст. Пас аз ду соли хониш соли 1967 дар Институти педагогӣ факултаи санъат кушода шуду Нурулло ба таври гузориш ба ин факулта гузашт. Бо сабаби он ки ӯ курси офитсериро ҳам дар ин муддат хатм карда буд, ҳангоми табадулоти ҳарбии Чехославакия ӯро ҳамчун хизматчии ҳарбӣ ба ин ҷумҳурӣ бурданд. Пас аз ду соли адои хизмат ба ватан баргашта, соли 1975 шуъбаи актёри драма ва киноро бомуваффақият хатм карда, ҳамчун актёр ба театри академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омад ва то имрӯз дар он ҷо кору фаъолият дорад.

Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи «Ордени дӯстӣ».

– Театрро саҳнаи зиндагӣ мегӯянд. Аз нигоҳи Шумо ҳамчун устоди ҳунар театри тоҷик бузургии зан-модарро то куҷо таҷассум кардааст?

Ҳамчун драматург, нависанда ва актёр гуфтаниам, ки мо то имрӯз ягон асари хуб барои модари тоҷик надорем. Ба ғайр аз шеърҳои ба модар бахшидаи устод Лоиқ. Дар назар дорам дар соҳаи наср ва драмматургия. Ҳарчанд ки асари драмавии «Модар нигарон буд»-и устод Файзулло Ансорӣ рӯи саҳна гузошта шуда буд, бо вуҷуди он, модари тоҷик дар асарҳои калон ҷои худро наёфтааст. Аслан, касе мисли модар бузург нест, чунки зан-модар офаранда аст, тарбиятгар аст, муҳофиз аст. Барои ҳимояи шавҳару фарзандонаш зан гоҳо чунон қурбониҳое мекунад, ки мо, мардҳо дар ду дунё карда наметавонем. Модар мисли шер ба душмани фарзандаш дармеафтад, то бачаашро ҳифз кунад. Ин корро танҳо зан-модар мекунад.

Зани идеалии Нурулло Абдулло?

Зан бояд «универсал» бошад. Аз уҳдаи ҳама кор баромада тавонад. Пеш аз ҳама, донад, ки чаро таваллуд мекунад. Киро таваллуд кардааст. Бояд фарзандашро илм омӯзонад, саводнок кунад.

Ба фикри Шумо, фарзанди бисёр доштан хуб аст ё баръакс?

– Аз бисёр таваллуд кардану бетарбия ба воя расидани фарзандон фоидае нест. Бигузор оилаҳои ҷавон як нақшаи муайян дошта бошанд. Кам бошаду хуб бошад. Аз уҳдаи тарбияи чанд кӯдак ба пуррагӣ баромада тавонанд, ҳамон қадар фарзанд ба дунё биёранд.

Ишқи аввалатонро дар ёд доред?

Дар ёд дорам. Ҳангоми дар синфи 6-уми мактаб-интернати №2-и пойтахт хондан ба муаллимаи забон ва адабиётамон Раҳматуллоева чунон ошиқ шуда будам ки…Баъдтар фаҳмидам, ки ин ишқи хоми кӯдакона будааст. Ишқи ҳақиқиро ман ҳангоми дар Донишгоҳи санъат хонданам дарёфтам, вале он ҳам бебарор буд. Ишқи ман қурбонии падару модари пиру дардмандам гашт.

Аз ин мебарояд, ки бе ишқу ошиқӣ оиладор шудед?

– Ҳа, ҳамин тавр. Соли 1975 бо Латофатбону Ашӯрова хонадор шудам ва имрӯз Худоро сад бор шукр мегӯям, ки бароям чунин зан, ҳамсар ва модари мушфиқу меҳрубони фарзандонро насиб гардондааст.

Кадом хислати ҳамсаратон ба Шумо бештар писанд аст?

Пурсабру пуртоқат, хоксориву меҳнатдӯстӣ, ҳалиму меҳрубон буданаш. Пас аз бист соли хонадорӣ ман ба занам ошиқи шайдо шудам.

Кадом хӯроки пухтаи ҳамсаратонро дӯст медоред?

Ҳамсарам ҳама хӯрокҳоро бо маҳорати том мепазад. Маззаи оши буридаву шакаробашро як бор чашед, умре аз даҳонатон намеравад.

Хушбахт бошед!

Латофатбону Ашӯрова : МАРД БОЯД МИСЛИ ШАВҲАРИ МАН БОШАД

 Даричаи ошноӣ:
Латофатбону Ашӯрова 11 январи соли 1955 дар колхози «Победа»-и ноҳияи Ленин (ҳозира н.Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи ба номи У.Хайёмро хатм кардааст. Солҳои зиёд ба касби савдо машғул буд. Ҳамсари ҳунарманди машҳур Нурулло Абдуллоев, модари 4 фарзанд: Неъматулло, Парвина, Эраҷ, Эҳсон ва 10 набера.

– Мард аз нигоҳи Латофатбону бояд чӣ гуна бошад?

Мисли шавҳари ман Нуруллои Абдулло бошад. Ҳамаи мардҳо мисли ӯ мешуданд, ҷаҳон гул мекард. Бо чунин мард ширинтарин зиндагӣ насиби занҳо мегашт.

Мисли шавҳари шумо, яъне чӣ хел?

Босавод, ҳалиму меҳрубон, нисбати зану фарзандон ғамхор.

Аз суханрониятон маълум, ки аз ҳамсари ин ҳунарманди нотакрор будан ифтихор мекунед?

Бале, ифтихор мекунам. Мо бе ишқу ошиқӣ хонадор шудем, вале зиндагии хубу ором маро ошиқи Нурулло намуд. Акнун бе якдигар ҳаёту зиндагиро тасаввур карда наметавонем.

Шавҳари Шумо ҳунарманди театру кино аст. Ҷояш меояд, ки дар нақш ба духтарону занон ошиқ шуда, бӯсу канор мекунад. Иҷрои чунин нақшҳо рашки Латофатро намеорад?

(Ӯ табассуми маънидорона карда мегӯяд)

– Як вақт ба тамошои айнан ҳамин хел як намоишнома ба театр рафта будам. Пас аз намоиш як зани шинос моро дида кунҷковона пурсид, ки шавҳарат занҳои бегонаро ба оғӯш мегирад, ту рашк намебарӣ. Қаҳрам омаду гуфтам: шавҳари ронандаи ту пинҳонӣ духтаронро бурда, пул дода бӯса мегирад. Шавҳари ман бошад, рӯирост духтаронро мебӯсад ва барои ин бӯсаҳояш давлат ба ӯ пул медиҳад, магар бад аст?! Пас аз чунин ҷавоб ҳис кардам, ки шавҳарам маро бештар дӯст медорад.

Кадом хислати шавҳаратон ба Шумо писанд нест?

Шавҳарам ягон хислати бад надоранд. Фарзандон ягон хатогӣ намоянд ҳам, бисёр ҳалим, оромона мисли оне, ки дар телевизионбарномаи панду ахлоқии «Беғараз панд»-ро мебурда бошанд, насиҳат мекунад. Ягон бор ба ману фарзандонам овоз баланд накардаанд.

Шавҳари ҳунармандатон кадом хӯрокро бо лаззат мепазанд?

Дамламаро.

Дар муддати чил соли ҳаёти хуши оилавӣ боре шудааст, ки аз якдигар барои коре узр пурсида бошед?

Узр напурсидаем, вале як бор ман аз шавҳарам як хоҳиш карда будам.

Махфӣ набошад, чӣ хоҳиш буд?

Соли 2012 шавҳарамро аз тарафи давлат ба ҳаҷ фирис­тоданӣ шуданду ман аз он кас хоҳиш кардам, ки маро ҳам ҳамроҳи худ гиранд. Шавҳарам хоҳиши маро бе ягон дудилагӣ қабул карданд. Бо шарофати он кас зиёрати Хонаи Худо бароям мушарраф гашт.

Ҳамчун зан, модар ва ҳоҷибибӣ ба оилаҳои ҷавон чӣ таманно доред?

Сабру таҳаммул. Мешавад, ки баъзе ҷавондухтарони мо ба шароитҳои хонаи шавҳар тоқат карда натавониста, қаҳр карда ба хонаи падару модар меоянд. Баъзе модарон ба ҷои насиҳат кардан мегӯянд, ки ин хел домоду хусуру хушдоман ба мо ҳам маъқул не. Биё ба хона. Ана, бозори «Корвон» рафта, савдо мекуниву рӯзатро мегузаронӣ.

Модарон бояд чунин беандешагӣ накунанд. Духтарро насиҳат карда, пурсабру пуртоқат буданро талқин кардан лозим. Бо сухани хуб духтарро дарҳол ба хонаи шавҳараш гусел карда, модар оилаи фарзандашро аз вайроншавӣ наҷот медиҳад. Оянда зиндагии ҷавонон хубу мустаҳкам мешавад ва раҳмат мегӯянд, ки волидонашон бо панду насиҳат онҳоро аз бадбахтӣ наҷот доданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД